Сироятёбӣ ё эмгузаронӣ аз COVID-19?: ҳамаи ҳақиқат дар бораи вируси корона

254
(Таҷдидшуда 18:33 25.12.2020)
Аллакай беш аз дусад ҳазор нафар пеш аз ҳама табибон, муаллимон, кормандони соҳаи иҷтимоӣ ба воксинаи “Спутник V” сохти Маркази Гамалея дастрасӣ пайдо карданд

ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik, Татьяна Пичугина. Маъракаи эмгузаронӣ дар минтақаҳо оғоз ёфт: ба минтақаҳо 330 ҳазор воя фиристода шуд ва тақрибан се миллиони дигар дар моҳҳои оянда равон карда мешавад. Умед аст, ки пеши роҳи эпидемияи COVID-19 гирифта мешавад. Бо вуҷуди ин, аксарият аз он хавотиранд, ки оё бо давое, ки дар як замони кӯтоҳ таҳия шудааст эмгузаронӣ кардан зарур аст ё не ва он чигуна ба саломати таъсир мерасонад. Мардум ба онаст, ки беҳтар аст бемор шаванду ин бемориро пушти сар кунанд. Тибқи Бунёди афкори умум, танҳо 42 дарсади мардумия Русия имкони эмгузаронӣ дар ояндаи наздикро истисно намедонанд. Ҷавобҳо ба сулҳои дар матлаби РИА Новости.

Воксинаи “Спутник V” аз чӣ иборат аст?

Аз ду аденовируси одамӣ, ad 26 ва ad 5 бо геноми тағйирёфта. Аденовирусҳои оддӣ боиси пайдоиши ОРВИ, илтиҳоби лавзаҳо ва аденоидҳо мешаванд. Барои тавлиди воксина, генҳои такрории микробро мекушанд – ё ба ибораи дигар, ахта мекунанд. Он қодир аст ба ҳуҷайра ворид шавад, аммо дубора наметавонад зиёд шавад. Ҳоло ин интиқолдиҳандаи безарар аст, ки қодир аст “интиқолаш”-ро ба суроғаи дақиқаш равон кунад.

Гене, ки дастур оид ба синтези сафедаи SARS-CoV-2 дорад, ҳамчун як “интиқолдиҳанда” амал мекунад. Онро ба геноми аденовируси "ахта шуда" дохил мекунанд. Вектор ба ҳуҷайра ворид мешавад, ва ба синтез кардани сафедаҳои гуногун, аз ҷумла спайк оғоз мекунад. Ҷисм ба он вокуниш нишон медиҳад ва ба ташкили масуният мушаххас оғоз мекунад. Ҳуҷайраҳои иммунӣ векторро вайрон мекунанд ва онро аз бадан ихроҷ мекунанд.

Оё воксина ягон чизи хатарнок дорад?

На. Аденовирусҳо ҳатто худ аз худ илтиҳоби сабуки сироятиро ба вуҷуд меоранд. Онҳо инчунин якчанд бартарӣ доранд. Масалан, геноми бузурги ДНК – ба ҳамин хотир безарар гардонидани онҳо мушкил нест, танҳо бояд ду генаро хомӯш кард. Ба ҳамин сабаб, онҳо ба геноми худ дар ДНК-и ҳуҷайраҳо ворид намешаванд ва ҳамин тавр дар онҷо ба навъи дигар (мутутсия) табдил намеебанд.

Оё дар он коронавирус ҳаст?

Векторҳои аденовирусӣ, ки аз он воксина иборат аст, дорои SARS-CoV-2 нестанд. Танҳо як гени он вуҷуд дорад - пайдарпайии хурди нуклеотидҳо, ки дастурҳо барои синтези сафедаи спайк - дар пӯсти коронавирусро мебошад. Бо ёрии он вирус ба мембранаи ҳуҷайра часпида, дохили он мешавад. Танҳо ин сафеда, ки дар ҷисми инсон ворид мешавад қодири дар бадани инсон вокуниш нишн диҳад, аммо боиси беморӣ шуда наметавонад.

