Президент РФ В. Путин

Путин гуфт, чӣ метавонист мардуми ИҶШС - ро нобуд созад

567
(Таҷдидшуда 18:32 01.09.2020)
Президенти Русия Владимир Путин гуфт, чӣ метавонист мардуми Иттиҳоди Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистиро нест кунад

ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Президенти Русии Владимир Путин дар дарси кушоди умумирусиягӣ дар бораи таҳдиди нобудсозии халқи ИҶШС гуфт.

Чунин воқеъа метавонист дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ рух диҳад.

"Агар <...> мо шаҳрҳоямонро ба хотири наҷоти ҳаёти сарбозонамон, бидуни муҳориба таслим мекардем, дар хулосаи кор мо дар ин ҷанг мағлуб мешудем. Ва ин кор метавонист ба нобудшавии умумии халқи Иттиҳоди Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистӣ ва Федератсияи Русия овард расонад", - гуфт Путин зимни суҳбат бо хонандагон.

Раҳбари Русия қайд кард, ки ҳадафи Гитлер на ғуломкунӣ, балки нобудсозии мардуми ИҶШС буд.

Вазифаи раҳбарони ҷаҳонӣ дар ин аст, то насли ҷавон ҳеҷ гоҳ бо чунин рухдод чун Ҷанги Бузурги Ватанӣ рӯ ба рӯ нашавад, афзуд Путин.

Ширкати Владимир Путин дар дарси кушод: пахши мустақим анҷом ёфтl

Ёдрас мешавем, ки рӯзи 1 сентябр президенти Русия Владимир Путин дар дасри кушоди умумирусиягӣ ширкат кард.

Имсол дарси кушод ба 75-солагии Рӯзи Пирӯзӣ бахшида шуд.

567
Барчаспҳо:
мардум, нобуд, ИҶШС, Русия, Владимир Путин
Посольство Таджикистана в Москве, архивное фото

Дағалӣ накард: сафорати Тоҷикистон қазияи лат шудани намояндаашро шарҳ дод

1032
(Таҷдидшуда 21:01 26.09.2020)
Рӯзи 24 - уми сентябр шаҳрванди 38 - солаи Тоҷикистон дар назди бинои сафорати ин кишвар дар Русия ду нафарро мавриди латукӯб қарор дод

ДУШАНБЕ, 26 сен - Sputnik. Зимнан аксар расонаҳои дохиливу хориҷӣ хабар доданд, ки сокини 38 - солаи ВМКБ барои дағалгуфтории намояндаи сафорат, ӯро латукӯб карда, дасту бинияшро шикаст.

Дар ҳамин ҳол, Сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 26 - уми сентябр дар сафҳаи торномаи сафорат қазияи лат шудани мутахассиси пешбарашонро шарҳ доданд.

Ҷанҷол дар сафорат: муҳоҷири бекормонда бинию ангушти дипломати тоҷикро шикаст

Бар хабари котиботи сафорати мазкур, нофаҳмӣ сари ба рӯйихат даровардани шаҳрвандони хоҳишманди сафар ба Тоҷикистон, бархост.

"Аз ҷониби намояндаи сафорат ягон дағалгуфторӣ сурат нагирифт", - таъкид мешавад дар хабар.

Намояндагони сафорати Тоҷикистон аз пахши хабарҳои носаҳеҳи расонаҳои дохиливу хориҷӣ изҳори нигаронӣ намуда, дархост карданд, ки минбаъд дар нашри хабарҳои вобаста ба масоили баргаштани шаҳрвандони Тоҷикистон ба ватан, эҳтиёткор бошанд ва танҳо маълумотҳои саҳеҳро пахш намоянд.

Ёдовар мешавем, рӯзи 24 сентябр ба идораи милисаи Пресненский хабар дода шуд, ки шаҳрванди Тоҷикистон дар бинои сафорати ин кишвар дар тангкӯчаи Гранатнийи шаҳри Маскав ду нафарро латукӯб кард.

Нисбати нафари муттаҳам дар ҳамла ба кормандони сафорат, барои нақзи қоидаҳои вуруд ба қаламрави Русия санади маъмурӣ тартиб дода шудааст. Манбаъ афзуд, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дошта, ба ҷабрдида кумаки тиббӣ расонда мешавад.

Ин дар ҳолест, ки вақтҳои охир ба далели адами парвозҳои мунтазам миёни Тоҷикистону Русия талабот ба чиптаҳо барои парвозҳои чартерӣ зиёд шудааст. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз нархҳои гарони  ин чиптаҳо ва ҷой доштани ҳолатҳои қаллобӣ зимни фурӯши онҳо шикоят карда буданд.

1032
Барчаспҳо:
шарҳ, қазия, Русия, Тоҷикистон, сафорат
Студент ЮУрГУ из Таджикистана

Русия ба донишҷӯёни ғайр ҳам бурсияи бештар ва ҳам шароити беҳтар ваъда кард

314
(Таҷдидшуда 16:07 25.09.2020)
Раҳбари Россотрудничества Евгений Примаков ҷонибдори тағйир додани системаи ихтисоси бурсияҳо барои донишҷӯёни кишварҳои ИДМ ва Балтика мебошад

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Вакили Думаи давлатии Русия Евгений Примаков авохири моҳи июни соли ҷорӣ ба курсии роҳбари Россотрудничества такя зад.

Примаков аз нахустин рӯзи сари роҳбарии ин агентӣ омадан, изҳор дошт, ки дар кори агентӣ тағйироти куллӣ меорад.

