Многофункциональный истребитель Су-57

Ҳавопаймои ҷангии Русия Су-57 ҷаҳонро фатҳ кардааст: ин ҷанганда чӣ хусусият дорад?

337
(Таҷдидшуда 15:25 28.12.2020)
Ҳавопаймои ҷангандаи насли панҷуми Су-57 бо хусусиятҳои беназири тактикӣ ва техникӣ, бо нишонаҳои технологияҳои насли шашум, шиносии сареъи байналмилалӣ, дурнамои рушд ва иқтидори баланди содиротӣ дар ҳайрат мегузорад

ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Аввалин ҳавопаймои ҷангии Су-57 ба артиши Русия моҳи декабри соли равон дастрас хоҳад шуд.

Аввалин ҳавопаймои ҷангии насли панҷум бо муҳаррики марҳилаи дуюм соли 2022 сохта  мешавад. Дар маҷмӯъ то  охири соли 2024, 22 ҳавопаймоии ҷангии Су-57 дар ихтиёри нерӯҳои ҳавоии Русия гузошта мешавад. Дар ҳамин ҳол гуфта шудааст, ки то соли 2028 – дар ихтиёри артиши Русия 76 адад ҳавопаймои Су-57 супорида мешад. Ҳавопаймоҳои новнишини Су-57 то охири соли 2021 сохта мешавад.

Аллакай барои хариди ҳавопаймои ҷангии Су-57 ҳашт кишвар дар навбат истодаанд.

Озмоишҳои Су-57 ба итмом расиданд

Андрей Елчанинов, муовини аввали раиси Раёсати Комиссияи ҳарбӣ-саноатии Русия гуфт: "Имкониятҳои гуногуни содиротӣ баррасӣ мешаванд: фурӯши ҳавопаймои алоҳида ё ҳавопаймо бо маҷмӯи пурраи силоҳ ва бо низоми хизматрасонӣ пас аз фурӯш"

Алҷазоир аввалин кишваре буд, ки аз Русия барои хариди 14 ҷангандаи Су-57Е дархост кард. Бузургтарин фармоишгари эҳтимолии Су-57 Ҳиндустон мебошад, ки ният дорад ҳавопаймоҳои тайёр бихарад ва дар дохили кишвараш лоиҳаи истеҳсоли литсензиониро тақвият диҳад (монанде, ки қаблан бо истеҳсоли авопаймоҳаои ҷангии МиГ-21, МиГ-27 ва Су-30 буд). Бояд гуфт, ки нерӯҳои ҳавоии Ҳиндустон ба ҳавопаймоҳои ҷангии дунафра афзалият медиҳанд ва Русия омода аст бо ин шарики муҳим дар ин масъала мулоқот кунад.

Ба ҷуз аз Ҳиндустон ва Алҷазоир, инчунин ба ин ҳавопаймо Чин, Мянмар, Ветнам, Малайзия, Эрон ва Туркия таваҷҷӯҳи зоҳир карданд.

Интизор меравад, ки шумораи кишварҳои хориҷӣ, ки мехоҳанд аз ин ҳавопаймо харидорӣ намоянд пайваста афзоиш ёбад, зеро ҷангандаҳои насли чаҳорум фарсуда шуданд. Имрӯз ва дар ояндаи наздик ҳавопаймои ҷангии Су-57 дар бозори ҷаҳонӣ рақибе надорад.

Эҳтимол дорад ҳавопаймои Су-57 бо ҳавоппаймои дигари низомии сохти Русия МиГ-41, ки калонтар ва гаронтар хоҳад буд рақобат кунад.

337
Барчаспҳо:
техникӣ, ҷангӣ, ҳавопаймо, Русия
Семья мигрантов из Таджикистана, архивное фото

Тарҳи қонуни нав дар Русия: як гурӯҳи муҳоҷирон депорт нашаванд - кадом?

