В цехе ЭТЕРНО ПАО Челябинский трубопрокатный завод

Путин: сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” дар ҳоли анҷомёбист

121
(Таҷдидшуда 17:41 17.12.2020)
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, таъкид дошт, ки лӯлаи гази “Маҷрои шимолӣ- 2” бештар ба Аврупо ва Олмон фоида меорад

ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Сохтмони лӯлаи гази “Маҷрои шимолӣ-2” дар ҳоли анҷомёбӣ қарор дорад, гуфт Владимир Путин раисҷумҳури Русия зимни нишасти матбуотӣ бо хабарнигорони дохиливу хориҷӣ.

Роҳбари Русия изҳори умедворӣ кард, ки сохтмони “Маҷрои шимолӣ-2” анҷом хоҳад ёфт.

Путин илова кард, ки мақомоти Олмон тарафдори ин лоиҳа ҳастанд, вале талош доранд ба ин ҷараён дахолат накунанд.

“Роҳбарияти сиёсии Олмон кушиш дорад ба ҷараёни сохтмони лоиҳаи “Маҷрои шимолӣ-2” дахолат накунанд, аммо онҳо бар онанд, ки сохтмони ин лоиҳа бояд анҷом ёбад”, - гуфт кишвардори Русия.  

Путин илова кард, ки лулаи газ бештар барои кишварҳои Аврупо ва Олмон суд меорад. Ин лоиҳа ба манфиати онҳост.

Сохтмони лоиҳаи русии “Маҷрои шимолӣ-2” чанд сол аст, ки идома дорад. Тибқи лоиҳа, лулаи газ аз ду хати интиқоли газ иборат будаааст. Лулаи газ зери обҳои баҳри Балтийск дар минтақаҳои иқтисодӣ ва қаламрави кишварҳои Русия, Дания, Финландия, Шветсия ва Олмон сохта мешавад.

Амрико ва Украина барои сохтмони ин лулаи газ мухолифанд. Амрико Русияро барои сохтмони ин лулаи газ таҳти таҳримҳо гузоштааст.  

121
Барчаспҳо:
фоида, Олмон, газ, лулаи интиқол, Русия
Федор Емельяненко, архивное фото

Емеляненко гирифтори коронавирус шуд: ӯро ба бемористон интиқол доданд

97
(Таҷдидшуда 19:49 21.01.2021)
Фёдер Емеляненко гирифтори коронавирус шуда ва феълан дар бемористони рақами 52 дар шаҳри Маскав бистарӣ аст

ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Фёдор Емеляненко, муборизи сабки омехтаи Русия (ММА) ба беморхонаи клиникии рақами 52-и шаҳри Маскав интиқол дода шуд. Дар ин бора агентии Sport РИА Новости бо такя ба муассисаи тиббӣ хабар медиҳад.

Аммо, дақиқан маълум нест, ки размикори рус дар кадом ҳолат ба бемористон оварда шуд ва вазъи беҳбудии ӯ дар кадом сатҳ аст.

Маълум аст, ки табибони беморхонаи клиникии рақами 52 барои табобати беморони гирифтори коронавирус ихтисос ёфтаанд. Муассисаи тиббӣ махсус барои сироятёфтагони бемории коронавирус мебошад.

Емеляненко 44 сол дорад. Дар тӯли фаъолияти худ ӯ дар намудҳои муҳорибаи омехта 46 муҳориба баргузор намудааст.

Аз ин миён Емеляненко 39 маротиба дастболо шудааст.

Пирӯзии Емеляненко ва мағлубияти Айдарбеков дар ИМА (ВИДЕО)

Ӯ охирин набардашро моҳи декабри соли 2019 анҷом дод. Рақиби ӯ Квинтон Ҷексони амрикоӣ буд, ки ӯро дар даври аввал нокаут кард.

97
Барчаспҳо:
беморхона, маризӣ, Федор Емеляненко
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Таъсирҳои манфии ваксинаи коронавирус маълум шуд

572
(Таҷдидшуда 20:31 21.01.2021)
Дар Русия сокиноне, ки аз коронавирус эм шудаанд, дар бораи таъсирҳои манфии ваксинаҳои гуногун гуфтанд

ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Дар яке аз каналҳои Телеграм, ки барои ҳамагон дастрас аст, нафарони аз коронавирус эмшуда дар бораи вазъи саломатиашон пас аз эмшудан нақл карданд. Онҳо ҳамчунин таъсирҳои манфии ин ваксинро гуфтаанд.

Байни нафароне, ки дар ин саҳифаи Телеграм сӯҳбат карданд, нафароне низ буданд, ки пурра саломатанд ва ё бемориҳои музмин доштанд. 

Пештар онҳо аз баланд шудани таби бадан пас аз ваксинатсия нақл кардаанд.

"Субҳ сарам дард мекард, ҳарорати бадан то 38 дараҷа баланд шуд ва як бемадориро ҳис кардам", - менависад яке аз корбарон.

