Северный поток-2

Русия ба Олмон ҳеҷ ёрӣ дода наметавонад

386
(Таҷдидшуда 18:49 17.09.2020)
Ҳангоме, ки тасмим гирифта наметавони масъулиятро бар души дигар нафар мегузорӣ

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Берлин эълон кардааст, ки аксуламали Олмон ба заҳролудшудани Алексей Навалний, ки метавонад ба сохтмонӣ  “Маҷрои шимолӣ - 2” таъсир расонад, аз Русия вобастагӣ дорад.

"Мо аз тамоми имкониятҳо истифода хоҳем кард ва дар вақти муносиб қарорро қабул хоҳем кард. Русия бо иштироки худ дар тафтиш ин масъала метавонад саҳми худро барои қабул накардани чунин қарор (дар бораи қатъи сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2”) гузорад", — гуфт, Хайко Маас, вазири корҳои хориҷии Олмон.

Яъне муносибатҳои минбаъдаи Русияву Олмон аз Кремлин вобастагӣ дорад?

Аммо дар ҳақиқат мақомоти Олмон бо интихоби таърихӣ рӯ ба рӯ шудаанд — иқдомҳои онҳо дар замони наздик натиҷаҳои мӯҳими таърихиро барои оянда муайян месозад. На барои муносибатҳои Русияву Олмон, балки барои ояндаи худи Олмон, яъне ояндаи тамоми Аврупо.

Чунки қазияи Навалний — ин ҳоло як санҷиш барои Русия нест, балки як санҷиш барои Олмон ва лоиҳаи аврупоияш аст. Заҳролудшудани Навалний (агар он воқеъият дошта бошад) як ҳодисаи норушан аст, аммо кӯшишҳои истифода бурдани ин ҳодиса барои ба ҳадафҳои геосиёсии худ расидант муайян аст. Олмонро меҳоҳанд маҷбур кунанд, ки сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2”-ро қатъ кунад. Агар Олмон аз сохтмони ин лоиҳаи қариб ба анҷом расида даст кашад, оқибатҳои ногувореро дар пай хоҳад дошт. Олмон барои сохтмони ин лоиҳа даҳ миллиард евро масраф кардааст, ки барои иқтисоди ин кишвар чандон зиёд нест. Гази Русия бе ин ҳам тариқи қаламрави Украина ба Аврупо содирот мешавад. Аммо дар ин сурат Олмон обрӯяшро аз даст медиҳад.

Русҳо аз мустақилияти Олмон комилан ноумед мешаванд ва англосаксҳо ба монанди қарнҳои пеш дарк мекунанд, ки метавон олмониҳоро фиреб дод. Аксарияти аврупоиҳо (аз ҷумла Итолиё ва Австрия, ки дар ин лоиҳаҳа ҳамроҳ бо Русия иштирок доранд) мефаҳманд, ки Берлин ба манфиатҳои умумиаврупоӣ аҳамият намедиҳад. Муҳим он аст — олмониҳо дарк хоҳанд кард, ки истиқлолияти худро то ҳол барнагардонданд. Хулоса, арзиши ҷавоби ниҳоии Олмон оид ба заҳролудшудани Навалний хеле зиёд аст, аз ҷумла  барои худи Олмон.

"Маҷрои шимолӣ - 2" — ин ба монанди як рамз аст. новобаста аз гуфтаҳои  Маас, Русия наметавонад ба Берлин кумак кунад: ягон тафтиши мо дар бораи заҳролудшудани Навалний мақомоти Олмонро аз тамимҳои гирифтаи худашон қонеъ намекунанд.

