Путин дар бункери махсус зиндагӣ мекунад? шарҳи Песков

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкЗаместитель руководителя администрации президента РФ - пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков
Заместитель руководителя администрации президента РФ - пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Песков сару садоҳо дар мавриди он ки, гуё кишвардори Русия Владимир Путин дар бункер зиндагӣ мекунад, рад намуд. Аммо ӯ иқрор шуд, ки робитаи шахсӣ бо Путин танҳо дар масофаи бехатар, яъне дуртар аз 5 - 6 метр имконпазир аст

ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Котиби матбуоти президенти Русия Дмитрий Песков овозаҳо дар бораи он, ки дар замони пандемия Владимир Путин дар бункери махсус зиндагӣ мекунад, рад кард.

Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон
Шумо куҷо нигоҳ мекунед: Путин ба ҳукумат як ҳафта муҳлат дод

Ба гуфтаи ӯ, сарвари Русия ҳоло дар Ново-Огарево, дар ҳамон ҷое зиндагӣ мекунад, ки пештар ба сар мебурд.

"Ӯ дар онҷо зиндагӣ мекунад, аксар вақт дар он ҷо кор мекунад, аз он ҷо ба Кремл меояд, аз он ҷо - на он қадар зиёд, ки ӯ мехост - аммо ба ҳар ҳол ба сафарҳои корӣ парвоз мекунад", - гуфт Песков.

Песков дар ин бора дар филми "Вируси хатарнок. Соли аввал" -и Ноилӣ Аскер-заде дар канали "Россия-1" нақл кардааст.

Владимир Путин аз нақши махсуси Тоҷикистон зикр кард - видео

Песков инчунин гуфт, ки президент аз ташхисҳои коронавиурс ҳамон қадаре, ки табибон талаб мекунанд, мегузарад.

Песков инчунин ошкор кард, ки чӣ гуна президенти Русия Соли навро ҷашн мегирад.

"Ман ба шумо бо эътимоди зиёд гуфта метавонам, ки вай мисли ҳарсола Соли навро дар ҳалқаи наздикону дӯстонаш пешвоз мегирад", - гуфт .
Лентаи хабарҳо
0