Сотрудники ФСБ РФ во время задержания гражданина одной из Центрально-азиатских республик

Пушаймон шуд: Шерафганро барои ҳамкорӣ бо ДОИШ ба 13 сол маҳкум карданд

552
(Таҷдидшуда 12:55 23.11.2020)
Гуфта мешавад, ки вай дар соли 2015 аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо масъули яке аз шохаҳои гурӯҳи ДОИШ дар хориҷ иртибот барқарор кардааст

ДУШАНБЕ, 23 ноя – Sputnik. Додситонии шаҳри Маскав аз судури ҳукми 13 соли зиндон барои як шаҳрванди тоҷикистонӣ ба ҷурми ҳамкорӣ бо гурӯҳи террористии ДОИШ (мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) хабар дод.

Ба гузориши расонаҳои Русия, додгоҳи минтақаи ғарби пойтахти Русия Шерафган Сайдалиев, шаҳрванди 39-солаи Тоҷикистонро ба ҷурми иртиботу ҳамкорӣ бо гурӯҳи террористии ДОИШ ба 13 соли зиндон маҳкум кард.

Гуфта мешавад, ки вай дар соли 2015 аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо масъули яке аз шохаҳои гурӯҳи ДОИШ дар хориҷ иртибот барқарор кардааст.

Пул медиҳам, ба Русия роҳ диҳед: муҳоҷири тоҷикро ба додгоҳ мекашанд

"Сайдалиев пас аз байъат бо гурӯҳи ДОИШ борҳо аз тариқи бонк ба ҳисоби ин созмони террористӣ, пул ворид карда ва дар чанд амалиёт заминаи нақд кардани манобеи молии мавриди ниёзи аъзои ин гурӯҳро низ фароҳам кардааст, - омадааст дар иттилои манбаъ.

Дар Маскав аз ҳамлаи террористӣ пешгирӣ шуд: боздоштшуда муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ

Мақомоти додгоҳи Маскав эълом кардаанд, ки Сайдалиев бо эътироф ба иттиҳомоташ ибрози пушаймонӣ карда ва ин мавзӯъ ҳангоми судури ҳукм мӯҷиби тахфифи муҷозоти ӯ шудааст.

 

552

Вазъ дар Маскав беҳтар мешавад: Собянин як қатор маҳдудиятҳоро лағв кард

75
(Таҷдидшуда 12:30 21.01.2021)
Раиси шаҳри Маскав Сергей Собянин мегӯяд, вазъи коронавирус дар Маскав рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст ва аз ин рӯ як қатор маҳдудиятҳои ҷориро бекор мешаванд

ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Сар аз 22 январ дар шаҳри Маскав аксар маҳдудиятҳое, ки дар робита ба паҳншавии маризии коронавирус ҷорӣ гардида буданд, бекор мешаванд. Дар ин бора раиси шаҳри Маскав Сергей Собянин хабар додааст.

Бо қарори Собянин, сар аз фардо кори муассисаҳои таълимӣ, маконҳои фароғатӣ ва муассисаҳои фарҳангӣ аз сар гирифта мешавад.

Ӯ мегӯяд, вазъи коронавирус дар пойтахти Русия хушбинкунанда аст, "аз ин рӯ метавонем маҳдудиятҳои мавҷударо ба таври назаррас коҳиш диҳем".

Ҳамин тариқ, аз 22 январ кори осорхонаву китобхонаҳо ва дигар муассисаҳои фарҳангӣ ҷоннок мешавад ва ба баргузории чорабиниҳои фароғатӣ низ иҷозат дода мешавад.

Собянин: сокинони Маскав бояд аз нав ба ҳаёти муқаррарӣ одат кунанд

Аммо шаҳрдор таъкид намудааст, ки шумораи тамошобинон набояд аз 50 дарсад зиёдтар бошад.

Зимнан, коллеҷҳо, муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, мактабҳои варзишӣ ва муассисаҳои истироҳати кӯдакон низ ба кори муқаррарӣ бармегарданд, вале донишҷӯёни донишгоҳҳои Маскав ҳамоно то 6 феврал ба таҳсили фосилавии худ идома медиҳанд.

Собянин изҳори умед намуд, ки дар ояндаи наздик вазъият боз ҳам беҳтар мешавад ва маҳдудиятҳо марҳила ба марҳила бекор мегарданд.

75
Барчаспҳо:
лағв, маҳдудият, Сергей Собянин, Маскав
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Вакцина против COVID-19 Pfizer-Biontech

Оғози сабти ваксинаи сеюм алайҳи COVID - 19 дар Русия

103
(Таҷдидшуда 14:58 20.01.2021)
Маркази ба номи Чумаков барои тасдиқи ваксина аҳайли COVID - 19 дар Русия ҳуҷҷатҳояшро ба Вазорати тандурустии кишвар пешниҳод кардааст

ДУШАНБЕ, 20 янв – Sputnik. Дар Русия сабти номи ваксинаи сеюми зидди коронавирус, ки онро Маркази Чумаков таҳия кардааст, оғоз ёфт, хабар медиҳад РИА Новости.

