Террор байни одамону динҳо ихтилоф андохта наметавонад: Путин дар бораи ҳамлаҳо дар Вена

220
(Таҷдидшуда 17:49 03.11.2020)
Президенти Русия Владимир Путин ҳамлаҳои хунини шаби гузашта дар Венаро маҳкум кард ва гуфт, ки террористҳо ба мақсад намерасанд

ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин ба президенти Австрия Александр Ван дер Беллен ва садри аъзами кишвар Себастиан Куртс дар пайи ҳамлаҳои террористӣ дар Вена барқияи таслият ирсол кард.

Дар он Путин ҳодисаро бераҳмона ва беномусона номид.

"Роҳбари Русия ин ҷинояти бераҳмона ва беномусонаро шадидан маҳкум кард, ки бори дигар моҳияти ғайриинсонии терроризмро таъйид мекунад. Ӯ изҳори боварӣ кард, ки бо қувваи террор касеро наметавон тарсонад ва байни одамону динҳои гуногун ихтилоф андозад", - шарҳ додаанд дар Кремл.

Ҳамлагари Вена ҷангҷӯйи ДИ* будааст

Путин ба пайвондон ва наздикони қурбониён изҳори ҳамдардӣ кардааст ва ба ҷароҳатбардоштагон шифои комилу оҷил таманно кардааст.

220
Президент РФ Владимир Путин

Мактубҳои таҳниятӣ: Путин собиқадорони тоҷикро шодбош гуфт

135
(Таҷдидшуда 14:04 05.12.2020)
Сафири Русия дар Тоҷикистон ба собиқадорони тоҷик мактубҳои шодбошии президенти Русия Владимир Путинро дод

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Дар Душанбе маросими супоридани мактуби раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба собиқадорони тоҷик баргузор шуд, гузориш медиҳад "Мир 24".

Маросими супурдани мактуб дар бинои Маркази илм ва фарҳангии Русия дар Душанбе баргузор шуд.

Ин мактуби президенти Русияро ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар Тоҷикистон ба сар мебаранд, сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов супурд.

"Ин усул - ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад - бояд чӣ дар Тоҷикистон ва чӣ дар Русия идома ёбад. Инҷо собиқадоронро фаромӯш намекунанд ва кӯмакашон мерасонанд", - гуфт сафири Русия.

Шанбегии собиқадорони ҷанг дар гӯристон-акс

Лякин-Фролов илова кард, ки эътирофи корнамоиҳои қаҳрамонона дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар сатҳи байнидавлатӣ, алахусус дар пасманзари таҳрифи далелҳои таърихӣ дар дигар давлатҳо хеле арзишманд аст.

135
Барчаспҳо:
собиқадорон, муборакбодӣ, таҳният, мактуб, Владимир Путин

Боз як ширкати русӣ иҷозаи парвоз ба Тоҷикистонро гирифт

462
(Таҷдидшуда 13:32 05.12.2020)
Русия рӯйхати ширкатҳои ҳавоиеро, ки метавонанд ба шаҳрҳои гуногуни кишварҳои Осиёи Марказӣ парвоз анҷом диҳанд, бештар кард

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Росавиатсия ба ширкатҳое, ки иҷозатномаи вижа доранд, ба иҷрои парвозҳои байналмилалии интқоли мусофирон ва ё коло иҷозат дод.

Рӯйхати ширкатҳои ҳавоӣ дар фармони вижа дар сомонаи Росавиатсия нашр шудааст.

Аз ҷумла дар қатори 11 ширкати ҳавоӣ ин иҷозатномаро ба AZUR air додаанд, ки ба нуқтаҳои зиёде парвоз анҷом хоҳад дод.

Байни онҳо Тоҷикистон низ зикр мешавад.

Ҳамин тавр, мувофиқи фармони Росавиатсия, ширкати ҳавоӣ AZUR air акнун метавонад аз Иркутск ба Хуҷанд парвоз кунад.

Афзун бар ин, интихоби ширкатҳои интиқолдиҳанда ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ тамдид мешавад.

RedWings  иҷозаи парвоз ба Ӯзбекистон,  Nordwind, RedWings, AZUR air ва "Азимут" ба Қазоқистон ва интизор меравад, ки ҳамчунин Nordwind парвозҳоро ба Бишкек оғоз кунад.

Маълум шуд, “Сомон Эйр” моҳи декабр ба Белорусия чанд парвоз анҷом медиҳад

462
Барчаспҳо:
иҷозат, ҳавоӣ, ширкат, парвоз, Тоҷикистон, Русия
Рудобаи Мукаррам вазифаи нав гирифт

Дастури Президент: Рудобаи Мукаррам вазифаи нав гирифт

0
(Таҷдидшуда 14:11 05.12.2020)
Рудобаи Мукаррам дар асоси дастури раисҷумҳури Тоҷикистон раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон интихоб гардид

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Рудобаи Мукаррам, ки то имрӯз вазифаи муовини раисро дар ин кумитаи иҷро мекард, имрӯз дар асоси дастури раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон интихоб гардидааст.

Ёдрас мешавем, дирӯз раисҷумҳури Тоҷикистон бо чанд фармону амр тағйироти кадрии куллие анҷом дод. Ҳамин тавр дар сохторҳои давлатии Тоҷикистон 36 тағйироти кадрӣ анҷом ёфт.
Аз ҷумла Фаррух Ҳамрализода аз мақоми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ озод ва ба ҷои Фарҳод Салим – писари Абдулмаҷид Достиев – сафири нави Тоҷикистон дар Амрико таъйин шуд. Ба ҷои Ҳамрализода ба мақоми раиси Кумитаи сармоягузорӣ Саъдӣ Қодирзода, ки то имрӯз муовини раиси дастгоҳи президент буд, таъйин шудааст.

 

0