Путин: ваксинаи дуюми Русия алайҳи коронавирус моҳи сентябр мебарояд

872
(Таҷдидшуда 18:14 27.08.2020)
Ҳанӯз 11 августи соли ҷорӣ бори нахуст дар ҷаҳон ваксинаи алайҳи маризии коронавирус, ки сохти русӣ мебошад, ба қайд гирифта шуд

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Ваксинаи дуюм алайҳи коронавирус дар Русия моҳи сентябр мебарояд, изҳор дошт Владимир Путин дар мусоҳибо бо шабакаи "Россия 24". Кишвардори Русия аз он изҳори боварӣ намуд, ки ваксинаи навбатӣ низ мисли ваксинаи якум боэътимод ва муассир хоҳад буд.

"Мо бояд ваксинаи дигар дар моҳи сентябр дошта бошем. <...> Доруи дуюм, тавре ки ба ман гуфтанд, моҳи сентябр омода мешавад. Институти маъруфи Новосибирск бо он кор мекунад. Боварӣ дорам, ки мутахассисони" Вектор "доруи муассире месозанд, ки он ба одамони бисёр кумак мерасонад", - авзуд Путин.

Зимнан, раисҷумҳур ба суоли он ки, оё доруҳо бо ҳам рақобат мекунанд ё ҳамдигарро такмил медиҳанд? гуфт бояд ҳамдигарро пурратар кунанд, то муассирияташон афзун шавад.

Ёдовар мешавем, рӯзи 11 август Русия нахустин ваксина алайҳи коронавирус дар ҷаҳонро ба қайд гирифт. 

Ваксинаи алайҳи коронавирус, ки Русия дар ҷаҳон аввалин шуда, истеҳсол кард номи "Спутник V"- ро гирифт.

Дар СҲШ содироти ваксина бар зидди вируси коронаи сохти Русияро баррасӣ доранд – навор

Ин ваксина аз ҷониби мутахассисони Маркази миллии илмии эпидемиология ва микробиологияи ба номи Гамалеи таҳия шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ваксина ду маротиба гузаронда мешавад ва ҳамин тавр одамон ба мӯҳлати ду сол алайҳи маризии сироятии коронавирус масуният пайдо мекунанд.

872
Барчаспҳо:
дору, Русия, Владимир Путин
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (745)
Посольство Таджикистана в Москве, архивное фото

Дағалӣ накард: сафорати Тоҷикистон қазияи лат шудани намояндаашро шарҳ дод

1697
(Таҷдидшуда 21:01 26.09.2020)
Рӯзи 24 - уми сентябр шаҳрванди 38 - солаи Тоҷикистон дар назди бинои сафорати ин кишвар дар Русия ду нафарро мавриди латукӯб қарор дод

ДУШАНБЕ, 26 сен - Sputnik. Зимнан аксар расонаҳои дохиливу хориҷӣ хабар доданд, ки сокини 38 - солаи ВМКБ барои дағалгуфтории намояндаи сафорат, ӯро латукӯб карда, дасту бинияшро шикаст.

Дар ҳамин ҳол, Сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 26 - уми сентябр дар сафҳаи торномаи сафорат қазияи лат шудани мутахассиси пешбарашонро шарҳ доданд.

Ҷанҷол дар сафорат: муҳоҷири бекормонда бинию ангушти дипломати тоҷикро шикаст

Бар хабари котиботи сафорати мазкур, нофаҳмӣ сари ба рӯйихат даровардани шаҳрвандони хоҳишманди сафар ба Тоҷикистон, бархост.

"Аз ҷониби намояндаи сафорат ягон дағалгуфторӣ сурат нагирифт", - таъкид мешавад дар хабар.

Намояндагони сафорати Тоҷикистон аз пахши хабарҳои носаҳеҳи расонаҳои дохиливу хориҷӣ изҳори нигаронӣ намуда, дархост карданд, ки минбаъд дар нашри хабарҳои вобаста ба масоили баргаштани шаҳрвандони Тоҷикистон ба ватан, эҳтиёткор бошанд ва танҳо маълумотҳои саҳеҳро пахш намоянд.

Ёдовар мешавем, рӯзи 24 сентябр ба идораи милисаи Пресненский хабар дода шуд, ки шаҳрванди Тоҷикистон дар бинои сафорати ин кишвар дар тангкӯчаи Гранатнийи шаҳри Маскав ду нафарро латукӯб кард.

Нисбати нафари муттаҳам дар ҳамла ба кормандони сафорат, барои нақзи қоидаҳои вуруд ба қаламрави Русия санади маъмурӣ тартиб дода шудааст. Манбаъ афзуд, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дошта, ба ҷабрдида кумаки тиббӣ расонда мешавад.

Ин дар ҳолест, ки вақтҳои охир ба далели адами парвозҳои мунтазам миёни Тоҷикистону Русия талабот ба чиптаҳо барои парвозҳои чартерӣ зиёд шудааст. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз нархҳои гарони  ин чиптаҳо ва ҷой доштани ҳолатҳои қаллобӣ зимни фурӯши онҳо шикоят карда буданд.

1697
Барчаспҳо:
шарҳ, қазия, Русия, Тоҷикистон, сафорат
Студент ЮУрГУ из Таджикистана

Русия ба донишҷӯёни ғайр ҳам бурсияи бештар ва ҳам шароити беҳтар ваъда кард

329
(Таҷдидшуда 16:07 25.09.2020)
Раҳбари Россотрудничества Евгений Примаков ҷонибдори тағйир додани системаи ихтисоси бурсияҳо барои донишҷӯёни кишварҳои ИДМ ва Балтика мебошад

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Вакили Думаи давлатии Русия Евгений Примаков авохири моҳи июни соли ҷорӣ ба курсии роҳбари Россотрудничества такя зад.

