Учения спасательного отряда в водоеме, архивное фото

"Кӯмак кунед, кӯмак кунед": як ҷавони тоҷик дар Русия ғарқ шудааст

194
Дар обанбори ҳудуди ноҳияи Ломоновскии вилояти Ленинград ҷасади як зодаи Тоҷикистонро меҷӯянд. Бино бар иттилои пешакӣ, ҷавони тоҷик аз беэҳтиётӣ ғарқ шудааст

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Як ҷавони тоҷикистонӣ дар наздикии Санкт-Петербург ғарқ шуд, хабар медиҳанд расонаҳои Русия.

Бино бар иттилои манобеъ, ҳодиса ҳудудан нисфирӯзӣ дар кӯли "Лесное" дар боғи "ЭМО" дар шаҳраки Новоселеи вилояти Ленинград рух додааст.

"Ӯ шино карда наметавонист, танҳо мехост ғӯта зада барояд, нохост, фарёд кард: "кӯмак кунед, кӯмак кунед. Сипас ӯро об бурд, тамом", - нақл кардааст шоҳиди ҳодиса.

Ҷавони ғарқшудаи тоҷик ҳамагӣ 25 сол доштааст.

 

То шоми 21 август ҷасади ҷавонро пайдо накарда буданд. Бино бар иттилои Вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи Русия, барои пайдо кардани ҷавон ғаввосон ҷалб шудаанд.

 

194

Беш аз 6 ҳазор ҳолат дар як рӯз: афзоиши мабталошавӣ ба маризии коронавирус дар Русия

117
(Таҷдидшуда 15:45 19.09.2020)
Дар Федератсияи Русия мавориди гирифторшавӣ ба маризии коронавирус боз рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Шабонарӯзи гузашта беш аз 6 ҳазор ҳолати нав ба қайд гирифта шуд

Танҳо дар як рӯзи ахир дар Русия 6 065 ҳолати ҷадиди гирифторшавӣ ба маризии сироятии коронавирус сабт гардид, хабар медиҳад РИА Новости.

Ба иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта дар ин кишвар 144 мариз ҷон аз даст доданд. Инчунин як рӯзи ахир аз дармонгоҳҳои Русия 5 255 бемор мураххас гардиданд.

Манбаъ меафзояд, аз 19 - уми июл то ба ин сӯ, ин нахустин ҳолатест, ки шумораи зиёди одамон ба вируси COVID - 19 гирифтор шудаанд.

Гуфта мешавад, аз ҳама беш дар пойитахт - шаҳри Маскав мубталошавии сокинони ба коронавирус сабт гардидааст.

Мутахассиси ӯзбек: коронавирус сабук мегузарад, агар бемор алайҳи зуком эм гирифта бошад

Шабонарӯзи ахир дар Маскав дасти кам 825 ҳолати ҷадид ба қайд гирифта шуд.

Ба ҳамин минвол, дар Русия шумораи умумии гирифторони коронавирус ба 1 097 251 нафар баробар шудааст.

Гузашта аз ин, 19 339 бемор ба ҳалокат расида, 906 462 нафари дигар шифо ёфтанд.

Бар тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии беҳдошт, дар ҷаҳон беш аз 30 миллион нафар ба коронавирус мубтало гардида, 943 ҳазор мариз ҷон аз даст доданд.

117
Барчаспҳо:
маризӣ, омор, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Тоҷикистон боз аз рӯйхат берун монд: Русия бо 4 давлати дигар парвозҳо барқарор кард

3368
(Таҷдидшуда 12:51 19.09.2020)
Ба ҷузъ аз Тоҷикистону чанд давлати дигари Осиёи Марказӣ, Федератсияи Русия бо кишварҳои дигар парвозҳои чартериро бекор кард

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Сар аз 21 - уми сентябр Русия тамоми парвозҳои чартериро бекор мекунад, хабар медиҳад Ситоди фаврӣ оид ба коронавирус.

Аммо Тоҷикистон ин навбат низ аз рӯйхати давлатҳое, ки минбаъд парвозҳо аз Русия ба он ҷо бидуни чартер роҳандозӣ мешаванд, боз канор монд.

Дақиқан маълум нест, ки аз кай равобити ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Русия бе парвозҳои чартерӣ барқарор мешавад.

Сафир дар бораи зиёдшавии парвозҳо, кушодани поездҳо ва қарантинаи дигар  

Зимнан, давлати Русия боз бо чаҳор кишвари дигар, аз ҷумла Қирғизистон, Белорус ва Қазоқистон иҷозати парвозҳои мустақим дод. 

Ҳамчунин, сар аз 27 - уми сентябр, парвозҳо аз Русия самти Кореяи Ҷанубӣ амалӣ мешаванд. Ин парвозҳо ҳафтае як маротиба сурат мегиранд.

Ҳар рӯз 3-4 парвоз: ҷадвали нави парвозҳо миёни Русия ва Тоҷикистон

Таассуфовар он аст, ки аз барқарор шудани равобити ҳавоӣ миёни Русия ва Тоҷикистон хабаре нест. Бар тибқи баъзе маълумотҳо, эҳтимол равобити ҳавоӣ миёни ин ду кишвар моҳи оянда барқарор шавад.

Қаблан мақомоти Тоҷикистон омодагияшонро барои оғози парвозҳо ба шаҳрҳои Русия бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ баён доштанд, аммо Русия ҳанӯз тасмими ниҳоӣ барои оғози парвозҳоро эълон накардааст.

3368
Барчаспҳо:
барқарор кардан, парвозҳо, Тоҷикистон, Русия
Выборы в парламент Таджикистана - Москва 2020 год

Даҳ ҳазор довталаб барои баргузории интихоботи президентӣ Тоҷикистон кӯмак хоҳанд кард

0
(Таҷдидшуда 02:29 20.09.2020)
Кумитаи давлатии ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон эълом кард барои баргузории интихоботи президентӣ 11 октябр 10 ҳазор ҷавони довталаб ба кӯмаки комиссияи марказии интихобот хоҳанд омад

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Дилноза Аҳмадзода муовини раиси кумитаи давлатии ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо эъломи ин хабар дар нишасти комиссияи марказии интихоботи ин кишвар  афзуд, ки ин 10 ҳазор нафар дар ҳама қитъаҳои интихоботӣ ҳузур хоҳанд дошт, то ба маъмурони интихоботӣ кӯмак кунанд, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои  Хуросон. 

Вай гуфт, 250 нафар аз ин довталабон ба забонҳои руси ва англисӣ мусаллат ҳастанд ва ба нозирони байналмилалии интихоботи президентӣ Тоҷикистон  кӯмак хоҳанд кард.

Ин довталабон акнун машғули таҳияи феҳристи райдиҳандагон , сабти номи онон ва омодасозии маконҳо барои дидорҳои интихоботӣ бо риояти муқаррароти беҳдоштӣ мебошанд.

Бар асоси тасмими комиссияи марказии интихоботии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  номзади Ҳизби халқии Демократӣ, Рустам  Латифзода  номзади Ҳизби Кишоварзӣ, Абдуҳалим Ғаффоров номзади ҳизби сотсиалист, Рустами Раҳматзода номзади Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Меъроҷ Абдуллоев номзади Ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар интихоботи раёсати ҷумҳурии рӯзи 11 октябр  рақобат хоҳанд кард.

0
Барчаспҳо:
Кумитаи ҷавонону варзиш, кӯмак, ҷавонон, президентӣ, интихобот, Тоҷикистон