Воксина чӣ гуна мекунанд? Ин дарднок аст?

Ба монанди дигар воксинаҳо, “Спутник V” низ бо сӯзандору ба мушак ворид карда мешавад. Ҷойи  сузандору каме дард хоҳад кард, ҳамчунин сурхиву хориш мушоҳида карда мешавад, аммо онҳо бидуни табобати махсус худ аз худ зуд рафъ мешаванд.

“Спутник V” дар ду марҳила муаррифӣ мешавад. Аввалан, шахс миқдори аввалро бо вектори аденовируси серотипи 26 мегирад. Боз пас аз 21 рӯз, андозаи дуюм дар асоси аденовируси серотипи панҷум мегирад. Ин махсус ҳамин хел карда шудааст: агар яке аз миқдори дору бад кор кунад, чунки ҷисм ба ин навъи аденовирус аз иммунитет бархурдор аст, пас миқдори дуввумаш кафолати муҳофизатро медиҳад. Нақшаи ду марҳилаи эмкунӣ (прайм-буст) дар ҷаҳон маълум аст ва хеле самаранок ба ҳисоб меравад.

Дар як мақолаи маҷалаи Lancet дар бораи натиҷаҳои марҳилаҳои якум ва дуюми озмоишҳои клиникии ин воксина, олимони Маркази Гамалея таъси баръаксеро, ки бештар бештаро мушоҳида мешавад номбар карданд: дард дар ҷои сӯзандору, таб, дарди сар, хастагӣ, дарди мушакҳо ва буғумҳо. Ҳарорат ба 37-38,4 дараҷа, ҳадди аксар то 38,5-38,9 дараҷа боло рафт.

Санҷишҳои марҳилаи якум ва дуюм миёни 120 нафари солим аз синну соли 18 то 60 сола гузаронида шуд. Таъсироти сахт надоштанд ва ба  мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ нашуданд. Натиҷаҳо, бехатарии ваксина дар асоси векторҳои аденовируси инсонро тасдиқ карданд ва барои бақайдгирии он дар Русия асос гузоштанд. Ҳоло санҷишҳо пас аз бақайдгирӣ идома доранд, ки қариб 40 ҳазор ихтиёриёнро дар бар мегиранд.

Дар ёддошти эмгузарони Gam-COVID-Vac-2020 ("Спутник V" номи тиҷории дору аст) мегӯяд, ки 5,7 дарсади одамон табларза, сардӣ, дарди сар, дарди бадан доранд. Беҳолӣ  ва бетобӣ, дилбеҳузурӣ –ҳамагӣ дар даҳ фоиз мушоҳида шуд. Шояд дар ҷои сӯзандоу дард пайдо шавад, инчунин баста шуда роҳи нафас ва дарди гулӯ низ мушоҳида шавад. Ин аксуламалҳои инфиродӣ мебошанд, ки пас аз як, ё то се рӯз мегузаранд.

Оё онҳоеро, ки ба COVID-19 сироят ёфтанд метавонанд худро эм кунанд?

Маълум нест, ки чӣ гуна воксина ба онҳое, ки бемор буданд, таъсир мерасонад - чунин дар ин замина таҳқиқот гузаронида нашудаанд. Аммо бояд гуфт, ки: пас аз сирояти коронавирус инсон бояд иммунитет пайдо кунад.

То ҳол, иммунитет чӣ  қадар тӯл мекашад маълум нест. Аммо, бо назардошти ҳолатҳои бақайдгирифтаи сирояти такрорӣ имкони сирояти дубора баъд аз чанд моҳ ё ним сол имкон дорад. Пас, дар ҳамин лаҳза Шумо бо эмгузрони бо воксина бояд интизор бошед. Онҳое, ки дар баҳор бемор шуда буданд, имкон дорад масунияташон аллакай суст шуда бошанд.

