Дар Маскав низоми дуркорӣ ҷорӣ шуд

670
(Таҷдидшуда 13:06 30.09.2020)
Ба сокинони солхӯрдаи шаҳри Маскав ва ашхоси гирифтори бемориҳои музмин аз хона баромадан тавсия дода намешавад

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Шаҳрдори Маскав Сергей Собянин низоми дуркориро дар Маскав тамдид кард. Дар ин бора қарори раиси шаҳр баромадааст.

"Аз 28 сентябр ба сокинони солхӯрдаи шаҳри Маскав ва ашхоси гирифтори бемориҳои музмин хонашинӣ ва ба раҳбарияти ташкилоту корхонаҳо ба низоми дуркорӣ гузаронидани коргарон, тавсия дода мешавад", - омадааст дар қарор.

Ба гуфти раиси шаҳр, барои баромадан аз хона ягон намуди ҷарима ҷорӣ намешавад. Кортҳои нақлиётии одамони солхӯрда дар нақлиёти ҷамъиятӣ бекор нашуда, варзиши оммавӣ низ иҷоза дода мешавад.

Ёдрас мешавем, ки вазъияти ҳамагирии коронавирус дар Маскав, рӯз то рӯз бадтар мешавад: ҳолатҳои сабти нави коронавирус бештар мешавад ва теъдоди беморон меафзояд.

Ҳушдори Абдулло Давлатов аз авҷи коронавирус: ба умеди ваксина нашавед

Бино ба гузориши тозаи ситоди фаврӣ, дар шабонарӯзи охир дар 83 минтақаи Русия 8 232 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Дар умум аз аввали ҳамагирии коронавирус дар Русия 1 167 805 кас мубталои коронавирус шудааст.

Пештар шаҳрдори Маскав Сергей Собянин гуфт, афзоиши шумораи беморони гирифтори COVID-19 дар беморхонаҳо "шӯхӣ" нест ва аз мардум даъват кард, ки нисбат ба саломатии худ эҳтиёткор бошанд ва дар сурати имкон ширкатҳои бузург кормандонашонро ба кори фосилавӣ гузаронанд.

670
Барчаспҳо:
низом, Маскав
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (820)
Логотип youtube

Гаронарзиштарин блогерони Русия муайян шуданд

422
(Таҷдидшуда 14:05 30.10.2020)
Forbes гаронарзиштарин блогерони Русияро эълом кард. Ровиёни барномаи "Что было дальше" тибқи ҳисоботи маҷалла гаронарзиштаринанд

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Маҷаллаи Forbes нахустин бор феҳристи блогерони YouTube - ро, ки бештарин даромад аз реклама доранд, тартиб дод.

Дар сархати ин рейтинг стендапер аз Қазоқистон Нурлан Сабуров ва шариконаш дар шабакаи LABELCOM қарор гирифтанд. Онҳо дар давоми як сол аз ҳисоби тарғибот 3,55 миллион доллар кор кардаанд. 

Дар мақоми дуюм техноблогер Wylsacom  ҷой гирифт. Ӯ дар як сол аз ҳисоби реклама 3,41 миллион доллар фоида гирифтааст.

Ҷои сеюмро бо 1,13 миллион доллар ҳаҷвнигор Александр Гудков бо шабакаи "Чикен Карри" аз худ кардааст.

Эълони сарватмандтарин оилаи Русия

Дар ҷойи чорум ва панҷум журналист Юрий Дуд ва ҳунарманд Антон Лапенко истодаанд. Дар умум исми 15 блогери гаронарзиш дар Русия эълон шудааст.

Шабакаи LABELCOM дар YouTube 4,5 миллион ҳамванд дорад. Ин шабакаи ҳавҷнигорони телевизиони ТНТ мебошад. Барои ин шабакаи ширкати Medium Quality бо продюсерии Вячеслав Дустмуҳаммадов омода мекунад.

Forbes исми сарватмандтарин фарди ҷаҳонро эълон кард: дороии ӯ 117 миллиард доллар аст

Машҳуртарин барномаи ин шабака "Что было дальше?" (ЧБД), мебошад. Дар ин барнома 5 ҳаҷвнигор меҳмонеро даъват мекунанд ва ба нақли ӯ гӯш карда бо фарзияи худ онро анҷом мебахшанд.

Реклама дар ин шабака чанд моҳ пеш пардохт мешавад. Миёни ширкатҳои тарғиботӣ чунин корхонаҳои бузурге аз қабили "Газпром нефть" ва Samsung ҳузур доранд.

422
Барчаспҳо:
муайянсозӣ, Русия, гаронарзиш
Заместитель министра обороны РФ Анатолий Антонов. Архивное фото

Посухи сафири Русия ба изҳороти ИМА бобати мушаки фаросавтӣ дар Аврупо

114
(Таҷдидшуда 15:15 29.10.2020)
Сафири Федератсияи Русия дар Вашингтон Анатолий Антонов аз сабқати силоҳи мушакӣ дар Аврупо ҳушдор дод

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Дипломат ба изҳороти мушовири амнияти миллии ИМА Роберт О'Брайен, ки рӯзи чаҳоршанбе омодагии Вашингтон барои дар қаламрави Аврупо ҷойгир кардани силоҳи фаросавтӣ ва мушакҳои баллистикиро эълон кард, чунин посух дод.

"Чунин ниятҳо хатари барҳам задани амнияти минтақавию ҷаҳониро дар бар дошта, боиси шиддати мухолифатҳо мегарданд. Агар Вашингтон воқеан ҳавасманди "назорати амалии аслиҳа" мебошад, барои ин зарур нест, сабқати мусаллаҳсозӣ бо мушакҳо дар қитъаи Аврупо шиддат бахшида шавад", - изҳор дошт Антонов зимни шарҳаш, ки сафорат дар саҳифааш дар фейсбук нашр кардааст.

Антонов пешниҳоди кишвардори Русия Владимир Путинро бобати кам кардани шиддат дар шароити қатъи Шартнома дар бораи рафъи мушакҳои миёнапарвоз ва кӯтоҳпарвозро "алтернативаи созанда" хонд. 

"Русия омода аст дар ҳамдастӣ бо шарикони хориҷӣ, ба сабқати силоҳи мушакӣ дар Аврупо ва дигар кишварҳои ҷаҳон, хотима гузорад", - изҳор дошт Антонов.

Шартнома дар бораи рафъи мушакҳои миёнапарвоз ва кӯтоҳпарвоз ба таъмини суботи стратегии ҷаҳон равона гардида буд. Моҳи августи соли 2019 Амрико аз ин созишнома берун омад. ИМА Русияро дар нақзи созишнома, аз ҷумла озмоиши мушаки манъшудаи 9М729 муттаҳам намуд. Аммо Маскав исрор варзид, ки мушаки онҳо на дуртар аз 500 киломметр озмоиш шуд.

Ба қаламрави мо мушак напартоед: Ҳушдори дигарбораи Эрон ба Озарбойҷону Арманистон

Зимнан, ҳафтаи равон Владимир Путин пешниҳод намуд, ки механизми ҷилавгирӣ аз сабқати мушакӣ таҳия шавад.

Раҳбари Русия гуфт, ки Маскав омода аст мушакҳои 9М729-ро дар қисмати аврупоии кишвар ҷойгир накунад, аммо ба шарте, ки НАТО низ аз чунин иқдом кор бигирад. Вай инчунин пешниҳод кард, ки НАТО маҷмӯаҳои Aegis Ashore бо партобгоҳҳои Mk-41 дар  Аврупо ва 9M729 дар иншооти Калининградро мавриди санҷиш қарор диҳад. Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Олмон Андреа Сассе посух дод, ки ин ташаббус "сазовори эътимод нест".

114
Барчаспҳо:
Аврупо, Амрико, мушак, Анатолий Антонов, Русия
Президент Франции Эммануэль Макрон и президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Эммануэл Макрон ба Эмомалӣ Раҳмон: "аз шумо хотироти нек дорам"

0
(Таҷдидшуда 20:53 30.10.2020)
Президенти Фаронса Эммануэл Макрон раисиҷумҳури Тоҷикистонро бо аз нав интихоб гардидан ба маснади сарвари давлат муборакбод гуфт

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Президенти Фаронса Эммануэл Макрон ба унвони раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номаи шодбошӣ ирсол кардааст, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Дар нома ин сиёсатмадор аз сафари охирини раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Фаронса ёдоварӣ кардааст.

"Ман аз музокироти дар рафти сафари Шумо ба Порис, ки моҳи ноябри соли гузашта баргузор шуда буд, хотироти нек дорам. Тавре ки он вақт таъкид карда будам, ман алоқаманди таъмиқи бештари ҳамкориҳои дуҷониба, бахусус муносибатҳои мо дар соҳаи иқтисод, аз ҷумла дар бахшҳои энергетика ва авиатсия, ки имкониятҳои ҷолиби диққати ширкатҳои ду кишвари моро доранд, ҳастам".

Макрон ҳамчунин талошҳои Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати таъмини суботи минтақа ва рушди иқтисодиву иҷтимоӣ таъкид кардааст

Дидору мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсатмадорони воломақоми Урупо

"Дар баробари ин, ман аз идомаи муколамаи мову шумо доир ба ташаккули таркибии сиғаи минтақавии "5+1", ки Шумо ба он рағбат пайдо карда будед ва аз нигоҳи ман роҳи умедбахши таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи мо бо кишвари Шумо ва ҳамсояҳоятон дар Осиёи Марказӣ мебошад, хушҳол хоҳам буд", мегӯяд Макрон.

0
Барчаспҳо:
номаи шодбошӣ, Тоҷикистон, Фаронса, Эммануэл Макрон, Раҳмон