Посол Таджикистана в Москве Имомуддин Сатторов

Сатторов лағви ду парвози чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистонро шарҳ дод

787
(Таҷдидшуда 13:49 03.11.2020)
Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов саргардонии шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки дар паи лағви ду парвози чартерӣ дар фурудгоҳи "Домодедово" банд монданд, шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 3 ноя – Sputnik. Беш аз 200 шаҳрванди Тоҷикистон шаби 31 ба 1 ноябр, дар паи иҷоза надодани Авиатсияи ҳавоии Русия ба ду парвози "Сомон Эйр", натавонистанд ба ватан парвоз кунанд.

Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов ин ҳодисаро шарҳ дода гуфт, лағви парвозҳо ба ҳолати техникӣ вобаста буд, ки дар давоми як шабонарӯз ҳал шуд.

"Интиқоли шаҳрвандони Тоҷикистон тариқи парвозҳои чартерӣ пурра барқарор шуд. Табиатан вақте ду парвоз анҷом дода нашуд, 400 кас бо ҳавопаймои дигар интиқол дода мешаванд. Имрӯз ё фардо ҷадвали парвозҳо барқарор мешавад ва ягон мушкилӣ намешавад", - гуфт дар суҳат бо Sputnik Тоҷикистон Имомуддин Сатторов.

Сафири Тоҷикистон афзуд, ки фардояш ду парвоз ва баътар се парвоз анҷом дода шуд, то кор аз рӯи ҷадвал шавад.

"Агар талабот ба интиқоли шаҳрвандон аз Федератсияи Русия бошад, ҳавопаймоҳо парвоз мекунанд. Барои ҳамин набояд имрӯз ин чизро ба мушкили бузург табдил дод, чунин ҳодисот мешавад, парвозҳо ба таъхир меафтанд ё умуман парвоз лағв мешавад. Зиёда аз ин гап сари парвозҳои чартерӣ меравад, на муқаррарӣ , - афзуд сиёсатмадор.

Бо Тоҷикистон? Русия бо як кишвари дигар парвозҳоро барқарор кард

Ӯ таъкид кард, ки ҳамаи парвозҳо пурра барқарор карда мешавнд.

"Бояд бо фаҳм ба чунин ҳодисаҳо назар кард. Дар ҳоле, ки ҳаракат дар тамоми ҷаҳон қатъ шудааст", - хулоса кард Сатторов.

787
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Русия, парвоз, лағв
Боевые корабли НАТО совершили деловой заход в порт Балтийска

НАТО ба Баҳри сиёҳ роҳ ёфт: оё ин созмон мавқеи Русияро дар Қрим танг хоҳад кард

187
Ба хотири кӯч додани Ҷо Байден ба ба Кохи сафед НАТО ба ислоҳот даст задааст

ДУШАНБЕ, 3 дек – Sputnik, Галия Ибрагимова. Дар  ҷаласаи роҳбарони вазорати хориҷаи кишварҳои узви НАТО принсипҳои асосии созмон ва тағйри кори он таҷдид назар карданд. Аммо мушкили асосӣ бокӣ монд – рақобат бо Чин ва Русия. РИА Новости таҳлил кард, ки чигуна НАТО метавонад худро “таҳдидҳои Русия” ҳимоят кунад.

Мутобиқ кардани НАТО ба буҳрон

Йенс Столтенберг ба конфронси видеоӣ бо вазирони хориҷаи узви кишварҳои НАТО омодагии ҷидди гирифта буд. Дидор дар сатҳи вазирони хориҷа – охирин ҷаласа пеш аз ҷаласаи солонаи НАТО аст. Дар ин ҷаласа вазирони хориҷаи узви кишварҳои НАТО пешакӣ масалаҳои мубрамро баррасӣ мекунанд, то аз ҳолатҳои ғайричашмдошт дар ҷаласаи солона пешгирӣ кунанд. Қаблан ингуна нофаҳмоиҳо буданд.

Барои мисол, пеш аз ҷаласаи соланаи НАТО дар соли гузашта Эммануэл Макрон эълон кард, ки “НАТО мағзи сараш мурдааст”. Ин мавзӯи баррасӣ шуд ва тамоми барномаҳои пешбинишударо барбод дод. Кишварҳои узви НАТО ба раисҷумҳури Фаронса ва ба як дигар исбот мекарданд, ки дар дохилӣ НАТО ҳама хуб аст ва мушкилоте вуҷуд надорад.

Шаккоки асосии НАТО Доналд Трамп боқӣ монд. Дар ҷавоб ба далелҳои муҳим будани ҷилавгирӣ аз хатари Русия, Чин ва Эрон, раисҷумҳури Амрико дар аввал талаб кард, кишварҳои НАТО маблағгузориро барои мудофиа  афзоиш диҳанд. Вай бар он буд, ки мубориза бо таҳдидҳои беруна аз ҳисоби қудрати Амрико дуруст нест.

