Боевая машина поддержки танков (БМПТ) Терминатор

“Ин пештозист”: Русия тактики нави ҷангӣ бо тонкро озмоиш дорад

150
(Таҷдидшуда 20:00 09.12.2020)
Дар Русия худравҳои зиреҳпӯштибони “Терминатор” дар майдони тирандозӣ дар наздикии Челябинск озмоиш шуданд

ДУШАНБЕ,  9 дек — Sputnik, Андрей Котс. – мусаллаҳ, муҳофизу ҳамаҷониба аст– дар яке аз майдонҳои тирандозӣ дар наздикии Челябински Русия аввалин машқҳои тонкҳо ва худравҳои зиреҳпӯштибони "Терминатор" анҷом ёфт. "Терминатор"-ҳо дар як қатор дар ҳамлаи озмоишӣ бо тонкҳои Т-72 дивиззияи гвардияии ҳавзаи марказии низомии Русия ширкат доштанд. Дар бораи хусусиятҳои ин техникаи низомӣ дар гузориши РИА Новости.

Таҷруба аз ҷанги Чеченистон

Дар наворе, ки вазорати дифои Русия паҳн кардааст, худравҳои зиреҳпӯши “Терминатор” миёни ду тонки вазнин як каме қафо зада тирандозӣ мекунад. Ин техника ҳангоме, ки тонкҳо тирандозӣ мекунанд майдони ҷангро назорат мекунанд. Ҳамон лаҳза, ки “душман”-ро дар майдон мебинанд ба сӯи он зуд аз тӯпҳои 30 милиметра оташ мекушоянд. Ҳамин аст мақсади асосии “Терминатор” – ҳимояи тонку сарбозон ҳангоми ҷанг.

Ба сохти “Терминатор” ҳануз соли 1980 оғоз карда буданд, аммо ниёзи ҷидди барои сохти ин мошинҳо баъд аз ҷанги аввали Чеченистон пайдо шуд. Ҳуҷум ба шаҳри Грозний дар моҳи январи соли 1995 нишон дод, ки тонкҳо дар ҷанги шаҳрӣ бисёр нишони осон ва бесамар мебошанд. Ҷангҷӯёне, ки дар бомҳои хонаҳо нишаста буданд ба осонӣ тонкҳоро бо норанҷакандоз нобуд мекарданд.

Сарбозонеро, ки бояд ба тонкҳо кумак мекарданд, ҷангҷӯёни Дудаев тавасути тирбор ва тактирандоз онҳоро нобуд мекарданд. Маълум шуд, ки барои ҷанг дар шаҳр зиреҳпӯши ҷангӣ лозим аст.

Озмоиш дар Сурия

Аввалин худравҳои зиреҳпӯш бо номи “Обекти 199 “Рамка” соли 2001 пайдо шуд. Ин худрав чунон тақдири хубе надошт. Солҳои тӯлони вазорати дифоъ бо ҳар баҳона – бештар аз лиҳози молӣ, намехост ин худравро дар ихтиёри артиш гузорад.

Қарор буд танҳо як гурӯҳ аз техникаҳо ташкил карда шавад.  Аммо баъдан ин худравҳо умуман дар ихтиёри артиш гузошта нашуданд. Мақомоти вазорати дифоъ эълон карданд, ки ин худравҳои зиреҳпӯшро харидорӣ наххоҳад кард. Танҳо 10 адад ин мошинҳо ба Қазоқистон фурӯхта шуду халос.

Дар ҳамин ҳол, “Терминатор” ҳамеша дар намоишгоҳҳои низомии байналмилалӣ ба намоиш гузошта мешуд. Тобистони соли 2017 чанде аз ин худравҳои зиреҳпӯш ба Сурия равон карда шуданд. яке аз ин худравҳо дар пойгоҳи низомии Русия дар Хмеймим дида мешуд. Низомиён аз “Терминатор” розигӣ баён карданд. Гуфта шуда буд, ки “Терминатор”-ҳо ҳатто ба таври фаъол дар ҳамла ба гурӯҳҳои ДОИШ иштирок доштанд.

Баъд аз ин вазорати дифои Русия тасмим гирифт ин худравҳоро ба ихтиёри артиши Русия низ диҳад. Дар соли 2018 ҳатто ин худравҳои зиреҳпӯш дар гузашти низомӣ дар Майдони сурх низ иштирок доштанд. Сипас ин техника ба қисмҳои низомии Русия супорида шуданд. Дар бораи хариди ин худравҳо баъд озмоишҳои баъдӣ қарори ниҳои қабул карда мешавад.   