Ин қарор ҳатто аз ҷорикунии таҳримҳои зидди Русия пас аз ҳодисаҳои Қрим муҳимтар мебошад. Солҳои охир Берлин ба кӯшишҳои қатъ кардани “Маҷрои шимолӣ-2” аз тарафи англосаксҳо ва пайравҳои Аврупои шарқӣ мубориза мебурд. Онҳо баҳона мекарданд, ки баъд аз анҷоми ин лоиҳа Украина аз ҳисоби транзити газ бе даромад мемонад (Чигуна мо амалиёти ҷудокуняшро аз Русия давом диҳем?). Ҳангоме, ки бо Маскав дар бораи боқӣ мондани қисми транзити тариқи Украина ҳал шуд, суханҳо боз дигар шуданду боз гуфтанд чаро аз кишвари золиме, ки мардуми худро азоб медиҳад ва дар Аврупо аз аслиҳаи кимиёвӣ истифода мекунад(ҳбарои мисол “парвандаи Скрипалҳо”) газ бизарем. Ба гуфтаи онҳо ин рафтори бадахлоқона аст. Сипас сухан дар бораи он рафт, ки Олмон барои амнияти худ ба амрикоиҳо, ки онҳоро из русҳо ҳимоят мекунанд, маблағи кам ҷудо кардааст,  вале барои хариди гази Русия пул доранд.

Дар Берлин ба ҳами ин суханон гуш медоданду сохтмони лулаи газро идома медоданд. Бритониё аз Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд ва муносибатҳо бо Амрико боз ҳам мушкилтар шудаанд  — дар ин ҳолат мақомоти Олмон бояд манфиатҳои миллии худро ва ҳаққи худро барои роҳбарикунии Аврупои воҳид ҳимоят мекард. Илова бар ин сиёсатшиносони олмонӣ дарк карданд, ки аксарияти мардум мушкилоти аслиро дар симои Амрико медиданд на Русия — яъне бояд ба фишор муқовимат мекарданд.

Кӯшиши пайвастани тақдири “Маҷрои шимолӣ-2” бо қазияи Навалний аз аввал ҳамчун як иғвои навбатие,ба назар мерасид, ки аз он Берлин худро ҳимоят хоҳад кард. Аммо дар се ҳафтаи охир дар расонаҳо ва доираҳои сиёсии Олмон сарусадоҳои зиёде ба миён омад — ба назар мерсад, ки ҳиссиёт аст, ки атлантиҳо тамоми нирӯи худро ҷамъ кардаанд.

Йошка Фишер, собиқ вазири корҳои хориҷӣ дар бораи, “барои тиҷорат бо диктатурҳо кадом арзиш ахлоқиро бояд пардохт кард” изҳори андеша кард ва хостори қатъи сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” шуд:

“Ҳукумати федералӣ иштибоҳи сахти стратегӣ кард, вақте ки худсарона ба Русия дар сохтмони ин лулаи гази кумак кард, новобаста аз он, ки дар дохили Аврупо зиддият мавҷуд буд. Акнун мо мебинем мо ба куҷо расидем: зарари сиёсию иқтисоди хеле зиёд аст”.

Фишер савол медиҳад:

“То чӣ андоза тавсеаи доимии ҳамкорӣ бо ингуна шарик, ҳамчун Русия, аз нуқтаи назари имкониятҳои дарозмӯҳлат оқилона аст? Ман фикр мекунам ин дуруст нест. Мо аллакай медонем бо кӣ сару кор дорем!”

Бо кӣ? Номбаркунии “суиқасдҳое, ки ба заҳролудшудани Навалний монанданд” оғоз мешавад — заҳролудшудани Скрипалҳо, “қатли чечен дар маҳаллаи берлинии Тиргартен, ки дар Олмон паноҳ бурда буд”. Ва ҳатман, “куштори мухолифин дар Маскавро илова кунед”:

“Ба ҳисоби ин ҷиноятҳо мо дар бораи он, ки то кадом дараҷа мо метавонем ба шарики худ бовар кунем, ки барои онҳо куштори сиёсӣ ҳамчун қонун мебошад бояд фикр кунем. Ман бар онам, ки набояд масъалаи “Маҷрои шимолӣ-2”-ро дубора аз қавс бароварда шавад”.

Йохан Вадефул, муовини раиси фраксияи “Иттифоқ”-и бундестаг аз Герхард Шредер, собиқ раиси Фишер, талаб намуд, ки ӯ дар ин қазия тарафи кист ва пешниҳод кард ӯ вазифаю мақомаш дар Русия (дар ширкати “Норд-Стрим ва “Роснефт”)” даст кашад:

“Агар ҷаноб Шредер то ҳол номуси сиёсӣ дошта бошад, ӯ бояд ҳамкории оянда бо ширкатҳову муассисаҳое, ки зери дасти ин ҳукуматанд, даст кашад”.

