Врач центральной районной больницы

Олими рус се мавҷи COVID -19 - ро пешгӯӣ кард: дуюмаш вазнинтар мешавад

3220
(Таҷдидшуда 14:42 27.08.2020)
Масунияти оммавӣ алайҳи ин маризӣ замоне пайдо мешавад, ки 60 дарсади сокинони сайёра ба коронавирус мубтало мешаванд. Дар сурати гирифтор шудани 95 фисади аҳолӣ ин вирус нест мешавад

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Мудири Маркази иммунология ва молекуляи биотибиӣ Донишгоҳи давлатии Маскав, академики Академияи илмҳои Русия Михаил Палтсев изҳор доштаст, ки пандемияи коронавирус дар се мавҷ ҷараён мегирад ва танҳо то тобистони соли 2021 сабуктар мешавад, менависад "Парламентская газета".

"Чун тобистон сатҳи сироятшавӣ ба маризии коронавирус коҳиш ёфт, бовар кардан асос дорад, ки дар фасли тирамоҳ боз мубталошавӣ ба ин маризӣ афзоиш меёбад. Ба ҳамин минвол, ин маризӣ дар се мавҷ ҷараён мегирад: баҳор - тирамоҳ - баҳор", - таъкид намудааст Палтсев.

Ҳамчунин, олими рус зикр намуд, ки дар таърих ҳамаи пандемияҳои вирусӣ маҳз се мавҷро дарбар мегирифтанд.

"Мавҷи аввал ба қадри кофӣ қавӣ мешавад, дуввум аз он қавитар ва сеюм аллакай бо дарназардошти пайдо шудани масунияти оммавӣ, заифтар мешавад", - илова намуд олими рус.

Номбурда "зукоми испанӣ" - ро мисол оварда афзудааст, ки он ҳам дар се мавҷ ибтидои асри гузашта ҷараён кард. Ба изҳори ӯ, замоне, ки 60 фисади аҳолӣ гирифтори ин маризӣ мешавад аллакай масунияти оммавӣ алайҳи коронавирус пайдо мешавад.

Афзоиши фавт аз коронавирус дар Тоҷикистон: вазорат марги як дардманди дигарро тасдиқ кард

Палтсев мегӯяд, танҳо дар сурати мублато шудани 90 дарсади аҳолӣ, ин вирус нест мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, то ҳол пешгӯии дақиқи рушди эпидемия дар фасли тирамоҳ мавҷуд нест. Аммо, худи Палтсев боварӣ дорад, ки мавҷи дуюм душвор хоҳад буд, зеро карантини дарозмуддат масунияти одамонро коҳиш дод.

3220
Барчаспҳо:
пешгӯӣ, рус, олим
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (754)
Врач у постели пациента во время обхода в госпитале

Пизишки рус иштибоҳи нафароне, ки мубталои коронавирус ҳастанд, ифшо кард

162
(Таҷдидшуда 15:24 01.10.2020)
Мутахассиси рус мегӯяд, мубталоёни маризии коронавирус набояд ба худдавоӣ машғул шаванд, балки ҳатман барои гирифтани табобати сареҳ, ба пизишк муроҷиат кунанд

ДУШАНБЕ, 1 окт – Sputnik. Умдатарин иштибоҳи нафарони гирифтор ба маризии коронавирус, ин сари вақт муроҷиат накардан ба духтур мебошад, мегӯяд Виктор Зуев, мудири шӯъбаи микробиологияи сироятҳои ниҳонии Институти Гамалея.

Зуев ба тамоми шаҳрвандон муроҷиат намуда, дархост кард, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ба худдармонӣ машғул нашаванд, балки баръакс ҳар чӣ зудтар бояд ба мутахассис муроҷиат кунанд.

"Агар вазъи саломатиятон беҳад вазнин аст ва мадори то беморхона рафтанро надоред, зуд мошини Ёрии таъҷилиро даъват кунед", - афзудааст Зуев.

41 нафар мариз шуданду 48 кас шифо ёфтанд: омори нави коронавирус дар Тоҷикистон

Зимнан, намояндаи Роспотребнадзор Наталя Пшеничная мегӯяд, Русия пас аз чанд ҳафтаи оянда, ба баландтарин қуллаи авҷи маризии коронавирус мерасад.

Номбурда изҳори умедворӣ кард, ки мавориди нави сироятшавӣ ба COVID - 19 аз 9 000 ҳолат дар як рӯз, зиёдтар сурат намегирад.

Зимнан, ӯ қайд кард, ки сатҳи афзуншавии теъдоди мавридҳои нави гирифторшавӣ ба ин дард, аз худи сокинон вобаста аст.

