Ежегодная пресс-конференция президента РФ В. Путина

Кай марзҳо боз мешаванд? посухи Владимир Путин

4743
(Таҷдидшуда 16:22 17.12.2020)
Президенти Федератсияи Русия, Владимир Путин ба суоли рӯзноманигорон дар бораи кушодашавии марзҳо посух гуфт

ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Владимир Путин гуфт, кушодашавии марзҳо аз сатҳи бемории COVID - 19 дар кишвар вобастагӣ дорад.

"Ҳар замоне, ки пизишкон иҷоза доданд, ҳамон вақт марзҳо боз мешаванд", - гуфт Владимир Путин дар нишасти матбуотӣ.

Ба гуфти президент, феълан сатҳи беморӣ дар кишвар бисёр баланд аст ва имкон нест, ки марзҳо боз шавад.

Путин то ҳол худро аз вируси корона эм накардааст

Ӯ ҳамчунин соҳаи ҳавонавардиро аз осебпазиртарин соҳаҳо дар замони ҳамагирӣ хонду, ба мардуми Русия тавсия дод, ик сайёҳии дохилиро рушд диҳанд ва ба давлату ҳукумат кумак кунанд.

Ёдрас мешавем, ки Владимир Путин, раисҷумҳури Русия имрӯз нишасти матбуотии солонаашро дар шакли онлайн баргузор мекунад.

Солҳои пеш Владимир Путин, чандин соат ба суолҳои хабарнигорони дохиливу хориҷӣ, дар Кохи Кремлин посух медод.

Имсол ба сабаби пандемияи вируси корона шакли баргузории нишасти матбуотӣ тағйир ёфт ва ба таври онлайнӣ сурат мегирад.

4743
Барчаспҳо:
Русия, нишасти матбуотӣ, нишасти матбуотӣ, Владимир Путин
Вакцина против COVID-19 Pfizer-Biontech

Оғози сабти ваксинаи сеюм алайҳи COVID - 19 дар Русия

92
(Таҷдидшуда 14:58 20.01.2021)
Маркази ба номи Чумаков барои тасдиқи ваксина аҳайли COVID - 19 дар Русия ҳуҷҷатҳояшро ба Вазорати тандурустии кишвар пешниҳод кардааст

ДУШАНБЕ, 20 янв – Sputnik. Дар Русия сабти номи ваксинаи сеюми зидди коронавирус, ки онро Маркази Чумаков таҳия кардааст, оғоз ёфт, хабар медиҳад РИА Новости.

Ҳуҷҷатҳои дахлдор ба Вазорати тандурустии Федератсияи Русия пешниҳод шудаанд. Ин дору "КовиВак" ном гирифт.

"Ҳамин тариқ, дар Русия ваксинаҳое, ки бо истифода аз се технологияи мухталиф сохта шудаанд, пайдо мешаванд, ки ин бешубҳа саҳми ҷиддӣ дар пирӯзӣ бар пандемияи COVID-19 хоҳад буд", - гуфт вазири тандурустӣ Михаил Мурашко.

Қарор аст, ки ҳамаи таҳқиқот то нимаи моҳи феврали имсол ба анҷом расонида шаванд.

Гуфта мешавад, ки ваксина дар асоси вирусҳои ғайрифаъол, яъне "мурда" таҳия шудааст.

Эмгузаронии ваксинаи "Sputnik V" дар Қазоқистон аз 1 феврал оғоз мешавад

Ба гуфти олимон, дар ин ҳолат, организм коронавирусро беҳтар мешиносад ва ҳангоми тамос бо он, аллакай барои муҳофизат омода мешавад. Инчунин қайд карда мешавад, ки ваксина бар зидди мутатсияи COVID-19 низ самаранок хоҳад буд.

Тахмин меравад, ки ин дору барои эмгузаронии пиронсолон, кӯдакон ва шахсони гирифтори бемориҳои музмин истифода мешавад.