Дар саммити қарибувуқӯъ Амрикоро Ҷо Байден муаррифӣ хоҳад кард ва ба ҳамин хотир дабири кулли НАТО умед дорад созмон ба рӯзҳои хуби пеш бармегардад. Столтенберг удевор аст, ки Амрико бори дигар муҳим будани нақши шарикии низомию сиёсии худро бо кишварҳои узви НАТО таъид мекунад.

 Ба ҳамин хотир пеш аз оғози ҷаласаи солона дабири кулли НАТО ба мутахассисонаш супориш дод, то мушкилоти созмон ва роҳҳои ҳалли онро омӯзанд ва барои даҳ соли оянда барномаҳои мушаххас пешниҳод намоянд.   

Ба таҳқиқи натиҷаи кори мутахассисон ва ворид кардани тағйирот ба натиҷаҳои кори онҳо вазирони хориҷаи кишварҳои узви НАТО низ оғоз карданд. Кулли ширкаткунандагон, ҳатто намояндаи Фаронса таъкид карданд, ки “марги мағзи сар” ба НАТО таҳдид намекунад, аммо ислоҳот бояд ҷорӣ шавад.

“Муҳим дуруст истифода кардани буҷаи дифоии НАТО бар вазъияти байналмилалӣ аст. дар вазъияти буҳронӣ созмон бояд зуд ва якҷоя вокуниш нишон диҳад, ҳатто агар ин ба принсипҳои асосӣ муғоират кунад”, - гуфта шудааст дар гузориш.

Гузоришгарон тағйрот дар ҳуқуқи веторо муҳим медонанд. Ҳоло аз ҳуқуқи вето  тамоми кишварҳои узви НАТО бархурдор ҳастанд. “Агар мо бояк овозиро барҳам диҳем кор дар дохили созмон низ ба як тартиб медарояд”, гуфта шудааст дар гузориши пешниҳодшуда.

На ҳамаи вазирон ба ин идао розӣ ҳастанд, вале таъкид карданд, ки ин барои созмон навгонӣ аст.    

Ва боз ҳам “дасти Маскав”

Дар масъалаи хатарҳои беруна тамоми кишварҳои узв якдил ҳастанд: хатари бештар ба НАТО Русияву Чин таҳдид мекунанд.

“Маскав имкониятҳои ядроии худро тақвият мебахшад ва мушакҳои ҷадидашро аз Шимоли дур то Сурияву Либия мустақар кардааст. Ҳузури Русия бар асари буҳрон дар Беларус ва Қарабоғи Кӯҳӣ мутаҳкамтар шуд” – гуфт Столтенберг.

“Кремл мехоҳад мавқеъашро дар кишварҳои собиқ Шӯравӣ пурзур кунад ва ба ҳамин хотир соҳибихтиёрии онҳоро заиф мекунад. НАТО муҳим аст ба ин раванд мутобиқ шавад, то ба Русия рақобат кунад”, - гуфта шудааст дар гузориш.

Кор барои аз байн бурдани хатари Русия идома дорад. Столтенберг ҳамкории НАТО бо Украина ва Гурҷистонро мисол овард. Ҳоло ҳар ду ин кишварҳо – бо имкониятҳои васеъ шарики ин созмон ҳастанд. ба онҳо технология ва маълумоти кашшофӣ аз кишварҳои Ғарб дастрас аст. Аммо ин кишварҳо дар ин созмон комилҳуқуқ нестанд.

Барои ҷилавгирӣ аз Русия НАТО мехоҳад ҳузури худро дар Баҳри Сиёҳ зиёд намояд. Ин ҷавоб ба пурзур намудани нерӯҳои Русия дар Қрим аст. Аммо ҷухъиёт то ҳол шарҳ дода нашудааст.

Мақомдорони Рус ба ин гуфтаҳо вокуниш нишон доданд. “Фаъолияти НАТО ба хусус дар Баҳри сиёҳ руҳияи САҲА-ро зери пой мекунад. Принсипҳои ягонагии амният аз байн меравад”, - гуфт роҳбари Кумитаи Шӯрои Федератсияи Русия оид ба корҳои байналмилалӣ Константин Косачёв.

Авлавияти Баҳри сиёҳ

“Мақсади асосии НАТО – омода шудан бар ивази раисҷумҳури Амрикост. НАТО умедвор аст, ки Байден ба ҳамгироӣ, ки дар замони Трамп як каме коста шуда буд, мусоидат хоҳад кард. Шояд ӯ аз тамоми кишварҳои узви НАТО барои равона намудани ду дарсади ММД кишварҳояшон ба масоили дифоӣ талаб кунад”,  - гуфт роҳбари Шӯрои Русия оид ба корҳои байналмилалӣ Андрей Кортунов.