Коршинос муносибати манфии Ғарб бар ваксина “Спутник V”-ро тавзеҳ дод

Оё пас аз воксина гирифтан ниқоб пӯшидан лозим аст?

Ҳатмист. Иммунитет пас аз се ҳафтаи миқдори дуюми воксина (рӯзи 42-юми сӯзандоруи аввал) пурра инкишоф меёбад. Дар ин давра, шахс ҳанӯз пурра муҳофизат нашудааст, бинобар ин, ҳамаи чораҳои пешгирикунанда бояд риоя шаванд. Ғайр аз он, реҷаи ниқоб дар Русия аз охири моҳи октябр амал мекунад ва бекор карда нашудааст. Ниқобро дар ҷойҳои серодам бояд ҳама пӯшанд, новобаста аз он, ки шахс бар зидди COVID-19 эм карда шудааст ё не.

Расонаҳо дар бораи беморони COVID-19 пас аз эмгузаронӣ менависанд

Чунин ҳолатҳо имконпазиранд ва дар ин ҷо бояд  фаҳмид, ки сабаб ва натиҷа дар чист. Дар воксинаи Гамалея ягон бедоркунандаи COVID-19 мавҷуд нест, ба ҳамин хотир он наметавонад бемориро ба вуҷуд орад. Агар шахс пас аз эмкунӣ ба беморӣ гирифтор шуда бошад, ин маънои онро дорад, ки дар вақти ваксина ӯ аллакай сироят ёфта буд. Аммо ба сабаби набудани аломатҳо вай дар ин бора хабар надошт.

Агар сироят дар як муддати кӯтоҳ ё дар рӯзи эмкунӣ ба амал омада бошад, пас озмоишҳои қаблӣ барои мавҷудияти коронавирус ва антителаҳо метавонанд манфӣ бошанд.

Оё беҳтар нест, ки ба ҷои воксина ба вируси COVID-19 гирифтор шави?

Дар бораи эмгузаронӣ ҳар як шахс мустақилона ё бо табибаш тасмим мегирад. Агар ягон нишондиҳанда набошад, ҳамаи хатарҳоро ба саломатиро бояд баркашид. Ғайр аз ин, назарҳое вуҷуд дорад, ки танҳо пас аз воксина гирифтан иммунитети инсон қавитар мешавад.

Моделҳо нишон медиҳанд, ки 22 дарсади аҳолии ҷаҳон ҳадди аққал як беморӣ доранд, ки хатари шадиди сироятёбӣ ба COVID-19-ро зиёд мекунад. Ҳатто шакли сабуки ин вирус  ба ҷисми инсон зарбаи сахт мезанад.Баъзе одамоне, ки бемор буданд, "думи ковид" -ии дароз доранд – бо оқибатҳои номатлуб.

Таъсири ин беморӣ дар лавоми муҳлати тӯлонӣ то ҳол таҳқиқ нашудааст. Бояд дар бораи аз даст додани қобилияти кории  ҳадди аққал ду ҳафта ва хариди доруҳои қимат  фикр кард. Аз ҳама муҳим, эҳтимоли зиёд шудани сироят миёни аҳли оила, ба хуусус пиронсолон мавҷуд аст.

254
Барчаспҳо:
дастрасӣ, табибон, Спутник, вируси корона, Русия
Семья мигрантов из Таджикистана, архивное фото

Тарҳи қонуни нав дар Русия: як гурӯҳи муҳоҷирон депорт нашаванд - кадом?

1025
(Таҷдидшуда 11:55 15.01.2021)
Дар Русия пешниҳод карданд, то муҳоҷиронеро, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ доранд ва хешу табори шаҳрванди Русия ҳастанд, депорт накунанд

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Ба Думаи давлатии Русия тарҳи қонун нав ворид шудааст. Мувофиқи он муҳоҷироне, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ доранд, вале хешованди наздики шаҳрванди Русия ҳастанд, депорт карда нашаванд, хабар медиҳад "Парламентская газета".

