Мақоми аввали Тоҷикистон дар сабқати "Биатлони танкӣ" дар Маскав

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонк"АрМИ — 2020". Танковый биатлон. Индивидуальная гонка
АрМИ — 2020. Танковый биатлон. Индивидуальная гонка - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дастаи низомиёни Тоҷикистон бо гирифтани ду мақоми аввал дар гурӯҳи 2, дар сабқати "Биатлони танкӣ" пирӯз шуд

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Экипажи Тоҷикистон дар дивизиони дуюми сабқати "Биатлони танкӣ" мақоми аввалро соҳиб шуд.

Биатлони танкӣ - 2020 - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон ва дигар кишварҳо дар "Биатлони танкӣ": гузориши аксӣ

Дар майдони Алабинои вилояти Маскав даври шашуми сабқати "Биатлони танкӣ" баргузор гардид.

Ёдрас мешавем, ки "Биатлони танкӣ" - дар доираи бозиҳои АРМИ - 2020 баргузор мешавад.

Дастаи Тоҷикистон имрӯз бори севвум баромад кард ва бори дуввум дар гурӯҳи худ мақоми аввалро гирифт.

Пирӯзии даста ба шарофати ҳунари ронанда-механик даст дод, ки хеле хуб камбудиҳои тирандозро ҷуброн кард. Ҳунари тирзании экипажи Тоҷикистон онқадар хуб набуд, даста як тир ҳам ба нишон нарасонд.

Вале бо вуыуди ин, дастаи танкчиёни тоҷик масофаи муқараргардидаро дар давоми 26-21 ва 29-22 паси сар карда, ба гирифтани ду ҷойи аввал мушарраф шуданд. Гурӯҳи низомиёни Лаос ин масофаро дар муддати 31-23 дақиқа тай карда ҷойи сеюмро аз худ намуд.

Слезы, танцы, тюбетейки: как узбекские танкисты отпраздновали победу на АрМИ - Sputnik Тоҷикистон
Ашки шодӣ ва рақсу бозӣ: пирӯзии тими Узбакистон дар "Биатлони танкӣ - 2019" - Видео

Танкронҳои тоҷик дар мусобиқаи “Биатлони танкӣ”: беҳтарин лаҳзаҳо дар гузориши аксӣ

Дастаи Конго ба далели хатогии бузурги ронанда, ки қоидащои бехатариро нақз кард аз идомаи бозӣ маҳрум гардид.

Ёдрас мешавем, ки давр даври аввал дастаи Тоҷикистон дуюм шуда ба марра расид, вале дар даври дуюм натиҷаи хуб нишон додаву аввалин шуда масофаро тай кард.

Имсол аз Тоҷикистон 4 экипажи танкӣ зери раҳбарии муовини фармондеҳи қӯшунҳои хушкигард оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ Маҳмадалӣ Ашуров дар озмуни "Биатлони танкӣ" ширкат меварзанд.

Лентаи хабарҳо
0