Як минтақаи дигари Русия таксирониро барои муҳоҷирон манъ кард

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкРейд ГИБДД против нелегальных таксистов
Рейд ГИБДД против нелегальных таксистов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.05.2024
Обуна шудан
Манъи кори шаҳрвандони хориҷӣ дар соҳаи таксиро 82% шаҳрвандони минтақаи Русия, ки дар назарсанҷӣ ширкат доштаанд, дастгирӣ карданд
ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Ба муҳоҷирон дар вилояти Курск кор кардан дар бахши таксиронӣ манъ карда шуд.
Дар ин бора губернатори вилояти Русия Роман Старовойт хабар дод.
Вай ҳушдор дод, ки чунин мамнӯъиятҳо метавонанд дар дигар соҳаҳо низ ҷорӣ шаванд.
"Ман дар пеши назари шумо қарореро имзо мекунам, ки дар он манъи ҷалби муҳоҷирон барои кор дар таксиҳо дар дигар соҳаҳо низ қабул карда мешавад",- гуфт дар ҷаласаи фаврӣ Старовойт.
Қаблан, рӯзи 25 апрел раиси вилоят дар шабакаи Telegram назарсанҷӣ анҷом дод, ки дар он имкон буд, аз ҷорӣ шудани маҳдудият дар кори шаҳрвандони хориҷӣ дар таксиҳо ҷонибдорӣ ё муқобили он изҳори назар кард.
Курсы русского языка для мигрантов в межрегиональной общественной организации Правозащитный центр таджикистанцев в Новосибирске. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2024
Русия қоидаҳои нави имтиҳонҳоро барои муҳоҷирон ҷорӣ мекунад
Тибқи натиҷаҳои пурсиш, 82% иштирокчиён ин ташаббусро дастгирӣ кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки мамнӯъияти кор дар таксиҳо барои муҳоҷирон алакай дар вилоятҳои Новосибирск, Самара, Тула, Магадан, Челябинск, Калуга ва Тюмен ва ҳамчунин дар Ёқутистон ва Қрим низ амал мекунад.
Лентаи хабарҳо
0