Дар Русия асъори маъмултарин барои пасандоз муаррифӣ шуд

485
(Таҷдидшуда 12:19 04.10.2020)
Коршиносони ширкатҳои қарздиҳӣ гуфтанд, шаҳрвандони Русия бештар кадом асъорро дар бонкҳо пасандоз мекунанд

ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Шаҳрвандони Русия 89 дарсади пасандозашонро бо рубл нигоҳ медоранд, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба гузориши ширкатҳои қарздиҳӣ.

Қайд мешавад, ки маболиғи боқимондаро сокинон бо доллар ва евро нигоҳ медоранд. 

Ҳамин тавр дар бонки "Руский стандарт" 98,6% мизоҷон пулро бо рубл дар "Абсолют бонк" 95% ва  4% - бо доллару  1% - бо евро нигаҳ медоранд.

Дар Газпромбонк 88,41 дарсади мизоҷон маболиғ бо рубл, камтар аз 10% бо доллар ва камтар аз 2 дарсад бо евро пасандоз кардаанд..

Дар ширкати қарздиҳӣ талабот ба фунт стерлинг, франкҳои швейтсариягӣ ва юанро қайд карданд.

Иқтисодшиносон ҷаҳиши рекордии доллар ва евроро пешгӯӣ карданд

Ҳамин тариқ ба гуфти таҳлилгарон франк - аз ҳама асъори даромаднок шуд, ки соли 2020 то 30,5 дарсад нисбат ба рубл боло рафт. Дар баробари ин доллар бефоидатарин асъор шинохта шуд, ки дар давоми 8 моҳ танҳо 22, 9 дарсад нисбат ба рубл боло рафт.

485
Барчаспҳо:
асъор, пасандоз, Русия
Обозреватель бокса  Стангрит Григорий

Коршинос дар бораи қарори Ҳабиб: бе падараш ӯ наметавонист ба қуллаҳои баланд расад

308
(Таҷдидшуда 17:36 26.10.2020)
Гузоришгари соҳаи варзиш Григорий Стангрит хотимаи фаъолияти қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадовро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Шаби 25 октябр рақобати варзишкори русиягӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва ҳамтои амрикоияш Ҷастин Гетҷи баргузор шуд. Рақобат дар даври дуюми сабқат поён ёфт. Ҳабиб бо усули буғӣ кардан Ҷастинро мағлуб кард.

Пас аз хотимаи муҳориба Ҳабиб дар бораи тарки майдон карданаш эълом кард. Феълан Ҳабиб шикастнодида буда, дар 29 сабқаташ 29 пирӯзӣ дорад.

Ба гуфти гузоришгари соҳаи варзиш Григорий Стангрит суханони Нурмуҳаммадов пиар нест.

"Агар мо дар бораи дигар варзишкорон ҳарф мезадем, ки хуб машҳуранд ва барои гирифтани номашон аз ҳар усуле истифода мекунанд. Ҳабиб дар бораи хонаводааш ба хотири пиар намегӯяд, - гуфт коршинос дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ӯ гуфт, эҳтимоли зиёд аст, ки Ҳабиб барои ширкат дар ин рақобат бо модараш суҳбати дарозе дошт, чун бидуни падараш баромад кард.

Гейҷӣ ҳангоми гиряи Ҳабиб дар майдон ба ӯ чӣ гуфт?

"Барои ӯ ширкат дар ин муҳориба бисёр муҳим буд. Ӯро падараш чунин сохт, ки ӯ имрӯз аст. Агар падараш намебуд, ӯ наметавонист ба қуллаҳои баланд ноил гардад. Вақте он инсон дар бараш нест, мумкин тарки ин навъи варзиш ҳам осон аст", - қайд кард Стангрит.

Коршинос пешбинӣ кард, ки шояд пас аз гузашти чанд вақт варзишкор хостори бозгашт ба октагон шавад.

"Эҳсосоти дохилии Ҳабиб чӣ гуна мешавад, инро фақат вақт нишон медиҳад. Вале ҳастанд мисолҳое, ки аввал аз тарки майдон эълон мекунанд, вале баъдтар бозмегарданд. Ҳатто ҳамтои Ҳабиб, Даниэл Корме ваъда дод, ки дар 40-солагӣ фаъолияташро қатъ мекунад. Вале боз баъди 40-солагӣ ба майдон баромад, чун хоҳиш буд. Ва ин ба фоидаи ӯ кор кард, чун агар пас аз чилсолагӣ ба майдон бар намегашт, қаҳрамони ҷаҳон дар вазни вазнин намешуд", - хулоса кард коршинос.

308
Барчаспҳо:
Русия, тарк, варзиш, Ҳабиб Нурмуҳаммадов
Строительство нового дома в Душанбе

Фоҷеа: дар Петербург муҳоҷири тоҷик зери оҳану бетон ҳалок шуд

186
(Таҷдидшуда 17:46 24.10.2020)
Ҳодисаи фоҷеабор бо муҳоҷири тоҷикистонӣ дар майдони сохтмоние дар ноҳияи Муринои Санкт-Петербург рух додааст

ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Дар сохтмоне дар Мурино як коргар дар натиҷаи сарозер шудани маснуоти оҳуну бетонӣ ҳалок шуд, хабар медиҳад вебгоҳи 78.ru дар истинод ба манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

Ҳалокати муҳоҷири тоҷик замони иваз кардани чархи мошин дар Маскав: ҳамагӣ 39- сол дошт

Ҳодиса дар шаҳраки Металлострой тақрибан соатҳои 12-и рӯзи 23 октябр рух додааст.

Тавре расонаҳои Петербург гузориш медиҳанд, ба болои коргаре, ки ба ҷамъоварии партов машғул будааст, маснуоти оҳуниву бетонӣ сарозер шудааст.

Ҳарчанд расонаҳо аз ҳувияти марди тоҷикистонӣ чизе наменависанд, гуфта мешавад, ӯ 40 сол доштааст.

Ҳалокати муҳоҷири 23 солаи тоҷик бар асари зарбаи шадиди барқ дар Петербург

Танҳо маълум аст, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон соли гузашта барои кор вуруди Русия шуда буд.

186

Шикори шабона: низомиёни русиягӣ дар Тоҷикистон бо "душман" даргир шуданд - видео

0
(Таҷдидшуда 19:41 26.10.2020)
Низомиёни пойгоҳи 201-уми Русия дар кӯҳҳои Тоҷикистон тамрин карда, душмани шартиро дар паи амалҳои вижа нобуд карданд

Тамриноти низомиёни пойгоҳи 201-ум дар размоишгоҳи Лоҳур шабона баргузор шуд.

Анҷоми тамриноти низомии панҷ ҳазор сарбоз дар Тоҷикистон

Дар тамриноти омӯзишӣ беш аз 500 низомиёни бахши туфангпаронии пойгоҳи 201-ум ширкат карданд.

Бино ба гузориши Округи марказии ҳарбӣ ҳамалот бар "душман" бо ёрии мушаки "Град" анҷом дода шуд.

"Душман нобуд шуд": Тирпарронии чархболи Ми - 24 дар Тоҷикистон - навори диданӣ

Дар баробари ин, дар ин тамринот мошинҳои зиреҳпӯши БТР-82А, АГС-17 ва РПГ-7В ба кор бурда шуданд.

Ба ҳайати шахсӣ даст дод, то душмани шартиро хаста намуда, бо талафоти бузург аз ҷониби душман амалиётро анҷом диҳанд.

0
Барчаспҳо:
пойгоҳи 201, низомиён, тамринот, Тоҷикистон