Пшеничная мегӯяд, риояи фосилаи иҷтимоӣ ва оддитарин қоидаҳои санитарӣ, метавонанд ин ададро коҳиш диҳанд.

162
Барчаспҳо:
иштибоҳ, маризӣ, пизишк
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (754)
Судебный молоток, архивное фото

Гумонбар дар куштори Ҳувайдои 5-сола, ба додгоҳ кашида мешавад

597
(Таҷдидшуда 18:27 30.09.2020)
Гумонбари куштори духтари 5-солаи тоҷик, Александр Сёмин, ки бемор арзёбӣ мешуд, эҳтимол пас аз ду моҳ ба додгоҳ кашида шавад

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Пизишкон вазъи равонии Александр Сёминро, ки дар куштори духтари панҷсолаи тоҷик айбдор мешавад, муътадил арзёбӣ карданд. Дар ин бора ҳимоятгари хонаводаи Тиллозода - Шавкат Умаров дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон хабар дод.

Ёдрас мешавем, ки 30 сентябри соли гузашта муҳокимаи парвандаи ҷиноӣ аз рӯи куштори Ҳувайдо аз ҷониби додгоҳи вилояти Маскав қатъ карда шуда, айдборшаванда барои табобат ба беморхонаи Смоленск равон карда шуд.

Чуноне ҳимоятгар гуфт, пизишкон ба хулоса омаданд, ки Сёмин дигар ба табобат ниёз надорад. Ва аз ҷониби додгоҳи шаҳри Сичевки табобати иҷборӣ қатъ карда шуд. Вале, ҳимоятгарони Сёмин аз рӯи ин қарор шикоят бурданд.

Гумонбар ба куштори Ҳувайдои 5 - сола ба мурофиаи додгоҳӣ ҳозир нашуд

Ба гуфти ҳимоятгар барои баррасии ин шикоят асос кам аст ва он ду-се ҳафта давом хоҳад кард.

"Ва агар додгоҳ қарорро бекор накунад, Сёмин паси панҷара меравад", - гуфт Умаров.

Ба гуфти ӯ ҳамаи далелҳои парванда ҷамъ карда шудаанд ва барои тафтишоти пурра боз ду моҳи дигар лозим аст.

"Пас аз ду моҳ парвандаи Сёмин дар додгоҳ муҳокима хоҳад шуд", - хулоса кард ҳимоятгар.

Ёдовар мешавем, ки Сёмин гумонбари асосӣ дар қатли Ҳувайдои 5 - сола то ҳол дар яке аз бемористонҳо касалии рӯҳӣ дар Смоленск қарор дорад.

Ҳувайдо Тиллозодаи 5-сола, рӯзи 22-юми июли соли 2018 дар назди хонаашон аз майдончаи бозӣ дар шаҳри Серпухово нопадид шуд ва рӯзи дигар ҷасади ӯро дар борхалтаи варзишӣ дар назди роҳи оҳан пайдо карданд.

597
Барчаспҳо:
додгоҳ, куштор, Ҳувайдо, Ҳувайдо, Русия
Мавзуъ
"Иғво аст": пулисе, ки хунукназариаш боиси куштори Ҳувайдо шуд, дар озодӣ монд
Қазияи Ҳувайдо: дастур аз Тоҷикистон ба дипломатҳо ва таҳдид ба Саидов баъди пешниҳоди пул
Вакили дифои хонаводаи Ҳувайдо боздошт шуд
Сатторзода: то охир пофишорӣ мекунем, то қотили Ҳувайдо ҷазои шадид гирад
Российско-таджикские учения, архивное фото

Бадахшон аввалин шуда нақшаи даъват ба артишро дар як рӯз иҷро кард

0
Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз нахустин манотиқи кишвар аст, ки аввал шуда нақшаи даъват ба артишро иҷро кард.

ДУШАНБЕ, 1 окт – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии вилоят, дар нахустин рӯзи даъват нақшаро пурра ба анҷом расонидаанд.

Ба иттилои манбаъ, нақшаи сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳури Тоҷикистон дар рузи якум 103 % иҷро намуд.

Ёдовар мешавем, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар даъватҳои қаблӣ низ пеш аз дигар минтақаҳо нақшаро нахустин шуда иҷро мекард.

Фармон дар бораи даъвати наваскаронро раисиҷумҳури кишвар 3 сентябр имзо карда буд.

Бар асоси он дар даъвати тирамоҳа шаҳрвандони солҳои таваллуди 1993-2002 ба хизмати ҳарбӣ ҷалб карда мешаванд.

0