Лоиҳаи дахлдорро ба Думаи давлатӣ муовини роҳбари Кумитаи назорат ва танзим дар Думаи Давлатӣ Наталя Костенко пешниҳод кардааст.

Қонунгузории муҳоҷират дар назар дорад, ки чунин гузашт танҳо барои хориҷиёне, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ доранд, на ҷиноятӣ карда мешавад.

Тарҳи нав пешниҳод мекунад, муҳоҷире, ки хеши наздикаш - шаҳрванди Русия аст ва дар ин кишвар доимӣ зиндагӣ мекунад, депорт нашавад, чун ӯ аз имкони зиндагӣ бо хешовандони наздик, тарбияи фарзанд ва дастгирии онҳо дар Русия маҳрум мешавад.

Тағйироти нархи патент барои муҳоҷирон дар Русия дар соли 2021

Пешниҳод шудааст, ки чунин гурӯҳи муҳоҷирон аз кишвар хориҷ карда нашаванд ва иҷозатномаи истиқомати муваққатӣ ё иҷозатномаи истиқомати онҳоро бекор нашавад.

Дар ин миён, тибқи қонунгузории амалкунанда, як шаҳрванди хориҷӣ метавонад аз иҷозатномаи истиқомати муваққатӣ ё иҷозати истиқомат барои ду ва ё зиёда ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба вайронкунии тартиботи ҷамъиятӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ё вайрон кардани қонунгузории муҳоҷират маҳрум карда шавад.

Ғайр аз ин, муҳоҷире, ки ҷиноят содир намуда, ба амнияти кишвар хатар дорад, дар давоми панҷ сол ҳаққи вуруд ба Федератсияи Русияро аз даст медиҳад.

Тарҳи нав барои таъмини ҳифзи арзишҳои оилавӣ ва сарбории иловагӣ ба додгоҳҳо пешбинӣ шудааст.

"Агар шахс зарари ҷиноятҳояшро ба давлат ҷуброн кунад, пас чаро вай Русияро тарк кунад ва оилаи ӯ аз ин зарар бинад", - омадааст дар шарҳи қонун.

ВКД низ таваҷҷӯҳ карда, ки аксар вақт оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ барои муҳоҷир  ба хавфи ҷинояти содиркардаи ӯ мувофиқат намекунанд.

Феълан бошад, бекор кардани депортатсияро метавон танҳо тавассути додгоҳ ҳал кард.

1025
Барчаспҳо:
муҳоҷират, депорт, Русия

Путин "Спутник V"- ро беҳтарин ваксина дар ҷаҳон номида, ба эмкунии сартосарӣ супориш дод

312
(Таҷдидшуда 16:39 14.01.2021)
Сар аз ҳафтаи оянда бо супориши кишвардори Русия, Владимир Путин эмгузаронии сартосарӣ шурӯъ хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 14 январ - Sputnik. Кишвардори Русия Владимир Путин супориш додааст, ки аз авоили ҳафтаи оянда эмгузаронии сартосарӣ дар кишвар шурӯъ шавад.

"Ман аз шумо хоҳиш мекунам, ки эмгузаронии оммавии тамоми аҳолиро аз ҳафтаи оянда оғоз намуда, ҷадвали мувофиқи кор, ки барои дигар маризиҳо омода мешавад, таҳия кунед", - гуфт Владимир Путин.

Раисҷумҳури Русия бар ин бовар аст, ки ҷараёни эмгузаронии аҳолӣ бидуни мушкилӣ сурат мегирад. Ӯ таъкид намудааст, ки  "Спутник V" беҳтарин ваксина дар ҷаҳон аст ва бояд муассирияти ӯро дар шароити бурузи навъҳои нави коронавирус дақиқ кард.

