Зафар Сайидзода, старший советник аппарата президента по внешней политики

Консули Тоҷикистон дар Русия барои муҳоҷирон китоб навишт

142
(Таҷдидшуда 14:46 12.09.2020)
Муҳоҷирон метавонанд нусхаи электронии китобро аз сомонаи Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург дастрас кунанд

ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Зафар Сайидзода, консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург дар бораи торихи Русия барои муҳоҷирон китоб навиштаву нашр кардааст.

Консули тоҷик, ки доктори илмҳои торих низ ҳаст, "История России" -ро барои муҳоҷирони меҳнатӣ ҷиҳати мустақилона омӯхтани  фарҳанг ва  таърихи Русия мунташир намудааст.

"Ҳадаф аз таҳияи китоби мазкур   расонидани кумак ба муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад, ки онҳо ҳангоми гирифтани иҷозати кор дар Русия  барои доштани  маълумоти ибтидоӣ дар   бораи таърих ва фарҳанги ин кишвар тариқи тест имтиҳон месупоранд" - тавзеҳ доданд аз консулгарии Тоҷикистон дар Екатеринбург.

Гуфта мешавад, муаллифи китоб бо истифода аз адабиёти  зиёд  кӯшиш ба харҷ додааст, ки  маълумоти асосиро дар бораи  таърих ва фарҳанги Русия ба таври фишурда ва бо забони содаю оммафаҳм  пешниҳоди хонандагон  гардонад.

Муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд бо омӯзиши ин китоб ба таври мустақилона дар бораи фарҳанг ва  таърихи Русия дониши ибтидоӣ пайдо намоянд.

Дипломати рус консули генералии тоҷикро даъват кард: сӯҳбат аз муҳоҷират то тиҷорат

Ҳамчунин онҳо метавонанд нусхаи электронии китобро  аз сомонаи Консулгарии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург  www.rtsu.tj/ru/ и www.kmt.tj. дастрас намуда, аз он истифода баранд.

142
Покупатель в аптеке

Дар Русия дору алайҳи коронавирус ба дорухонаҳо роҳ ёфт: нархи он беш аз 12 ҳазор рубл

1405
(Таҷдидшуда 17:01 21.09.2020)
"Арепливир" дору алайҳи маризии коронавирус аз рӯзи душанбе ба дорухонаҳои Русия роҳ ёфт. Арзиши ин дору 12 320 рубли русӣ ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Дар Русия нахустин дору алайҳи маризии коронавирус, ки "Алепривир" ном дорад ба дорухонаҳо роҳ ёфт, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба маълумоти Ташкилоти истинодии "Столичка".

Бар хабари манбаъ, доруи мазкур танҳо бо дорухати пизишкон дода мешавад. Арзиши як қутти доруи "Алепривир" 12 320 рубли русиро ташкил медиҳад.

"Арепливир" дар заминаи доруи "Фавипиравир" сохта шудааст. Мутахассисони "Промомед" дар заминаи корхонаи "Биохимик" -и Саранск технологияи истеҳсоли пурраи худро таҳия карданд.

Маҷаллаи машҳури тиббӣ The Lancet натиҷаҳои таҳқиқоти ваксинаи Sputnik V-ро нашр кард

Қобили зикр аст, ки доруи "Арепливир" ҳанӯз моҳи июн аз ҷониби Вазорати тандурустии Русия иҷозати истифода гирифта буд, аммо он то ба имрӯз танҳо барои табобати беморон дар дармонгоҳҳо истифода мешуд.

1405
Барчаспҳо:
нарх, Дорухонаи шаҳрӣ, дору, Русия

Муроҷиати видеоии Путин ба Маҷмаи умумии Созмони милал

422
(Таҷдидшуда 21:23 20.09.2020)
Ин муроҷиати видеоии Владимир Путин, раисҷумҳури Русияро тамоми ҷаҳон дар рӯзи ифтитоҳи нишасти ҳафтоду панҷумини Маҷмаи умумии СММ тамошо хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар нишасти 75-умини Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид иштирок мекунад.

Тавре телевизиони "Россия 1" гузориш медиҳад, президент аллакай махсус барои Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид муроҷиати видеоӣ сабт кардааст.

Дар навор дида мешавад, ки Путин дар назди овезае, ки дар он "Ояндаи ҳама бо қувваи ҳама" навишта шудааст, суханронӣ мекунад.

Афзун бар ин дар навор, бастаи ғафсеи коғазҳоро метавон дид, ки бо он сарвари кишвар навор сабт кардааст.

Ҳафтаи дараҷаи олии нишасти 75-уми Маҷмаи умумии СММ дар Ню-Йорк аз 22 то 29 сентябр баргузор мешавад.

Бо далели пандемия, чорабинӣ дар "формати виртуалӣ" баргузор мешавад. Дар ҳамин ҳол, дар толор аз ҳар як кишвар як намоянда иштирок хоҳад кард.

СММ: муҳоҷирони Осиёи Миёна дар кишварҳои Аврупо ҳавзаҳои террористӣ ташкил доранд

Маҷмаи умумӣ ба роҳбарони кишвар ва вазирон пешниҳод кардааст, ки баромадҳояшонро сабт кунанд ва онро дар толор намоиш хоҳанд дод. Давомнокии видео на бояд бештар аз 15 дақиқа бошад.

Навори муроҷиати Путинро дар рӯзи ифтитоҳи нишаст - 22 сентябр намоиш медиҳанд.

Бино бар иттилои котиботи СММ, созмон аз роҳбарони 26 кишвар чунин навор дарёфт кардааст.

422
Детская игрушка возле дороги

Ҳодисаҳои мудҳиши нақлиётӣ: ноболиғ духтари амакрову бобо набераро пахш кард

0
(Таҷдидшуда 11:21 23.09.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз рухдоди як садамаи мудҳиши нақлиёти хабар медиҳад, ки дар пайи беэҳтиётии ноболиғ сар задааст

ДУШАНБЕ, 23 сен - Sputnik. Ба иттилои манбаъ, ҳодиса санаи 21-уми сентябри соли ҷорӣ, тахминан соатҳои 17:10-дақиқа сар задааст.

Ба иттилои манбаъ, ноболиғ Ш.И., соли таваллудаш 2007, сокини ҷамоати деҳоти К.Исмоилов, бе ҳуҷҷати ронандагӣ автомашинаи тамғаи “Тайота-Фледер”-ро, ки ба амакаш Шамсов Алишер Қурбоналиевич тааллуқ дорад, гирифта, ҳангоми ҳаракат кардан дар деҳаи мазкур аз уҳдаи идора намудани автомашина набаромада, духтари амакаш, хурдсол Шамсова Оишамо Далеровна, соли таваллудаш 2018-ро пахш намудааст.

Манбаъ мегӯяд, дар натиҷа, хурдсол Шамсова Оишамо Далеровна ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.

ВУД мегӯяд, ҳамзамон санаи  22-юми сентябр, тахминан соатҳои 22:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Старекс", Қушоқов Хушбахт Холмирзоевич, соли таваллудаш 1968, сокини ҷамоати деҳоти Ҷавкандаки шаҳри Истаравшан, аз уҳдаи идора намудани автомашина набаромада, дар назди манзили истиқоматиаш набераи ноболиғаш, Қушоқов Амир Давлатназарович, соли таваллудаш 2015-ро пахш намудааст.

Ҳалокати як ноболиғ ва ду ҷавон дар ду садамаи маргбор

Гуфта мешавад дар натиҷа, ноболиғ Қушоқов А.Д. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

0
Барчаспҳо:
фавт, ноболиғ, садамаи маргбор, Тоҷикистон