Производство вакцины от COVID-19

Ваксини "Спутник V"-и Русия ба гардиш баромад

322
(Таҷдидшуда 18:41 08.09.2020)
“Антитела” дар бадани нафароне, ки довталабона дар озмоиши ваксин иштирок карданд, нисбат ба бадани нафароне, ки ин бемориро аз сар гузарониданд, то 1,4-1,5 баробар бештар ба қайд гирифта шуд

ДУШАНБЕ, 8 сентябр — Sputnik. Нахустин гурӯҳи ваксини алайҳи коронавируси Русия  "Спутник V" ба гардиш бароварда шуд, хабар медиҳад Вазорати тандурустии кишвар.

Интизор меравад, он ба наздикӣ дастраси минтақаҳои гуногуни Русия шавад.

Манбаъ таъкид мекунад, ки ваксин тамоми озмоишҳои лаборатории лозимаро гузаштааст.

Ёдрас мешавем, моҳи август Русия нахустин ваксини зидди коронавирусро сабтином  кард.

"Спутник V"-ро вазорат якҷо бо Маркази тадқиқотии ба номи Гамалеи ва Бунёди сармоягузории Русия таҳия кардааст.

Он дар рафти озмоиш дар бадани сад дар сади ширкаткунандагони санҷиш масуният ҳосил кард ва дар ягон меъёр падидаи номатлуби ҷиддиеро ба миён наовард.

Русия аз омода шудани нахустин ваксина алайҳи коронавирус хабар дод

 Дар ҳамин ҳол, “антитела” дар бадани нафароне, ки довталабона дар озмоиши ваксин иштирок карданд, нисбат ба бадани нафароне, ки ин бемориро аз сар гузарониданд, то 1,4-1,5 баробар бештар ба қайд гирифта шуд.

322
Вступительные испытания в Таджикском национальном университете

Кай донишҷӯёни хориҷӣ метавонанд ба Русия раванд

19
(Таҷдидшуда 10:20 30.09.2020)
Таҳсили рӯзона дар макотиби олии Русия барои донишҷӯёни хориҷӣ аз кушода шудани марзҳои кишвар вобаста аст

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Донишҷӯёни хориҷӣ танҳо пас аз бардошта шудани маҳдудиятҳои равуо ба Русия, метавонанд ба таҳсили рӯзона пардозанд, хабар медиҳад Вазорати маорифи ФР.

"Иҷозаи донишҷӯёни хориҷӣ барои таҳсили рӯзона дар ФР аз бардошта шудани маҳдудиятҳои воридшавӣ ба кишвар вобаста аст. Имрӯз маҳдудиятҳои равуо барои Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Куреи Ҷанубӣ бардошта шудаанд", - омадааст дар хабарнома.

Вазорат ҳамчунин ёдрас карда, ки пештар бо Бритониё, Туркия, Танзания, Швейтсария, Абхазия, Миср, АМА, Ҷумҳурии Молдива ва Осетияи Ҷанубӣ марзҳо боз шуда буданд.

Русия ба донишҷӯёни ғайр ҳам бурсияи бештар ва ҳам шароити беҳтар ваъда кард

Пештар хабар дода шуд, ки донишҷӯёни курси аввал, аз кишварҳои вурудашон боз, метавонанд аз моҳи сентябр ба Русия ворид шаванд.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки беш аз 100 ҳазор донишҷӯёни хориҷӣ дар робита ба ҳамагирии коронавирус натавонистанд барои таҳсил ба Русия ворид шаванд.

19
Барчаспҳо:
хориҷӣ, донишҷӯён, боз, марз, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Федеральный канцлер Германии Ангела Меркель

Чаро Меркел пинҳонӣ бо Навалний дидор кард?

193
(Таҷдидшуда 20:12 29.09.2020)
Рӯзномаи “Der Spiegel” хабар додааст, ки канслери Олмон Ангела Меркел дар беморхонаи Шарите дар Берлин бо як сафари махфӣ аз Алексей Навалний хабар гирифтааст

ДУШАНБЕ 29 сен – Sputnik. Нашрияи “Der Spiegel” навиштааст, ки Ангела Меркел, нахуствазири Олмон ба таври махфӣ дар бемористони Шаритеи Берлин Алексей Навалний мухолифи давлати Русияро аёдат кардааст.

Алекей Навалний низ дар саҳифаи Твиттер худ, гузориши нашрияи Олмонии Шпигел дар хусуси дидор бо Ангела Меркелро таъйид кард ва навиштааст, ки ин дидор як ҷаласаи хусуси ва гуфтугӯ бо хонавода буд.

Ёдарс мешавем, ки 20 август Алексей Навалний дар роҳи бозгашт аз шаҳри Омск ба Москва дар ҳавопаймо дучори мушкили ҷисмонӣ шуд ба навъе, ки ҳавопаймо ночор ба фуруди изтирорӣ дар шаҳри Томск шуд.

Сипас баъд аз беҳтар шудани вазъи саломатиаш оқои Навалний барои муолиҷа ба Олмон мунтақил шуд ва давлати Олмон эълом кард, ки бар асоси натоиҷи як озмоишгоҳи низомӣ дар ин кишвар, Алексей Навалний бо унсуре аз гурӯҳи маводи кимёии фалаҷкунанда мавсум ба"Навичок" масмум шудааст.

Аммо Вазорати хориҷаи Русия гузоришҳои олмониҳо дар бораи  Навалниро беасос донист.

Ахиран бемористони Шарите, ки дар шаҳри Берлин қарор дорад, рӯзи душанбе эълом кард,ки вазъият саломатии Алексей Навалний беҳбуд ёфт ва ӯ аз бемористон ҷавоб шуд.

193
Барчаспҳо:
сафар, мухолиф, рӯзнома, беморхона, махфӣ, хабар, бемористон, Олмон, Ангела Меркел