Примаков аз нахустин рӯзи сари роҳбарии ин агентӣ омадан, изҳор дошт, ки дар кори агентӣ тағйироти куллӣ меорад.

Яке аз масоиле, ки боиси нигаронии Примаков гардидааст, ин шакли пешниҳоди бурсиҳо барои донишҷӯёни хориҷ аз кишварҳои ИДМ ва Балтика мебошад.

Примаков бо такя ба қарори кишвардори Русия Владимир Путин изҳор дошт, ки шумораи бурсияҳо барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки ҳавасманди таҳсил дар муассисаҳои Русия мебошанд, афзоиш меёбанд.

Номбурда дар мусоҳиба бо Sputnik хабар дод, ки то соли 2023 шумораи бурсияҳо барои донишҷӯёни хориҷи то ду маротиба зиёд мешаванд.

“Забони стратегӣ”: ҳузури Русия дар маорифи Тоҷикистон

Ӯ мегӯяд, дар баробари зиёд шудани шумораи бурсияҳо, бояд барои донишҷӯён шароити созгор низ ташкил карда шавад.

Примаков системаи Лаҳистон дар ҳамин равияро мисол оварда гуфт, ки барои шаҳрвандони хориҷ дар баробари додани бурсияҳо, инчунин имкони гирифтани идрорпуливу дигар имкониятҳо фароҳат меоранд.

"Мо низ барои равнақ додани ин система, бояд дигаргуние ворид созем. Барои донишҷӯён дар баробари фароҳам овардани имконияти таҳсил, ҳамзамон пули чиптаи онҳо ва ё маблағи иҷораи манзилро пардохт кунем", - шарҳ додааст роҳбари Россотрудничества.

Вакили рус ҷонибдори он аст, ки донишҷӯёни хориҷ пас аз хатми муассисаҳои таълимии Русия мутахассис хуб шаванд ва дар ватани худ вобаста ба ихтисосашон кори хуб пайдо кунанд.

Аммо, ба гуфтаи ӯ  системаи мавҷуда ин нақшаҳо амалӣ карда наметавонад, зеро донишҷӯён маҷбурданд, ки дар баробари таҳсил ба ҳайси роҳрӯб ё ронандаи таксӣ кор кунанд.

Маҳз ба ҳамин хотир, Примаков зарур донист, ки дар системаи мазкур тағйироти ҷиддӣ ворид гардад.

Масъалаи афзун намудани бурсия барои донишҷӯёни хориҷӣ ҳанӯз аввоили соли ҷорӣ дар Думаи давлатӣ мавриди баҳс қарор гирифт.

Он замон, Леонид Калашников намояндаи Думаи давлатии Русия оид ба масъалаҳои кишварҳои ИДМ гуфт, ки ихтисоси 15 ҳазор бурсия ниҳоят кам аст. Пешниҳод шуд, ки шумораи квотаҳо то 30 ҳазор бештар карда шаванд.

329
Барчаспҳо:
шароит, донишҷӯён, бештар, бурсия, Русия
День 28 сентября

Ҷашнҳои рӯзи 28 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 19:44 27.09.2020)
Рӯзи бисту ҳаштуми сентябр ҳамчун Рӯзи байналмилалии баҳр мебошад. Ҳамчунин Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бадҷаҳлӣ низ 28 сентябр ҷашн гирифта мешавад

Рӯзи 28 сентябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1950 Индонезия ба ҳайати СММ шомил шуд.

Соли 1960 дар Созмони Шартномаи Атлантикаи Шимолӣ фармондеҳии ягонаи қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ таъсис дода шуд.

Соли 1992 аввалин маротиба маъракаи даъват ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Русияоғоз гардид.

Рӯзи 28 сентябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2002 дар шаҳри Душанбе комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба тақсимот ва муайянкунии сарҳади давлатӣ ба кори худ оғоз кард, ки то 5 октябр давом ёфт.

День 26 сентября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2010 дар шаҳри Душанбе оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистону Қазоқистон форуми тиҷоратӣ баргузор гардид.

Соли 2012 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти савдо ва хизматрасонии маишӣ"-ро маъқул дониста, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод  карданд.

Ҷашнҳои рӯзи 25 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2015 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эмомалӣ Раҳмон  дар муколамаи интерактивии Саммити 2015 оид ба мавзӯи "Ба хотири ҳифзи сайёраи мо ва дар ҷодаи мубориза бо тағйирёбии иқлим" суханронӣ карда буданд.

Соли 2016 дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи 14-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шӯрои роҳбарони Хадамоти гумруки кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Соли 2017 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ ба ифтихори 25 – солагии барқарорсозии муносиботи дипломатӣ байни ду давлат барномаи фарҳангии «Шоми дӯстии Тоҷикистону Корея» баргузор гардид.

Соли 2017 Барномаи рушди кино дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Соли 2018 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 28 сентябр

  • Рӯзи байналмилалии баҳр.
  • Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бадҷаҳлӣ.
  • Дар Русия – Рӯзи кормандони саноати атомӣ.

Рӯзи 28 сентябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Солҳои (1898-1940) Ходими давлатӣ Сурен Шадунс.

Соли 1951 Риёзидон  Сайфулло Бобоев.

Соли 1954 доктори илмҳои таърих, профессор Музаффар Олимов.

Соли 1957 Ходими намоёни давлатӣ Муҳаммад Шарифов.

0
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон