Самолеты на взлетно-посадочной полосе, архивное фото

Русия эълон кард кай парвозҳои байналмилалӣ барқарор мешаванд

2623
(Таҷдидшуда 17:53 28.07.2020)
Мақомоти Русия имрӯз эълон дошт, ки аз 1 августи соли равон парвозҳои байналмилалӣ дубора барқарор хоҳанд шуд

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Михаил Мишустин, нахуствазири Русия субҳи имрӯз дар ҷаласаи ҳукумат гуфт, ки аз санаи 1 августи соли равон парвозҳои байналмилалӣ  аз шаҳрҳои Маскав, вилояти Маскав, Санкт-Петербург ва Ростов лаби Дон барқарор хоҳанд шуд. 

“Тасмим гирифта шуд, парвозҳои байналмилалӣ дубора барқарор шаванд. Дар тасмими худ, мо ба вазъи эпидемиологӣ, нишондиҳандаҳои сироятёбӣ ва омилҳои мутақобил такия кардем. Аз 1 август парвозҳо аз фурудгоҳҳои шаҳри Маскав, вилояти Маскав, Санкт-Петербург ва Ростови лаби дон сурат мегиранд”, - гуфт Михаил Мишустин, сарвазири Русия.

Вай ҳамчунин таъкид доштааст, ки ин иқдом имкон медиҳад шаҳрвандони Русияро, ки дар кишварҳои мухталифи дунё бино бар паҳншавии вируси корона банд монда буданд, ҳарчӣ зудтар зудтар ба Ватан баргардонанд.

2623
Барчаспҳо:
барқароршавӣ, барқарорсозӣ, сарвазир, нахуствазир, байналмилалӣ, парвоз, Русия

Муроҷиати видеоии Путин ба Маҷмаи умумии Созмони милал

20
(Таҷдидшуда 21:23 20.09.2020)
Ин муроҷиати видеоии Владимир Путин, раисҷумҳури Русияро тамоми ҷаҳон дар рӯзи ифтитоҳи нишасти ҳафтоду панҷумини Маҷмаи умумии СММ тамошо хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар нишасти 75-умини Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид иштирок мекунад.

Тавре телевизиони "Россия 1" гузориш медиҳад, президент аллакай махсус барои Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид муроҷиати видеоӣ сабт кардааст.

Дар навор дида мешавад, ки Путин дар назди овезае, ки дар он "Ояндаи ҳама бо қувваи ҳама" навишта шудааст, суханронӣ мекунад.

Афзун бар ин дар навор, бастаи ғафсеи коғазҳоро метавон дид, ки бо он сарвари кишвар навор сабт кардааст.

Ҳафтаи дараҷаи олии нишасти 75-уми Маҷмаи умумии СММ дар Ню-Йорк аз 22 то 29 сентябр баргузор мешавад.

Бо далели пандемия, чорабинӣ дар "формати виртуалӣ" баргузор мешавад. Дар ҳамин ҳол, дар толор аз ҳар як кишвар як намоянда иштирок хоҳад кард.

СММ: муҳоҷирони Осиёи Миёна дар кишварҳои Аврупо ҳавзаҳои террористӣ ташкил доранд

Маҷмаи умумӣ ба роҳбарони кишвар ва вазирон пешниҳод кардааст, ки баромадҳояшонро сабт кунанд ва онро дар толор намоиш хоҳанд дод. Давомнокии видео на бояд бештар аз 15 дақиқа бошад.

Навори муроҷиати Путинро дар рӯзи ифтитоҳи нишаст - 22 сентябр намоиш медиҳанд.

Бино бар иттилои котиботи СММ, созмон аз роҳбарони 26 кишвар чунин навор дарёфт кардааст.

20

Беш аз 6 ҳазор ҳолат дар як рӯз: афзоиши мабталошавӣ ба маризии коронавирус дар Русия

128
(Таҷдидшуда 15:45 19.09.2020)
Дар Федератсияи Русия мавориди гирифторшавӣ ба маризии коронавирус боз рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Шабонарӯзи гузашта беш аз 6 ҳазор ҳолати нав ба қайд гирифта шуд

Танҳо дар як рӯзи ахир дар Русия 6 065 ҳолати ҷадиди гирифторшавӣ ба маризии сироятии коронавирус сабт гардид, хабар медиҳад РИА Новости.

Ба иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта дар ин кишвар 144 мариз ҷон аз даст доданд. Инчунин як рӯзи ахир аз дармонгоҳҳои Русия 5 255 бемор мураххас гардиданд.

Манбаъ меафзояд, аз 19 - уми июл то ба ин сӯ, ин нахустин ҳолатест, ки шумораи зиёди одамон ба вируси COVID - 19 гирифтор шудаанд.

Гуфта мешавад, аз ҳама беш дар пойитахт - шаҳри Маскав мубталошавии сокинони ба коронавирус сабт гардидааст.

Мутахассиси ӯзбек: коронавирус сабук мегузарад, агар бемор алайҳи зуком эм гирифта бошад

Шабонарӯзи ахир дар Маскав дасти кам 825 ҳолати ҷадид ба қайд гирифта шуд.

Ба ҳамин минвол, дар Русия шумораи умумии гирифторони коронавирус ба 1 097 251 нафар баробар шудааст.

Гузашта аз ин, 19 339 бемор ба ҳалокат расида, 906 462 нафари дигар шифо ёфтанд.

Бар тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии беҳдошт, дар ҷаҳон беш аз 30 миллион нафар ба коронавирус мубтало гардида, 943 ҳазор мариз ҷон аз даст доданд.

128
Барчаспҳо:
маризӣ, омор, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон