Ваксини зидди коронавируси Русия: маълумотҳо дар бораи "Спутник V" фавран дастрас мешаванд

241
(Таҷдидшуда 17:03 09.11.2020)
Моҳи август Вазорати тандурустии Русия нахустин ваксини зидди коронавирус дар ҷаҳонро ба қайд гирифт, ки онро Маркази илмиву тадқиқотии эпедидемиологӣ ва микробиологии ба номи Гамалеи якҷо бо Бунёди маблағгузориҳои мустақими Русия коркард кардаанд

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Бунёди маблағгузориҳои мустақими Русия ва Маркази илмиву тадқиқотии эпедидемиологӣ ва микробиологии ба номи Гамалеи ба таблиғи ваксини зидди коронавируси Русия "Спутник V" тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ оғоз мекунанд, хабар медиҳад РИА Новости дар истинод ба иттилои фонд. 

Гурӯҳ аз  хэштэг #SputnikV истифода хоҳанд кард.

"Шабакаҳои ваксини #SputnikV дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба корбарон аз рафти озмоишҳои клиникӣ, истеҳсолот ва эмкунии аҳолӣ дар кишварҳои гуногун маълумот хоҳанд дод. Олимони Маркази илмиву тадқиқотии эпедемиологӣ ва микробиологии ба номи Гамалеи дар бораи сохтани ваксина ва технологияи сохтани он маълумот медиҳанд. Одамоне, ки аллакай эм шудаанд, аз таҷрибаи худ нақл хоҳанд кард", - гуфтанд ба рӯзноманигорон намояндагони марказ.

"Шабакаҳое, ки хэштеги мазкурро истифода мебаранд, саҳнаи асосии эълони ахбор дар бораи ваксин, эълони шумораи ваксини истеҳсолшуда ва нафарони эмшуда хоҳанд шуд.

Ҳамчунин маҳз дар он шабакаҳо чорабиниҳои бузург пахш мешаванд.

Зарбаи сеюм ба пандемия: Русия озмоиши ваксинаи сеюм алайҳи COVID - ро шурӯъ кард - навор

Моҳи август Вазорати тандурустии Русия нахустин ваксини зидди коронавирус дар ҷаҳонро ба қайд гирифт, ки онро Маркази илмиву тадқиқотии эпедидемиологӣ ва микробиологии ба номи Гамалеи якҷо бо Бунёди маблағгузориҳои мустақими Русия коркард кардааст. Ба он номи "Спутник V"-ро доданд. Доруро дар ду марҳила бо фосилаи се ҳафта мегузаронанд. 

241
Лейтенант полиции проверяет документы у мигрантов

Эҳтимоли тамдиди сабукиҳо барои шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия

681
(Таҷдидшуда 18:38 27.11.2020)
Эҳтимол аст, ки сабукиҳо барои муҳоҷирон дар Федератсияи Русия то тобистони соли 2021 тамдид карда шавад

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Дар Русия метавонанд фармони президенти кишвар дар бораи сабукиҳо дар давраи ҳамагирии коронавирус барои муҳоҷиронро то тобистони соли 2021 тамдид кунанд, хабар медиҳад "Парламентская газета".

Дар ин бора сардори Сарраёсати масоили муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия Кирилл Адзинов

зимни ҷаласа оид ба мутобиқсозии иҷтимоию фарҳангии муҳоҷирон дар Шӯрои Федератсия иброз дошт.

Гуфта шуд, ки ҳоло тамдиди ин Фармон барои шаш моҳи дигар баррасӣ мешавад.

Муҳоҷиру пулу гӯшаи тоҷикон: натиҷаҳои нахустсафари расмии Рустами Эмомалӣ ба Маскав

"Мо бо дастгоҳи президент оид ба тамдиди минбаъдаи фармон кор карда истодаем. Эҳтимол, сабукиҳо то тобистони соли оянда тамдид карда шаванд", - гуфт Адзинов.

Ёдовар мешавем, ки ин фармон дар робита бо ҳамагирии коронавирус ва баста шудани марзҳо байни кишварҳо 18 апрел баромад.

Аз он замон то кунун он ду маротиба тамдид карда шуд. Аввал, то 15 сентябр ва сипас то 15 декабр.

Ёдовар мешавем, ки тибқи ҳуҷҷати қабулшуда, муҳоҷирон ҳуқуқ доранд, ҳатто дар сурати анҷоми муҳлати қонунии ҳуҷҷатҳои буду бош, дар Русия бимонанд.

Мақомдорони СААД вазъи муҳоҷират дар пандемияро баррасӣ кардаанд

Сабти ном, патент, иҷозатномаи истиқомат ва дигар ҳуҷҷатҳои муҳоҷирон, бекор карда намешаванд ва хориҷиён ихроҷ ё депорт ҳам, намешаванд.

Ғайр аз ин дар муддати ним сол дар хориҷ будани шаҳрвандони хориҷие, ки дар Русия иҷозатномаи иқомат доранд ё иштирокчии барномаи давлатӣ шудаанд, нақзи қонун ҳисобида намешавад.

681
Барчаспҳо:
тамдид, сабукиҳо ба муҳоҷирин, муҳоҷират, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Скриншот из видео Вербовщица ИГИЛ рассказала, как детей превращают в террористов

Қиссаи Лайлои "доишӣ": ҳомиладории ман ҳам сари роҳи шавҳарам ба Сурия нашуд - видео

1124
(Таҷдидшуда 17:33 27.11.2020)
Лайло Алиева ва шавҳараш ҳарду ба сафи гурӯҳи террористӣ пайваст шуданд. Онҳо дар Маскав ақоиди радикалиро таблиғ ва барои эҳтиёҷоти он маблағ ҷамъ мекарданд, то замоне ки дастгир шуданд

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Ин зан ҳамагӣ чанд вақт пеш ҷангии ДОИШ буд, гузориш медиҳад телевизиони НТВ.

Лайло дар Маскав таваллуд шудааст, бо забони русӣ хело хуб сӯҳбат мекунад. Ӯ то дирӯз яке аз таблиғкунандагони фаъоли гурӯҳи террористии ДОИШ (мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия - идора) буд. 

Ин занро як блогери доғистонӣ Алибек Мирзохонов тавассути шабакаҳҳои иҷтимоӣ ба ДОИШ гаравонид.

Маҳз Мирзохонов Лайлоро вордор мекард, ки барои эҳтиёҷоти гурӯҳи террористӣ миллионҳо рубл ҷамъоварӣ кунад.

"Асосан нафароне, ки аллакай бо ҷурми даст доштан ба терроризм адои ҷазо кардаанд, маблағгузорӣ мекарданд", - мегӯяд Лайло.

 

Зан бо шавҳараш бо Мирзохонов дар шабакаҳои иҷтимоӣ шинос шуданд.  Блогер онҳоро дарҳол бо ақоиди ДОИШ шинос кардаву ба сафи террористон ҷалб кардааст. 

Ҳамсаронро ду маротиба кӯшиши ба Сурия ирсол карданро карданд. Онҳо ду маротиба то Туркия сафар карданд, аммо ду бор аз роҳ ба пойтахт бармегаштанд. 

Лайло мегӯяд, дар Туркия дар шароити сахте як-якуним моҳ истоданд.

Ҳамлаи ҷангиёни ДОИШ ба таваллудхонаи Афғонистон: 14 кушта ва 15 - и дигар захм бардоштанд

"Мо бо шавҳарам дар биноҳои алоҳиба зиндагӣ мекардем. Бо нафаре сӯҳбат кардан мамнӯъ буд. Ҳатто наметавонистем ба волидонамон занг занем ва аҳволпурсӣ намоем", - мегӯяд зан.

Кӯдак роҳи шавҳарро ба гурӯҳи террористӣ нагирифт

Вақте шавҳари Лайло хабардор шуд, ки ҳамсараш ҳомила аст, аз роҳаш ба гурӯҳи террористӣ барнагашт. 

Дар ҳамин ҳол, онҳо тавонистанд аз Туркия ба Маскав баргарданд, аммо дар пойтахти Русия Миррзохонов ба зану шавҳар  имконият надод, ки роҳи  осоиштаро пеш гиранд.

Бар замми ин, шавҳари Лайло ба номи роҳбари ДОИШ байъат карда буд ва ба номи "амир"-и "Давлати исломӣ" қасам хӯрда буд, ки то дами марг ба ақоидаш содиқ мемонад.

"Онҳо акнун моро ба воситаи кӯдакамон таҳдид мекарданд. Мегуфтанд кӯдакатро барои ҷанг ба Сурия мебаранд", - меафзояд вай.

Ба гуфтаи шоҳидони ҷанги гурӯҳи террористӣ, ДОИШ кӯдаконро аз сесолагӣ ба ҷанг омода мекунад. 

"Ба дасти кӯдакон аз сесолагӣ силоҳ медиҳанд. Нафароне, ки ҷисман камқувватанд, бомбафкан мешаванд", - омадааст дар гузориши телевизион.

Ду зан куштаю 3 боздошт шуданд: "ДОИШ аз занҳои истаравшанӣ маргталаб омода кардааст"

Ҳамин тавр, кормандони ФСБ Русия  аввал шавҳари Лайло ва сипас худашро дастгир карданд.

Феълан, зан дар муассисаҳои ислоҳӣ адои ҷазо мекунад.

1124
Кандидат в президенты США Джо Байден

Пойи Байден аз ду ҷо шикаст: бо ӯ чӣ шуд?

121
(Таҷдидшуда 11:57 30.11.2020)
Ҷо Байден номзад ба президентии Амрико аснои бозӣ кардан бо саг, лағжида афтидаст, ки дар натиҷа пояш аз ду ҷо шикаст

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Ҷо Байден бо сагаш бозӣ карда лағжидаст, ки дар натиҷа пойи ӯ аз ду ҷо шикаст хӯрдаст, хабар медиҳад РИА новости бо такя ба расонаҳои амрикоӣ.

"Ташхиси компютерӣ нишон додааст, ки пойи Ҷо Байден дар ду ҷой шикасти сабук хӯрдаст, - таъкид мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, ҳоло барои барқарор шудани устухони пояш, Байден бояд муддати чанд вақт пойафзоли махсус пӯшад.

Манбаъ меафзояд, ҳодисаи мазкур ҳанӯз рӯзи шанбе иттифоқ афтод. Он замон, пизишк пас аз муоинаи пойи Байден ягон зарбаи ҷиддӣ, аз ҷумла шикастро пайдо накард.

Рекорди Ҷо Байден дар интихоботҳои президентии ИМА: ӯ гуфт чаро президент шуд

Вале баъдан ҳангоми гузаштан аз ташхиси комилтар, муайян шуд, ки пойи Ҷо Байден аз ду ҷо шикаст хӯрдааст.

Ёдовар мешавем, маъракаи интихоботӣ дар Амрико ҳарчанд 3 ноябр баргузор шуд, вале то ҳол натиҷаи ниҳоии интихобот эълон нашудааст. Ба ҳар сурат, расонаҳои амрикоӣ аз пирӯз шудани Ҷо Байден хабар медиҳанд.

121