Дар Русия мехоҳанд марзро ба рӯи бархе муҳоҷирон кушоянд: кадомҳо?

© Sputnik / Александр Гальперин / Гузариш ба медиабонкМигранты у здания Управления Федеральной миграционной службы России
Мигранты у здания Управления Федеральной миграционной службы России - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо сабаби пандемияи коронавирус яке аз мушкилиҳои калидӣ дар сохтмонҳо нарасидани қувваи корӣ мешавад, таъкид мекунад ҷонишини сарвазири Русия Марат Хуснуллин

ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Ҳукумати Русия мехоҳад ба муҳоҷирони сохтмончӣ иҷозати вуруд ба кишварро диҳад. Дар ин бора дар рафти нишасти матбуотӣ муовини нахуствазири кишвар Марат Хуснуллин изҳор доштааст.

Самолет на закате, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сабти ном дигар нест: фурӯши озоду макони чиптахарӣ барои муҳоҷирон дар Русия эълон шуд

Ӯ дар рафти суханрониаш таъкид кардааст, ки бо далели пандемияи коронавирус яке аз мушкилиҳои калидӣ дар сохтмон норасоии қувваи корӣ гардидааст.

"Дар сохтмонҳо муҳоҷирони зиёде кор мекунанд. Вақте маҳдудиятҳо ҷорӣ шуданд, бештари онҳо ба ватанашон рафтанду акнун баргашта наметавонанд. Бо ҳамин далел ҳам дар мо то рафт норасоии қувваи корӣ бештар ҳис мешавад", - гуфт муовини нахуствазир.

Ба қавли вай зиёданд онҳое, ки ба Русия муроҷиат мекунанд, то барои муҳоҷирон марзҳояшро боз кунад. Дар ҳамин ҳол, вай афзудааст, ки феълан вазъи коронавирус ба эътидол наомадааст ва "мо наметавонем таваккал кунем".

Пул медиҳам, ба Русия роҳ диҳед: муҳоҷири тоҷикро ба додгоҳ мекашанд

Муовини нахуствазир таъкид кард, ки феълан Русия роҳҳои иҷозати вуруд ба гурӯҳи алоҳидаи коргаронро меҷӯяд.

"Мо аллакай дар як қатор коргоҳҳо таҷриба дорем, ки як гурӯҳи муайяни коргаронро ба як қатор корҳои сохтмони оварда будем. Мо ин гуна қарорҳоро қабул карда будем, тамоми меъёрҳоро риоя мекардем ва дар карантин нишаста будем, сипас аз ҳисоби кордиҳандаҳо коргарон аз ташхис гузашта буданд",  - гуфт вай.

Хуснуллин афзуд, ки бо шарофати дастгирии давлатӣ сохтмон дар Русия бештар мешавад, аммо қувваи корӣ намерасад.

Лентаи хабарҳо
0