Сарбози ҳаматарафа

“Терминатор” дар асоси тонки Т-72 сохта шудааст. Мисли тонк ҳимояи ҷидди дорад. Инчунин ин худрав аз ҳимояи динамикии “Реликт” низ бархурдор аст.  Ин худравро панҷ нафар идора мекунад ва ин аз он шаҳодат медиҳад, ки “Терминатор” комилан муссалаҳ аст.

Ин худрав аз ду тӯпи 30 милиметра бо 900 тир бархурдор аст. Ҳамчунин, дар болои тонк як тирандози 7,62 милиметра ва аз ҳар ду бари тӯпҳо 30 милиметра контейнерҳо бо чаҳор мушаки 9М120-1 “Атака” насб шудааст.  

Нафароне, ки ин мошинро идора мекунанд ба осони метавонанд вазифаи ҷангии худро иҷро намоянд, чун тамоми системаи ин худрави зиреҳпӯш ба таври автоматӣ идора мешавад.

Ояндаи  “Терминатор”

Аввалин намуди ин худравҳои ҷангӣ аз сӯи коршиносон танқид мешуданд. Яке аз мушкилиҳои асосии ин зирӯҳпӯш ин “чашми” заифаш буд. Қарор буд мошинҳои дар майдони нисбат ба тонкҳои вазнин дар ҷанг саҳнаи бештарро бинанду назорат кунанд. Аммо мутаасифона муайян шуд, ки назорати майдони ҷанг монанди тонкҳои вазнин аст. Аксари коршиносон бар он буданд, ки “Терминатор”-ҳо сарбозҳои пиёдагардро, ки ҳамчун ҳимоятгари тонкҳо дар майдони ҷанг ба ҳисоб мераванд, иваз карда наметавонанд . Аммо мутахассисон аз он хулоса карданд ва худравҳои нави зиреҳпӯш “чашмтезтар” мебошанд.

Дар наворе, ки вазорати дифои Русия нашр кардааст низомиёни рус ба “Териминатор”-ҳои сохти аввал рӯ овардаанд.  Худравҳое, ки соли 2013 сохта шуданд аслиҳаи камтаре доштанд ва ин техникаро ҳамагӣ се нафар идора мекард. Аммо мақомоти низомии Русияро аз ин намуди худравҳо хуш наомад. Вале ин намуди худравҳоро ба Алжир мувофиқ омад ва аз сӯи онҳо харидорӣ шуд. Ин кишвар беш аз 300 “Терминатор”-и 2 фармоиш додааст.

Кай “Терминатор” – 3 пайдо мешавад, то ҳол маълум нест. Ҳануз дар соли 2016 директори генералии “Уралвагонзавод” Олег Сиенко ба РИА Новости хабар дода буд, ки корпоратсия ба таҳияи худравҳои нав дар асоси платформаи “Армата”-ро оғоз кардааст. дар бораи худрави зиреҳпӯши оянда чизе маълум нест.Танҳо гуфта шудааст, ки дар ин худравҳо ба ҷои тӯпҳои 30 милиметра тӯпҳои 57 милиметра насб карда мешавад.

150
Барчаспҳо:
Челябинск, низомиён, артиш, тирандозӣ, майдон, зиреҳпӯшҳо, Русия

“Матрёшка” аз Путин: дар бораи киштии зериобии нави Русия чиро бояд донист

133
(Таҷдидшуда 18:46 19.01.2021)
Дар Русия сохтмони як киштии зериобии ҳастаии ҷадид дар арафаи анҷомёбист ва дар ояндаи наздик озмоишҳои гидравликии он оғоз меёбад. Қарор аст, ин киштӣ ба нерӯҳои дарёии Русия то соли 2027 дастрас гардад

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik, Александр Хроленко. Киштии зериобии Ульяновск (лоиҳаи 09853) дар Севмаш соли 2017 оғоз ёфт ва дорои системаву механизмҳои муосир мебошад.

Мувофиқи маълумоти маҷаллаи Military Watch Magazine, ин киштиҳо намунаҳои хурди киштиҳои зериобии стратегии намуди “Борей” мебошанд. Фарқияти киштии “Уляновск” аз Хабаровск ва Белгород дар он аст, ки ин киштӣ ба сафи нерӯҳои дарёии Русия бо торпедаҳои беназири термоядроии “Посейдон” мепайвандад. Дар ояндаи наздик, Русия дар нақша дорад, нерӯҳои дарёии худ дар Шимол ва Уқёнуси оромро бо ду киштии барандаи “Посейдон” муҷаҳаз намояд.

