Церемония открытия Армейских международных игр АрМИ-2017

Танкчиёни тоҷик дар бозиҳои байналмилалии "АрМИ-2020" ширкат мекунанд

126
(Таҷдидшуда 19:42 17.08.2020)
Аз Тоҷикистон 4 экипажи танкӣ зери раҳбарии муовини фармондеҳи қӯшунҳои хушкигард оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ Маҳмадалӣ Ашуров дар озмуни "Биатлони танкӣ" ширкат меварзанд

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Аз 23 август то 5 сентябр дар доираи Бозиҳои VI-уми байналмилалии артишӣ "АрМИ-2020" озмуни "Биатлони танкӣ" баргузор мегардад. Зимни баргузории ин озмун, пурзӯртарин экипажи танкӣ муайян карда мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".

Тибқи иттилои Федератсияи байналмилалии биатлони танкии Русия, хусусияти Бозиҳои дарпешистода, дар муқоиса бо бозиҳои қаблӣ дар ин аст, ки онҳо бо Ҳамоиши VI-уми байналмилалии ҳарбӣ-техникии "АрМИ-2020" аз 23 то 29 август якҷо баргузор мешаванд.

Ифтитоҳи бозиҳои байналмилалии артиши "АрМИ-2020" 23 август сурат мегирад.

Дар биатлони танкӣ имсол беш аз 200 танкчӣ аз 16 кишвар (Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Русия, Абхазия, Осетияи Ҷанубӣ, Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Конго, Чин, Ветнам, Лаос, Мянма, Сербия,) иштирок хоҳанд кард.

Бори аввал дар он дастаи мунтахаби Қатар ширкат меварзад.

Аз рӯи натиҷаҳои  ҳунарнамоиҳо дар соли 2019 - 16 даста ба ду дивизион тақсим шуда буданд. Ба дивизиони аввал дастаҳои мунтахаби Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Сербия, Ӯзбекистон ва дар дивизиони дуввум дастаҳои мунтахаби Абхазия, Ветнам, Қатар, Конго, Лаос, Мянма, Тоҷикистон, Осетияи Ҷанубӣ шомил гардиданд.

Шикасти Кувайт ва рекорди нави тоҷикон дар “Биатлони танкӣ”

Дар марҳилаи аввал — "Пойгаи инфиродӣ" аз 23 то 30 август беҳтарин экипажи танкӣ,  аз 1 сентябр то 2 сентябр дар эстафетаи нимфиналӣ чаҳор дастаи мунтахаби беҳтарин (аз рӯи вақт),  4 сентябр беҳтарин дастаи мунтахаби дивизиони дуюм  ва 5 сентябр, дар рӯзи пӯшидашавии “АрМИ-2020” — ғолиби озмуни “Биатлони танкӣ” муайян карда мешаванд.

Тавре сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Фаридун Маҳмадализода ба АМИТ "Ховар" хабар дод, аз ҷумҳурии мо дар биатлони танкӣ 4 экипажи танкӣ зери раҳбарии муовини фармондеҳи қӯшунҳои хушкигард оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ Маҳмадалӣ Ашуров ширкат меварзанд.

Ин бори аввал нест, ки экипажҳои Тоҷикистон дар биатлони танкӣ иштирок мекунанд. Соли 2019 чаҳор экипажи танкӣ ва як гурӯҳи кумаки техникии Вазорати дифоъи Тоҷикистон дар онҳо ширкат карда буданд.

Танкчиёни Тоҷикистон дар панҷ чемпионати қаблии "Биатлони танкӣ" бомуваффақият баромад карда, соҳиби мукофоти гуногун шудаанд.

126
Барчаспҳо:
сабқати танкчиён, танкчиёни тоҷик, озмун, Биатлони танкӣ, Русия, Тоҷикистон
Покупатель в аптеке

Дар Русия дору алайҳи коронавирус ба дорухонаҳо роҳ ёфт: нархи он беш аз 12 ҳазор рубл

1384
(Таҷдидшуда 17:01 21.09.2020)
"Арепливир" дору алайҳи маризии коронавирус аз рӯзи душанбе ба дорухонаҳои Русия роҳ ёфт. Арзиши ин дору 12 320 рубли русӣ ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Дар Русия нахустин дору алайҳи маризии коронавирус, ки "Алепривир" ном дорад ба дорухонаҳо роҳ ёфт, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба маълумоти Ташкилоти истинодии "Столичка".

Бар хабари манбаъ, доруи мазкур танҳо бо дорухати пизишкон дода мешавад. Арзиши як қутти доруи "Алепривир" 12 320 рубли русиро ташкил медиҳад.

