Российской военно-транспортной авиации 89 лет

Даргузашти ҳунарманди халқии ИҶШС Владимир Андреев

157
Владимир Андреев рӯзи 27 августи соли 1930 дар Маскав ба дунё омадааст. Дар замони ҷанг ӯ дар завод кор мекард ва пас аз ҷанг Донишкадаи ҳунарҳои зебои Русия, ГИТИС - ро хатм кард

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Ҳунарманди халқии ИҶШС Владимир Андрей рӯзи шанбе даргузашт, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба ректори Донишкадаи ҳунарҳои зебои Русия, ГИТИС, Григорий Заславский.

"Маросими видоъ бо ҳунарманд рӯзи чоршанбе баргузор хоҳад шуд",- омадааст дар хабарнома.

Ёдрас мешавем, ки Владимир Андреев рӯзи 27 августи соли 1930 дар Маскав ба дунё омадааст. Дар замони ҷанг ӯ дар завод кор мекард ва пас аз ҷанг Донишкадаи ҳунарҳои зебои Русия, ГИТИС - ро хатм кард

Нахустин нақши худро ҳунарманд дар саҳнаи Театри драммавии ба номи Ермолова, бозидааст. Баъдтар Владимир Андрей дар ҳамин театр коргардони асосӣ мешавад. Пас аз чанде дар ҳамин вазифа дар Театри давлатии академӣ фаъолият карда ва боз ба Театри ба номи Ермолова бозмегардад.

Ҳалокати раҳбари ширкати "Бондюэл" дар садамаи нақлиётӣ дар Фаронса

Ҳунарманд ҳамчунин дар хориҷи кишвар низ кор ва фаъолият кардаву дар синамо нақш офаридааст. Ӯро аз ҷумла бо нақшҳои Володя Бугров дар филми "Битве в пути" ва нақши шоҳ дар филми "Сказке о царе Салтане" хуб мешиносанд.

Андреев — ҷоизадори мукофоти давлатии ИҶШС ба номи Станиславский ва дорандаи ҷоизаи театрии "Золотая маска"(Ниқоби тиллоӣ) мебошад.

157
Барчаспҳо:
даргузашт, Русия
Покупатель в аптеке

Дар Русия дору алайҳи коронавирус ба дорухонаҳо роҳ ёфт: нархи он беш аз 12 ҳазор рубл

1386
(Таҷдидшуда 17:01 21.09.2020)
"Арепливир" дору алайҳи маризии коронавирус аз рӯзи душанбе ба дорухонаҳои Русия роҳ ёфт. Арзиши ин дору 12 320 рубли русӣ ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Дар Русия нахустин дору алайҳи маризии коронавирус, ки "Алепривир" ном дорад ба дорухонаҳо роҳ ёфт, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба маълумоти Ташкилоти истинодии "Столичка".

Бар хабари манбаъ, доруи мазкур танҳо бо дорухати пизишкон дода мешавад. Арзиши як қутти доруи "Алепривир" 12 320 рубли русиро ташкил медиҳад.

"Арепливир" дар заминаи доруи "Фавипиравир" сохта шудааст. Мутахассисони "Промомед" дар заминаи корхонаи "Биохимик" -и Саранск технологияи истеҳсоли пурраи худро таҳия карданд.

Маҷаллаи машҳури тиббӣ The Lancet натиҷаҳои таҳқиқоти ваксинаи Sputnik V-ро нашр кард

Қобили зикр аст, ки доруи "Арепливир" ҳанӯз моҳи июн аз ҷониби Вазорати тандурустии Русия иҷозати истифода гирифта буд, аммо он то ба имрӯз танҳо барои табобати беморон дар дармонгоҳҳо истифода мешуд.

1386
Барчаспҳо:
нарх, Дорухонаи шаҳрӣ, дору, Русия

Муроҷиати видеоии Путин ба Маҷмаи умумии Созмони милал

422
(Таҷдидшуда 21:23 20.09.2020)
Ин муроҷиати видеоии Владимир Путин, раисҷумҳури Русияро тамоми ҷаҳон дар рӯзи ифтитоҳи нишасти ҳафтоду панҷумини Маҷмаи умумии СММ тамошо хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар нишасти 75-умини Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид иштирок мекунад.

Тавре телевизиони "Россия 1" гузориш медиҳад, президент аллакай махсус барои Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид муроҷиати видеоӣ сабт кардааст.

Дар навор дида мешавад, ки Путин дар назди овезае, ки дар он "Ояндаи ҳама бо қувваи ҳама" навишта шудааст, суханронӣ мекунад.

Афзун бар ин дар навор, бастаи ғафсеи коғазҳоро метавон дид, ки бо он сарвари кишвар навор сабт кардааст.

Ҳафтаи дараҷаи олии нишасти 75-уми Маҷмаи умумии СММ дар Ню-Йорк аз 22 то 29 сентябр баргузор мешавад.

Бо далели пандемия, чорабинӣ дар "формати виртуалӣ" баргузор мешавад. Дар ҳамин ҳол, дар толор аз ҳар як кишвар як намоянда иштирок хоҳад кард.

СММ: муҳоҷирони Осиёи Миёна дар кишварҳои Аврупо ҳавзаҳои террористӣ ташкил доранд

Маҷмаи умумӣ ба роҳбарони кишвар ва вазирон пешниҳод кардааст, ки баромадҳояшонро сабт кунанд ва онро дар толор намоиш хоҳанд дод. Давомнокии видео на бояд бештар аз 15 дақиқа бошад.

Навори муроҷиати Путинро дар рӯзи ифтитоҳи нишаст - 22 сентябр намоиш медиҳанд.

Бино бар иттилои котиботи СММ, созмон аз роҳбарони 26 кишвар чунин навор дарёфт кардааст.

422

Оғози машқҳои низомии “Қафқоз-2020”

0
(Таҷдидшуда 01:15 23.09.2020)
Машқҳои байналмилалии низомӣ “Қафқоз-2020” дар вилояти Астрахани Русия оғоз ёфтанд. Дар ин машқҳои низомӣ бе аз 80 ҳазор аскару афсар, инчунин 250 тонк, 450 худрави ҷангии пиёданизом, 200 тӯпу рокетандоз иштирок хоҳанд кард

Машқҳои низомӣ санаи 21 сентябри соли равон оғоз ёфтанд. Таи ҳафтаи ахир  низомиён таҷҳихзоту аслиҳаро барои иштирок дар машқҳои низомӣ омода карданд. 

Аз ҷумла пеш аз оғози машқҳои байналмилалӣ тамоми низомиён аз санҷиши вируси корона гузаронида шуданд.

Дар машқҳо беш аз 80 ҳазор нафар аскару афсар, инчунин 250 тонк, 450 худрави ҷангии пиёданизом, 200 тӯпу рокетандоз иштирок доранд.

Русия барои иштирок дар ин машқҳо ҳамчунин низомиёни Арманистон, Мянма, Покистон ва Эронро низ даъват кардааст.

Низомиёни Тоҷикистон ба ин машқҳои низомӣ ба ҳайси нозир даъват шудаанд.  

Ҳамчунин дар феҳристи кишварҳои даъватшуда Озарбойҷон ва Ҳиндустон низ буд, аммо мақомоти ин кишварҳо имсол аз иштирок дар ин машқҳои низомӣ “Қафқоз-2020”худдорӣ карданд.

0
Барчаспҳо:
Афсар, аскар, Астрахан, артиш, тамрин, машқи низомӣ, машқ, Русия