Яке аз масоиле, ки боиси нигаронии Примаков гардидааст, ин шакли пешниҳоди бурсиҳо барои донишҷӯёни хориҷ аз кишварҳои ИДМ ва Балтика мебошад.

Примаков бо такя ба қарори кишвардори Русия Владимир Путин изҳор дошт, ки шумораи бурсияҳо барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки ҳавасманди таҳсил дар муассисаҳои Русия мебошанд, афзоиш меёбанд.

Номбурда дар мусоҳиба бо Sputnik хабар дод, ки то соли 2023 шумораи бурсияҳо барои донишҷӯёни хориҷи то ду маротиба зиёд мешаванд.

“Забони стратегӣ”: ҳузури Русия дар маорифи Тоҷикистон

Ӯ мегӯяд, дар баробари зиёд шудани шумораи бурсияҳо, бояд барои донишҷӯён шароити созгор низ ташкил карда шавад.

Примаков системаи Лаҳистон дар ҳамин равияро мисол оварда гуфт, ки барои шаҳрвандони хориҷ дар баробари додани бурсияҳо, инчунин имкони гирифтани идрорпуливу дигар имкониятҳо фароҳат меоранд.

"Мо низ барои равнақ додани ин система, бояд дигаргуние ворид созем. Барои донишҷӯён дар баробари фароҳам овардани имконияти таҳсил, ҳамзамон пули чиптаи онҳо ва ё маблағи иҷораи манзилро пардохт кунем", - шарҳ додааст роҳбари Россотрудничества.

Вакили рус ҷонибдори он аст, ки донишҷӯёни хориҷ пас аз хатми муассисаҳои таълимии Русия мутахассис хуб шаванд ва дар ватани худ вобаста ба ихтисосашон кори хуб пайдо кунанд.

Аммо, ба гуфтаи ӯ  системаи мавҷуда ин нақшаҳо амалӣ карда наметавонад, зеро донишҷӯён маҷбурданд, ки дар баробари таҳсил ба ҳайси роҳрӯб ё ронандаи таксӣ кор кунанд.

Маҳз ба ҳамин хотир, Примаков зарур донист, ки дар системаи мазкур тағйироти ҷиддӣ ворид гардад.

Масъалаи афзун намудани бурсия барои донишҷӯёни хориҷӣ ҳанӯз аввоили соли ҷорӣ дар Думаи давлатӣ мавриди баҳс қарор гирифт.

Он замон, Леонид Калашников намояндаи Думаи давлатии Русия оид ба масъалаҳои кишварҳои ИДМ гуфт, ки ихтисоси 15 ҳазор бурсия ниҳоят кам аст. Пешниҳод шуд, ки шумораи квотаҳо то 30 ҳазор бештар карда шаванд.

314
Барчаспҳо:
шароит, донишҷӯён, бештар, бурсия, Русия
День 27 сентября

Ҷашнҳои рӯзи 27 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 18:07 26.09.2020)
Рӯзи 27 сентябр Рӯзи байналмилалии туризм буда, дар Муғулистон – Рӯзи телевизион ва дар Русия  — Рӯзи кормандони муассисаҳои томактабӣ мебошад

Рӯзи 27 сентябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1791 ба яҳудиёни Фаронса шаҳрвандӣ дода шуд.

Соли 1821 Мексика аз Испания ҷудо шуда, истиқлолият ба даст овард.

День 26 сентября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1905  дар Ню-Йорк занеро барои дар дохили автомобил кашидани тамоку ҳабс карданд.

Соли 1941 Сурия давлати мустақил эълон шуд.

Соли 1953 Ҷопон қувваҳои миллии худмуҳофизатиашро таъсис дод.

Соли 1977  аввалин неругоҳи атомии Украина нахустин бор  ҷараёни барқ ҳосил кард.

Соли 1990 ИҶШС ба Интерпол ҳамроҳ шуд.

Рӯзи 27 сентябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Cоли 2013 шаҳрдори Душанбе мусиқии баландро дар автобус ва дигар нақлиёти мусофиркаш манъ кард.

День 25 сентября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2013 дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «ВАО ва муҳоҷират» ҷамъомад баргузор гардид.

Соли 2013 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» маросими ифтитоҳи намоиши серӯзаи молҳои содиротии ноҳияи мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.

Соли 2015 дар шаҳри Ню-Йорки ИМА Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланд дар ҳошияи саммити СММ оид ба мавзӯи «Ҳавасмандгардонии раванди татбиқи амалӣ ва дастёбӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи об», ки бо ибтикори Тоҷикистон ҷамъ омада буданд, суханронӣ карданд.

Соли 2013 дар маркази ноҳияи Тавилдара бинои муҳташами «Кохи фарҳанг» расман ба истифода дода шуд.

Соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Душанбе Боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ҷашнҳои рӯзи 27 сентябр

  • Рӯзи байналмилалии туризм.
  • Дар Муғулистон – Рӯзи телевизион.
  • Дар Русия  — Рӯзи кормандони муассисаҳои томактабӣ.

Рӯзи 27 сентябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Таисия Иванова (1932) – доктори илми биолог.

Мавҷигули Зардодхон (1963-2011) – шоира.

Равшан Махсумзод (1963) – нависанда.

Боймуҳаммад Ниёзов (1927 – 2009) – сароянда, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Людмила Никулина (1934) – журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Зоя Румянсева (1916-2001) – доктори илми химия, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

Хуршеда (Обидова ) (1974)- шоира.

0
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Ҷаҳон, ҷашн
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 20 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 22 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 24 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 25 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 26 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон