Дрон, архивное фото

Cyberpunk 2020: як ҷавони тоҷикистонӣ дар Доғистон бо дрон ба зиндониҳо телефон фиристод

266
(Таҷдидшуда 18:08 23.12.2020)
"Киберпанк"-и ҳақиқӣ - чунин метавонид номид қазияеро, ки дар наздикии зиндони Доғистони рух додааст: як ҷавон аз Тоҷикистон кӯшиш кардааст, ки ба воситаи коптер ба зиндониён телефони мобилӣ равон кунад

ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Як ҷавони тоҷикистониро дар Доғистон ба иттиҳоми ирсоли ғайриқонунии телефон ба зиндониён дастгир карданд, хабар медиҳад РИА "Доғистон" дар истинод ба Хадамоти федералии иҷрои ҷазои Федератсияи Русия.

Ин шаҳрванди Тоҷикистон барои расонидани телефон ба нафари зиндонӣ хостааст аз технологияи замонавӣ истифода барад: барои ин ӯ квадрокоптерро зери ҳадафи худ қарор додааст.

"Дар зиндони ислоҳотии рақами 2 дастгоҳи бидуни сарнишини парвозкунанда - квадрокоптеро дастгир карданд, ки дар ҳудуди муассиса парвоз мекард", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ин схемаи ҷавон, ки бояд ба кор мерафт, сустиҳои худро ошкор кард: дронро кормандони колония дастгир карданд.

ВКД-и Русия гуфт, муҳоҷирони кадом кишварҳои Осиёи миёна бештар садама мекунанд

Нисбати ҷавони тоҷик парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ боз шудааст.

266
Семья мигрантов из Таджикистана, архивное фото

Тарҳи қонуни нав дар Русия: як гурӯҳи муҳоҷирон депорт нашаванд - кадом?

1025
(Таҷдидшуда 11:55 15.01.2021)
Дар Русия пешниҳод карданд, то муҳоҷиронеро, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ доранд ва хешу табори шаҳрванди Русия ҳастанд, депорт накунанд

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Ба Думаи давлатии Русия тарҳи қонун нав ворид шудааст. Мувофиқи он муҳоҷироне, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ доранд, вале хешованди наздики шаҳрванди Русия ҳастанд, депорт карда нашаванд, хабар медиҳад "Парламентская газета".

Лоиҳаи дахлдорро ба Думаи давлатӣ муовини роҳбари Кумитаи назорат ва танзим дар Думаи Давлатӣ Наталя Костенко пешниҳод кардааст.

Қонунгузории муҳоҷират дар назар дорад, ки чунин гузашт танҳо барои хориҷиёне, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ доранд, на ҷиноятӣ карда мешавад.

Тарҳи нав пешниҳод мекунад, муҳоҷире, ки хеши наздикаш - шаҳрванди Русия аст ва дар ин кишвар доимӣ зиндагӣ мекунад, депорт нашавад, чун ӯ аз имкони зиндагӣ бо хешовандони наздик, тарбияи фарзанд ва дастгирии онҳо дар Русия маҳрум мешавад.

Тағйироти нархи патент барои муҳоҷирон дар Русия дар соли 2021

Пешниҳод шудааст, ки чунин гурӯҳи муҳоҷирон аз кишвар хориҷ карда нашаванд ва иҷозатномаи истиқомати муваққатӣ ё иҷозатномаи истиқомати онҳоро бекор нашавад.

Дар ин миён, тибқи қонунгузории амалкунанда, як шаҳрванди хориҷӣ метавонад аз иҷозатномаи истиқомати муваққатӣ ё иҷозати истиқомат барои ду ва ё зиёда ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба вайронкунии тартиботи ҷамъиятӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ё вайрон кардани қонунгузории муҳоҷират маҳрум карда шавад.

Ғайр аз ин, муҳоҷире, ки ҷиноят содир намуда, ба амнияти кишвар хатар дорад, дар давоми панҷ сол ҳаққи вуруд ба Федератсияи Русияро аз даст медиҳад.

Тарҳи нав барои таъмини ҳифзи арзишҳои оилавӣ ва сарбории иловагӣ ба додгоҳҳо пешбинӣ шудааст.

"Агар шахс зарари ҷиноятҳояшро ба давлат ҷуброн кунад, пас чаро вай Русияро тарк кунад ва оилаи ӯ аз ин зарар бинад", - омадааст дар шарҳи қонун.

ВКД низ таваҷҷӯҳ карда, ки аксар вақт оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ барои муҳоҷир  ба хавфи ҷинояти содиркардаи ӯ мувофиқат намекунанд.

Феълан бошад, бекор кардани депортатсияро метавон танҳо тавассути додгоҳ ҳал кард.

1025
Барчаспҳо:
муҳоҷират, депорт, Русия

Путин "Спутник V"- ро беҳтарин ваксина дар ҷаҳон номида, ба эмкунии сартосарӣ супориш дод

312
(Таҷдидшуда 16:39 14.01.2021)
Сар аз ҳафтаи оянда бо супориши кишвардори Русия, Владимир Путин эмгузаронии сартосарӣ шурӯъ хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 14 январ - Sputnik. Кишвардори Русия Владимир Путин супориш додааст, ки аз авоили ҳафтаи оянда эмгузаронии сартосарӣ дар кишвар шурӯъ шавад.

"Ман аз шумо хоҳиш мекунам, ки эмгузаронии оммавии тамоми аҳолиро аз ҳафтаи оянда оғоз намуда, ҷадвали мувофиқи кор, ки барои дигар маризиҳо омода мешавад, таҳия кунед", - гуфт Владимир Путин.

Раисҷумҳури Русия бар ин бовар аст, ки ҷараёни эмгузаронии аҳолӣ бидуни мушкилӣ сурат мегирад. Ӯ таъкид намудааст, ки  "Спутник V" беҳтарин ваксина дар ҷаҳон аст ва бояд муассирияти ӯро дар шароити бурузи навъҳои нави коронавирус дақиқ кард.

Зимнан, муовини сарвазир Татяна Голикова хабар додааст, ки маъракаи эмгузаронии оммавӣ аз ҳафтаи оянда шурӯъ мешавад.

Таҳвили ваксина

Вазири тандурустии Русия Михаил Мишустин мегӯяд, интиқоли ваксинаи мазкур ба манотиқи гуногуни Русия ҳамарӯза аз ҳисоби истеҳсоли барзиёди он, афзоиш меёбад.

Ба гуфтаи ӯ, дар Русия талабот ба ваксинаи мазкур аз ҷониби одамони калонсол рӯ ба афзуншавӣ ниҳодааст. Зеро моҳи декабри соли гузашта, озмоиши ниҳоии ваксинаи "Спутник V" нишон дод, ки одамони аз 60 - сола боло низ метавонанд ваксина гиранд.

Даҳшати коронавирус дар Русия давоми як рӯз: беш аз 29 ҳазор мариз ва 457 мавриди фавт

Вазир таъкид намудааст, ки эмкунӣ асосан барои одамоне, ки аз маризии қанд ва ҳамчунин фарбеҳӣ азият мекашанд, махсусан зарур будааст.

Бояд зикр кард, ки Русия дар ҷаҳон аз аввалин кишварҳое буд, ки алайҳи маризии сироятии коронавирус ваксина истеҳсол кард. Ҳоло ду навъ ваксинаи сохти русӣ мавриди истифода қарор доранд.

312
Барчаспҳо:
Русия, эмгузаронӣ, супориш, Владимир Путин
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Врач в защитном костюме улыбается, архивное фото

Пас аз бемории коронавирус иммунитети бадан то кай пойдор мемонад?

0
(Таҷдидшуда 15:38 16.01.2021)
Ҳамагиршинос ва ё эпидемиологи рус гуфт, ки баъди аз сар гузаронидаи коронавирус иммунитети бадан то кай боқӣ мемонад

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Нафароне, ки коронавирусро аз сар гузаронидаанд, иммунитеташон ба ин беморӣ ним сол пойдор мемонад. Дар ин бора роҳбари Институти марказии эпидемиологии Русия Василий Акимкин изҳори назар кардааст.

Ба гуфтаи коршинос, иммунитет ба коронавирус баъди аз сар гузаронидани беморӣ то панҷ моҳ боқӣ мемонад ва пас аз он ба танозул меравад.

"Иммунитет аз се то панҷ моҳ пойдор мемонад ва сипас он то рафт кам мешавад, ҳатто аллакай пас аз моҳи сеюми беморӣ дараҷаи пастшавии иммунитет ба қайд гирифта мешавад", - гуфтаст Аминкин.

Дар ҳамин ҳол, коршинос таъкид кардааст, ки пас аз коронавирус бояд дар бадани инсон на танҳо антитела, балки иммунитети ҳуҷайрагӣ пайдо шавад.

Ёдрас мешавем, коронавирус бори нахуст дар бадани инсон охири соли 2019 дар шаҳри Вуҳани Чин ба қайд гирифта шуд. Беморӣ бо суръати кайҳонӣ бурун аз шаҳр ва кишвар паҳн шуд ва дар натиҷаи фаро гирифтани қариб тамоми кишварҳои олам, онро 11 марти соли 2020 Созмони тандурустии ҷаҳонӣ пандемия эълон кард.

Аз 2 миллион гузашт: охирин омори фавт аз коронавирус дар ҷаҳон

Тоҷикистон бори нахуст 30 апрел аз гирифтор шудани 15 нафар ба ин бемории ҳамагир хабар дод ва то имрӯз дар кишвар бештар аз 11 ҳазор нафар ба коронавирус дучор шудаанд ва тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, ҳудуди 99, 3 дар сади беморони КОВИД -19 шифо ёфтаанд.

0