Русия Тоҷикистонро ба машқҳои низомии "Кавказ-2020" даъват кард

118
(Таҷдидшуда 18:02 14.09.2020)
Шаш кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон ва намояндагони кишварҳои Озарбойҷон, Индонезия, Қазоқистон, Шри-Ланка ва Эрон барои ширкат дар машқҳои низомӣ ба ҳайси нозир даъват шудаанд

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Русия барои иштирок дар машқҳои низомии "Кавказ-2020" низомиёни Арманистон, Белорус, Чин, Миёнмор ва Покистонро даъват кард, хабар медиҳад Вазорати дифои кишвар.

Шаш кишвари дигар, аз ҷумла Тоҷикистон, Озарбойҷон, Индонезия, Эрон, Қазоқистон ва Шри-Ланка барои иштирок ба ҳайси нозир даъватнома гирифтаанд.

Дар тамринҳои низомии "Кавказ-2020", ки аз 21 то 26 сенртябр баргузор мешавад, 80 ҳазор ҳарбиён, аз ҷумла ҳазор низомии хориҷӣ иштирок мекунанд.

Афзун бар ин, дар майдони низомӣ 250 танк, то 450 мошинҳои ҳарбӣ ва мошинҳои зиреҳпӯш ва ҳудудан 200 тӯп ва системаҳои мушакӣ ҳаракат хоҳанд кард.

Тавре манбаъ меафзояд, машқҳои низомӣ дар ду давра баргузор мешаванд. Дар давраи аввал мақомоти раёсати низомӣ банақшагирии ҳаракатҳои ҷангиро дар вазъияти шартии ҷангӣ такмил медиҳанд.

Тӯпандозони рус 80 ҳадафи "душман"-ро дар Тоҷикистон нобуд карданд

Масоили ҳамкорӣ байни иддаи низомии кишварҳои узви тамринҳо такмил дода мешаванд, афзудааст манбаъ.

Дар давраи дувум қӯшунҳои Русия дар чанд машқгоҳ тамрин мекунанд.

118
Вступительные испытания в Таджикском национальном университете

Кай донишҷӯёни хориҷӣ метавонанд ба Русия раванд

85
(Таҷдидшуда 10:20 30.09.2020)
Таҳсили рӯзона дар макотиби олии Русия барои донишҷӯёни хориҷӣ аз кушода шудани марзҳои кишвар вобаста аст

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Донишҷӯёни хориҷӣ танҳо пас аз бардошта шудани маҳдудиятҳои равуо ба Русия, метавонанд ба таҳсили рӯзона пардозанд, хабар медиҳад Вазорати маорифи ФР.

"Иҷозаи донишҷӯёни хориҷӣ барои таҳсили рӯзона дар ФР аз бардошта шудани маҳдудиятҳои воридшавӣ ба кишвар вобаста аст. Имрӯз маҳдудиятҳои равуо барои Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Куреи Ҷанубӣ бардошта шудаанд", - омадааст дар хабарнома.

Вазорат ҳамчунин ёдрас карда, ки пештар бо Бритониё, Туркия, Танзания, Швейтсария, Абхазия, Миср, АМА, Ҷумҳурии Молдива ва Осетияи Ҷанубӣ марзҳо боз шуда буданд.

Русия ба донишҷӯёни ғайр ҳам бурсияи бештар ва ҳам шароити беҳтар ваъда кард

Пештар хабар дода шуд, ки донишҷӯёни курси аввал, аз кишварҳои вурудашон боз, метавонанд аз моҳи сентябр ба Русия ворид шаванд.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки беш аз 100 ҳазор донишҷӯёни хориҷӣ дар робита ба ҳамагирии коронавирус натавонистанд барои таҳсил ба Русия ворид шаванд.

85
Барчаспҳо:
хориҷӣ, донишҷӯён, боз, марз, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Федеральный канцлер Германии Ангела Меркель

Чаро Меркел пинҳонӣ бо Навалний дидор кард?

203
(Таҷдидшуда 20:12 29.09.2020)
Рӯзномаи “Der Spiegel” хабар додааст, ки канслери Олмон Ангела Меркел дар беморхонаи Шарите дар Берлин бо як сафари махфӣ аз Алексей Навалний хабар гирифтааст

ДУШАНБЕ 29 сен – Sputnik. Нашрияи “Der Spiegel” навиштааст, ки Ангела Меркел, нахуствазири Олмон ба таври махфӣ дар бемористони Шаритеи Берлин Алексей Навалний мухолифи давлати Русияро аёдат кардааст.

Алекей Навалний низ дар саҳифаи Твиттер худ, гузориши нашрияи Олмонии Шпигел дар хусуси дидор бо Ангела Меркелро таъйид кард ва навиштааст, ки ин дидор як ҷаласаи хусуси ва гуфтугӯ бо хонавода буд.

Ёдарс мешавем, ки 20 август Алексей Навалний дар роҳи бозгашт аз шаҳри Омск ба Москва дар ҳавопаймо дучори мушкили ҷисмонӣ шуд ба навъе, ки ҳавопаймо ночор ба фуруди изтирорӣ дар шаҳри Томск шуд.

Сипас баъд аз беҳтар шудани вазъи саломатиаш оқои Навалний барои муолиҷа ба Олмон мунтақил шуд ва давлати Олмон эълом кард, ки бар асоси натоиҷи як озмоишгоҳи низомӣ дар ин кишвар, Алексей Навалний бо унсуре аз гурӯҳи маводи кимёии фалаҷкунанда мавсум ба"Навичок" масмум шудааст.

Аммо Вазорати хориҷаи Русия гузоришҳои олмониҳо дар бораи  Навалниро беасос донист.

Ахиран бемористони Шарите, ки дар шаҳри Берлин қарор дорад, рӯзи душанбе эълом кард,ки вазъият саломатии Алексей Навалний беҳбуд ёфт ва ӯ аз бемористон ҷавоб шуд.

203
Барчаспҳо:
сафар, мухолиф, рӯзнома, беморхона, махфӣ, хабар, бемористон, Олмон, Ангела Меркел
Руки в наручниках.

Боздошти зани 20-сола, ки гӯшворҳои тиллоиро аз гӯши кӯдакон медуздид

0
(Таҷдидшуда 11:04 30.09.2020)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошт шудани зани ҷавон, сокини шаҳри Ваҳдат ба гумони ғоратгарӣ хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ дар ин бора ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза зани 48-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст.

Ӯ шикоят кардааст, ки рӯзи 24-уми августи соли 2020, тахминан соатҳои 16:00, шахси номаълум бо роҳи зӯроварӣ аз гӯшҳои духтарчаи 7-солааш 1-ҷуфт гӯшвори тиллоиро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

"Зарари расонидашуда 750-сомониро ташкил медиҳад", -  омадаст дар хабарнома.

Ҳамин тавр, дар паи баргузори чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавондухтари 20-солаи сокини ҷамоати деҳоти Б. Бурунови ҳамин шаҳр ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.

Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки номбурда санаи 28-уми сентябри соли 2020, тахминан соатҳои 17:30-дақиқа, бо роҳи зӯроварӣ аз гӯшҳои духтарчаи 8-солаи сокини ҳамин шаҳр 1-ҷуфт гӯшвори тиллоиро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Зарари расонидашуда 1 ҳазору 300-сомониро ташкил медиҳад.

Манбаъ афзуда ки аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

0
Барчаспҳо:
Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, тилло, зани ҷавон, боздошт