Коҳиши якбораи нархи рубл, доллар ва евро дар Тоҷикистон

© Sputnik / Стас ЭтвешЭкономический рост , архивное фото
Экономический рост , архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2024
Обуна шудан
Коҳиши якбораи рубл дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки барои бисёре аз сокинон ин раванд хушоянд нест, чун наздиконашон дар муҳоҷират бо ин асъор музд мегиранд
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон эълон кард, ки нархи се асъори калидии хориҷӣ дар бозори нақду ғайринақдии ҷумҳурӣ нисбат ба сомонӣ арзон шудаанд.
Ҳазор рубли Русия дар бозори ғайринақдии Тоҷикистон якбора 1,2 сомонӣ арзон шуда, феълан бо нархи 116,8 сомонӣ муомилот мешавад. Рӯзе қабл ин нишондод 118 сомониро ташкил дода буд.
Манбаъ қурби доллари ИМА-ро - 10.9364 сомонӣ ва евроро - 11.7348 сомонӣ муқаррар кардааст, ки ҳардуяшон ҳам дар қиёс бо нишондоди рӯзи қабл арзонтар шудаанд.
ЕАЭС-2023. Работа форума - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2024
Азми ИИАО барои рақамисозии савдо дар иттиҳод
Рубл дар Тоҷикистон яке аз сертаваҷҷуҳтарин асъор ба шумор меравад ва қимати он ба пул дар кисаи аҳолии кишвар таъсири бевосита дорад.
Аз ҷумла садҳо ҳазор тоҷикистонӣ дар Русия кор мекунанд ва муздашонро бо рубл мегиранду мефиристанд, аммо хонаводаҳояшон вобаста ба қурб онро бо сомонӣ мегиранд.
Дар ҳамин ҳол БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0