Ёдовар мешавем, аввалин ваксинаи Русия алайҳи коронавирус "Спутник V" моҳи августи соли гузашта ба қайд гирифта шуд. Дар миёнаҳои моҳи октябр дуввумаш - "ЭпиВакКорона" ба қайд гирифта шуд.

"Русия дунболи пул нест". Урупо пуштибони "Спутник V" шуд

То кунун, бо ваксинаи "Спутник V" беш аз 1,5 миллион нафар эм карда шудааст.

92
Барчаспҳо:
сабт, сабти ном, вируси корона, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

“Матрёшка” аз Путин: дар бораи киштии зериобии нави Русия чиро бояд донист

135
(Таҷдидшуда 18:46 19.01.2021)
Дар Русия сохтмони як киштии зериобии ҳастаии ҷадид дар арафаи анҷомёбист ва дар ояндаи наздик озмоишҳои гидравликии он оғоз меёбад. Қарор аст, ин киштӣ ба нерӯҳои дарёии Русия то соли 2027 дастрас гардад

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik, Александр Хроленко. Киштии зериобии Ульяновск (лоиҳаи 09853) дар Севмаш соли 2017 оғоз ёфт ва дорои системаву механизмҳои муосир мебошад.

Мувофиқи маълумоти маҷаллаи Military Watch Magazine, ин киштиҳо намунаҳои хурди киштиҳои зериобии стратегии намуди “Борей” мебошанд. Фарқияти киштии “Уляновск” аз Хабаровск ва Белгород дар он аст, ки ин киштӣ ба сафи нерӯҳои дарёии Русия бо торпедаҳои беназири термоядроии “Посейдон” мепайвандад. Дар ояндаи наздик, Русия дар нақша дорад, нерӯҳои дарёии худ дар Шимол ва Уқёнуси оромро бо ду киштии барандаи “Посейдон” муҷаҳаз намояд.

“Посейдон” посухи ҷавобии Русия ба густариши НАТО ва ҳузури назарраси Пентагон дар Урупои Шарқӣ аст, ки метавонад ба имкониятҳои дифоии Русия хатар ворид кунад.

"Посейдон" яке аз пинҳонтарин лоиҳаҳои нерӯҳои дарёии Русия аст. Аз хабарҳое, ки қаблан интишор шуда буданд метавон имконияти ин низоми беназири боздории ҳастаиро ба таври комил тасаввур кард.

Киштии зериобии Уляновск ин идомаи консепсияи киштии Хабаровск аст. Дарозии ин киштӣ тақрибан 113 метр аст ва ин киштӣ метавонад то умқи  500 метр фурӯ равад. Суръати зериобии он зиёда аз 30 гиреҳ аст.

Шиноварии дарозмуддатро як нерӯгоҳи хурди  куллан нави атомӣ таъмин мекунад. Ба ин киштӣ тақрибан 100 нафар хизмат мерасонанд. Ин киштӣ имкони бурди шаш торпедои термоядроии “Посейдон”-ро дорад. Ғайр аз ин, киштии зериобиро метавон бо мушакҳои болдори Калибр-ПЛ, мушакҳои босуръати Тсиркон ва системаи худмуҳофизи Пакет-ПЛ (барои дифоъ аз ҳамлаҳои торпедоии душман) –муҷаҳаз гардонида шавад.

“Посейдон” барои нобуд кардани гурӯҳҳои киштиҳои ҳавопаймобар, пойгоҳҳои бузурги низомӣ ва иншооти стратегии иқтисоди душман дар минтақаи соҳилӣ пешбинӣ шудааст. Ин низом ҳамчунин барои нобудсозии қаламрави васеъи кишвари зӯргӯ пешбинӣ шудааст.

"Матрёшка"-и Путин

Киштиии зериобии нави Русия дар маҷмӯъ - як киштии зериобии атомӣ бо торпедои термоядроии дурбурд дар дохили он аст, ки ба матрёшкаи русӣ монандӣ дорад ва хубаш онро халал нарасонӣ. Бидуни сабаб “Посейдон” ҳеҷ гоҳ фаъол намешавад.

