Путин: поинравии ММД Русия нисбат ба кишварҳои Аврупо ва Амрико камтар аст

74
(Таҷдидшуда 16:56 17.12.2020)
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, ваъи иқтисоди кишварашро дар даврони пандемияи вируси корона баҳогузорӣ кард

ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik.  Дар замони пандемияи вируси корона маҷмӯи маҳсулоти дохилии (ММД) Русия коҳишёбии нисбатан суст нишон додааст, иттилоъ дод Владимир Путин дар нишасти матбуотӣ бо хабарнигорони дохиливу хориҷӣ.

Бино бар иттилои Путин, поинравии ММД 3,6 дарсадро ташкил додааст. 

“Ин нишондиҳанда нисбат ба Аврупо ва кишварҳои аврупоӣ ва ҳатто Амрико камтар аст”, - гуфт Путин.

Дар ҳамин ҳол, раисҷумҳури Русия қайд кард, ки саноати кишвар 3 дарсад коҳиш ёфт.

“Бештар ин ҳолат аз ҳисоби нафт сурат гирифтааст. Аз рӯи тавофуқе, ки миёни Русия ва кишварҳои ОПЕК сурат гирифтааст,  Русия истихроҷи нафтро кам кард”,- қайд кард роҳбари Русия.

Путин соли 2020-ро ба боду ҳаво муқоиса кард, ки бадиву хубӣ дорад. Вай илова кард, ки мушкили асосӣ дар соли 2020 пандемияи коронавирус буд, ки тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст.

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи панҷшанбе нишасти матбуотии солона бо хабарнигорони дохиливу хориҷӣ баргузор кард. Ин нишасти матбуотӣ барои Путин 16-ум буд.  

74
Барчаспҳо:
Владимир Путин, вируси корона, ММД, иқтисод, Русия
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров

Лавров гуфт, Русия Қарабоғи Кӯҳиро ҳамроҳ мекунад ё не

19
(Таҷдидшуда 15:39 18.01.2021)
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров мавқеи расмии Русияро нисбати Қарабоғи Кӯҳӣ ва ҳамроҳшавии он изҳор кард

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар нишасти хабарӣ мавқеи Федератсияи Русияро дар масъалаи пайвастан ба кишвари Қарабоғи Кӯҳӣ шарҳ дод.

"Дар мавриди пешниҳоди экзотикӣ дар бораи ҳамроҳ кардани Қарабоғи Кӯҳӣ ба Федератсияи Русия ... Шумо медонед, ки истиқлолияти Қарабоғи Кӯҳиро касе эътироф накардааст, аз ҷумла Арманистон. Мо чунин фикрҳо надорем", - гуфт Лавров.

Роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Русия илова намуд, ки Русия аз он бармеояд, ки ҳама масъалаҳо дар ин минтақа бояд байни кишварҳои воқеъ дар минтақа, пеш аз ҳама байни Арманистон ва Озарбойҷон ҳал карда шаванд.

Арманистон сабаби шикасташ дар Қарабоғи Кӯҳиро гуфт

Лавров афзуд: "Мо омодаем дар пайдо кардани як ҳалли мусоидат ба сулҳ, субот ва амният дар ин минтақа кумак кунем".

19
Барчаспҳо:
Сергей Лавров, Русия, Қарабоғи Кӯҳӣ

Тавсия Малишева пас аз даргузашти Грачевский: "одамони гурӯҳи хатар ҳатман ваксина гиред"

27
(Таҷдидшуда 14:07 18.01.2021)
Пизишк ва муҷрии барномаи "Жить здорово!" пас аз даргузашти  Борис Грачевский ба тамоми шаҳрвандони Русия тавсия додааст, ки ҳатман ваксина гиранд

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Елена Малишева пизишки рус дар сафҳаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз шаҳрвандони Русия даъват намудааст, ки алайҳи коронаиврус ҳатман вакина гиранд.

Ӯ чунин муроҷиатро пас аз ҳузураш дар маросими видоъ бо коргардон ва мудири кинохроникаи ҳаҷвии бачагонаи “Ералаш” Борис Грачевский ироа намудааст.

Маросими видоъ бо Борис Грачевский дар Маскав шурӯъ шуд

Малишева таъкид намудааст, ки Грачевский ба намуди шадидтарини саратон – меланома ва дигар маризиҳо гирифтор буд.

Ӯ даъват кард, ки ҳар кас бояд дар бораи ояндаи худ ва саломатияш фикр кунад, аз ҷумла нафароне, ки бемории музмин доранд.

"Махсусан, нафароне, ки ба гурӯҳи хафв шомил мешаванд, ҳатман бояд алайҳи коронавирус эм гиранд", - афзудааст Малишева.

Ёдовар мешавем, ки Борис Грачевский рӯзи 14 январ дар синни 72 – солагӣ даргузашт. Марҳум мубталои коронавирус шуда, муддате дар бемористон бистарӣ буд.

27

Сипоси Захарова барои ташкили Маркази фарҳангии Русия: Талко биноро бепул дод

0
(Таҷдидшуда 15:30 18.01.2021)
Мария Захарова, намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Русия, зимни нишасти ҳаррӯзаи матбуотияш аз Маркази фарҳангии Русия дар Тоҷикистон суҳбат кард

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Захарова таъкид кард, ки лоиҳа бо ташаббуси ҷамъияти Русия дар Тоҷикистон бо дастгирии сафорат ва мақомоти маҳаллӣ татбиқ шуд. Ахиран нахустин маркази фарҳангӣ-маърифатии Русия дар шаҳри Турсунзода бо номи "Созидание" ифтитоҳ шуда буд.

Ӯ аз ҷумла ба корхонаи “Талко” сипос гуфтааст, ки барои Маркази фарҳангӣ ройгон биноро додааст.

Мария Захарова ба ҳамаи дастандаркорони ин иқдом, аз ҷумла ҷамъияти Русия, сафорат, мақомоти маҳаллӣ, епархияи тоҷикистонии калисои православии Русия, намояндагии "Россотрудничество", Корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик" ва дигарон изҳори миннатдорӣ намуд.

Ӯ афзуд, дар маркази мазкур омӯзиши забони русӣ барои довталабон, ки мехоҳанд ба донишгоҳҳои Русия дохил шаванд, роҳандозӣ мегардад. Дар ояндаи наздик кушодани маркази таълимию методии забон ва адабиёти рус, студияҳои мусиқӣ ва рассомӣ, маҳфили математикӣ ба нақша гирифта шудааст.

0
Барчаспҳо:
фарҳанг, марказ, Русия, Тоҷикистон