Ҳуҷҷатҳои дахлдор ба Вазорати тандурустии Федератсияи Русия пешниҳод шудаанд. Ин дору "КовиВак" ном гирифт.

"Ҳамин тариқ, дар Русия ваксинаҳое, ки бо истифода аз се технологияи мухталиф сохта шудаанд, пайдо мешаванд, ки ин бешубҳа саҳми ҷиддӣ дар пирӯзӣ бар пандемияи COVID-19 хоҳад буд", - гуфт вазири тандурустӣ Михаил Мурашко.

Қарор аст, ки ҳамаи таҳқиқот то нимаи моҳи феврали имсол ба анҷом расонида шаванд.

Гуфта мешавад, ки ваксина дар асоси вирусҳои ғайрифаъол, яъне "мурда" таҳия шудааст.

Эмгузаронии ваксинаи "Sputnik V" дар Қазоқистон аз 1 феврал оғоз мешавад

Ба гуфти олимон, дар ин ҳолат, организм коронавирусро беҳтар мешиносад ва ҳангоми тамос бо он, аллакай барои муҳофизат омода мешавад. Инчунин қайд карда мешавад, ки ваксина бар зидди мутатсияи COVID-19 низ самаранок хоҳад буд.

Тахмин меравад, ки ин дору барои эмгузаронии пиронсолон, кӯдакон ва шахсони гирифтори бемориҳои музмин истифода мешавад.

Ёдовар мешавем, аввалин ваксинаи Русия алайҳи коронавирус "Спутник V" моҳи августи соли гузашта ба қайд гирифта шуд. Дар миёнаҳои моҳи октябр дуввумаш - "ЭпиВакКорона" ба қайд гирифта шуд.

"Русия дунболи пул нест". Урупо пуштибони "Спутник V" шуд

То кунун, бо ваксинаи "Спутник V" беш аз 1,5 миллион нафар эм карда шудааст.

103
Барчаспҳо:
сабт, сабти ном, вируси корона, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Похороны в Таджикистане, архивное фото

Бобоҷон Азизов - ҳунарманди маъруфи тоҷик даргузашт

0
Ҳунарманди маъруфи тоҷик дар сини 71-сола тарки олам кард. Бобоҷон Азизов аз ҷумлаи маъруфтарин сарояндагони солҳои 80-90 садаи гузашта мебошад

ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Хабари даргузашти ҳунармандро корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ тасдиқ карданд.

Дар бораи марги Бобоҷон Азизов сомонаи "Китобхонаи миллии Тоҷикистон" низ гузориш медиҳад.

"Ҳамин лаҳзаҳо хабари марги Бобоҷон Азизов –ҳунарманди варзида ва дӯстдоштанӣ расид. Бобоҷон Азизов аз ҷумлаи маъруфтарин сарояндагони солҳои 80-90 садаи гузашта мебошад. Яке аз чеҳраҳои мондагори санъати тоҷик. Шахсе, ки дар ҳунар роҳи худро ёфт, сабку шеваи хоси худро дорад. Мураббии даҳҳо ҷавони ҳунарманд ва падари мушфиқу меҳрубон буд", - менависад манбаъ. 

Азизов Бобоҷон 26 июни соли 1950 дар шаҳри Кўлоб ба дунё омадааст. Сароянда, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон. Хатмкардаи факултети забон ва адабиёти тоҷики Институти давлатии педагогии Кўлоб мебошад. 

Фаъолияташро аз Хонаи маданияти шаҳри Кӯлоб оғоз намуда, тайи солҳои 1976-1989 сарояндаи Театри давлатии мазҳакаи мусиқии шаҳри Кўлоб ба номи Саидалӣ Вализода буд.

Аз соли 1989 роҳбари бадеии ансамбли "Навои Хатлон" ба ҳисоб мерафт.

Сурудҳои "Дилҳо нишона карда", "Ёди Ватан", "Ҳарфи дигар мазан", "Нолаи Кова", "Хори макун", "Модар", "Ту ширинлаб" ва ғайра, ки Азизов сурудааст, байни мардум шӯҳратёб гардидаанд.

Даргузашти Дӯстмурод Уроқов, иқтисодшиносу адиби тоҷик-акс

Азизовдар дар намоишҳо, аз ҷумла "Карим девона" ва "Хусрав ва Ширин" нақшҳои асосиро бозидааст.

Дорандаи ҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии ҳофизони ҷавон (1979), иштирокчии театрҳои халқӣ дар шаҳри Маскав, Фестивали умумиҷаҳонии театрҳои халқӣ дар шаҳри Кишинёв (1970) ва Ярмаркаи умумиҷаҳонии Лейпсиг (РДГ, 1983). Бо ордени Дўстӣ (1998) ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

0
Барчаспҳо:
даргузашт, ҳунарманд