“Посейдон” посухи ҷавобии Русия ба густариши НАТО ва ҳузури назарраси Пентагон дар Урупои Шарқӣ аст, ки метавонад ба имкониятҳои дифоии Русия хатар ворид кунад.

"Посейдон" яке аз пинҳонтарин лоиҳаҳои нерӯҳои дарёии Русия аст. Аз хабарҳое, ки қаблан интишор шуда буданд метавон имконияти ин низоми беназири боздории ҳастаиро ба таври комил тасаввур кард.

Киштии зериобии Уляновск ин идомаи консепсияи киштии Хабаровск аст. Дарозии ин киштӣ тақрибан 113 метр аст ва ин киштӣ метавонад то умқи  500 метр фурӯ равад. Суръати зериобии он зиёда аз 30 гиреҳ аст.

Шиноварии дарозмуддатро як нерӯгоҳи хурди  куллан нави атомӣ таъмин мекунад. Ба ин киштӣ тақрибан 100 нафар хизмат мерасонанд. Ин киштӣ имкони бурди шаш торпедои термоядроии “Посейдон”-ро дорад. Ғайр аз ин, киштии зериобиро метавон бо мушакҳои болдори Калибр-ПЛ, мушакҳои босуръати Тсиркон ва системаи худмуҳофизи Пакет-ПЛ (барои дифоъ аз ҳамлаҳои торпедоии душман) –муҷаҳаз гардонида шавад.

“Посейдон” барои нобуд кардани гурӯҳҳои киштиҳои ҳавопаймобар, пойгоҳҳои бузурги низомӣ ва иншооти стратегии иқтисоди душман дар минтақаи соҳилӣ пешбинӣ шудааст. Ин низом ҳамчунин барои нобудсозии қаламрави васеъи кишвари зӯргӯ пешбинӣ шудааст.

"Матрёшка"-и Путин

Киштиии зериобии нави Русия дар маҷмӯъ - як киштии зериобии атомӣ бо торпедои термоядроии дурбурд дар дохили он аст, ки ба матрёшкаи русӣ монандӣ дорад ва хубаш онро халал нарасонӣ. Бидуни сабаб “Посейдон” ҳеҷ гоҳ фаъол намешавад.

Киштии бесарнишини ҳастаии “Посейдон” тақрибан 20 метр дарозӣ дорад ва 100 тонна вазн. Дурбурди он тақрибан номаҳдуд аст, ин силоҳ метавонад ба чуқурии 1000 метр фурӯ равад, ки барои ҳамаи торпедои муосири душмани дастнорас аст.

Ғайр аз ин, “Посейдон” бо кулоҳаки термоядроӣ дорои ақли компютерӣ буда ва қодир аст дар масофаи чанд ҳазор километр мустақилона амал кунад. Киштиии бесарнишин мувофиқи вазъ вазн ва суръатро интихоб мекунад. Суръати тезаш имкон медиҳад аз ҳар гуна таҳдидҳо паси сар кунад. Пайгирии “Поседон” тавассути таҷҳизоти гидроакустикӣ тақрибан ғайриимкон аст.

Инқилоби Русия дар стратегияи нерӯҳои дарёӣ

Вашингтон дар сиёсати зӯргӯёнаи хориҷии худ, бештар ба нерӯҳои дарёӣ такя мекунад ва тавасути шабакаҳои  васеъи пойгоҳҳои низомии худ мехоҳад тамоми ҷаҳонро назорат намояд.

Русия ба ин ҷавобӣ баробар дод ва имрӯз омода аст, ки худро на танҳо бо киштиҳои зериобии стратегӣ балки бо дигар киштиҳои бисёрҳадафа муҳофизат кунад. Дар воқеъ, коршиносони амрикоӣ низ дарк мекунанд, ки “Посейдон” посух ба эҷоди системаҳои зиддимушакӣ ва афзоиши қудрати дарёии ИМА мебошад.

Ҷониби Амрико аз пайдоиши Посейдонҳои Русия ба таври ҷиддӣ нигарон аст.

“Посейдон”- ҳои Русия амният ва беҷазоии Иёлоти Муттаҳидаро зери хатар мегузоранд.

Бояд қайд кард, ки “Посейдон”-ҳои Русия бо нерӯгоҳои ҳастаӣ хурд ояндаи дурхшон доранд. Маскав ҳамеша ба гуфтушуниди баробарҳуқуқ ва сулҳомез  бо шарикони хориҷии худ омода аст.