Таҳлилгари сиёсӣ бар онаст, ки омадани Байден шиддат миёни Русия ва НАТО-ро тағйир нахоҳад дод. Вале ба гуфтаи коршинос дар ҳоле, ки Русия ба масоили зиёд вобастагӣ дорад НАТО наметавонад аз гуфтугӯ худро канор бигирад.

Кортунов мегуяд баррасии масаъали Баҳри сиёҳ миёни кишварҳои узви НАТО, ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мавқеъи Русия дар моварои Қафқоз мустаҳкам шудааст. “Ҷанг дар Қарабоғи Кӯҳӣ ва ҳузури сулҳбонони Русия аз мадди назари НАТО низ дур нарафтааст Ин минтақа наздик ба Баҳри сиёҳ аст, ки онро НАТО макони манфиатҳои худ медонад. Пурзуршудани Маскавро онҳо ҳамчун даъват ба рақобат медонанд. Ба ҳамин хотир онҳо аз  аввалият минтақаи Баҳри сиёҳ сухан мекунанд”.

Коршинос бар онаст, ки Русия ягона омили хавфи НАТО дар минтақаи баҳри сиёҳ нест. “Нақшаи онҳо, пурзур намудани мавқеъи худ дар Баҳри сиёҳ аст, ва ин раванд на ба Русия балки ба Туркия равона шудааст. Новобаста аз узвияти Туркия дар Созмон, НАТО дар чандин масъалаҳо бо Анкара назари дигар дорад. Раҷаб Тайип Эрдуғон бо Юнон, Фаронса, Олмон ва Амрико назари мухталиф дорад. Аммо НАТО мехоҳад Туркияро ба созман баргардонад. Мақсади дигар ин коҳиш додани ҳамкории Туркияву Русия аст”.

Ба гуфтаи коршинос мавзӯи ҳамкорӣ дар Баҳри сиёҳро низ Украина ба миён мегузорад. Мавзуи асосӣ ин ҳузури Русия дар Қрим хоҳад буд. “Сохтмони иншоотҳои нави низомӣ дар Қримро Украина ҳамчун далел барои таҳдиди НАТО пешниҳод хоҳад кард. Украина мехоҳад исбот кунад, ки мустақар намудани мушакҳои Русия дар Қрим ба НАТО хатар ворид мекунад, ки онро бояд ҳал кард”,  -илова кард коршинос Кортунов. 

Бадруд ба афсонаҳо

Коршиноси гурҷӣ Торнике Шарашенидзе таъкид кард, ки аҳамияти ҳуззури  НАТО дар Баҳри сиёҳро низ Тифлис дастгири хоҳад кард. Вай инро ба ҳузури низомиёни рус дар Осетияи ҷанубӣ рабт медиҳад.

Гурҷистон дарк кардааст, ки дар миёнамуҳлат ба узвияти НАТО қабул нахоҳад шуд. Аммо мехоҳад ҳамкориашро бо созмон тақвият бахшад”, - таъкид кард коршиноси гурҷӣ.

Вай бар онаст, ки ҷанг дар минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ мавқеъи Русияро дар Қафқоз  боз ҳам қавитар кард. “Арманистон шарик дорад – Русия. Озарбойҷон низ шарик дорад Туркия. Миёни ин кишварҳои алянси низомӣ барпо шудааст. Гурҷистон ингуна шарикро надорад ва танҳо ба умеди НАТО аст”, - илова кард коршинос.

Новобаста аз ин мушкилот НАТО дар аввал мехоҳад муносибаташро бо Байден хуб кунад ва  ҷаласаи солона дар моҳҳои аввали соли оянда озмоиши аввал барои ин Созмон аст.

187
Барчаспҳо:
Амрико, ислоҳот, НАТО, Русия
Киёмиддин Саидов, представитель Таджик Эйр

Дастгири муҳоҷирону варзишгарону донишҷӯён: даргузашти намояндаи "Тоҷик Эйр" дар Русия

2601
(Таҷдидшуда 21:05 03.12.2020)
Қиёмиддин Саидов, намояндаи ширкати "Тоҷик Эйр" дар шаҳри Санкт-Петербург даргузашт. Футболбози номии тоҷик Нуриддин Давронов навиштааст, марҳум дастгири донишҷӯён ва варзишкорони тоҷик буд

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Намояндаи ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" дар Санкт-Петербург Қиёмиддин Саидов даргузашт, хабар медиҳанд шабакаҳои иҷтимоӣ.

Бино бар иттилои расонаҳои хабарӣ, марҳум дар пайи сироят аз коронавирус даргузаштааст.

Гуфта мешавад, ӯ чанд рӯзи ахир зери дастгоҳи сунъии нафаскашӣ қарор дошт.

