Ба Ҳабиб "Қаҳрамони Русия"-ро доданианд: чаро ҳама мухолифанд?

2121
(Таҷдидшуда 20:13 05.11.2020)
Вакили Думаи давлатии Русия пешниҳод кардааст, ки ба Ҳабиб Нурмуҳаммадов унвони "Қаҳрамони Русия" дода шавад, аммо на варзишгарон ва на вакилони дигар ин иқдомро дастгирӣ накардаанд

ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Вакили Думаи давлатии Русия Гаҷимурод Омаров пешниҳод кардааст, ки ба варзишкори номии ин кишвар Ҳабиб Нурмуҳаммадов унвони "Қаҳрамони Русия" дода шавад. Ӯ бо ин иқдом ба президенти Русия Владимир Путин муроҷиат кардааст.

Аммо, феълан ин пешниҳодро на вакилон ва на сиёсатмадорон ҷонибдорӣ накардаанд.

Қаҳрамони мутлақи ҷаҳон, узви Гурӯҳи байналмилалии муштзанҳои ҷаҳон Констатнтин Тсзю дар мусоҳиба бо расонаҳо гуфтааст, ки чаро ӯ дар додани чунин як унвони баланд ба варзишкор зарурате намебинад.

"Чаро? барои чӣ? " Устоди хизматнишондодаи варзиш - бигзор, ҳатто ҷои баҳс ҳам нест. Аммо унвони Қаҳрамони Русия... Ман намефаҳмам. Ман, ҳарчанд Ҳабиб ва фаъолияти ӯро хело эҳтиром мекунам, аммо ба фикри ман, ин ду чизҳои ғайри қобили муқоисаанд", - гуфтааст варзишкор.

Дана Уайт: Ҳабиб барои як бозӣ бармегардад

Қаҳрамони секаратаи бозиҳои олимпӣ дар рақси рӯи ях Ирина Роднина низ  ин иқдомро дастгирӣ намекунад.

"Мо дар варзиш қаҳрамонҳои зиёд дорем, аммо қаҳрамони Русия зиёд нестанд. Ба фикри ман ин унвон барои варзишкорон нест. Барои нафаронест, ки қаҳрамоние кардаанд. Ӯ бемуҳобот варзишкори профессионалист ва кори худро нишон дода тавонист", - таъкид кардааст ӯ.

Шореҳи машҳури варзиш Дмитрий Губерниев низ хабари пешниҳоди Ҳабибро ба унвони "Қаҳрамони Русия" бо шубҳа қабул кардааст.

"Мебинем, ки вакилон чигуна вокуниш хоҳанд кард. Аммо ба фикри ман унвонборон кардан, кори хубе нест", - гуфтааст вай.

Феълан маълум аст, ки яке аз вакилон, Виталий Милонов дар ин бора чӣ ақида дорад. 

"Чаро? Ӯ ҷавони беҳтарин аст. Хуб бозӣ мекунад. Ӯ барои ширкат дар ин гуна муҳорибаҳо ҳамагуна сифатҳоро дорад. Ман касеро ранҷониданӣ нестам, аммо ба Ҳабиб ин унвонро лоиқ намедонам. Ин таҷрибаи нодуруст аст", - таъкид кардааст сиёсатмадор.

Милонов афзудааст, ки Ҳабиб низ эҳтимоли ғолиб ин мақсадро надошт ва надорад.

Ҳабиб Нурмуҳаммадов ба феҳрасти 500 мусалмони таъсиргузори дунё шомил шуд

2121
Мэр Москвы Сергей Собянин

Маҳдудиятҳо тамдид мешаванд: Собянин вазъи коронавирус дар Маскавро нигаронкунанда гуфт

306
(Таҷдидшуда 14:17 26.11.2020)
Сергей Собянин раиси шаҳри Маскав вазъияти коронавирусро шарҳ дода гуфт, ки ҳоло ҳарф задан дар бораи коҳиш ёфтани мавориди гирифторшавӣ ба ин дард, барвақт аст

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Ба изҳори раиси шаҳри Маскав вазъият дар робита ба паҳншавии маризии коронавирус дар пойтахти Русия ҳамоно нигаронкунанда аст.