"Арепливир" дар заминаи доруи "Фавипиравир" сохта шудааст. Мутахассисони "Промомед" дар заминаи корхонаи "Биохимик" -и Саранск технологияи истеҳсоли пурраи худро таҳия карданд.

Маҷаллаи машҳури тиббӣ The Lancet натиҷаҳои таҳқиқоти ваксинаи Sputnik V-ро нашр кард

Қобили зикр аст, ки доруи "Арепливир" ҳанӯз моҳи июн аз ҷониби Вазорати тандурустии Русия иҷозати истифода гирифта буд, аммо он то ба имрӯз танҳо барои табобати беморон дар дармонгоҳҳо истифода мешуд.

1384
Барчаспҳо:
нарх, Дорухонаи шаҳрӣ, дору, Русия

Муроҷиати видеоии Путин ба Маҷмаи умумии Созмони милал

422
(Таҷдидшуда 21:23 20.09.2020)
Ин муроҷиати видеоии Владимир Путин, раисҷумҳури Русияро тамоми ҷаҳон дар рӯзи ифтитоҳи нишасти ҳафтоду панҷумини Маҷмаи умумии СММ тамошо хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар нишасти 75-умини Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид иштирок мекунад.

Тавре телевизиони "Россия 1" гузориш медиҳад, президент аллакай махсус барои Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид муроҷиати видеоӣ сабт кардааст.

Дар навор дида мешавад, ки Путин дар назди овезае, ки дар он "Ояндаи ҳама бо қувваи ҳама" навишта шудааст, суханронӣ мекунад.

Афзун бар ин дар навор, бастаи ғафсеи коғазҳоро метавон дид, ки бо он сарвари кишвар навор сабт кардааст.

Ҳафтаи дараҷаи олии нишасти 75-уми Маҷмаи умумии СММ дар Ню-Йорк аз 22 то 29 сентябр баргузор мешавад.

Бо далели пандемия, чорабинӣ дар "формати виртуалӣ" баргузор мешавад. Дар ҳамин ҳол, дар толор аз ҳар як кишвар як намоянда иштирок хоҳад кард.

СММ: муҳоҷирони Осиёи Миёна дар кишварҳои Аврупо ҳавзаҳои террористӣ ташкил доранд

Маҷмаи умумӣ ба роҳбарони кишвар ва вазирон пешниҳод кардааст, ки баромадҳояшонро сабт кунанд ва онро дар толор намоиш хоҳанд дод. Давомнокии видео на бояд бештар аз 15 дақиқа бошад.

Навори муроҷиати Путинро дар рӯзи ифтитоҳи нишаст - 22 сентябр намоиш медиҳанд.

Бино бар иттилои котиботи СММ, созмон аз роҳбарони 26 кишвар чунин навор дарёфт кардааст.

422

Оғози машқҳои низомии “Қафқоз-2020”

0
(Таҷдидшуда 01:15 23.09.2020)
Машқҳои байналмилалии низомӣ “Қафқоз-2020” дар вилояти Астрахани Русия оғоз ёфтанд. Дар ин машқҳои низомӣ бе аз 80 ҳазор аскару афсар, инчунин 250 тонк, 450 худрави ҷангии пиёданизом, 200 тӯпу рокетандоз иштирок хоҳанд кард

Машқҳои низомӣ санаи 21 сентябри соли равон оғоз ёфтанд. Таи ҳафтаи ахир  низомиён таҷҳихзоту аслиҳаро барои иштирок дар машқҳои низомӣ омода карданд. 

Аз ҷумла пеш аз оғози машқҳои байналмилалӣ тамоми низомиён аз санҷиши вируси корона гузаронида шуданд.

Дар машқҳо беш аз 80 ҳазор нафар аскару афсар, инчунин 250 тонк, 450 худрави ҷангии пиёданизом, 200 тӯпу рокетандоз иштирок доранд.

Русия барои иштирок дар ин машқҳо ҳамчунин низомиёни Арманистон, Мянма, Покистон ва Эронро низ даъват кардааст.

Низомиёни Тоҷикистон ба ин машқҳои низомӣ ба ҳайси нозир даъват шудаанд.  

Ҳамчунин дар феҳристи кишварҳои даъватшуда Озарбойҷон ва Ҳиндустон низ буд, аммо мақомоти ин кишварҳо имсол аз иштирок дар ин машқҳои низомӣ “Қафқоз-2020”худдорӣ карданд.

0
Барчаспҳо:
Афсар, аскар, Астрахан, артиш, тамрин, машқи низомӣ, машқ, Русия