Саидов 43 сол дошт.

Нуриддин Давронов, футболбози номии тоҷик дар саҳифаи фейсбукиаш аз даргузашти Қиёмиддин Саидов хабар дода гуфтааст, ки дастгири донишҷӯёну варзишгарон буд.

"Шахси сахӣ,  шодмон, фарзанди содиқи Ватан аки Қиём, ки нафарони зиёд, аз ҷумла ҷавонон, донишҷӯён ва варзишгаронро дастгирӣ мекард, даргузашт. Ӯ маро низ дар вақти мушкилиам мадад карда буд. Барои ҳамааш ташаккур ба шумо, акаи Қиём", - менависад бо андӯҳ Давронов.

Як корбари дигари Фейсбук Амониддин Қодирзода навиштааст, ки марҳум кӯмакашоро ба муҳоҷирони тоҷик дареғ намедошт.

Ин дувумин марги тоҷикистониён дар Русия дар тайи се рӯзи ахир аз бемории ҳамагири коронавирус аст.

30 ноябр  Ҳафизов Шавкат Туланович, яке аз табибони сироятшиноси шинохтаи тоҷик дар Русия дар синни 55-солагӣ даргузашта буд.

Ӯ тавассути барномаи кӯчбандӣ ё “Переселение” соли 2015 ба Русия бо оилааш кӯчид ва то ин замон дар Беморхонаи марказии ноҳияи Сосновскаи вилояти Тамбови Русия кор мекард.

Даргузашти Ҳоҷиев - собиқ мушовири сафири Тоҷикистон дар Русия

2601
Барчаспҳо:
Русия, "Тоҷик Эйр", намоянда, даргузашт
Люди в защитных костюмах проводят церемонию погребения человека умершего от COVID-19

Шӯрои уламо фатвои мурдаҳои бе намози ҷаноза гӯронидаро дод

2825
Шӯрои уламои Тоҷикистон гуфт, ки дар ҳолати ба қабр гузоштани майит бидуни хондани намози ҷаноза мусалмонон чи кор карда метавонанд

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik.  Шӯрои уламои Маркази  исломии Тоҷикистон дар посух ба суоли як корбараш гуфтааст, ки дар ҳолати гӯронидани мурдае бидуни хондани намози ҷаноза чи кор метавон кард.

Усмон ном корбаре аз уламои Маркази исломии Тоҷикистон пурсидааст: агар нафаре аз касалии гузаранду фавтад, бе хондани намози ҷаноза гӯрониданаш ҷоиз аст.

"Шахсе, ки аз ягон бемории гузаранда, яъне аз вабо вафот мекунад ва ӯро ҷаноза намекунанд, барои майит ягон зарар дорад?", - навиштааст вай.

Дар посух Шуро роҳи адои ин намозро дар ҳолати зикргардида нишон додаанд.

Ба гуфтаи улумои дин, он намозро метавон пас аз гӯронидан дар сари қабр адо кард.

"Намози ҷаноза яке аз он ҳуқуқе аст, ки майит бар зиммаи дигар мусулмонон дорад. Бинобар ин, касе, ки бидуни ҷаноза дафн шуда бошад, бар сари қабраш намози ҷанозаи ў хонда мешавад", - омадааст дар посухи онҳо.

Пештар сокинони Тоҷикистон изҳори нигаронӣ доштанд, нафарони дар пайи сироят аз коронавирус фавтидаро бе хондани намози ҷаноза ба қабр мегузоранд.

Ёдрас мешавем, Кумитаи дини Тоҷикистон бо нашри як иттилоия тафсилоти маросими дафни фавтидагон аз коронавирус - аз шустан то кафан кардану ҷаноза ва дар қабргузориро баён доштааст.

Намозҳои ҷаноза хатар доранд?: мақомоти Суғд аз сокинон хост дар намозҳо эҳтиёт намоянд

"Дини ислом дафн кардани шахси фавтидаро фарзи кифоя ҳукм кардааст, ки агар дар он чанд нафар иштирок кунанд, кофӣ аст. Бинобар ин, бо дарназардошти шароити кунунӣ намози ҷаноза дар назди қабристон ё ҷойҳои махсус бо иштироки теъдоди ками хешовандон ва дӯстони наздик хонда шавад, беҳтар аст. Тибқи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ дуо аз ҳар ҷо қабул мегардад. Бинобар ин, дигарон дар ҳаққи майит дуо кунанд, кифоя аст", - омадааст дар дастурамали кумита.

Намози ҷанозаро имом бо риояи талаботи шариат анҷом дода, дар масофаи на камтар аз 2 метр аз тобут меистад.

Муфтиёт дастурамал барои ҷаноза ва маросими дафни фавтидагон аз коронавирусро таҳия кард

 

2825