Сергей Собянин дар ин бора дар блоги шахсии худ хабар дода, гуфт, ки аз санаи 16 то 22 ноябр дар Маскав мавориди ҳолатҳои нави гирифторшавӣ ба андозаи 2 фисад ва ҳолатҳои бистарӣ кардани маризон то 3 дарсад афзоиш ёфтааст.

Ба ҳамин минвол, маҳдудиятҳое, ки қаблан Собянин пиёда намуда буд, то рӯзи 15 январ тамдид мешаванд.

Яъне, нафарони калонсол набояд бидуни зарурат аз хона берун раванд; 30 дарсади коргарон ҳамоно аз тариқи режими дуркорӣ фаъолият мекунанд; донишҷӯён низ ба таҳсили фосилавии худ идома медиҳанд; тамошобинони толорҳои кино, театр набояд аз 25 дарсад бештар бошанд; марказҳои фароғатӣ барои кӯдакон баста мемонанд.

"Шӯхӣ нест"! Нигаронии Собянин аз вахим шудани вазъи коронавирус дар Маскав

Дар Маскав маҳдудиятҳое мавҷуданд, ки мақомоти шаҳр бо сабаби вазъи душвори эпидемӣ ҷорӣ карда буд. Аз ҷумла, пас аз соати 23.00 қаҳвахонаю майкадаҳо, тарабхонаҳо ва клубҳои шабона кор намекунанд ва донишҷӯёни донишгоҳу коллеҷҳо аз фосилаи дур таҳсил мекунанд.

Намоишгоҳҳо, лексияҳои оммавӣ ва дигар чорабиниҳои фароғатӣ бо тамошобинон, ба истиснои варзиш, муваққатан қатъ карда шудааст.

306
Барчаспҳо:
изҳори нигаронӣ, маризӣ, вазъият, Сергей Собянин
Бинои Ҳукумати ФРДом

Рустами Эмомалӣ ба Алексей Оверчук: иҷрои 300 созишнома беҳбудии ҷиддӣ мехоҳад

617
(Таҷдидшуда 18:30 25.11.2020)
Рустами Эмомалӣ ва Алексей Оверчук масоили иқтисодӣ, фарҳангӣ ва муҳоҷирати меҳнатиро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 25 ноя – Sputnik. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ имрӯз бо муовини раиси Ҳукумати Русия, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ Алексей Оверчук мулоқот кард.

Бино ба гузориши дафтари матбуотии шаҳрдори Душанбе ин дидор дар бинои Ҳукумати Русия дар шаҳри Маскав баргузор шудааст.

Гуфта мешавад, ки иштирокчиёни вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Русияро дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии мавҷудабаррасӣ кардаанд.

Дар ин мулоқот, Рустами Эмомалӣ ёдовар шудааст, ки асосҳои қарордодиву ҳуқуқии тарафайнро қариб 300 созишномаҳои байнидавлативу байнисоҳавӣ ташкил медиҳанд, ки иҷрои босифати онҳо беҳбудии ҷиддӣ тақозо мекунад.

Дар ин робита ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ, ки самти афзалиятноки муносибатҳои дуҷонибаро ифода мекунад, таваҷҷуҳи хос зоҳир шудааст.

"Дар ҳашт моҳи соли равон гардиши мол байни ду давлат  720 миллион доллари амрикоиро ташкил дод", - садо дод дар ин дидор.

Корхонаҳои саноатӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ

Вобаста ба саноатикунонии иқтисоди кишвар, ки афзалияти стратегӣ эълон шудааст, таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, аз ҷумла дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ қобили қабул арзёбӣ гардидааст.

Ҷонибҳо манфиатдории худро дар рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноати истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, сӯзишворӣ-энергетикӣ, комплекси аграрӣ, ҳамчунин саноати сабук ва хӯрокворӣ иброз доштаанд.

