Телеведущий Иван Ургант, архивное фото

"Мошинсаворӣ " - и Иван Ургант бо Владимир Путин - видео

512
(Таҷдидшуда 12:16 06.09.2020)
Муҷрии машҳури Русия шоумен - Иван Ургант дар шабакаи Youtube наворе нашр карда, ки дар он ҳамроҳи президенти Русия Владимир Путин мошинсаворӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Барои ин навори шӯхиомез кадрҳо аз ронандагии Владимир Путин сари чамбараки Лимузини Aurus моҳи август дар роҳи Қрим гирифта шудааст.

Бо кумаки танзим Ургант дар дохили худрав дар бари президент қарор гирифтааст. Суолҳо ва суханони Ургант мувофиқи гуфтори кишвардор омода шудааст.

Дар саршавии навор Владимир Путин мегӯяд бояд тасмаи бехатариро баст, то ҷарима нашавад ва Ургант посух дод, ки фикр мекард, кӣ аввал шӯхӣ мекунад.

"Як қиёмат коғаз пур кардам": Наталия Орейро ҳуҷҷатҳояшро барои шаҳрвандии Русия супорид

Пасон Ургант ба президент дар бораи Доналд Трамп ва рублу доллар шӯхӣ кард. Шӯхии охирин ба президенти Русия "писанд" наомад.

Дар охир Ургант хоҳиш кард, ки президент суръати ҳаракатро паст накунад  ва гуфт, худ аз мошин мепарад.

512
Барчаспҳо:
мошин, Владимир Путин, Иван Ургант, Русия
Врач у постели пациента во время обхода в госпитале

Пизишки рус иштибоҳи нафароне, ки мубталои коронавирус ҳастанд, ифшо кард

81
(Таҷдидшуда 15:24 01.10.2020)
Мутахассиси рус мегӯяд, мубталоёни маризии коронавирус набояд ба худдавоӣ машғул шаванд, балки ҳатман барои гирифтани табобати сареҳ, ба пизишк муроҷиат кунанд

ДУШАНБЕ, 1 окт – Sputnik. Умдатарин иштибоҳи нафарони гирифтор ба маризии коронавирус, ин сари вақт муроҷиат накардан ба духтур мебошад, мегӯяд Виктор Зуев, мудири шӯъбаи микробиологияи сироятҳои ниҳонии Институти Гамалея.

Зуев ба тамоми шаҳрвандон муроҷиат намуда, дархост кард, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ба худдармонӣ машғул нашаванд, балки баръакс ҳар чӣ зудтар бояд ба мутахассис муроҷиат кунанд.

"Агар вазъи саломатиятон беҳад вазнин аст ва мадори то беморхона рафтанро надоред, зуд мошини Ёрии таъҷилиро даъват кунед", - афзудааст Зуев.

41 нафар мариз шуданду 48 кас шифо ёфтанд: омори нави коронавирус дар Тоҷикистон

Зимнан, намояндаи Роспотребнадзор Наталя Пшеничная мегӯяд, Русия пас аз чанд ҳафтаи оянда, ба баландтарин қуллаи авҷи маризии коронавирус мерасад.

Номбурда изҳори умедворӣ кард, ки мавориди нави сироятшавӣ ба COVID - 19 аз 9 000 ҳолат дар як рӯз, зиёдтар сурат намегирад.

Зимнан, ӯ қайд кард, ки сатҳи афзуншавии теъдоди мавридҳои нави гирифторшавӣ ба ин дард, аз худи сокинон вобаста аст.

Пшеничная мегӯяд, риояи фосилаи иҷтимоӣ ва оддитарин қоидаҳои санитарӣ, метавонанд ин ададро коҳиш диҳанд.

81
Барчаспҳо:
иштибоҳ, маризӣ, пизишк
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Судебный молоток, архивное фото

Гумонбар дар куштори Ҳувайдои 5-сола, ба додгоҳ кашида мешавад

596
(Таҷдидшуда 18:27 30.09.2020)
Гумонбари куштори духтари 5-солаи тоҷик, Александр Сёмин, ки бемор арзёбӣ мешуд, эҳтимол пас аз ду моҳ ба додгоҳ кашида шавад

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Пизишкон вазъи равонии Александр Сёминро, ки дар куштори духтари панҷсолаи тоҷик айбдор мешавад, муътадил арзёбӣ карданд. Дар ин бора ҳимоятгари хонаводаи Тиллозода - Шавкат Умаров дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон хабар дод.

