Дар Русия дар як шабонарӯз 10 ҳазор кас мубталои COVID - 19 шуд

303
(Таҷдидшуда 16:57 04.10.2020)
Пештар чунин арқом моҳи майи соли равон, дар давраи авҷи ҳамагирии коронавирус дар Русия, сабт шуда буд

ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Дар Русия теъдоди гирифторони коронавируи навъи COVID - 19 дар як шабонарӯз марзи 10 ҳазор нафарро убур кард.

Бино ба гузориши ситоди фаврии мубориза бар зидди коронавирус дар давоми 24 соати гузашта дар қаламрави Русия, 10 499 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст. Шумораи умумии мубталоёни коронавирус дар кишвар 1 215 001 каср ташкил дод, хабар медиҳад РИА Новости.

Афзоиши шумораи гирифторони коронавирус дар Қирғизистон

Пештар чунин арқом моҳи майи соли равон, дар давраи авҷи ҳамагирии коронавирус дар Русия, сабт шуда буд.

"Дар давоми шабонарӯзи охир дар 85 минтақаи Русия 10 499 ҳолати нави гирифторӣ ба COVID - 19 ба қайд гирифта шуд", - омадааст дар хабарнома.

Ёдрас мешавем, ки бино ба гузориши Донишгоҳи ба номи Ҷон Хопкинс то кунун дар ҷаҳон 34,9 миллион кас ба коронавирус гирифтор шудааст.

Аз ин шумор 24,2 миллион нафар шифо ёфта ва беш аз 1 миллион нафар ҷон бохтаанд.

303
Барчаспҳо:
гирифторони беморӣ, афзоиш, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (803)
Президент РФ В. Путин

Путин дар бораи маҳдудиятҳо дар робита бо COVID - 19 гуфт

891
(Таҷдидшуда 23:51 22.10.2020)
Дар Русия беш аз 1,4 миллион ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт шуда, беш аз 1 миллион бемор табобат ёфтанд ва 24 952 кас қурбони ин вабои аср шудааст

ДУШАНБЕ, 22 окт – Sputnik. Ҳукумати Русия дар робита ба ҳамагирии коронавирус маҳдудиятҳо ҷорӣ намекунад, гуфт президенти Русия Владимир Путин, хабар медиҳад РИА Новости.

"Мо дар нақша надорем ва ҳукумат чунин нақша надорад", - изҳор дошт Владимир Путин дар нишасти Шӯрои соҳибкорони Русия.

Алексей Мордашов, саҳмдори асосии "Северсталь", хоҳиш кард, ки дар сурати ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо, аз бастани истеҳсолот ҷилавгирӣ кунанд. Ба гуфтаи ӯ, дар назди ҳама вазифаи хеле душвор меистад: аз як сӯ, наҷоти ҷони русҳо, аз сӯи дигар, имкони дарёфти пул ва нигоҳ доштани ҷои кор.

Марги табиби 28 - сола пас аз иштирок дар озмоиши ваксинаи бритонӣ алайҳи коронавирус

Путин дар навбати худ аз соҳибкорон даъват кард, ки риояи қоидаҳои беҳдоштиро дар корхонаҳо дар замони ҳамагирӣ назорат кунанд.

Зарбаи сеюм ба пандемия: Русия озмоиши ваксинаи сеюм алайҳи COVID - ро шурӯъ кард - навор

Тибқи омори тоза, дар Русия 1 447 335 ҳолати сирояти коронавирус ошкор карда шуда, 1 096 560 аз ин беморӣ шифо ёфтанд ва 24 952 нафар фавтиданд.

891
Барчаспҳо:
вируси корона, маҳдудият, Владимир Путин, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (803)
Замена летней резины на зимнюю

Ҳалокати муҳоҷири тоҷик замони иваз кардани чархи мошин дар Маскав: ҳамагӣ 39- сол дошт

576
(Таҷдидшуда 16:46 21.10.2020)
Шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми кӯшиши иваз ва бод пур кардани чархи мошин дар Маскав ҳалок шудааст

ДУШАНБЕ, 21 окт - Sputnik. Хабаргузории РИА Новости бо такя ба як манбааш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ навиштааст, шаҳрванди Тоҷикистон дар пайи ҳодисаи нохуше дар яке аз устохонаҳои таъмири мошин дар Маскав ҳалок шуд.

Ба иттилои манбаъ, зодаи Тоҷикистон ҳамагӣ 39 сол доштааст.

Гуфта мешавад, муҳоҷир ҳангоми ивази чархи мошин, ки таркидааст ба ҳалокат мерасад.

Ҳалокати ду муҳоҷири тоҷик дар Русия ҳангоми чоҳканӣ

"Марде, ки дар таъмиргоҳи чархи мошинҳо (шиномонтаж) кор мекард, бинобар риоя накардани чораҳои бехатарӣ ҳангоми кор бо таҷҳизот барои шинондани чархҳо ҳалок шуд. Ӯ чархи мошинро дар роҳи мошингард иваз кард", - гуфтааст манбаъ.

Ҳалокати муҳоҷири тоҷик баъди сарозер шудан аз ошёнаи 12: ҳамагӣ ду рӯз кор кардааст

Тибқи маълумоти пешакӣ, худи мард чархи мошинро бод пур кардааст.

576
Барчаспҳо:
фавт, муҳоҷир, Русия, Тоҷикистон
Продавец в магазине считает сдачу

Кормандони бонк баландтарин маош мегиранд: пасттаринро кӣ?

0
Ожонси омори Тоҷикистон мегӯяд, баландтарин маошро дар кишвар кормандони бахши молия, бонкҳо мегиранд

ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Маоши кормандони бахши хадамоти молиявӣ, бонкҳо 3 ҳазору 362 сомониро ташкил медиҳад, хабар дод “Авеста” бо такя ба Ожонси омори назди раисиҷумҳур.

Манбаъ афзуд, ки музди меҳнат дар бахши истихроҷи маъдан ба 2 ҳазору 414 сомонӣ баробар аст.

Маоши пасттаринро дар Тоҷикистон кормандони хоҷагии қишлоқ, ҷангал ва моҳидорӣ мегиранд, ки 553 сомониро ташкил медиҳад.

Маош дар бахши сохтмон 2 ҳазору 382 сомонӣ, соҳаи таъминоти барқу об беш аз 2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми музди миёнаи меҳнат дар Тоҷикистон ба 1 ҳазору 256 сомонӣ баробар шудааст.

Манбаъ таъкид кардааст, ки музди воқеӣ бо назардошти таваррум дар моҳи август нисбат ба июл 0,5 дарсад коҳиш ёфтааст.

0
Барчаспҳо:
баланд, Бонк, маош, Тоҷикистон