Шералӣ Кабир аз фоидаи бозори Тоҷикистон ба соҳибкорони узбек гуфт

© Flickr \ Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонШерали Кабир, министр промышленности РТ
Шерали Кабир, министр промышленности РТ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2024
Обуна шудан
Вазири тоҷик пешниҳод кард, ки ҳамтоёнаш аз кишвари ҳамсоя ин ҷанбаро ба назар гиранд, зеро ин як нишонаи муҳим барои беҳбуди тиҷорат аст
ДУШАНБЕ, 18 апр - Sputnik. Дар Узбекистон беш аз 307 корхона бо иштироки сармояи тоҷикистониён фаъолият доранд.
Дар ин бора вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир дар форуми тиҷоратии Тоҷикистону Узбекистонизҳор дошт.
Дар ҳамин ҳол вазири тоҷик қайд кард, ки мутаассифона, дар Тоҷикистон шумори корхонаҳо бо сармояи тоҷирони ӯзбек ба маротиб камтар аст.
Ӯ аз ҳамкорони узбеки худ даъват кард, ки ба бозори Тоҷикистон низ аҳамият диҳанд, зеро имконоти зиёд дорад.
"Имрӯз 98% дарсади нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ тавлид мешавад ва энержии сабз барои тавлиди колоҳо ва фурӯши он дар бозорҳои ғарбӣ бидуни ба истилоҳ андози карбон шароит фароҳам месозад. Андоз аз карбон аллакай 14% хароҷотро ташкил медиҳад”, - гуфт ӯ.
Вай ҳамчунин пешниҳод кард, ки ҳамтоёнаш аз кишвари ҳамсоя ин ҷанбаро ба назар гиранд, зеро ин як нишонаи муҳим барои беҳбуди тиҷорат аст.
“Мо чунин мешуморем, ки соҳибкорони ӯзбек бояд аз ин фурсати хуб истифода баранд”, - илова кард Шералӣ Кабир.
Премьер-министр Республики Узбекистан Абдулла Арипов и премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2024
Музокироти ҳайати маҳдуд ва васеи Тоҷикистону Ӯзбекистон бо имзои санад анҷом ёфт
Ҳамчунин таъкид шудааст, ки Узбекистон ҳамчун яке аз бузургтарин иқтисодҳои минтақа барои Тоҷикистон як бозори хеле муҳим барои фурӯши маҳсулот аст
Гуфта мешавад, ки аз замони Шӯравӣ дар байни корхонахои калонтарини кишварҳо алоқаҳои ҳамкорӣ барқарор гардида, имрӯз ба таври густурда инкишоф меёбад.
Тибқи иттилои мақомоти тоҷик дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон ҳудуди 90 корхона бо сармояи тоҷирони ӯзбек фаъолият дорад.
Лентаи хабарҳо
0