Наручники

Ҳуҷҷатҳои қалбакӣ: дар Маскав гурӯҳи "обсофкунак"-и муҳоҷирон боздошт шуданд

206
(Таҷдидшуда 18:11 03.11.2020)
Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муайян кардаанд, ки ин гурӯҳ дар тайи чанд сол 10 000 муҳоҷирро бо "ҳуҷҷат" таъмин мекарданд.

ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. ФСБ, пулис ва Росгвардия дар Маскав 8 узви як гурӯҳи ҷиноятпешаро дастгир карданд, ки барои  бештар аз 10 ҳазор муҳоҷир ҳуҷҷатҳои қалбакӣ омода карда буданд.

Онҳо ду лабораторияро ошкор карданд, ки ба сохтани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ машғул буданд.

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муайян кардаанд, ки ин гурӯҳ дар тайи чанд сол 10 000 муҳоҷирро бо "ҳуҷҷат" таъмин мекарданд.

Ин гурӯҳи ҷиноятпеша аз соли 2015 ҳамчун ташкилоте фаъолият бурда, ҳар яке нақшҳои махсусро мебозидаанд.

Пештар хабар дода шуд, ки дар шаҳри Виднийи назди Маскав 9 узви як гурӯҳи ҷоноятпеша, аз ҷумла як шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба додгоҳ кашида шуданд.

Собянин гуфт, муҳоҷирон дар давраи ҳамагирӣ ба ҷиноят кам даст заданд

Онҳо барои муҳоҷирон корти муҳоҷиратии қалбакӣ омода мекарданд.

206
Президент РФ Владимир Путин и президент Узбекистана Шавкат Мирзиеев

Владимир Путин бо Шавкат Мирзиёев телефонӣ суҳбат кард

130
(Таҷдидшуда 14:16 01.12.2020)
Кишвардорони Ӯзбекистон ва Русия масъалаи нишасти сарони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки таҳти раҳбарии Ӯзбекистон баргузор мешавад, баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Президенти ФР Владимир Путин бо ҳамтои ӯзбекаш Шавкат Мирзиёев масъалаи нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, мубориза бар зидди паҳншавии коронавирус ва ваксинаи сохти русиро баррасӣ карданд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президенти Русия.

"Рафти омодагӣ ба ҷаласаи дарпешистодаи Шӯрои сарони давлатҳои узви ИДМ, ки таҳти раисии Ӯзбекистон дар шакли видеоконфронс баргузор мешавад, баррасӣ шуд", - омадааст дар хабарнома.

Ҳамчунин дар ин суҳбат масоили муносиботи дуҷониба ва минтақавӣ баррасӣ шудааст.

Ҳар ду ҷониб хостори таҳкими муносиботи миёни Ӯзбекистон ва Русия шуда, тавсеаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодиро таъкид кардаанд.

Дар ин суҳбат, ба мушкилоти рӯз - мубориза бо паҳншавии сирояти коронавирус, аз ҷумла истифодаи ваксинаҳои Русия таваҷҷӯҳи махсус зоҳир гардидааст.

Раҳбарони Ӯзбекистон ва Русия аз рушди устувори робитаҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ дар шароити бӯҳрони ҷаҳонӣ, ки дар натиҷаи ҳамагирии коронавирус ба амал омадааст, қаноатмандӣ зоҳир кардаанд.

"Аз ҷумла, сафарҳои мутақобила фаъолона амалӣ мешаванд ва комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ва самаранок кор мекунанд. Ҳаҷми савдои тарафайн меафзояд, татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки ҳамкориҳои саноатӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, инчунин барномаҳои мубодилаи гуманитарӣ идома доранд", - афзудааст хадамоти матбуотии Шавкат Мирзиёев.

Кишвардорон ҳамчунин масоили байналмилалиро баррасӣ карда, ҷадвали баргузории нишастҳо дар сатҳи олиро муайян кардаанд.

130
Барчаспҳо:
Шавкат Мирзиёев, Владимир Путин, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Юрий Крупнов. Архивное фото

Крупнов: низоми супоридани имтиҳонҳо барои муҳоҷирон дар Русия шаффофтар мешавад

206
(Таҷдидшуда 12:10 01.12.2020)
Тағирот дар низоми супоридани имтиҳонҳо барои муҳоҷирон дар Русия хушоянд аст, мегӯяд Юрий Крупнов, раиси Шӯрои нозирони Пажӯҳишгоҳи демография, муҳоҷират ва рушди минтақа

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik.  Дар Русия иловаҳо ба қоидаҳои супоридани имтиҳонҳо аз забони русӣ, таърих ва қонунгузории муҳоҷирон эътибор пайдо карданд.

Ҳамин тавр, мураккабии санҷиши дониш ба ҳадафи будубоши шаҳрванди хориҷӣ дар кишвар вобаста аст.

Ғайр аз он, Русия талаботро барои сатҳи ҳадди ақали дониш, тартиби ягонаи имтиҳонҳо, шакл ва тартиби гузаронидани онҳо ҷорӣ мекунад.

Ба гуфтаи Юрий Крупнов, раиси Шӯрои нозирони Пажӯҳишгоҳи демография, муҳоҷират ва рушди минтақа, ин иқдомро танҳо метавон истиқбол кард.

"Чизи асосӣ ин аст, ки ин имтиҳон беқадр карда намешавад, зеро аксар вақт талаботҳои аз ҳад зиёд ба гурӯҳҳои имтиҳоншавандагон пурра мувофиқат намекарданд", - таъкид кард коршинос дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон.

Вай қайд кард, ки муайян кардани сатҳи дониши забонҳо муҳим аст, ки имкон медиҳанд талаботро барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия, ки малакаҳои оддии суханвариро талаб мекунанд, пешниҳод кунанд.

Қаблан, масъалаҳо бо унсурҳои коррупсия ва ё мувофиқа ҳалли худро меёфтанд, ки дар натиҷа самаранокии санҷиши дониш коҳиш ёфт, гуфт Крупнов.

Дар хотима коршинос аҳамияти ташкили феҳристи расмии ташкилотҳоеро қайд кард, ки дар онҳо муҳоҷирон метавонанд санҷида шаванд.

Рустами Эмомалӣ аз мушкили муҳоҷирон гуфт: афв то 15 декабр

Ба гуфтаи ӯ, ин тартиби гузаронидани имтиҳонҳо барои шаҳрвандони хориҷӣ дар Русияро шаффофтар мекунад.

206
Барчаспҳо:
имтиҳон, муҳоҷирин, Русия
Фрагмент мечети Юсуфа Хамадани (XVI в.) в древнем городе Мерве, Туркменистан

Дари масоҷид дар Туркманистон ҳамоно баста мемонад

0
(Таҷдидшуда 15:11 01.12.2020)
Ба хотири пешгирӣ аз густариши ҳамагирии коронавирус дар Туркманистон дари масоҷид то 1 январи соли 2021 баст боқӣ мемонад

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Дар Туркманистон, ки то ҳол расман вируси корона ба қайд гирифта нушадааст, дари масҷидҳо ва зиёратгоҳҳо "то охири сол" бо мақсади пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ "баста хоҳад буд", - менависад торномаи "Туркменпортал" бо истинод ба муфтиёти кишвар.

"Маҳдудиятҳо барои масҷидҳо ва зиёратгоҳҳои Туркманистон, ки бо мақсади пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ ҷорӣ карда шудаанд, то 1 январи соли 2021 тамдид карда мешаванд", - омадааст дар хабарнома.

Ҳамзамон дар масҷидҳо ҳар рӯз панҷ маротиба азон садо дода, мусалмононро барои адои намоз даъват мекунад.

Манбаъ таъкид мекунад, ки "ин чораҳо тибқи қарори Комиссияи Фавқулодаи Туркманистон оид ба мубориза бо бемориҳо аз 26 августи соли 2020 андешида шудаанд".

Масҷидҳо ва зиёратгоҳҳои Туркманистон ҳанӯз рӯзи 13 июл баста шуданд.

Тибқи гузориши ҳукумат, дар Туркманистон ягон ҳолати COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.

Ҳамзамон, дар кишвар пӯшидани ниқоб ҷорӣ шуда ва як қатор маҳдудиятҳо, аз ҷумла барои муассисаҳои динӣ ҷорӣ карда шудаанд.

0
Барчаспҳо:
вируси корона, маҳдудият, бастан, баста, масҷид, масҷид, Туркманистон