Президент РФ Владимир Путин

Путин таҳримҳо алайҳи Амрикову Аврупоро тамдид кард

513
(Таҷдидшуда 15:13 21.11.2020)
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин таҳримҳо бар зидди кишварҳои Ғарбро то декабри соли 2021 тамдид кард

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik.  Раисҷумҳури Русия Владимир Путин, маҳдудиятҳои ҷавобӣ бар зидди кишварҳои Ғарбро, ки қаблан бар зидди Русия таҳрим гузошта буданд, тамдид кард. Қарори раисҷумҳури дар ин бора дар соомнаи расмии иттилоотӣ ҳуқуқӣ ба нашр расидааст.

Муҳлати таҳримҳои ҷавобӣ то моҳи декабри соли 2021 тамдид ёфтааст. Санад аз рӯзи имзо, ҳуқуқи қонуни мегирифтааст.

Ба ҳукумат супориш дода шудааст, ки иқдомҳои лозима барои таъмини маҳдудиятҳо алайҳи кишварҳои Ғарб таъмин гарданд.

Ёдрас мешавем, ки чанд сол аст, кишварҳои Ғарб алайҳи Русия таҳримҳо гузошта буданд. Ба хусус таҳримҳо ба масдуд кардани дороиҳо ва маҳдудиятҳои раводидӣ барои шахсоне, ки ба рӯйхати таҳримҳои Амрико шомил шудаанд дар бар мегирифтанд. Инчунин, ба ширкатҳои хориҷӣ дастур дода шудаааст, бо шахсоне, ки дар феҳристи таҳримҳо қарор доранд, бурдани тиҷорат комилан манъ аст. Амрико, Иттиҳодияи Аврупо, Австралия, Зеландияи Нав ва Конодо бар зидди Русия таҳримҳо гузошта буданд.

Дар ҳамин ҳол, 6 августи соли 2014 Русия низ барои таъмини амнияташ бар зидди кишварҳои Ғарб ораҳои махсуси иқтисодӣ ба кор гирифт.

Дар чораҳои ҷавобӣ Русия низ вориди баъзе аз шохсон аз Иттиҳодияи Аврупо, Амрико маҳдуд кард ва бар зидди бархе аз кишварҳо барои вориди бархе аз маҳсулоти кишварзӣ, ашёи хому маводи ғизоӣ ва ғайра маздудиятҳо ҷорӣ кард.  

Бояд гуфт, ки коршиносони Ғарб ва Русия бар онанд, ки таҳримҳо ба иқтисоди Ғарб ва Русия таъсири манфӣ доштааст.

513
Барчаспҳо:
тамдид, Ғарб, таҳримҳо, Русия
Председатель Совета Федерации РФ Валентина Матвиенко на заседании Совета Федерации РФ

"Маскав бароят шаҳри бегона нест": пазироии Матвиенко аз Рустами Эмомалӣ- навор

3403
(Таҷдидшуда 20:57 24.11.2020)
Рустами Эмомалӣ раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо нахустин сафари кории худ озими Русия шуд, бо ҳамтои русаш Валентина Матвиенко вохӯрд

ДУШАНБЕ, 24 ноя - Sputnik. Дар Маскав мулоқоти рӯбарӯи Рустами Эмомалӣ ва Валентина Матвиенко баргузор шуд. Ин мулоқот дар доираи сафари расмии ҳайати Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Русия бо даъвати раиси Шӯрои Федератсия баргузор гардид.

Встреча Валентины Матвиенко с Эмомали Рахмоном
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook

Дар мадҳ, Матвиено, Рустами Эмомалиро ба пойтахти Русия шаҳри Маскав хушомадед гуфта, изҳор дошт, ки "Маскав барои ӯ шаҳри бегона нест, чун ин ҷо таҳсил карда, маълумоти олӣ гирифта буд".

Гузашта аз ин, раиси Шӯрои Федератсияи Русия аз он изҳори хушнудӣ намуд, ки Рустами Эмомалӣ барои нахустин сафари кории худ маҳз Русияро интихоб намуд.

Ба гуфтаи ӯ, дар замони пандемия ташриф овардан ба кишвари дигар боиси таҳсину офарин аст.

