Раъду барқ ва жола: Пешгӯии ҳаво дар Тоҷикистон

© Sputnik / Дмитрий Паршин / Гузариш ба медиабонкДождь и град
Дождь и град  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2024
Обуна шудан
Ҳарорати ҳаво дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон то 26 дараҷа, дар Суғд то 25 дараҷа, дар Хатлон то 26 ва Душанбею атрофи он то 23 дараҷа гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар бархе минтақаҳо борони бошиддат меборад.
Дар ин бора Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки, ба амал омадани раъду барқ ва боридани жола аз эҳтимол дур нест.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон борон дар назар буда, ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 21+26 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.
Суғдро ҳавои тағйирёбанда фаро гирифта, дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат борида, ба амал омадани раъду барқ ва боридани жола дар назар аст. Ҳарорат дар водиҳо шабона 16+21 дараҷа гарм, рӯзона 20+25 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 11+16 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад.
Последствия сильных осадков в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.05.2024
Ҳалокати 3 зан: Ҷузъиёти селҳои харобиовар дар Тоҷикистон - аксҳо
Борону жола дар Хатлон низ аз эҳтимол дур набуда, ҳарорат дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа гарм, рӯзона 21+26 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, рӯзона борон мебораду ба амал омадани раъду барқ ва боридани жола аз эҳтимол дур нест. Ҳарорат дар водиҳо шабона 14+19 дараҷа гарм, рӯзона 20+25 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.
Душанберо низ ҳавои тағйирёбанда дар пеш буда, борон, раъду барқ ва боридани жола аз эҳтимол дур нест. Ҳарорат шабона 16+18 дараҷа ва рӯзона 19+21 дараҷа гарм мешавад, иттилоъ доданд ҳавошиносон.
Лентаи хабарҳо
0