1038
(Таҷдидшуда 11:55 15.01.2021)
Дар Русия пешниҳод карданд, то муҳоҷиронеро, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ доранд ва хешу табори шаҳрванди Русия ҳастанд, депорт накунанд

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Ба Думаи давлатии Русия тарҳи қонун нав ворид шудааст. Мувофиқи он муҳоҷироне, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ доранд, вале хешованди наздики шаҳрванди Русия ҳастанд, депорт карда нашаванд, хабар медиҳад "Парламентская газета".

Лоиҳаи дахлдорро ба Думаи давлатӣ муовини роҳбари Кумитаи назорат ва танзим дар Думаи Давлатӣ Наталя Костенко пешниҳод кардааст.

Қонунгузории муҳоҷират дар назар дорад, ки чунин гузашт танҳо барои хориҷиёне, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ доранд, на ҷиноятӣ карда мешавад.

Тарҳи нав пешниҳод мекунад, муҳоҷире, ки хеши наздикаш - шаҳрванди Русия аст ва дар ин кишвар доимӣ зиндагӣ мекунад, депорт нашавад, чун ӯ аз имкони зиндагӣ бо хешовандони наздик, тарбияи фарзанд ва дастгирии онҳо дар Русия маҳрум мешавад.

Тағйироти нархи патент барои муҳоҷирон дар Русия дар соли 2021

Пешниҳод шудааст, ки чунин гурӯҳи муҳоҷирон аз кишвар хориҷ карда нашаванд ва иҷозатномаи истиқомати муваққатӣ ё иҷозатномаи истиқомати онҳоро бекор нашавад.

Дар ин миён, тибқи қонунгузории амалкунанда, як шаҳрванди хориҷӣ метавонад аз иҷозатномаи истиқомати муваққатӣ ё иҷозати истиқомат барои ду ва ё зиёда ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба вайронкунии тартиботи ҷамъиятӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ё вайрон кардани қонунгузории муҳоҷират маҳрум карда шавад.

Ғайр аз ин, муҳоҷире, ки ҷиноят содир намуда, ба амнияти кишвар хатар дорад, дар давоми панҷ сол ҳаққи вуруд ба Федератсияи Русияро аз даст медиҳад.

Тарҳи нав барои таъмини ҳифзи арзишҳои оилавӣ ва сарбории иловагӣ ба додгоҳҳо пешбинӣ шудааст.

"Агар шахс зарари ҷиноятҳояшро ба давлат ҷуброн кунад, пас чаро вай Русияро тарк кунад ва оилаи ӯ аз ин зарар бинад", - омадааст дар шарҳи қонун.

ВКД низ таваҷҷӯҳ карда, ки аксар вақт оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ барои муҳоҷир  ба хавфи ҷинояти содиркардаи ӯ мувофиқат намекунанд.

Феълан бошад, бекор кардани депортатсияро метавон танҳо тавассути додгоҳ ҳал кард.

1038
Барчаспҳо:
муҳоҷират, депорт, Русия

Путин "Спутник V"- ро беҳтарин ваксина дар ҷаҳон номида, ба эмкунии сартосарӣ супориш дод

313
(Таҷдидшуда 16:39 14.01.2021)
Сар аз ҳафтаи оянда бо супориши кишвардори Русия, Владимир Путин эмгузаронии сартосарӣ шурӯъ хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 14 январ - Sputnik. Кишвардори Русия Владимир Путин супориш додааст, ки аз авоили ҳафтаи оянда эмгузаронии сартосарӣ дар кишвар шурӯъ шавад.

"Ман аз шумо хоҳиш мекунам, ки эмгузаронии оммавии тамоми аҳолиро аз ҳафтаи оянда оғоз намуда, ҷадвали мувофиқи кор, ки барои дигар маризиҳо омода мешавад, таҳия кунед", - гуфт Владимир Путин.

Раисҷумҳури Русия бар ин бовар аст, ки ҷараёни эмгузаронии аҳолӣ бидуни мушкилӣ сурат мегирад. Ӯ таъкид намудааст, ки  "Спутник V" беҳтарин ваксина дар ҷаҳон аст ва бояд муассирияти ӯро дар шароити бурузи навъҳои нави коронавирус дақиқ кард.

Зимнан, муовини сарвазир Татяна Голикова хабар додааст, ки маъракаи эмгузаронии оммавӣ аз ҳафтаи оянда шурӯъ мешавад.

Таҳвили ваксина

Вазири тандурустии Русия Михаил Мишустин мегӯяд, интиқоли ваксинаи мазкур ба манотиқи гуногуни Русия ҳамарӯза аз ҳисоби истеҳсоли барзиёди он, афзоиш меёбад.

Ба гуфтаи ӯ, дар Русия талабот ба ваксинаи мазкур аз ҷониби одамони калонсол рӯ ба афзуншавӣ ниҳодааст. Зеро моҳи декабри соли гузашта, озмоиши ниҳоии ваксинаи "Спутник V" нишон дод, ки одамони аз 60 - сола боло низ метавонанд ваксина гиранд.

Даҳшати коронавирус дар Русия давоми як рӯз: беш аз 29 ҳазор мариз ва 457 мавриди фавт

Вазир таъкид намудааст, ки эмкунӣ асосан барои одамоне, ки аз маризии қанд ва ҳамчунин фарбеҳӣ азият мекашанд, махсусан зарур будааст.

Бояд зикр кард, ки Русия дар ҷаҳон аз аввалин кишварҳое буд, ки алайҳи маризии сироятии коронавирус ваксина истеҳсол кард. Ҳоло ду навъ ваксинаи сохти русӣ мавриди истифода қарор доранд.

313
Барчаспҳо:
Русия, эмгузаронӣ, супориш, Владимир Путин
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Водохранилище Таджикское море

Паҳнкунандагони хабари дурӯғ дар бораи рахнашавии обанбори Қайроққум боздошт шуданд

0
Дар ин бора аз эфири телевизиони минтақавии Sirdaryo MTRK маълум шуд. Дар ҳоли ҳозир, аз рӯи ин далел тафтишоти пешакӣ идома дорад.

ДУШАНБЕ, 16 янв – Sputnik. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон шаҳрвандонеро боздошт карданд, ки дар бораи рахнашавии сарбанди обанбори Қайроққум маълумоти бардурӯғ паҳн кардаанд.

Дар ин бора шабакаи телевизиони минтақавии Sirdaryo MTRK маълумот додааст.

Дар ҷараёни тафтиш маълум шудааст, ки як сокини минтақаи Сардоба ба маълумоти беасоси шиносҳояш бовар карда, ба ҳамсараш амр додааст, ки фавран ба кӯча барояд.

Ин овозаҳо дар маҳаллаи "Дӯстлик" -и минтақаи Сардоба ваҳмро ба вуҷуд овард.Ғайр аз ин, як блогер аз минтақаи Акалтин дар Ютюб видеоеро нашр карда, мардумро ба тарки хонаҳо даъват кардву аз обхезӣ дар Тоҷикистон ҳушдор додааст.

Ғайр аз он, як сокини ноҳияи Мирзоободи ин хабарро аз шаҳрвандони ду ноҳияи дигар шунида, ба бедор кардани ҳамсояҳо шурӯъ кардаву  гуфтааст, ки ҳарчи зудтар аз хонаҳо бароянд.

Дар ҳоли ҳозир, аз рӯи ин далел тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Истеҳсоли барқ дар неругоҳи "Қайроққум"-ро то 38% зиёд мекунанд: барқрасонӣ хубтар мешавад

Ёдовар мешавем шаби 14 ба 15-уми январ овозаи рахнашавии сарбанди обанбори “Қайроққум”-и Тоҷикистон аъолиии чанд минтақаи Ӯзбекистонро дар таҳлука андохт.

"Қайроққум" то соли 2023 таҷдид мешавад

 Дар пайи ин ҳолат,  Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон хабарҳо дар бораи рахнашавии обанбори Қайроққумро рад кард ва мардумро ба оромӣ даъват карда гуфт, иншоот солим ва муътадил кор мекунанд.

0