"Ҳоло, аксар мулоқоту вохӯриҳо дар шароити видеоӣ мегузаранд, вале мулоқоти мо на фосилавӣ, балки бевосита рӯбарӯ баргузор мегардад, ки ин барои ман бисёр хуш аст", - тавзеҳ додааст Матвиенко.

Зимнан, Матвиенко афзуд, ки Рустами Эмомалиро мулоқот бо шаҳрдори Маскав Сергей Собянин, раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин ва чанд мақомдори дигари Русия интизор аст.

Ёдовар мешавем, дар ин сафар Рустами Эмомалиро раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

3403
Барчаспҳо:
Валентина Матвиенко, Рустами Эмомалӣ
Выдача патентов в миграционном центре Московской области. Архивное фото

Дар вилояти Томски Русия қимати патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ гарон мешавад

200
(Таҷдидшуда 14:49 24.11.2020)
Дар соли оянда қимати патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар вилояти Томски Русия афзоиш хоҳад ёфт

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Дар соли 2021 қимати патент барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар қаламрави вилояти Томски Русия кору фаъолият мекунанд, имкон дорад тағйир ёбад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти думаи қонунгузори вилояти Томск.

Қимати патент дар қаламрави ин минтақа тақрибан 4317 рубл дар як моҳро ташкил хоҳад дод. Бояд гуфт, ки то имрӯз қимати патент дар ин минтақа 4193 рублро ташкил медод.

Ҳамин тавр, арзиши патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ тақрибан ба 120 рубл афзоиш хоҳад ёфт.

Тибқи омор дар вилоят дар соли равон бино бар паҳншавии вируси корона теъдоди муҳоҷирон ба маротиб коҳиш ёфтааст. Гуфта шудааст, ки аз 13,7 ҳазор муҳоҷири меҳнатие, ки қаблан ба вилояти Томск ворид мешуд, имсол бино бар пандемия ҳамагӣ 4,3 ҳазор муҳоҷир ба ин минтақа ворид шудааст.

Инчунин тақрибан ду баробар гирифтани патент кам шудааст. Шумори муҳоҷироне, ки патент мегирифтанд аз 6,2 ҳазор то 3,2 ҳазор нафар коҳиш ёфтааст. Ҷамъоварии андоз низ 22 дарсад коҳиш ёфтааст ва имсол ҳамагӣ 96 миллион рублро ташкил додааст.

"Барои муқоиса дар ҳамин давраи соли гузашта аз ҳисоби пардохти андози муҳоҷирони меҳнатӣ ба буҷаи ин минтақа 157,4 миллион рубл ворид шуда буд", - гуфта шудааст дар иттилоияи думаи минтақаи Томск.

200
Барчаспҳо:
Томск, гарон, арзиш, патент, Русия, муҳоҷир
Асозода Дилшод Алимурод глава города Нурек  посетил ветерана ВОВ  Гулов Малах

Мақомоти шаҳри Норак ба иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ хона сохт

0
(Таҷдидшуда 19:28 24.11.2020)
Мақомоти шаҳри Норак эълон кардааст, ки ахиран ба Гулов Малах, ки иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошад манзили нави зист иборат аз 3 ҳуҷра сохта тақдим карда шуд

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари маӣбуоти раиси шаҳри Норак ахиран раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод ба аёдати иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Гулов Малах рафт.

Раиси шаҳри Норак бо вазъи зисту зиндагонии пири хирад Гулов Малах ошно гардидааст.

Манбаъ қайд кардааст, ки бо ташаббуси мақомоти шаҳр манзили нави зист иборат аз 3 ҳуҷра, ошхона барои аҳли оилаи Гулов Малах сохта, ба истифодаи онҳо супорида шуд.

Ҳамзамон раиси шаҳри Норак барои мавсими зимистонгузаронӣ ба иштирокчии ҶБВ маблағи пулӣ тақдим кардааст.

Бояд гуфт, ки солҳои ҶБВ аз аҳолии 1,5 милюнии Тоҷикистон камубеш 300 ҳазор кас ба ҷанг рафта, беш аз 100 ҳазор кас аз онҳо шаҳид шудаанд. Аз ин шумор 55 ҳазор сарбозу афсар бо нишону медолҳо ва 54 кас бо болотарин унвони кишвар - Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз гардиданд.

0
Барчаспҳо:
ҶБВ, куҳансарбоз, собиқадорон, Норак, Тоҷикистон