133
Барчаспҳо:
ҳастаӣ, киштии зериобӣ, Амрико, Русия
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров

Лавров гуфт муносибати Русияву Амрико дар аҳди Байден чӣ гуна тағйир меёбад

277
(Таҷдидшуда 17:38 18.01.2021)
Вазири умури хориҷаи Русия тавзеҳ дод, ки муносибатҳои русия ва Амрико дар давраи Байден чӣ гуна тағйир меёбанд

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия зимни нишасти матбуотӣ аз чигуна сурат гирифтани муносибатҳои минбаъдаи Русия ва Амрико гуфт.

"Ба ҳама мерасад": Амрико дар изҳороти "агрессияи Русия" чиро пинҳон мекунад

Ба боварии Лавров моҳияти сиёсати Амрико нисбати Русия дар замони президенти тозаинтихоб Ҷо Байден низ бетағйир мемонад.

Ҳамзамон, вазири рус изҳори умедворӣ кард, ки рафтори он кишвар дар қиболи Русия боодобтар мешавад.

"Маълум аст, ки пешдастии давлати амрикоӣ шеваи зиндагии амрикоӣ идома хоҳад ёфт. Боздории Русия ва Чин бидуни шак ҷузъи таркибии сиёсати хориҷии ИМА хоҳад буд. Онҳо бар инанд, ки блояд коре кунанд то Русия ва Чин ба ҳадде муттаҳид нашаванд, ки худро тавонотар аз худи Амрико эҳсос кунанд", - тавзеҳ дод роҳбари ВУХ Русия.

Ҳамзамон, Лавров таъкид кард, ки Русия мунтазири пешниҳодҳои мушаххаси маъмурияти нави ИМА оид ба тамдиди Шартнома дар бораи чораҳои минбаъдаи коҳиш ва маҳдуд кардани яроқи стратегии ҳуҷум ва муколама оид ба суботи стратегӣ мебошад.

277
Барчаспҳо:
Русия, Амрико, муносибат, Сергей Лавров
Лампочка, архивное фото

Гуруҳҳои корӣ бо милисаҳо 9 миллион сомонӣ қарзи барқро ҷамъ кардаанд

0
(Таҷдидшуда 13:47 20.01.2021)
Мақомоти умури дохилии вилояти Суғд мегӯянд, маъмурини милиса бо гуруҳҳои корӣ наздики 9 миллион сомонӣ қарздорӣ аз барқро ҷамъоварӣ кардаанд

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Дар натиҷаи фаъолияти дастаҷамъонаи ниҳодҳои давлатӣ ва гурӯҳҳои корӣ дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд ҳолатҳои мавҷуд будани қарздорӣ ё истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ошкор гардид, хабар додааст “Ховар”.

Манбаъ аз қавли Раёсати умури дохилӣ дар вилояти Суғд хабар дод, ки 4 гурӯҳи корӣ дар ҳамкорӣ бо кормандони шуъбаи 1-и Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Исфара аз 10 декабр то 8 январ аз ҳисоби қарздорӣ аз барқ зиёда аз 3 миллиону 700 ҳазор сомонӣ  рӯёниданд.

“Дар ин давра дар ноҳияи Мастчоҳ низ 4 гурӯҳи корӣ фаъолият бурда, зиёда аз 2 770 000 сомонӣ маблағи қарзӣ барқарор карда шуд. Дар шаҳри Гулистон аз ҷониби 7 гурӯҳи корӣ қариб 2 500 000 сомонӣ маблағи қарзӣ ҷамъоварӣ гардид, ки он асосан қарздорӣ аз ҳисоби корхонаҳои саноатӣ мебошад”, - омадааст дар иттилоия.

Қаблан бо мақсади ба аҳолӣ шарҳ додани муҳтавои Муроҷиатномаи ширкати “Барқи тоҷик” барои сарфакорӣ дар навоҳии кишвар гуруҳҳои корӣ ташкил карда шуданд. Ҳадафи ин иқдом инчунин пешгирии истифодаи нооқилонаву ғайриқонунии неруи барқ, арзёбӣ мешавад. Феълан кори гуруҳҳои корӣ бо ҷалби масъулини ниҳодҳои гуногун, аз ҷумла маъмурини милиса идома дорад.

0
Барчаспҳо:
гуруҳи корӣ, барқ, Тоҷикистон