Падари Ҳувайдо: аз қотили фарзандам товон талаб мекунам

© Sputnik Родители Вайдо в доме
Родители Вайдо в доме - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Абдусалом Саидов мегӯяд, ду сол аз ки барои муҷозот шудани қотили духарчаи хурдсолаш дар Русия саргардону бекор аст. Ӯ умед дорад, ки қотили фарзандаш на танҳо ҷазо мегирад, балки товони ин саргардониҳояшро пардохт мекунад

ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо Тиллозода, ки соли 2018 дар шаҳри Серпухови назди Маскав фоҷеабор кушта шуд, мегӯяд аз қотили фарзандаш товон ситониданист.

Ӯ дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи баргузории мурофиаи судӣ пас аз ба анҷом расидани тафтишоти парвандаи куштори духтараки 5-солаи тоҷик дақиқ шуд.

Мурофиа рӯзи 20 ноябр, соатҳои 10-11 дар Додгоҳи вилоятии Маскав баргузор мешавад.

Судебный молоток, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Гумонбар дар куштори Ҳувайдои 5-сола, ба додгоҳ кашида мешавад

Табиби Сиёмин маълумотномаи сиҳатии равонии ӯро дод

Саидов ёдрас шуд гумонбари куштори духтарашро аз ҷиҳати равони солим арзёбӣ карданд.

Ӯ афзуд, бо сартабиби бемористоне, ки гумонбари куштори Ҳувайдо Александ Сёмин дар он бистарӣ буд, доим дар итибот буд, билохира хабари сиҳат арзёбӣ шудани Сёминро сартабиб ба ӯ расонид.

Ба табиб ҳам пора пешниҳод карданд

"Ба гуфтаи табиб, ҷониби гумонбаршаванда ба вай 3 миллион рубл пора пешниҳод кардааст, то Александр Сёминро бемори рӯҳӣ арзёбӣ кунад, аммо табиб рад кардааст", - мегӯяд падари Ҳувайдо.

Сёмин дар куҷост?

Абдусалом мегӯяд, як моҳ пештар аз бемористони рӯҳӣ гуфта буданд, ки гумонбаршавандаи куштори духтарашро ба СИЗО мебаранд.

"Аммо феълан маълумоте надорам, ки бурданд ё не. То ҷое медонам, гумонбар бояд дар мурофиаи навбатӣ иштирок кунад", - афзуд вай.

Ҳодисаҳои "аҷиб"

Падари Ҳувадо мегӯяд, ду сол мешавад, ки барои муҷозот шудани қотили духтараш саргардон аст ва мубориза мебарад.

Қазияи Ҳувайдои 5-сола: даст доштани Сёмин ба куштор исбот шуд, вале айбдорияш не

"Дар ин ду сол  чанд бор ҳомии ҳуқуқам иваз шуд. Мошини якеашро дар хонааш оташ заданд, якеаш паси панҷара рафт, ба худам пора пешниҳод карданд, таҳдид карданд  ва ба садама дучорам карданд, аммо аз роҳам барнамегардам", - мегӯяд вай.

Падари Ҳувайдо афзуд, ки ин муддат натавонист дар ҷое кор кунад, хонаводаашро, ки тифли бемор доранд, аз ҷиҳати молӣ дастгирӣ кунад. 

Вай афзуд, ки товони ҳамаи инро аз қотили Ҳувайдо ситониданист.

"Ба додгоҳ муроҷиат мекунам, ки бар замми таъини ҷазо қотили духтарам ба ман товон диҳад", - гуфт дар анҷом Саидов.

Ёдрас мешавем, ҳодисаи даҳшатбори таҷовуз ва куштори Ҳувайдои 5-сола 2 сол пеш, тобистони соли 2018 дар шаҳри Серпухови вилояти Маскав рух дода буд. Ҳувайдо аз майдончаи бозии кӯдакона нападид шуд ва рӯзи дигар ҷасадашро дар даруни борхалтае аз назди роҳи оҳан пайдо карданд. Худи ҳамон рӯз Александр Сёмин чун гумонбар дастгир шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0