Рустами Эмомалӣ дар ин робита ташкили Шӯрои байнидавлатиро оид ба ҷалби мустақими сармояи Русия ба Тоҷикистон мувофиқи мақсад донистааст.

Воридоти маҳсулоти ғизоӣ

Дар вохӯрӣ ҳамчунин ба масъалаи содироту воридоти маҳсулоти ғизоӣ ва сабзавоту мева манфиатдор будани ҷонибҳо мавриди гуфтугӯи ҷиддӣ қарор дода шуд.

Дар мулоқот таъкид гардид, ки самти фарҳангӣ-гуманитарии ҳамкорӣ, бахусус дар соҳаи маориф имконияту захираҳои фаровон дорад.

Омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистон

Дар ин дидор гуфта шудааст, ки дар Тоҷикистон барои омӯзиши забони русӣ шароити мусоид фароҳам карда мешавад.

Ҳамасола аз Русия ба мактабҳои Тоҷикистон беш аз 50 нафар омӯзгорон фиристода мешаванд.

Рустами Эмомалӣ аз тезонидани суръати сохтмони 5 мактаб дар Тоҷикистон дар асоси Созишномаи тарафайн изҳори назар карданд.

Ҷонибҳо аз муҳимияти масоили марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ дар шароити пандемия ёдовар шуда, зарурати барқарор намудани алоқаи мунтазами ҳавоии байни ду давлатро таъкид намудаанд.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ изҳори боварӣ намудааст, ки Алексей Оверчук ба ҳайси ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ,саҳми арзандаи худро дар рушду таҳкими ҳамаҷонибаи муносибатҳои стратегӣ ва иттифоқчигӣ байни ин ду кишвар мегузорад.

617
Барчаспҳо:
созишнома, Рустами Эмомалӣ
Мавзуъ
Рустами Эмомалӣ аз мушкили муҳоҷирон гуфт: афв то 15 декабр
Рустами Эмомалӣ аз интиқоли донишҷӯёну парвозҳо: шарҳи пурраи гуфтушунид - видео
Аз як даст садо намебарояд: Матвиенко ба Рустами Эмомалӣ зарбулмасали тоҷикӣ гуфт
Театр имени Маяковского в Москве

Намоишномаи театри Тоҷикистонро беш аз 200 ҳазор нафар тамошо карданд

0
Намоишномаҳои Ҷашнвораи дуюми театрҳои русии хориҷиро, ки дар Маскав аз 16 то 22 ноябр баргузор шуд, беш аз 1 миллион нафар тамошо карданд

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik.  Намоишномаҳои Ҷашнвора тайи тақрибан як ҳафта дар саҳнаи театрҳои “Et Cetera" ва "Современник" намоиш дода шуда, маҷмӯан онҳоро беш аз як миллион 100 ҳазор нафар тамошо карданд, хабар дод котиботи лоиҳа.

Манбаъ таъкид кард, ки дар ин ҷашнвора ҳайати театрҳои русӣ аз Абхазистон, Белорус, Қазоқистон, Молдова, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок кардаанд.  Онҳо асарҳои классикии адабиёти ҷаҳонӣ аз Шекспир то Стейнбекро ба саҳна гузоштанд, ки тариқи онлайн дар интернет низ намоиш дода мешуд.

Александр Калягин, раиси Иттифоқи ходимони театри Русия, зимни истиқболи иштирокдорони ҷашнвора гуфт, он дуюм бор баргузор шуда истодааст, аммо аллакай равобити дӯстию фарҳангиро миёни иштирокдорон ба вуҷуд овардааст.

Тоҷикистонро дар ҷашнвора Театри драмаи русии ба номи Маяковский намояндагӣ кард, ки дар шаҳри Душанбе аз соли 1937 фаъолият дорад. Ҳайати театр дар ҷашнвора намоишномаи “Ҳамлает”-и коргардон Бодурбек Миралибековро иҷро карданд, ки онро беш аз 200 ҳазор нафар тамошо карданд.

0
Барчаспҳо:
намоишнома, Русия, Тоҷикистон