Киштии бесарнишини ҳастаии “Посейдон” тақрибан 20 метр дарозӣ дорад ва 100 тонна вазн. Дурбурди он тақрибан номаҳдуд аст, ин силоҳ метавонад ба чуқурии 1000 метр фурӯ равад, ки барои ҳамаи торпедои муосири душмани дастнорас аст.

Ғайр аз ин, “Посейдон” бо кулоҳаки термоядроӣ дорои ақли компютерӣ буда ва қодир аст дар масофаи чанд ҳазор километр мустақилона амал кунад. Киштиии бесарнишин мувофиқи вазъ вазн ва суръатро интихоб мекунад. Суръати тезаш имкон медиҳад аз ҳар гуна таҳдидҳо паси сар кунад. Пайгирии “Поседон” тавассути таҷҳизоти гидроакустикӣ тақрибан ғайриимкон аст.

Инқилоби Русия дар стратегияи нерӯҳои дарёӣ

Вашингтон дар сиёсати зӯргӯёнаи хориҷии худ, бештар ба нерӯҳои дарёӣ такя мекунад ва тавасути шабакаҳои  васеъи пойгоҳҳои низомии худ мехоҳад тамоми ҷаҳонро назорат намояд.

Русия ба ин ҷавобӣ баробар дод ва имрӯз омода аст, ки худро на танҳо бо киштиҳои зериобии стратегӣ балки бо дигар киштиҳои бисёрҳадафа муҳофизат кунад. Дар воқеъ, коршиносони амрикоӣ низ дарк мекунанд, ки “Посейдон” посух ба эҷоди системаҳои зиддимушакӣ ва афзоиши қудрати дарёии ИМА мебошад.

Ҷониби Амрико аз пайдоиши Посейдонҳои Русия ба таври ҷиддӣ нигарон аст.

“Посейдон”- ҳои Русия амният ва беҷазоии Иёлоти Муттаҳидаро зери хатар мегузоранд.

Бояд қайд кард, ки “Посейдон”-ҳои Русия бо нерӯгоҳои ҳастаӣ хурд ояндаи дурхшон доранд. Маскав ҳамеша ба гуфтушуниди баробарҳуқуқ ва сулҳомез  бо шарикони хориҷии худ омода аст.

135
Барчаспҳо:
ҳастаӣ, киштии зериобӣ, Амрико, Русия
Тими наврасони Тоҷикистон (U-17)

Рақибони тими наврасони тоҷик дар "Ҷоми Иттиҳод" муайян шуданд

0
(Таҷдидшуда 20:41 20.01.2021)
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон рақибони дастаи мунтахаби наврасони ҷумҳурӣ оид ба футбол – “U-17”-ро дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2021” номбар кард

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, футболбозони то 17-солаи тоҷик дар “Ҷоми рушд-2021” бо тимҳои мунтахаби наврасони Белорус, Қазоқистон ва Молдова рақобат мекунад.

“Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар 17-ум мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2021”, ки аз 31 январ то 6 феврал дар пойтахти Белорус – шаҳри Минск доир мегардад, иштирок мекунад”,  - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, барои пирӯзӣ дар ин мусобиқа 4 дастаи мунтахаби наврасони соли таваллудашон на бештар аз 2004 талош мекунанд. Дар “Ҷоми рушд-2021” дар Минск футболбозони навраси тоҷик бо ҳамсолонашон аз Қазоқистон (31 январ), Молдова (3 феврал) ва Белорус (6 феврал) бозӣ хоҳанд кард.

Футбол: бозиҳои ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 маълум шуд

Мусобиқаи анъанавии зимистона дар толори футболи Минск тибқи системаи даврӣ дар як давр баргузор мешавад. Ғолиб аз рӯи холҳои бадастоварда муайян мегардад, тавзещ дод Кумитаи олимпӣ.

0
Барчаспҳо:
Ҷом, Футбол, Тоҷикистон