Геринг-Эккардт, роҳбари фраксияи “Иттиҳоди-90/Сабзҳо” аз Шредер интиқод кард: собиқ канслер ҳозир бояд интихоб кунад, ки ӯ тарафдори  демократия ва ҳуқуқи инсон аст ё на.

Сиёсатмадорони Олмон оқои Шредерро барои бадахлоқ донистанд: чигуна  ту бо ин одамкушҳо кор мекуни? Он чизе, ки “одамкуш” меноманд, аллакай муайян аст — аммо дар байни сиёсатмадорони олмонӣ бисёр нафароне ҳастанд, аз танқиди беасоси Кремлин пуштибонӣ мекунанд.

Сара Вагенкнехт, собиқ роҳбари “Чапҳо” гуфт, ки касе муқобили сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” мебошад бояд дар бораи дигар кишварҳои содиркунанда низ назари шабеҳ дошта бошад ва аз онҳо низ аз оқибатҳои оянда талаб кунанд.

“Ҳатто агар Кремл барои ин кор масъул мебуд (то ҳол касе далеле наовардааст) ин аз қатл ё пора пора кардани мухолифине, ки Арабистони Саудие, ба мо нафташро содир мекунад бадтар нест.  Амрико аҳолии осоиштаро бо силоҳи худ мекушанд ва зиёда аз ҳазор маротиба инро карданд. Аммо Амрико ба мо гази худро мерасонад. Ин ҳам бадкорӣ нест”.

Ин на танҳо стандартҳои дугона ҳастанд — дар қазияи Навалний суханҳои беасос на танҳо дар бораи гуноҳи мақомоти Русия ҳаст, балки далели худи заҳролудшавӣ низ норушан аст. Мақомоти олмонӣ қасдан ба дархостҳои  Вазорати хориҷаи Русия то ҳол ҷавобе надодаааст. Сергей Лавров, вазири хориҷа маҷбур шуд на танҳо дар бораи “муносибати тамоман ношоиста ба дархостҳои расмӣ”, балки дар бораи “оҳанги комилан номақбули”,-и  Берлин ҷомеаи ҷаҳонро дар бораи “даст доштани Русия” шарҳ дишад.

Баёноти ВКХ Русия аз ин ҳам сахтанд. Ин тавр, вазорат ба сафир Гезе фон Гайр бо сабаби изҳороти ҳукумати Олмон эътирози қатъии худро баён кард — “Талаботи қатъиро ва танқидҳои беасосро ба сӯи кишвари мо пешниҳод кардан номумкин аст”, — аммо огоҳ кард: агар Берлин ҳуҷҷатҳои мулоҳизаҳои тиббии “пизишкони бундесверро” пешниҳод накунад, Маскав инро ҳамчун раддияи ҳукумати Олмон аз муайян кардани ҳақиқат ва тафтиши бетарафона хоҳад донист.

“Дар ин ҳол амалиёти Олмон ҳамчун иғвои душмании дағалонаи зидди Русия ба ҳисоб меравад, ки ба муносибатҳои Русияву Олмон таъсир хоҳад расондва вазъияти байналмилалиро хеле мураккаб хоҳад кард”.

Ин огаҳӣ — ин як чизе ки Русия ҳамчун ёрӣ ба ҳукумати Олмон мекунад. Дар ин ҳол, вақте, ки Берлин қарор дар бораи “ҷазои Русия” аз пушти Навалний қабул карда мешавад, онҳо бояд на танҳо дар бораи муносибатҳои Русияву Олмон фикр кунанд, балки дар бораи ояндаи худи Олмон, роҳҳо ба соҳибихтиёрияш ва масуълият аз болои тамоми Аврупо (охир ин ҳадафи асосии сиёсати олмонӣ аст). арзиши иштибоҳ хеле зиёд - на барои Русия, балки барои худи давлати бузурги ғарби мо.

386
Барчаспҳо:
масъулият, газ, лулаи интиқол, Олмон, Русия
Заместитель председателя Совета безопасности РФ Дмитрий Медведев

75 соли СММ: мушкилоти кӯҳна, чолишҳои нав ва ҳалли масъалаҳои глобалӣ

11
Созмони Милали Мутаҳид имсол аз 75 - уми солгарди таъсисёбӣ ҷашн мегирад. Дар ин робита сомонаи RT матолиби калони Дмитрий Медведевро нашр намудаст

ДУШАНБЕ, 24 окт – Sputnik. Рӯзи 24 октябр СММ аз солгарди ттаъсисёбии худ ҷашн мегирад. Дар ин робита Дмитрий Медведев муовини роҳбари Шӯрои бехтарии Федератсияи Русия аз бурду бохт ва лоиҳаҳои бузурги ин созмон ибрози назар намуд.

Матолиби калони Дмитрий Медведевро сомонаи RT мунташир намудааст.

Новобаста аз мушкилоту бӯҳрон, ки СММ ва кишварҳои аъзои он давоми чанд даҳсола  рӯбарӯ гардиданд, маҳз ба туфайли механизмҳои байналмилалии ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, ки дар Оиномаи созмон дарҷ шудаанд, боиси сар назадани ҷанги сеюми ҷаҳонӣ шуд.

Аммо, ҳамоно на ҳама кишварҳо аз ин мушкилоте, ки асрҳои XX ва XXI оварданд, дарси ибрат гирифтанд.

Хотиррасон мекунам, ки вақте Созмони Милали Муттаҳид таъсис ёфт, давлатҳои таъсисдиҳанда, аз ҷумла ИҶШС, рисолати худро гузоштанд. Он аз се принсип иборат аст - талош барои ҷаҳони устувор ва амн, таблиғи ғояи ҳуқуқи инсон ва ташкили низоми одилонаи ҷаҳонӣ.

Аммо пас аз як соли таъсисёбии ин созмон, муттаҳидони дирӯза дар эътилофи зидди Гитлер, ки ба халқҳо озодӣ оварданд, худро дар паҳлӯҳои муқобили баррикадаҳои Ҷанги Сард қарор доданд. Ҳоло тасаввур кардан ғайриимкон аст, ки қариб 40 сол мо дар шароити таҳдиди ҳаррӯзаи ҷанги атомӣ, нобудшавии худи инсоният зиндагӣ мекардем.

СММ ба Тоҷикистон барои мубориза бо оқибатҳои пандемия 60 миллион доллар медиҳад

Сохторҳои СММ барои барқарор кардани сулҳ дар тамоми ҷаҳон корҳои зиёдеро анҷом доданд. Ҳамин тариқ, яке аз вазифаҳои муҳимтарини СММ халъи силоҳ, коҳиш ва нест кардани тамоми захираҳои силоҳи қатли ом мебошад. Дар Конфронси оид ба халъи силоҳ, ки соли 1978 бо қарори Иҷлосияи якуми махсуси Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид таъсис ёфтааст, як қатор созишномаҳои бунёдии байналмилалӣ таҳия ва қабул карда шуданд, ки ба таъмини амнияти халқҳо, паст кардани шиддати байналмилалӣ ва эҷоди эътимоди байни давлатҳо дар соҳаи корбурди силоҳи ҳастаӣ равона карда шудаанд. Дар ин раванд ИҶШС нақши махсус дошт. Имрӯз мо бояд фавран корро дар ин самт идома диҳем. Умедворем, ки нишасти шахсии кишварҳои "панҷгонаи ҳастаӣ", ки Русия пешниҳод кардааст, дар Шӯрои Амнияти СММ барои баррасии мушкилоти мубрами башар баргузор мешавад. Масъалаи тамдиди Шартнома оид ба чораҳо оид ба минбаъд коҳиш ва маҳдуд кардани силоҳҳои стратегии ҳуҷум (START III) низ ҳалли фавриро талаб мекунад. Мо инчунин мавқеъро дар мавриди тамдиди ин санади муҳим таҳия кардем.

Ҳамзамон, на танҳо кам кардани силоҳи мавҷударо таъмин кардан, балки хатари таҳдидҳои навро ба ҳадди ақал расонидан зарур аст. Дар ин замина, Русия ба ҷойгиркунии системаҳои нави мушакӣ дар Аврупо ва минтақаҳои дигар мораторий эълон кард. Мо ба қадамҳои мутақобилаи шарикони ғарбии худ умедворем.

