Прохожие на Никольской улице в Москве

Қурбонии COVID-19: Лағви тантанаҳои солинавӣ дар Маскав

254
(Таҷдидшуда 14:16 12.11.2020)
Ҳукумати пойтахти Русия расман эълом кард, ки имсол маҷбур шуданд ярмаркаҳо ва фестивалҳои азими солинавиро лағв кунанд

ДУШАНБЕ, 12 ноя - Sputnik.  Шаҳрдори Маскав Сергей Собянин ба далели афзоиши зиёди гирифторони коронавирус ҷашнҳои солинавиро дар Маскав лағв кард.

"Мо тасмим гирифтем, ки чорабиниҳои оммавии фарҳангӣ, аз ҷумла чорабиниҳои калони солинавиро манъ кунем. То касе гумроҳ нашавад ва тоҷирону ташкилотчиён барои чорабиниҳо сарфа накунанд", - гуфт, шаҳрдори Маскав дар мусоҳибааш бо шабакаи аввали телевизионии Русия

Собянин илова кард, ки тибқи анъанаи хуб, ин ҷашни бузургро бо оила ҷашн гирифтан беҳтар аст.

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар пойтахт онҳо ҳама чизро меандешанд, то афзоиши бемории коронавирусро боздоранд ва маҳдудиятҳои то 15 январ ҷорӣшуда бояд вазъи эпидемиологиро ба эътидол оранд.

Аз ин рӯ, барои саломатии шаҳрвандон маҷбур мешавед, ки ҷашни анъанавии Соли навро қурбон кунед. Имсол ярмарка ё фестиваль баргузор намешавад.

Аллакай маълум аст, ки фестивали дӯстдоштаи москвагиҳо "Сафар ба Мавлуди Исо" бо рақсу намоишҳои театрӣ лағв шудааст. Дар ҳамин ҳол, дар Маскав майдончаҳои яхмолакбозӣ барои кушодан дар Майдони Сурх, ВДНХ ва дар боғи Горкий омодагӣ мегиранд.

Се рӯз пайи ҳам: зиёда аз 20 ҳазор мавориди сироятшавӣ ба коронавирус дар Русия

Собянин инчунин гуфт, ки тақрибан 2,5-3 миллион нафар сокинони пойтахт коронавирусро аз сар гузаронидаанд.

254
Барчаспҳо:
Соли нав, Русия, Тоҷикистон
Президент РФ Владимир Путин

Мактубҳои таҳниятӣ: Путин собиқадорони тоҷикро шодбош гуфт

8
(Таҷдидшуда 12:57 05.12.2020)
Сафири Русия дар Тоҷикистон ба собиқадорони тоҷик мактубҳои шодбошии президенти Русия Владимир Путинро дод

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Дар Душанбе маросими супоридани мактуби раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба собиқадорони тоҷик баргузор шуд, гузориш медиҳад "Мир 24".

Маросими супурдани мактуб дар бинои Маркази илм ва фарҳангии Русия дар Душанбе баргузор шуд.

Ин мактуби президенти Русияро ба собиқадорони Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ, ки дар Тоҷикистон ба сар мебаранд, сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов супурд.

"Ин усул - ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад - бояд чи дар Тоҷикистон ва чи дар Русия идома ёбад. Инҷо собиқадоронро фаромӯш намекунанд ва кӯмакашон мерасонанд", - гуфт сафири Русия.

Шанбегии собиқадорони ҷанг дар гӯристон-акс

Лякин-Фролов илова кард, ки эътирофи корнамоиҳои қаҳрамонона дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар сатҳи байнидавлатӣ, алахусус дар пасманзари таҳрифи далелҳои таърихӣ дар дигар давлатҳо хеле арзишманд аст.

8

Боз як ширкати русӣ иҷизаи парвоз ба Тоҷикистонро гирифт

202
(Таҷдидшуда 12:11 05.12.2020)
Русия рӯйхати ширкатҳои ҳавоиеро, ки метавонанд ба шаҳрҳои гуногуни кишварҳои Осиёи Марказӣ парвоз анҷом диҳанд, тамдид кард

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Росавиатсия ба ширкатҳое, ки иҷозатномаи вижа доранд, ба иҷрои парвозҳои байналмилалии интқоли мусофирон ва ё коло иҷозат дод.

Рӯйхати ширкатҳои ҳавоӣ дар фармони вижа дар сомонаи Росавиатсия нашр шудааст.

Аз ҷумла дар қатори 11 ширкати ҳавоӣ ин иҷозатномаро ба AZUR air додаанд, ки ба нуқтаҳои зиёде парвоз анҷом хоҳад дод.

Байни онҳо исми Тоҷикистон низ зикр мешавад.

Ҳамин тавр, мувофиқи фармони Росавиатсия, ширкати ҳавоӣ AZUR air акнун метавонад аз Иркутск ба Хуҷанд парвоз кунад.

Афзун бар ин, интихоби ширкатҳои интиқолдиҳанда ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ тамдид мешавад.

 RedWings  иҷозаи парвоз ба Ӯзбекистон,  Nordwind, RedWings, AZUR air ва "Азимут" ба Қазоқистон ва интизор меравад, ки ҳамчунин Nordwind парвозҳоро ба Бишкек оғоз кунад.

Маълум шуд, “Сомон Эйр” моҳи декабр ба Белорусия чанд парвоз анҷом медиҳад

 

202
Морозное утро

Ҳушдор аз сардиҳо: чанд тавсияи КҲФ ба сокинон

0
(Таҷдидшуда 12:40 05.12.2020)
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ба далели сардии ҳаво аз 5 то 8 декабри соли равон ба сокинони кишвар чанд тавсия додааст

ДУШАНБЕ, 5 дек – Sputnik. КҲФ Тоҷикистон хабар додааст, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар, аз 5 то 8 декабри соли 2020 ҳаво сард мешавад. Даводиҳо борон меборад, дар доманакӯҳҳо ва кӯҳҳо барф, дар баъзе минтиақаҳо барф шадидтар меборад. Ҳарорати миёнаи рӯзонаи ҳаво дар водиҳо 5 ° С хоҳад буд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад, ки барфи тар метавонад сабабгори хароб шудани хатҳои интиқоли барқ, қисман шикастану афтидани дарахтон, инчунин хароб гаштани сутунҳои сустниҳоди реклом дар кӯчаҳо шавад.

“Дар робита ба тағйири обо ҳаво ва сардиҳои чанд рӯзи ояндаву барфу боронҳо  Кумита аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш мекунад, ки ҳангоми истифодаи асбобҳои гармидиҳандаи барқӣ қоидаҳои бехатарии сӯхторро қатъиян риоя кунанд, инчунин бехатарии ҳаракат дар роҳҳоро риоя намоянд, хусусан ҳангоми истифода аз роҳҳо ва гузаргоҳҳои кӯҳӣ то ҳадди имкон ҳушёр бошанд”,  - таъкид доштааст манбаъ.

Ҳамзамон КҲФ дар ин рӯзҳо аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки ҳаракатро дар роҳҳои кӯҳӣ бидуни эҳтиёҷоти фаврӣ маҳдуд кунанд.

Инчунин ин ниҳод аз сокинон даъват кардааст, ки аз корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум ва шикор дар минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ намоянд.

0
Барчаспҳо:
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, КҲФ Тоҷикистон, тавсия, сокинон, сарди ҳаво, Тоҷикистон