Сотрудник МЧС во время учений, архивное фото

Таркиш дар наздикии Маскав - Митиши

220
(Таҷдидшуда 15:48 01.11.2020)
Бино бар иттилои расмӣ, таркиши шадиде дар яке аз гаражҳои шаҳри Митиши, дар наздикии Маскав рух додааст. Эҳтимол дорад, зери харобиҳо одамон монда бошанд

ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Дар Митиш таркиши шадеде ба амал омад, гузориш медиҳад ВҲФ Русия дар вилояти Маскав.

Ҳодиса нимаи авали рӯзи якшанбе рух додааст.

Бино бар иттилои расмӣ, таркиш дар яке аз гаражҳои шаҳри Митиши рух додааст. Сабаби ҳодиса феълан муайян карда мешавад. 

МЧС Русия гуфтаст, эҳтимол дорад, зери харобаҳо се нафар монда бошанд.

Шоҳидон аз ҷои ҳодиса акс нашр мекунанд.

Мавҷи зарба чунон шадид будааст, ки дар натиҷаи таркиш панҷ гараж фурӯ рехтаанд.

220

Вазорати маорифи Русия мегӯяд, ягон донишҷӯйи хориҷӣ хориҷ нашудааст

120
(Таҷдидшуда 17:44 30.11.2020)
То ҳол ба Вазорати маорифи Русия аз ҷониби донишҷӯёни хориҷӣ ягон шикоят дар мавриди хориҷшавии онҳо аз донишгоҳҳои кишвар ворид нашудааст

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Вазорати маориф ва илми Русия мегӯяд, дар замони пандемия ягон донишҷӯйи хориҷӣ аз донишгоҳҳои ин кишвар ба далели ҳозир нашудан ба дарсҳо, хориҷ нашудааст, хабар медиҳад котиботи вазорати мазкур.

Ба иттилои манбаъ, то ҳол аз ҷониби донишҷӯёни хориҷӣ низ ягон шикоят дар мавриди хориҷ шудани онҳо, ворид нагардидааст.

"Ҳамаи муассисаҳои олии таълимӣ дар шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербург ва дигар минтақаҳо дар робита ба ҷилавгирӣ намудан аз паҳншавии маризии коронавирус, ба таҳсили фосилавӣ фиристода шуданд", - таъкид мешавад дар хабари манбаъ.

Вазорат инчунин итминон дод, ҳамаи донишҷӯёне, ки бинобар чораҳои маҳдудкунӣ ба Русия омада наметавонанд, ҷойҳои буҷетиӣ онҳо нигоҳ дошта мешавад.

Супоришҳои Исматуллозода барои баргардонидани донишҷӯёни тоҷики дар хориҷ таҳсилкарда

Инчунин хабар дода мешавад, ки Вазорати маориф ва илми Русия барои донишкадаҳои олӣ оид ба ташкили самараноки таълими фосилавӣ тавсияҳо таҳия кардааст.

Бо мақсади мусоидат дар ташкили таълими фосилавӣ, Вазорати маориф якҷоя бо Россотрудничество масъалаи бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани донишҷӯёни хориҷиро дар идораҳои Россотрудничество ва филиалҳои донишгоҳҳои Русия дар ҷои истиқоматашон кор карда истодааст.

Инчунин дар Тоҷикистон, Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ба донишҷӯён пешниҳод кард, ки то ба эътидол омадани вазъ муваққатан дар донишгоҳҳои маҳаллӣ таҳсил кунанд.

120
Барчаспҳо:
хориҷ, донишҷӯён, вазорати маорифи Русия
Лейтенант полиции проверяет документы у мигрантов

Эҳтимоли тамдиди сабукиҳо барои шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия

695
(Таҷдидшуда 18:38 27.11.2020)
Эҳтимол аст, ки сабукиҳо барои муҳоҷирон дар Федератсияи Русия то тобистони соли 2021 тамдид карда шавад

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Дар Русия метавонанд фармони президенти кишвар дар бораи сабукиҳо дар давраи ҳамагирии коронавирус барои муҳоҷиронро то тобистони соли 2021 тамдид кунанд, хабар медиҳад "Парламентская газета".

Дар ин бора сардори Сарраёсати масоили муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия Кирилл Адзинов

зимни ҷаласа оид ба мутобиқсозии иҷтимоию фарҳангии муҳоҷирон дар Шӯрои Федератсия иброз дошт.

Гуфта шуд, ки ҳоло тамдиди ин Фармон барои шаш моҳи дигар баррасӣ мешавад.

Муҳоҷиру пулу гӯшаи тоҷикон: натиҷаҳои нахустсафари расмии Рустами Эмомалӣ ба Маскав

"Мо бо дастгоҳи президент оид ба тамдиди минбаъдаи фармон кор карда истодаем. Эҳтимол, сабукиҳо то тобистони соли оянда тамдид карда шаванд", - гуфт Адзинов.

Ёдовар мешавем, ки ин фармон дар робита бо ҳамагирии коронавирус ва баста шудани марзҳо байни кишварҳо 18 апрел баромад.

Аз он замон то кунун он ду маротиба тамдид карда шуд. Аввал, то 15 сентябр ва сипас то 15 декабр.

Ёдовар мешавем, ки тибқи ҳуҷҷати қабулшуда, муҳоҷирон ҳуқуқ доранд, ҳатто дар сурати анҷоми муҳлати қонунии ҳуҷҷатҳои буду бош, дар Русия бимонанд.

Мақомдорони СААД вазъи муҳоҷират дар пандемияро баррасӣ кардаанд

Сабти ном, патент, иҷозатномаи истиқомат ва дигар ҳуҷҷатҳои муҳоҷирон, бекор карда намешаванд ва хориҷиён ихроҷ ё депорт ҳам, намешаванд.

Ғайр аз ин дар муддати ним сол дар хориҷ будани шаҳрвандони хориҷие, ки дар Русия иҷозатномаи иқомат доранд ё иштирокчии барномаи давлатӣ шудаанд, нақзи қонун ҳисобида намешавад.

695
Барчаспҳо:
тамдид, сабукиҳо ба муҳоҷирин, муҳоҷират, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Интиқоли китоби Тоҷикон ба ноҳияи Ванҷ

Беш аз 4400 дона: туҳфаи Раҳмон ба Ванҷ расид

0
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз дар ноҳияи Ванҷ, тақсими китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров аз номи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон оғоз шуд

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати маорифи Тоҷикистон, бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров – китоби “Тоҷикон” то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба ҳар оилаи кишвар тақсим мешавад.

Манбаъ афзуд, ки ин туҳфа аз номи раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо роҳбарии Нуралӣ Собирзода, муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ фиристода шуд.

Нуралӣ Собирзода, муовини вазири маориф ва илм иттилоъ дод, ки барои мардуми ноҳияи Ванҷ мутаносибан ба теъдоди хонаводаҳо 4408 китоб ҷудо шуда, он ба ҳар як хонавода дастрас карда мешавад.

Ҷаббори Қосим, раиси ноҳияи Ванҷ мегӯяд, тақсимоти китоби “Тоҷикон” имрӯз аз ноҳия оғоз гардида, доир ба масъалаи мазкур комиссияи махсус таъсис дода шудааст. Ин комиссия  раванди супоридани туҳфаи роҳбари давлатро дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот назорат менамояд. 

Чойхонаи тоҷикон дар Амрико ба макони таърихӣ табдил ёфт

Ба иттилои Вазорати маориф, Хушвахт Искандаров, омӯзгори собиқадори ноҳия гуфтааст,  солҳо боз орзу дошт, ки ин китоби пурарзиш китоби рӯйимизии ҳар як фарди тоҷик бошад.

“Боварӣ дорам, ки ин амали нек ва шоиста дар раванди худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси бою пурғановати гузаштагон саҳми арзанда мегузорад”, - таъкид кардааст омӯзгор.

0
Барчаспҳо:
китоб, фарҳанг, маориф, Тоҷикистон