Ёдрас мешавем, ки 30 сентябри соли гузашта муҳокимаи парвандаи ҷиноӣ аз рӯи куштори Ҳувайдо аз ҷониби додгоҳи вилояти Маскав қатъ карда шуда, айдборшаванда барои табобат ба беморхонаи Смоленск равон карда шуд.

Чуноне ҳимоятгар гуфт, пизишкон ба хулоса омаданд, ки Сёмин дигар ба табобат ниёз надорад. Ва аз ҷониби додгоҳи шаҳри Сичевки табобати иҷборӣ қатъ карда шуд. Вале, ҳимоятгарони Сёмин аз рӯи ин қарор шикоят бурданд.

Гумонбар ба куштори Ҳувайдои 5 - сола ба мурофиаи додгоҳӣ ҳозир нашуд

Ба гуфти ҳимоятгар барои баррасии ин шикоят асос кам аст ва он ду-се ҳафта давом хоҳад кард.

"Ва агар додгоҳ қарорро бекор накунад, Сёмин паси панҷара меравад", - гуфт Умаров.

Ба гуфти ӯ ҳамаи далелҳои парванда ҷамъ карда шудаанд ва барои тафтишоти пурра боз ду моҳи дигар лозим аст.

"Пас аз ду моҳ парвандаи Сёмин дар додгоҳ муҳокима хоҳад шуд", - хулоса кард ҳимоятгар.

Ёдовар мешавем, ки Сёмин гумонбари асосӣ дар қатли Ҳувайдои 5 - сола то ҳол дар яке аз бемористонҳо касалии рӯҳӣ дар Смоленск қарор дорад.

Ҳувайдо Тиллозодаи 5-сола, рӯзи 22-юми июли соли 2018 дар назди хонаашон аз майдончаи бозӣ дар шаҳри Серпухово нопадид шуд ва рӯзи дигар ҷасади ӯро дар борхалтаи варзишӣ дар назди роҳи оҳан пайдо карданд.

596
Барчаспҳо:
додгоҳ, куштор, Ҳувайдо, Ҳувайдо, Русия
Мавзуъ
"Иғво аст": пулисе, ки хунукназариаш боиси куштори Ҳувайдо шуд, дар озодӣ монд
Қазияи Ҳувайдо: дастур аз Тоҷикистон ба дипломатҳо ва таҳдид ба Саидов баъди пешниҳоди пул
Вакили дифои хонаводаи Ҳувайдо боздошт шуд
Сатторзода: то охир пофишорӣ мекунем, то қотили Ҳувайдо ҷазои шадид гирад
Мужчины с портфелем в руке. Архивное фото

Қатъи ваколати Бахтовар Сафарзода дар парлумон: вазифаи нав гирифт

0
Ваколати Бахтовар Сафарзода, раҳбари Гурӯҳи Ҳизби халқи демократ дар палатаи поёнии порлумони кишвар қабл аз муҳлат қатъ карда шуд

ДУШАНБЕ, 1 окт – Sputnik. Дар ин бора аз дастгоҳи Маҷлиси намояндагон гуфтанд, ваколати Бахтовар Сафарзода, имрӯз зимни баргузории ҷаласаи навбатӣ қатъ карда шуд.

Ба иттилои манбаъ, ваколати Сафарзода бинобар таъйин шуданаш  ба вазифаи намояндаи комилҳуқуқи порлумони Тоҷикистон дар Ассамблеяи байнипорлумонии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қатъ шуд.

Бахтовар Сафарзода номзади Ҳизби  халқии демократии Тоҷикистон ду маротиба, тайи солҳои 2015 ва 2020 вакили Маҷлиси Намояндагон аз ҳавзаи вахш интихоб гаштааст.

Номбурда доктори ҳуқуқ буда,  дар гузашта мудири кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба илм буд.

Ӯ узви кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон буда сар аз 7 апрели соли 2015 ба сифати гурӯҳи вакилони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидааст.

 

0