Эмблема на форме сотрудника полиции, архивное фото

Тоҷикистонӣ дар наздикии Маскав ду занро кушта кудаки шашсоларо захмӣ кард

1227
(Таҷдидшуда 15:36 09.11.2020)
Шаҳрванди Тоҷикистон дар қатли ду зан ва захмӣ шудани як кудаки шаш сола гумонбар дониста шуд

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Дар минтақаи Солнечногорски вилояти  Маскав дар яке аз бустонсароҳо ҷасади як зан бо модараш пайдо шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории РИА Новости.

Зани кушташуда Виктория Борковский, яке аз чеҳраҳои намоёни  донишкадаи иқтисодии Русия мебошад. Қотил духтари шашсолаи ӯро низ корд задааст, аммо хушбахтона кудак зинда мондааст. Ҳоло духтарча дар бемористон бистарӣ шудааст.

Мутаасифона модари ин духтари шашсола наҷот наёфт. Дар бораи қатли занҳо маҳз ҳамин духтарчаи шаш сола хабар додааст. Ӯ бо телефон мобилӣ бо дӯсти хонаводаашон алоқа карда, хабар додааст, ки бибиаш кушта шудаасту, модараш дар хуну халаф дар замин хобидааст.

Тибқи иттилои пешакӣ, дар содир намудани ин ҷиноят шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистон Ҷасурҷон Усмонов, ки барои корҳои сохтмонӣ ҷалб шуда буд,  айбдор дониста шудааст.  

Гуфта шудааст, ки шахси номбурда қаблан барои дуздӣ маҳкум шуда буд.

То ҳол маълум нест, ки барои чӣ ин ҷиноят содир шудааст. Аммо гуфта шудааст, ки Борковский бояд ба Усмонов барои анҷоми корҳояш пул медод.

Шояд ба ҳамин хотир миёни онҳо ҷанҷол ба миён омадааст ва ӯ баъд онҳоро ба қатл расонда тамоми пулу заргариҳоро аз хона гирифта ғайб задааст. Мақомоти тафтишотии Русия нисбати қатли ду зан ва захмӣ шудани як кудаки шаш сола, парвандаи ҷиноӣ боз карданд.

1227
Барчаспҳо:
Русия, захмӣ, духтарча, Маскав, кушт, зан, қатл, Тоҷикистон
Президент РФ Владимир Путин

Мактубҳои таҳниятӣ: Путин собиқадорони тоҷикро шодбош гуфт

121
(Таҷдидшуда 14:04 05.12.2020)
Сафири Русия дар Тоҷикистон ба собиқадорони тоҷик мактубҳои шодбошии президенти Русия Владимир Путинро дод

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Дар Душанбе маросими супоридани мактуби раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба собиқадорони тоҷик баргузор шуд, гузориш медиҳад "Мир 24".

Маросими супурдани мактуб дар бинои Маркази илм ва фарҳангии Русия дар Душанбе баргузор шуд.

Ин мактуби президенти Русияро ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар Тоҷикистон ба сар мебаранд, сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов супурд.

"Ин усул - ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад - бояд чӣ дар Тоҷикистон ва чӣ дар Русия идома ёбад. Инҷо собиқадоронро фаромӯш намекунанд ва кӯмакашон мерасонанд", - гуфт сафири Русия.

Шанбегии собиқадорони ҷанг дар гӯристон-акс

Лякин-Фролов илова кард, ки эътирофи корнамоиҳои қаҳрамонона дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар сатҳи байнидавлатӣ, алахусус дар пасманзари таҳрифи далелҳои таърихӣ дар дигар давлатҳо хеле арзишманд аст.

121
Барчаспҳо:
собиқадорон, муборакбодӣ, таҳният, мактуб, Владимир Путин

Боз як ширкати русӣ иҷозаи парвоз ба Тоҷикистонро гирифт

425
(Таҷдидшуда 13:32 05.12.2020)
Русия рӯйхати ширкатҳои ҳавоиеро, ки метавонанд ба шаҳрҳои гуногуни кишварҳои Осиёи Марказӣ парвоз анҷом диҳанд, бештар кард

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Росавиатсия ба ширкатҳое, ки иҷозатномаи вижа доранд, ба иҷрои парвозҳои байналмилалии интқоли мусофирон ва ё коло иҷозат дод.

Рӯйхати ширкатҳои ҳавоӣ дар фармони вижа дар сомонаи Росавиатсия нашр шудааст.

Аз ҷумла дар қатори 11 ширкати ҳавоӣ ин иҷозатномаро ба AZUR air додаанд, ки ба нуқтаҳои зиёде парвоз анҷом хоҳад дод.

Байни онҳо Тоҷикистон низ зикр мешавад.

Ҳамин тавр, мувофиқи фармони Росавиатсия, ширкати ҳавоӣ AZUR air акнун метавонад аз Иркутск ба Хуҷанд парвоз кунад.

Афзун бар ин, интихоби ширкатҳои интиқолдиҳанда ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ тамдид мешавад.

RedWings  иҷозаи парвоз ба Ӯзбекистон,  Nordwind, RedWings, AZUR air ва "Азимут" ба Қазоқистон ва интизор меравад, ки ҳамчунин Nordwind парвозҳоро ба Бишкек оғоз кунад.

Маълум шуд, “Сомон Эйр” моҳи декабр ба Белорусия чанд парвоз анҷом медиҳад

425
Барчаспҳо:
иҷозат, ҳавоӣ, ширкат, парвоз, Тоҷикистон, Русия

Ин “Пирӯзӣ” аст: сомонаи замин ба ҳавоии С-400 тамоми нишонҳоро ба ҳадаф расонд видео

0
(Таҷдидшуда 13:26 05.12.2020)
Вазорати дифои Русия навори ҷолиберо нашр кардааст, ки дар он санҷиши сомонаи замин ба ҳавоии С-400 “Триумф” ё “Пирӯзӣ” ба навор гирифта шудааст

Санҷишҳои бо муваффақи системаи С-400 дар пойгоҳи озмоишии Капустин Яри вилояти Астрахани Русия сурат гирифт, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати дифои Русия.

“Низоми С-400 бо муваффақ ҳамаи нишонҳоро ба ҳадаф расонд. Мушаки озмоишии “Кабан” дар баландии 15 киломтр нобуд карда шуд”, - таъкид доштааст вазорати дифои Русия.

Русия дар Тоҷикистон мушакҳои С-300-ро наздикии марзи Афғонистон насб кард

Пеш аз ба артиши Русия додани С-400, ин охирин имтиҳони он буд. Сипас С-400 барои дифои фазои минтақаи Самара равон карда мешавад.

Ёдрас мешавем, ки дар аввали моҳи сентябр мушакпартоии санҷишии “Триумф” дар пойгоҳи Ашулуки вилояти Астрахан сурат гирифта буд.

0
Барчаспҳо:
ҳадаф, нишон, санҷиш, С-400 "Триумф", Русия