Таби баландро, ба гуфтаи ваксинкунандагон, метавон танҳо бо маводҳои дорои паратсетамол рафъ кард.

Одатан ҳарорати бадан, бемадорӣ ва дарди сар баъди ду-се рӯз мегузарад. 

"Дар рӯзи аввал умуман ягон ҷоям дард намекард, ҳатто ҷои сӯзандору. Аммо шабона табам баланд шуд, субҳаш аллакай таб набуд, вале сарам дард мекард. Нисфирӯзиаш аҳволам бадтар шуд, табам то 37,2 баланд гардид ва бегоҳи ҳамон рӯз нишонаҳои ваксина пурра рафъ шуданд, танҳо худро хаста ҳис мекардам. Субҳи рӯзи сеюм пурра вазъам хуб шуд, гӯё чизе набуд", - навиштааст як нафари дигар.

Як нишонаи дигар, ки бештари эмшудагон аз он шикоят мебаранд, дарди ҷои сӯзандору будааст.

"Китфам, ҷое ки сӯзандору газаронида буданд, хело сахт дард мекард ва то ҳол дард мекунад", - менависад нафари дигар.

Яке аз нишонаҳои ғайриоддии ваксинкунӣ, ки дар бораи он мегӯянд, - дарди ҷойҳои пештар осебдидаи бадан будааст, ки дер давом намекардааст.

Қисме аз занон менависанд, ки пас аз эмгузаронӣ иштиҳояшон хело хуб шуд.

Тибқи баррасиҳои охирин, мардон нисбат ба занон таъсири ваксина ба осонӣ таҳаммул мекунанд.

Путин "Спутник V"- ро беҳтарин ваксина дар ҷаҳон номида, ба эмкунии сартосарӣ супориш дод

Инчунин дар сӯҳбат, одамони ваксинашуда скриншотҳои санҷишҳои антителаҳои коронавирусро мубодила мекунанд. Аз рӯи аксҳои нашршуда, ваксина натиҷаҳои хуб медиҳад - антителаҳо дар аксари одамон фаъолона зоҳир мешаванд.

572
День 22 января

Ҷашнҳои рӯзи 22 январ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 19:27 21.01.2021)
Рӯзи бисту дуюми январ дар Ҷумҳурии Точикистон — Рӯзи кормандони мақомоти гумрук ва дар Боливия – Рӯзи таъсиси давлати сермиллат мебошад

Рӯзи 22 январ дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1939 нахустин маротиба дар Донишгоҳи Колумбия (ИМА) зарраи атоми уран тақсим карда шуд.

Соли  1960 дар натиҷаи таркиш дар кони назди Йоханнесбург (Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ) зиёда аз 400 нафар ба ҳалокат расиданд.

Соли 2002 шумораи муштариёни ширкати "Мегафон" ба як миллион нафар баробар шуд.

Рекламный баннер сотового оператора Мегафон в Таджикистане
© Sputnik / Стас Этвеш
Рекламный баннер сотового оператора Мегафон в Таджикистане

Соли 2014 дар шаҳри Мадриди Испания 34-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ («FITUR»)  – аввалин ва калонтарин ҷамъомади сайёҳӣ дар ҳамон сол баргузор гардид.

Рӯзи 22 январ дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2010 таҳти раёсати Президент Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи нахустини Шўрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

День 3 января
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 2010 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ базми ҷавонон баргузор гардид. Ҷамъомади мазкурро "Ҷамъияти пушкинӣ"- и Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Шӯрои ҳамватанони русиягии Тоҷикистон баргузор намуданд.

Соли 2010 дар шаҳри Павлодари Қазоқистон паҳлавонони сабки гурҷӣ-римии Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии хотиравии бародарон – Сергей ва Иван Ярмоленковҳо иштирок намуданд.

Соли 2014 масоили ҳамкории Тоҷикистон ва САҲА муҳокима гардиданд.

Ҷашнҳои рӯзи 3 январ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2016 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи пешниҳод "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро баррасӣ намуд.

Соли 2018 Эмомалӣ Раҳмон рамзи "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ"-ро тасдиқ намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 22 январ

Дар Ҷумҳурии Точикистон — Рӯзи кормандони мақомоти гумрук.
Дар Боливия – Рӯзи таъсиси давлати сермиллат.

Рӯзи 22 январ кӣ ба дунё омадааст

Александр Ермолев (1914 1987) рассом. Ходими шоистаи ҳунарии Тоҷикистон.

Муҳиба Ёқубова (1937) доктори илми биологӣ, профессор, академики АИ Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми Ҷумҳурӣ.

Зебои Хатлонӣ (Сафарова ) (1967)- шоира.

Тӯлқин Муродалиев (1944)- доктори илми тиб, профессор.

Шавкия Почоҷонова (1945) доктори илми тиб.

Ҷумъа Расулов (1949) Журналисти шоистаи Тоҷикистон.

Ҳотами Ҳомид (1967)- нависанда.

0
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон