Иностранные студенты в МГППУ

Таҳсилот - онлайн: чигуна довталабони тоҷик метавонанд ба донишгоҳҳои Русия роҳ ёбанд

106
(Таҷдидшуда 16:14 28.12.2020)
Дар даврони пандемияи коронавирус, довталабон аз Тоҷикистон метавонанд амалан ба донишгоҳҳои Русия дохил шаванд. Чигуна? - аз маводи Sputnik Тоҷикистон бихонед

ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Яке аз пешсафони таҳсилоти муосири Русия дар соҳаи равоншиносӣ - Донишгоҳи давлатии равоншиносӣ ва педагогикаи Маскав (МГППУ) - дар бораи қабул ва таҳсили довталабон барои соли хониши 2021 дар рӯзи дарҳои кушода 17 январ онлайнӣ маълумот медиҳад.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти донишгоҳ, МГППУ 23 самти таҳсили бакалаврӣ ва зиёда аз 50 барномаҳои баъдидипломӣ ва мутахассисонро амалӣ менамояд. Инчунин, донишгоҳ бо Донишгоҳи Пловдив (Булғористон) ва Донишгоҳи якуми Рими Sapienza (Италия) дар соҳаҳои гуногуни психология барномаҳои магистрии ду дараҷа боз кардааст.

Ба Русия наомадаву дипломро ҳимоя кун: вазорати илм ба хориҷиён имкониятҳои нав дод

Дар маҷмӯъ, дар MГППУ 124 нафар аз кишварҳои хориҷи наздик ва дур таҳти барномаҳои бакалавр, магистр, мутахассис, байналмилалии мобилӣ таҳсил мекунанд, ки 97 нафарашон аз кишварҳои ИДМ мебошанд. Омӯзиш ҳам дар шакли рӯзона, ғоибона ва рӯзона- ғоибона ва фосилавӣ гузаронида мешавад.

Тибқи иттилои расмӣ, ҳоло дар донишгоҳ панҷ донишҷӯ аз Тоҷикистон таҳсил мекунанд. Аз ҷумла, се нафар тибқи барномаҳои бакалаврии "Психология" ва "Информатикаи амалӣ", як хориҷӣ - дар доираи магистратураи "Психология", як нафари дигар - дар доираи барномаҳои баъдидипломии "Психология" таҳсил мекунанд.

Студенты МГППУ отмечают новый год
© МГППУ
Студенты МГППУ отмечают новый год

Тавре дар Донишгоҳи давлатии равоншиносӣ ва маорифи Маскав қайд шудааст, довталабон аз Тоҷикистон имкони вуруд ба ҷойҳои буҷетиро дар шароити баробар бо шаҳрвандони Русия доранд. Ғайр аз ин, номзадҳо аз ҳар як кишвар бо сабаби квотаи Ҳукумати ФР барои таҳсили шаҳрвандони хориҷӣ ҳаққи таҳсил дар донишгоҳро доранд.

"Ман ҳамеша ба фанни информатика дар мактаб таваҷҷӯҳ доштам: эҷоди барномаҳои гуногун, замимаҳо, вебсайтҳо, аз ин рӯ ба факултаи технологияҳои иттилоотӣ дохил шудам. Дар бораи ихтисоси худ бисёр фикр мекардам ва бо итминон гуфта метавонам, ки информатикаи амалӣ дар соҳаи психология самти хеле муҳим аст. Агар мо ин фанҳоро якҷоя кунем ва аз онҳо беҳтаринро гирем, он гоҳ мо тамоман як чизи навро,  пайдо хоҳем кард, ки дар он ҷо барои кашфиёт ҷой ҳаст ", - мегӯяд Умеҷон Назиров, донишҷӯи факултаи технологияҳои иттилоотии Донишгоҳи давлатии психология ва маорифи Маскав аз шаҳри Конибодом.

Ҳамроҳии донишҷӯёни хориҷӣ аз маъракаи қабул ва имтиҳонҳои дохилшавӣ оғоз ёфта, онро хадамоти байналмилалии донишгоҳ дар якҷоягӣ бо комиссияи қабул ва факултетҳо анҷом медиҳад.

Куратор - донишҷӯи ҳамин донишгоҳ аст, ки ба донишҷӯи хориҷӣ бо мақсади кӯмак дар мутобиқшавӣ, ҳалли мушкилоти гуногун, гузаронидани чорабиниҳои якҷояи фароғатӣ, дастгирии психологӣ вобаста карда шудааст. Куратори донишҷӯёни хориҷӣ шахси масъул, посухгӯ ва муошираткор аст, ки ҳамеша омода аст ба донишҷӯи хориҷӣ кумак кунад, дастгирӣ кунад", - гуфт мудири шӯъбаи равобити байналмилалии Донишгоҳи давлатии равоншиносӣ ва маорифи Маскав Наталя Байковская.

Ба гуфтаи вай, кураторҳо, чун қоида, донишҷӯён аз байни шаҳрвандони Русия мебошанд, аммо донишҷӯи хориҷӣ низ метавонад донишҷӯ шавад.

"Бо вуҷуди ин, як донишҷӯи хориҷӣ, ки марҳилаи мутобиқшударо бомуваффақият паси сар кардааст, метавонад куратор таъин карда шавад ва ҳоло омода аст, ки таҷриба ва дониши худро ба дигар донишҷӯёни хориҷӣ мубодила кунад. Чунин кураторҳо махсусан арзишманданд, зеро онҳо худ аз худ медонанд, ки мутобиқшавӣ дар кишвари хориҷӣ чист", - гуфт Байковская.

Ҳар семестр МГППУ мубодилаи донишҷӯёнро бо донишгоҳҳои Италия, Словения, Дания, Руминия, Чин, аз ҷумла дар доираи барномаи Erasmus + анҷом медиҳад. Ҳар тобистон, инчунин дар шакли мубодилаи донишҷӯён, дар донишгоҳи ба номи Абовян (Арманистон) мактаби тобистона баргузор мешавад, мегӯяд роҳбари кафедраи равобити байналмилалии Донишгоҳи давлатии психология ва маорифи Маскав.

Тренинг иностранных студентов в МГППУ
© МГППУ
Тренинг иностранных студентов в МГППУ

МГППУ бо созмонҳои 19 кишвар 56 созишномаи гуногуни байналмилалӣ бастааст. Дар байни лоиҳаҳои байналмилалии муҳимтарин ҳамасола донишгоҳи байналмилалии тобистонаи  донишгоҳи ISCAR мебошад. Лоиҳаи мазкур ба мушкилоти психологияи фарҳангию таърихӣ бахшида шудааст, шунавандагони он олимони ҷавони тамоми ҷаҳон мебошанд", - афзуд Байковская.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти донишгоҳ, имсол бинобар пандемияи коронавирусӣ, тамоми ҳамкориҳо бо довталабони хориҷӣ (пешниҳоди ҳуҷҷатҳо, супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ, номнависӣ) дар шакли дистансионӣ сурат гирифт.

"Имрӯзҳо таҳсили донишҷӯёни хориҷӣ, ки дар хориҷа қарор доранд, онлайн сурат мегирад: устодон дар платформаҳои Zoom ва Mirapolis лексияҳоро мехонанд, донишҷӯён супоришҳои иҷрошударо тавассути почтаи электронӣ мефиристанд. Ҳамкорӣ бо деканҳо ва шӯъбаи равобити байналмилалӣ инчунин тавассути почтаи электронӣ ё WhatsApp амалӣ карда мешавад" - таъкид мекунад хадамоти матбуоти донишгоҳ.

Студенты МГППУ отмечают новый год в Китае
© МГППУ
Студенты МГППУ отмечают новый год в Китае

Донишгоҳи давлатии равоншиносӣ ва маорифи Маскав ба феҳрасти "Беҳтарин факултетҳо ва донишгоҳҳои шаҳри Маскав тибқи версияи hh.ru 2019-2020"  дохил шуд: Факултаи психологияи иҷтимоӣ дар феҳристи беҳтарин факултетҳо дар идоракунии кадрҳо, ки ба хатмкунандагон дар бозори меҳнат бартариҳои ҳадди аксар медиҳад, дохил шуд. Донишгоҳ инчунин дар рейтинги донишгоҳҳои "Эътирофи миллӣ" (2019) аз фанни "Психология" (ҷои 2) муаррифӣ шудааст.

106
Барчаспҳо:
довталаб, таҳсил, донишҷӯ, Русия
Самолет, на фоне заката

Тавофуқи Тоҷикистону Русия ба интиқоли нахустин гурӯҳи муҳоҷирон - вақти сафар маълум шуд

939
Вазорати меҳнати Тоҷикистон ба интиқоли 434 муҳоҷири меҳнатӣ ба кор ба соҳаи сохтмон дар шаҳри Иркутск бо Русия ба тавофуқ расид

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба вилояти Иркутск 434 муҳоҷири меҳнатиро дар мувофиқа бо ширкатҳои сохтмонии Русия ирсол мекунад. Дар ин бора вазорат гузориш додааст.

"Вазорати меҳнат тибқи дастури муовини сарвазири ҳукумати Русия Татяна Голикова дар доираи ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ созишнома ба имзо расонид ", - омадааст дар иттилоия.

Инчунин қайд карда мешавад, ки қарор аз ҷониби ситод оид ба пешгирӣ аз воридот ва паҳншавии коронавирус дар Федератсияи Русия тасдиқ карда шудааст.

Тибқи созишнома, 434 муҳоҷири меҳнатӣ аз Тоҷикистон соҳиби ҷойҳои кории кафолатнок шуданд ва дар Иркутск дар ҶДММ "Промстроймаш", ҶДММ "Сибстальстрой" ва ҶДММ "СМПК-7" бо кор таъмин карда мешаванд.

Гурӯҳи якуми коргарон дар аввали ҳафтаи оянда ба Иркутск парвоз хоҳанд кард, ҳоло масъалаҳои ташкилӣ ҳамоҳанг карда мешаванд, илова ба Вазорати меҳнат.

Тибқи иттилои ин шӯъба, тамоми хароҷоти парвозҳо, карантини дуҳафтаина, ҳуҷҷатгузорӣ, хобгоҳ ва хӯрок аз ҳисоби ширкатҳои дар боло зикршуда пардохта мешавад.

939

Тасмими Собянин: дар Маскав коргарони сохтмонҳо эм мешаванд - ихтиёрӣ

221
(Таҷдидшуда 14:40 23.01.2021)
Ба таъкиди муовини раиси шаҳри Маскав, эмгузаронии сохтмончиён дар пойтахт танҳо бо хоҳиши худи онҳо сурат мегирад

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Дар ояндаи наздик, дар сохтмонгоҳҳои шаҳри Маскав пойгоҳҳои сайёри эмгузаронӣ пайдо мешаванд, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба маълумоти Андрей Бочкарев муовини раиси пойтахт оид ба сиёсати шаҳрсозӣ ва сохтмон.

"Мо нақша дорем, ки эмгузаронии оммавии бинокоронро гузаронем ва эҳтимол ин марказҳои сайёр бошанд, ки ҳамаи расмиёти заруриро иҷро мекунанд", - изҳор доштаст Бочкарев.

Ба таъкиди ӯ, эмгузаронӣ танҳо бо хоҳиши бинокорон сурат мегирад.

Аммо ӯ зикр намуд, ки алъон ҳамагон дар як вазъияти ташвишовар қарор доранд ва "ягона роҳи дуруст дар мубориза бо вирус, ин эм гирифтан аст".

Муовини Собянин мегӯяд, бунгоҳҳои эмгузаронӣ аллакай омода ҳастанд ва ҳамагӣ ду ё се ҳафта пас, эмгузаронии оммавӣ дар иншооти сохтмонии шаҳри Маскав доир мегардад.

Эмгузаронии оммавӣ алайҳи COVID-19 дар Русия оғоз мешавад-навор

Ногуфта намонад, ки аксари коргарони сохтмонҳо дар Русияро маҳз муҳоҷирон ташкил медиҳанд.

Эмгузаронии оммавӣ дар Русия сар аз 18 январ, пас аз супориши Владимир Путин оғоз ёфт. Ҳамакнун шаҳрвандони ин кишвар метавонанд бевосита аз миёни ду ваксинае, ки дар Русия сабти ном шудаанд, якеро интихоб намуда эм гиранд.

Ҳукумати Русия ҳанӯз моҳи декабри соли гузашта эълон намуд, ки нахуст пизишкону муаллимон, кормандони хизматрасонии иҷтимоӣ ва ҳамчунин нафароне, ки маризи қанду дил ва фарбеҳӣ доранд, эм мешаванд.

221
Барчаспҳо:
эмгузаронӣ, сохтмон, коргарон, Маскав
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Бокс, архивное фото

Воҳидов камарбанди WBO-ро гирифт: набарди дидании муштзани шикастнадидаи тоҷик-видео

0
(Таҷдидшуда 00:27 24.01.2021)
Асрор Воҳидов, муштзани шикастнадидаи тоҷик, дар мусобиқаи байналмиллалии “RCC Boxing Promotions” камарбанди WBO (Созмони ҷаҳонии бокс)-ро соҳиб гашт

ДУШАНБЕ, 23 янв – Sputnik. Ин рақобати нуҳуми Воҳидов буд, ки бидуни шикаст поён ёфт.

Мусобиқот шоми имрӯз дар шаҳи Екатеринбург баргузор гардида, Воҳид Асроров намояндаи Африқои Ҷанубӣ Тато Бонокоанеро шикаст дод.

Мавриди зикр аст, ки рақобат барои ҳарду варзишкор шадид оғоз шуд, аммо Воҳидов майдондориро аз даст намедод ва ин буд, ки пас аз зарбаҳои шадиди пайиҳам ҳарифашро дар даври 9-ум нокаут кард.

Гуфта мешавад, ин рақобат барои Воҳидов зарурӣ буд, зеро он барои камарбанди WBO Oriental баргузор шуда буд.

Видеои муштзании Воҳидови шикастнадида бо “Ракета”-и қазоқ: пирӯзӣ баъди нокдаун-навор

Ҳамакнун Воҳидови 26-сола дар 9 сабқати касбӣ 9 пирӯзӣ ба даст овард.

Асрор Воҳидов 20 октябри соли 1995 дар Исфара таваллуд шудааст. Варзишгар дар вазнҳои то 52 кг ва то 56 кг баромад мекунад.

0