Дар бисёр қисматҳои ҷаҳон, ошӯбҳои хунин ҳамоно идома доранд ва ҳамарӯза одамони зиёд қурбон мешаванд. Ба ин масъалаҳо бояд ҳаман баҳои ҳуқуқӣ дода шавад ва хулосаи мушаххаси Шӯрои Амнияти СММ имкон медиҳад, ки ҳақро аз ноҳақ фарқ кард, кӣ таҷовузкор аст ва кӣ қурбонии таҷовуз. Дар акси ҳол, дар шароити пур кардани иттилооти тақаллубӣ, ҳақиқат дар паси тасвири зебои телевизионӣ ё паёмҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пинҳон мемонад.

Ҳеҷ як созмони дигари байналмилалӣ, чӣ расад ба иттифоқҳои низомӣ, монополияи мақомоти оинномавии СММ-ро дар ифодаи иродаи ҷомеаи ҷаҳонӣ такон дода наметавонад.

Кӯча мерӯфтаму 120 рубл маош мегирифтам: тарҷумаи ҳоли Дмитрий Медведев

Сенарияи маъмулии дахолати ғайриқонунӣ ба корҳои дохилии давлатҳо такрори худро идома медиҳад: ҷудошавӣ дар ҷомеа, дастгирӣ ва мусаллаҳ кардани оппозисиюн барои сарнагун кардани ҳукумати кунунӣ бо истиноди расмӣ ба арзишҳои демократӣ. Соли 2003 як эътилофи байналмилалӣ бо роҳбарии Иёлоти Муттаҳида, ки як қатор кишварҳои НАТО-ро дар бар мегирифт, ба Ироқ ҳамла кард. Бо баҳонаи мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва ҷустуҷӯи силоҳи қатли ом президенти қонунии кишвар Саддом Ҳусейн сарнагун ва қатл карда шуд, "давлати авторитарӣ" нест карда шуд ва як "воқеан демократӣ" ба вуҷуд омад. Аз ин чӣ баромад - ҳама медонанд. Мисоли дигар он аст, ки аз соли 2012 инҷониб ИМА дар ҳамкорӣ бо кишварҳои НАТО ба шӯришиён дар Сурия дастгирии пинҳонии низомӣ мерасонад. Ин танҳо ба хунрезиҳои азим ва бӯҳрони дохилӣ дар ин кишвар оварда расонд.

Гузашта аз ин, кӯшиши паст кардани нуфузи СММ ва ба ҷойи он таъсис додани "Ҷомеаи миллатҳои демократӣ", боиси нигаронии махсус мебошад. Ин гуна ғояҳо инсониятро муттаҳид намекунанд, балки тақсим мекунанд, ба афзоиши шиддати байналмилалӣ мусоидат мекунанд ва дар ниҳоят ба низоъҳои мустақим оварда мерасонанд.

Таназзули кунунии иқтисодии ҷаҳонӣ, ки дар натиҷаи пандемияи ҷаҳонӣ ба амал омадааст, давлатҳоро маҷбур мекунад, ки арзишҳоро аз сари нав баррасӣ намуда, ба манфиати ҳифзи ҳаёт ва саломатию ҳуқуқҳои инсон, ки мавҷудияти шоиста ва бехатарро кафолат медиҳанд, афзалият диҳанд.

Расулзода унвонии Дмитрий Медведев барқияи шодбошӣ ирсол намуд

Тарс аз эҳёи "супердавлати" тоталитарӣ, ба мисли Олмони фашистӣ, ҳукуматҳои бисёр кишварҳоро (пеш аз ҳама аврупоӣ) пас аз ба охир расидани Ҷанги Дуюми Ҷаҳон маҷбур кард,то соҳибихтиёрии миллии худро ба таври назаррас маҳдуд кунанд ва ваколатҳои худро ба сатҳи ватанӣ супоранд. Ин таҷриба хеле фарқ кард.

Дар ин кор набояд се ҳолатро фаромӯш кард.

