Путин вазифаи асосиашро барои давраи нав муайян кард

© Sputnik / Александр Казаков / Гузариш ба медиабонкИнаугурация президента РФ Владимира Путина
Инаугурация президента РФ Владимира Путина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.05.2024
Обуна шудан
Владимир Путин бори панҷум ба мақоми президентӣ нишаст, аммо ин танҳо як маросими савгандёдкунии навбатӣ буд
Маросими тантанавӣ дар Кремл дар як лаҳзаи тақдирсозу таърихии мо сурат гирифт ва аз нигоҳи мураккабӣ ва мизони мушкилоту вазифаҳое, ки дар назди президент ва мардум истодаанд, онро танҳо бо давраи савганди нахустини 24 сол пеши Путин муқоиса кардан мумкин аст, менависад мухбири РИА Новости.
Гап дар сари он нест, ки мисли он замон дар қаламрави мо амалиёти низомӣ ҷараён дорад ва мисли он замон ҳамлаҳои террористӣ анҷом дода мешаванд (аз ҷумла 7 нафар дар вилояти Белгород кушта шуданд ва таҳдидҳои доимӣ ба такрори ҳамлаҳои террористӣ ба пули Қрим).
Он вақт солҳои 2000-ум сухан на кам дар бораи нигоҳ доштани Русия мерафт, масъала ин буд, ки мо кадом роҳро интихоб мекунем, бо кадом роҳ меравем: идомаи таҳкими қудрати олигарҳо, парокандагӣ ва фурӯпошии тадриҷии Федератсияи Русия, ё тағйир додани худи принсипҳои ҳокимият ва ташаккули элитаи нав.
Инаугурация президента РФ Владимира Путина  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2024
Путин савганд ёд карду аз нақшаҳояш дар дохил ва хориҷ гуфт
Путин роҳи дуюмро пеш гирифт ва кишварро аз канори ҷарӣбаргардонд. На барои он, ки вай як навъ Геракл аст, балки барои он, ки манфиати халқу мамлакатро дар мадди аввал мегузошт ва худи халқмаҳз ҳамин гуна роҳбарро мехост ва интизор буд.
На ягон "Штирлитс", балки шахсе, ки қасам хӯрдааст, ки ба халқи худ хизмат мекунад, хиёнат накард, савгандро нашикаст, лӯхтаки дасти дигарон нашуд, аз вазн ва васвасаи қудрат девона нашуда, хунсард аст ва Ватани худро ҳақиқатан дӯст медорад.
Дар давоми чоряк асри гузашта, Путин мувофиқати касбии худро ба мансаби президент комилан собит кард, пешвои бебаҳси миллӣ гардид. На аз сабаби диктатураи мавҷуднабуда, балки аз он сабаб, ки худи халҷӯро чунин мешуморад, алтернатива надорад.
Дар баробари ин, президент ҳеҷ гуна шахспарастӣнадорад, аз муваффақият сараш чарх намезанад, ӯ як марди оддии рус монд, шахсе, ки ба худ, муҳити худ ва вазъияти ҷаҳон ба таври воқеӣбаҳо медиҳад.
Ин маънои онро надорад, ки Путин дар ҳама кор муваффақ шудааст ва ҳама чизро ҳамон тавре, ки худ ва мардум мехост, анҷом дод, балки ин маънои онро дорад, ки тағйир ёфта, аммо принсипу ҳадафҳо ва ҷаҳонбинии худро тарк накард. Путин инқилобчӣ нест, аммо тағиротҳоеро, ки зери дасти ӯ ва ба шарофати ӯ ба вуқӯъ мепайвандад, бидуни ҳеҷ баҳс метавон инқилобӣ номид.
Президенты России и Таджикистана Владимир Путин и Эмомали Рахмон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2024
Суҳбати Путину Раҳмон: Асосан аз муҳоҷирон гуфтанду иштироки якҷоя дар иди Ғалаба
Ва мо дар ин ҷо дар бораи вазъияти байналхалқӣ сухан намеронем, гарчанде дар самт равшан дида мешавад. Худи Русия дар замони Путин ба таври куллӣ тағйир ёфт, аммо муҳимтарин тағйирот ҳанӯз дар пешанд.
Пас аз феврали соли 2022 давраи нав – ба даст овардани истиқлолияти воқеии миллӣ, истиқлолияти тафаккур ва идораи миллӣ оғоз ёфт. Муноқиша бо Ғарб бар сари Украина киштии Русияро тавре тоб дод, ки бояд кайҳо анҷом дода мешуд, тавре ки Путин аллакай дар солҳои 2012 ва 2014 ба тоб додани он шурӯъ карда буд, аммо ҳоло гардиш хеле тезтар ва бешубҳа шуд.
Ин гардиш ба сӯи Шарқу ҷануб нест — ин гардиш ба сӯи худамон, ба таҷрибаи таърихию маънавии мо, ба таҷрибаи таърихӣ ва анъанавии худ, ба роҳи худ. Ин гардишро бархе аз намояндагони “элита” қабул накард, намехост, қисми зиёди "элита" ба он муқовимат карданд, баъзеҳо гурехтанд (аз болои киштӣ ҷаҳиданд), дигарон руст шуданд(дар анбор пинҳон шуданд) ва умедворанд, китӯфон мегузарадва мунтазири бозгашт ба самтипешина, ғарбӣ ҳастанд ва нафароне садоқати худро ба роҳи нав вонамуд мекунанд.
Аммо бозгаште нест, дурӯягӣ кӯмак намерасонад, киштии мо ба ҳар гуна тӯфон, таҳдид ва лаънат нигоҳ накарда, бо роҳи нав пеш хоҳад рафт. Бисёреро, ки миқёси тағйиротро дарк намекунанд, мавҷ аз баландии саҳни киштӣ шуста мебарад. Ва ҷояшонро онҳое мегиранд, ки ба кори умум ҳақиқатан омодаанд.
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.05.2024
Путин президент ва мардуми Тоҷикистонро бо Рӯзи Ғалаба табрик гуфт
Дар солҳои оянда Владимир Путин бо мушкилоти бузург – геополитикӣ, низомӣ ва кадрӣ рӯбарӯ мешавад. Аммо маҳз масъалаи ташаккули як табақаи нави идоракунӣ барои ӯ калидӣ хоҳад шуд, зеро ӯ метавонад Русияро танҳо ба онҳое, ки дӯст медоранд ва дарк мекунанд, ҷузъи он ҳастанд ва барои таҳкиму истиқлолияти он кор кардан мехоҳанд, супорад ва бовар кунад.
Онҳое, ки мисли ӯ воқеан дарк мекунанд, ки қудрат имтиёз нест, на "ҷои фоидаовар", балки як навъ хидмат аст. Он хидмат ба халқу Русия як сухани холӣ нест, балки моҳият ва маънои фаъолияти ходими давлатӣ, аз корманди оддӣ то президент аст.
Лентаи хабарҳо
0