Зимнан, муовини сарвазир Татяна Голикова хабар додааст, ки маъракаи эмгузаронии оммавӣ аз ҳафтаи оянда шурӯъ мешавад.

Таҳвили ваксина

Вазири тандурустии Русия Михаил Мишустин мегӯяд, интиқоли ваксинаи мазкур ба манотиқи гуногуни Русия ҳамарӯза аз ҳисоби истеҳсоли барзиёди он, афзоиш меёбад.

Ба гуфтаи ӯ, дар Русия талабот ба ваксинаи мазкур аз ҷониби одамони калонсол рӯ ба афзуншавӣ ниҳодааст. Зеро моҳи декабри соли гузашта, озмоиши ниҳоии ваксинаи "Спутник V" нишон дод, ки одамони аз 60 - сола боло низ метавонанд ваксина гиранд.

Даҳшати коронавирус дар Русия давоми як рӯз: беш аз 29 ҳазор мариз ва 457 мавриди фавт

Вазир таъкид намудааст, ки эмкунӣ асосан барои одамоне, ки аз маризии қанд ва ҳамчунин фарбеҳӣ азият мекашанд, махсусан зарур будааст.

Бояд зикр кард, ки Русия дар ҷаҳон аз аввалин кишварҳое буд, ки алайҳи маризии сироятии коронавирус ваксина истеҳсол кард. Ҳоло ду навъ ваксинаи сохти русӣ мавриди истифода қарор доранд.

312
Барчаспҳо:
Русия, эмгузаронӣ, супориш, Владимир Путин
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Медицинские работники в отделении реанимации и интенсивной терапии в госпитале для больных COVID-19

Ҳолатҳои нави сироятёбӣ ба коронавирус дар Чин: мутахассисони СҶБ вориди Вуҳон шуданд

0
(Таҷдидшуда 15:33 16.01.2021)
Созмони ҷаҳонии беҳдошт ахиран омори нави гирифторон ба коронавирус дар ҷаҳонро эълон кард

ДУШАНБЕ, 16 январ – Sputnik. Тибқи иттилои Созмони ҷаҳонии беҳдошт то санаи 15 январ шумори сироятшудагон  ба 91 миллиону  816 ҳазору 091 нафар расид.

Тибқи иттилои манбаъ, ҷонбохтагон 1  миллиону 986 ҳазору 871 нафар расидаааст.

Дар ҳамин ҳол, шумори муолиашудагон ба беш аз 67 миллиону нафар расидааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар додааст, ки намояндагони Созмони ҷаҳонии беҳдошт барои муайян кардани ҷойю макони аввали зуҳури вируси корона ба Вуҳони Чин ворид шуданд.

Тибқи иттилои расида ин коршиносон дар ҳайати 14 нафар ба Чин рафтанд, гуфтушуниди дурудароз билохира самар дод ва Чин 14 январи соли равон ба коршиносону мутахассисони байналмилалӣ иҷозаи вуруд дод.

Дар ин ҳайат вирусшиносон аз Амрико, Австралия, Олмон, Ҷопон, Британияи Кабир, Русия, Нидерландия, Қатар ва Ветнам шомиланд.

Ҳамзамон манбаъ иттилоъ додааст, ки дар Чин бори аввал аз моҳи марти соли гузашта то ба имрӯз шумори зиёди гирифторони нав ба коронавирус ба қайд гирифта шуд. Мақомот гуфтанд, ки шабонарӯзи гузашта 144 нафар чун мубталои нав сабт шуд (моҳи марти соли гузашта 202 нафар буд).  Дар қиёс ба мамолики дигар ин омор чандон зиёд ҳам нест, вале ҳукуматдорони Чин онро чун як бонги изтироб қабул мекунанд.

0
Барчаспҳо:
омор, вируси корона, ҷаҳон, вирус, Чин