Аввалан, як давлати заиф наметавонад ҳуқуқи шаҳрвандони худро таъмин кунад ва худро аз таҳдидҳои ҷаҳонӣ муҳофизат кунад. Худи намунаи ба таври фавқулодда табдил ёфтани Ҷумҳурии Веймар ба Рейхи сеюм ба таври возеҳ нишон дод. Мутаассифона, Русия низ ду маротиба дар асри гузашта (солҳои 1917 ва 1991) дар арафаи анархия ва суқути давлат буд. Ва ҳарду замон, ки фурӯпошии кишвар бо шиорҳои озодии умумӣ ва демократия ҳамроҳ буд. Ва имрӯз мо намунаҳои "давлатҳои ноком" -ро мебинем, ки қодир нестанд системаи сиёсии устувор созанд ва шаҳрвандони худро ба оянда рӯшан боварӣ кунонанд.

Сониян, барои рушди устувори инсоният гуногунандешӣ ва озодии бемаҳдуди сухан кам аст. Тавре ки дар соли 1945 ва имрӯз, миллионҳо одамон на танҳо дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ, балки дар кишварҳои дорои иқтисодиёти рушдёфта, дар зери хатти камбизоатӣ зиндагӣ мекунанд, эҳтиёҷоти оддии худро барои худ ва оилаҳояшон бароварда наметавонанд, худро бегона ҳис мекунанд, аз дастовардҳои тамаддуни муосир канда мешаванд.

Вазифаи асосии давлат имрӯз иборат аз он аст, ки ҳар як шаҳрванд худро ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеа эҳсос намояд, барои худшиносӣ имкониятҳои баробар фароҳам орад, эътибори мардум ва эътимод ба ояндаро ташаккул диҳад. Технологияҳо зуд тағир меёбанд, аммо инсон ҳамон тавре боқӣ мемонад, ки даҳҳо, садҳо ва ҳатто ҳазорҳо сол пеш буд. Дар маркази манфиатҳои ӯ ҳамеша оила, наздикон, орзуҳои ояндаи беҳтарини фарзандон мебошанд. Дар давоми садҳо сол халқҳои кишварҳои мо дар тарсу ҳарос аз душман, аз таҳдиди ногузири ҷанг зиндагӣ мекарданд. Аммо тарс ва нобоварӣ наметавонад барои сохтани ҷаҳони устувор истифода шавад. Ниҳоят тарс бояд бо умед иваз карда шавад. Ҳанӯз дар соли 1953, дабири кулли дуввуми Созмони Милали Муттаҳид, Даг Хаммаршелд гуфта буд: "Барои сохтани ҷаҳоне, ки бидуни тарсу ҳарос аз инсон, мо бояд бе тарсу ҳарос бошем. Барои сохтани ҷаҳони одил мо бояд одил бошем".

Лавров ба суол дар бораи имкони дохил шудан ба ҳукумати нав посух дод

Сеюм, ҳеҷ кадоме аз мушкилоти ҷаҳонӣ бидуни барқарор кардани волоияти ҳуқуқи байналмилалӣ дар асоси иродаи мувофиқашудаи давлатҳо ҳал намешавад. Сарчашмаи асосии ҳуқуқи байналмилалӣ шартномаи байналмилалӣ мебошад, ки онро давлатҳои соҳибихтиёр ба имзо расонидаанд. Оинномаи СММ низ ба ин категорияи маъхазҳо тааллуқ дорад.

Мо набояд фаромӯш кунем, ки СММ ҳамчун як созмоне таъсис ёфтааст, ки бояд роҳҳои ҳалли мушкилоти шадидтарини ҷаҳонро ҷӯяд ва дар посбонии манфиатҳои сулҳу амният бошад. Он барои наҷот додани наслҳои минбаъда аз балои ҷанг, тасдиқи эътимод ба ҳуқуқҳои асосии инсон, таъмини эҳтироми қонунҳои байналмилалӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии одамон таҳия шудааст. Дар ниҳоят, Созмони Милали Муттаҳид барои ноил шудан ба ин ормонҳои олӣ таъсис дода шудааст.

11
Барчаспҳо:
Дмитрий Медведев, СММ
Президент РФ В. Путин

Путин дар бораи маҳдудиятҳо дар робита бо COVID - 19 гуфт

930
(Таҷдидшуда 23:51 22.10.2020)
Дар Русия беш аз 1,4 миллион ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт шуда, беш аз 1 миллион бемор табобат ёфтанд ва 24 952 кас қурбони ин вабои аср шудааст

ДУШАНБЕ, 22 окт – Sputnik. Ҳукумати Русия дар робита ба ҳамагирии коронавирус маҳдудиятҳо ҷорӣ намекунад, гуфт президенти Русия Владимир Путин, хабар медиҳад РИА Новости.

"Мо дар нақша надорем ва ҳукумат чунин нақша надорад", - изҳор дошт Владимир Путин дар нишасти Шӯрои соҳибкорони Русия.

Алексей Мордашов, саҳмдори асосии "Северсталь", хоҳиш кард, ки дар сурати ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо, аз бастани истеҳсолот ҷилавгирӣ кунанд. Ба гуфтаи ӯ, дар назди ҳама вазифаи хеле душвор меистад: аз як сӯ, наҷоти ҷони русҳо, аз сӯи дигар, имкони дарёфти пул ва нигоҳ доштани ҷои кор.

Марги табиби 28 - сола пас аз иштирок дар озмоиши ваксинаи бритонӣ алайҳи коронавирус

Путин дар навбати худ аз соҳибкорон даъват кард, ки риояи қоидаҳои беҳдоштиро дар корхонаҳо дар замони ҳамагирӣ назорат кунанд.

Зарбаи сеюм ба пандемия: Русия озмоиши ваксинаи сеюм алайҳи COVID - ро шурӯъ кард - навор

Тибқи омори тоза, дар Русия 1 447 335 ҳолати сирояти коронавирус ошкор карда шуда, 1 096 560 аз ин беморӣ шифо ёфтанд ва 24 952 нафар фавтиданд.

930
Барчаспҳо:
вируси корона, маҳдудият, Владимир Путин, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

"Бо модарам падруд гуфта будам": Лукашенко дар бораи ҳамла ба Раҳмон гуфт - видео

32
Президенти Белорус Александр Лукашенко дар мусоҳиба бо рӯзноманигорон дар бораи интихоботи президентии баргузоршуда дар Тоҷикистон гуфт

ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Президенти Белорус Александр Лукашенко дар рафти сафари кориаш ба минтақаҳои кишвар бо рӯзноманигорон мулоқот кард ва аз интихоботи президентии Тоҷикистон низ гуфт. Дар ин бора телевизиони СТВ гузориш медиҳад.

Ӯ дар посух ба саволҳо дар бораи шӯришҳо дар Белорус аз интихобот дар Тоҷикистон ёдрас шуд.

"Эмомалӣ, дӯсти меҳрубони ман аст. Ман ӯ ва хонаводаашро хуб мешиносам. Дар интихобот бештар аз 91 дар сади овозҳоро ба даст овард. Ин мутлақо одилона аст. Касе ҳатто наҷунбид, касе нашӯрид, дар ҳоле ки кӯшиш карданд кишварро такон диҳанд", - қайд кард президети Белорус.

Вай афзуд, ки дар Тоҷикистон одамоне низ зиёданд, ки метавонистанд вазъро пас аз интихобот тезу тунд кунанд, аммо ҳодисае рух надод.

"Чаро? Чунки онҳо дар миёнаҳои соли 90-ум дар назди чашмони ман, ба қавле дусад ҳазор, ба қавле аз сесад то ниммиллион нафарро аз даст доданд. Он замон дар бораи инқилоби рангин намегуфтанд, он вақт исломгароҳо ғавғо бардошта буданд", - гуфт Лукашенко.

Вай қайд кард, ки шахсан ҳамон вақтҳо ба Тоҷикистон рафта буд.

Далелҳои камёфт дар бораи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

"Ва Раҳмон, ки каме аз ман калонтар аст, пурра сабз, бо ҷанг ба Душанбе ворид шуда буд. Аз почааш тир хӯрда буд. Мо он ҷо будем ва худаш нақл карда буд, ки қазия чигуна буд. "Ман, - мегуфт, - бо модарам падруд гуфта будам, зеро намедонистам, ки зинда мемонам". Ва ӯ бо мардум кишварро аз исломгароҳо тоза кард", - ба ёд меоварад президенти Белорус.

Лукашенко афзуд, ки мардуми Тоҷикистон, ки аз даҳшатҳои ҷанг гузаштаву хуб дар хотир доранд, маҳз барои ҳамин раисҷумҳури амалкунандаи Тоҷикистонро дастгирӣ мекунанд.

 

32