Боз як ширкати русӣ иҷозаи парвоз ба Тоҷикистонро гирифт

1994
(Таҷдидшуда 13:32 05.12.2020)
Русия рӯйхати ширкатҳои ҳавоиеро, ки метавонанд ба шаҳрҳои гуногуни кишварҳои Осиёи Марказӣ парвоз анҷом диҳанд, бештар кард

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Росавиатсия ба ширкатҳое, ки иҷозатномаи вижа доранд, ба иҷрои парвозҳои байналмилалии интқоли мусофирон ва ё коло иҷозат дод.

Рӯйхати ширкатҳои ҳавоӣ дар фармони вижа дар сомонаи Росавиатсия нашр шудааст.

Аз ҷумла дар қатори 11 ширкати ҳавоӣ ин иҷозатномаро ба AZUR air додаанд, ки ба нуқтаҳои зиёде парвоз анҷом хоҳад дод.

Байни онҳо Тоҷикистон низ зикр мешавад.

Ҳамин тавр, мувофиқи фармони Росавиатсия, ширкати ҳавоӣ AZUR air акнун метавонад аз Иркутск ба Хуҷанд парвоз кунад.

Афзун бар ин, интихоби ширкатҳои интиқолдиҳанда ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ тамдид мешавад.

RedWings  иҷозаи парвоз ба Ӯзбекистон,  Nordwind, RedWings, AZUR air ва "Азимут" ба Қазоқистон ва интизор меравад, ки ҳамчунин Nordwind парвозҳоро ба Бишкек оғоз кунад.

Маълум шуд, “Сомон Эйр” моҳи декабр ба Белорусия чанд парвоз анҷом медиҳад

1994
Барчаспҳо:
иҷозат, ҳавоӣ, ширкат, парвоз, Тоҷикистон, Русия

Вазъ дар Маскав беҳтар мешавад: Собянин як қатор маҳдудиятҳоро лағв кард

3
(Таҷдидшуда 12:20 21.01.2021)
Раиси шаҳри Маскав Сергей Собянин мегӯяд, вазъи коронавирус дар Маскав рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст ва аз ин рӯ як қатор маҳдудиятҳои ҷорибуда бекор мешаванд

ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Сар аз 22 январ дар шаҳри Маскав аксар маҳдудиятҳое, ки дар робита ба паҳншавии маризии коронавирус ҷорӣ гардида буданд, бекор мешаванд. Дар ин бора раиси шаҳри Маскав Сергей Собянин хабар додааст.

Бо қарори Собянин сар аз фардо кори муассисаҳои таълимӣ, маконҳои фароғатӣ ва муассисаҳои фарҳангӣ аз сар гирифта мешавад.

Ӯ мегӯяд, вазъи коронавирус дар пойтахти Русия хушбинкунанда аст, "аз ин рӯ метавонем маҳдудиятҳои мавҷударо ба таври назаррас коҳиш диҳем".

Ҳамин тариқ, аз 22 январ кори осорхонаву китобхонаҳо ва дигар муассисаҳои фарҳангӣ ҷоннок мешавад ва ба баргузории чорабиниҳои фароғатӣ низ иҷозат дода мешавад.

Собянин: сокинони Маскав бояд аз нав ба ҳаёти муқаррарӣ одат кунанд

Аммо шаҳрдор таъкид намудааст, ки шумораи тамошобинон набояд аз 50 дарсад зиёдтар бошад.

Зимнан, коллеҷҳо, муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, мактабҳои варзишӣ ва муассисаҳои истироҳати кӯдакон низ ба кори муқаррарӣ бармегарданд, вале донишҷӯёни донишгоҳҳои Маскав ҳамоно то 6 феврал ба таҳсили фосилавии худ идома медиҳанд.

Собянин изҳори умедворӣ намудааст, ки дар ояндаи наздик вазъият боз ҳам беҳтар мешавад ва маҳдудиятҳо марҳила ба марҳила бекор мегарданд.

3
Барчаспҳо:
лағв, маҳдудият, Сергей Собянин, Маскав
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Вакцина против COVID-19 Pfizer-Biontech

Оғози сабти ваксинаи сеюм алайҳи COVID - 19 дар Русия

102
(Таҷдидшуда 14:58 20.01.2021)
Маркази ба номи Чумаков барои тасдиқи ваксина аҳайли COVID - 19 дар Русия ҳуҷҷатҳояшро ба Вазорати тандурустии кишвар пешниҳод кардааст

ДУШАНБЕ, 20 янв – Sputnik. Дар Русия сабти номи ваксинаи сеюми зидди коронавирус, ки онро Маркази Чумаков таҳия кардааст, оғоз ёфт, хабар медиҳад РИА Новости.

Ҳуҷҷатҳои дахлдор ба Вазорати тандурустии Федератсияи Русия пешниҳод шудаанд. Ин дору "КовиВак" ном гирифт.

"Ҳамин тариқ, дар Русия ваксинаҳое, ки бо истифода аз се технологияи мухталиф сохта шудаанд, пайдо мешаванд, ки ин бешубҳа саҳми ҷиддӣ дар пирӯзӣ бар пандемияи COVID-19 хоҳад буд", - гуфт вазири тандурустӣ Михаил Мурашко.

Қарор аст, ки ҳамаи таҳқиқот то нимаи моҳи феврали имсол ба анҷом расонида шаванд.

Гуфта мешавад, ки ваксина дар асоси вирусҳои ғайрифаъол, яъне "мурда" таҳия шудааст.

Эмгузаронии ваксинаи "Sputnik V" дар Қазоқистон аз 1 феврал оғоз мешавад

Ба гуфти олимон, дар ин ҳолат, организм коронавирусро беҳтар мешиносад ва ҳангоми тамос бо он, аллакай барои муҳофизат омода мешавад. Инчунин қайд карда мешавад, ки ваксина бар зидди мутатсияи COVID-19 низ самаранок хоҳад буд.

Тахмин меравад, ки ин дору барои эмгузаронии пиронсолон, кӯдакон ва шахсони гирифтори бемориҳои музмин истифода мешавад.

Ёдовар мешавем, аввалин ваксинаи Русия алайҳи коронавирус "Спутник V" моҳи августи соли гузашта ба қайд гирифта шуд. Дар миёнаҳои моҳи октябр дуввумаш - "ЭпиВакКорона" ба қайд гирифта шуд.

"Русия дунболи пул нест". Урупо пуштибони "Спутник V" шуд

То кунун, бо ваксинаи "Спутник V" беш аз 1,5 миллион нафар эм карда шудааст.

102
Барчаспҳо:
сабт, сабти ном, вируси корона, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон