ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Дар вилояти Твер рӯйхати касбҳое тасдиқ шуд, ки дар он мувофиқи қарори губернатори вилоят Игор Руден кирояи муҳоҷирон манъ аст.
Рӯйхати тасдиқшуда якчанд касбро дар бар мегирад, ки ба онҳо ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ манъ аст.
Ҳоло муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар асоси патент кор мекунанд, наметавонанд дар як қатор ҷойҳо кор пайдо кунанд.
Хоҷагии ҷангал ва коркарди чӯб, бо бархе истисноҳо, истеҳсоли пиво ва нӯшокиҳои спиртӣ ва спирт, сохтани иншооти гидротехникӣ, маҳсулоти резинӣ ва пластикӣ, дар рӯйхате қарор доранд, ки хориҷиён ба онҳо роҳ дода намешавад.
Ғайр аз он, интиқоли колову мусофирон низ ба муҳоҷирон мамнӯъ шуд.
Аз соли 2021 ба муҳоҷирон дар ин минтақа савдои яклухту чакана ва савдо тавассути агентҳо манъ карда мешавад.
Фурӯши мошину мотосикл истисноанд.
Вазорати кишоварзии Русия пешниҳод кард, ки муҳоҷирон "ба саҳро" бештар ҷалб карда шаванд
Аҷнабиён инчунин наметавонанд миёнарави молиявӣ бошанд ва ба ягон намуди фаъолият дар соҳаи маориф ва тандурустӣ машғул шаванд.
Ин тартибот ба шаҳрвандони Қирғизистон, Белорус ва Арманистон дахл надорад.
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik, Александр Хроленко. Киштии зериобии Ульяновск (лоиҳаи 09853) дар Севмаш соли 2017 оғоз ёфт ва дорои системаву механизмҳои муосир мебошад.
Мувофиқи маълумоти маҷаллаи Military Watch Magazine, ин киштиҳо намунаҳои хурди киштиҳои зериобии стратегии намуди “Борей” мебошанд. Фарқияти киштии “Уляновск” аз Хабаровск ва Белгород дар он аст, ки ин киштӣ ба сафи нерӯҳои дарёии Русия бо торпедаҳои беназири термоядроии “Посейдон” мепайвандад. Дар ояндаи наздик, Русия дар нақша дорад, нерӯҳои дарёии худ дар Шимол ва Уқёнуси оромро бо ду киштии барандаи “Посейдон” муҷаҳаз намояд.
“Посейдон” посухи ҷавобии Русия ба густариши НАТО ва ҳузури назарраси Пентагон дар Урупои Шарқӣ аст, ки метавонад ба имкониятҳои дифоии Русия хатар ворид кунад.
"Посейдон" яке аз пинҳонтарин лоиҳаҳои нерӯҳои дарёии Русия аст. Аз хабарҳое, ки қаблан интишор шуда буданд метавон имконияти ин низоми беназири боздории ҳастаиро ба таври комил тасаввур кард.
Киштии зериобии Уляновск ин идомаи консепсияи киштии Хабаровск аст. Дарозии ин киштӣ тақрибан 113 метр аст ва ин киштӣ метавонад то умқи 500 метр фурӯ равад. Суръати зериобии он зиёда аз 30 гиреҳ аст.
Шиноварии дарозмуддатро як нерӯгоҳи хурди куллан нави атомӣ таъмин мекунад. Ба ин киштӣ тақрибан 100 нафар хизмат мерасонанд. Ин киштӣ имкони бурди шаш торпедои термоядроии “Посейдон”-ро дорад. Ғайр аз ин, киштии зериобиро метавон бо мушакҳои болдори Калибр-ПЛ, мушакҳои босуръати Тсиркон ва системаи худмуҳофизи Пакет-ПЛ (барои дифоъ аз ҳамлаҳои торпедоии душман) –муҷаҳаз гардонида шавад.
“Посейдон” барои нобуд кардани гурӯҳҳои киштиҳои ҳавопаймобар, пойгоҳҳои бузурги низомӣ ва иншооти стратегии иқтисоди душман дар минтақаи соҳилӣ пешбинӣ шудааст. Ин низом ҳамчунин барои нобудсозии қаламрави васеъи кишвари зӯргӯ пешбинӣ шудааст.
Киштиии зериобии нави Русия дар маҷмӯъ - як киштии зериобии атомӣ бо торпедои термоядроии дурбурд дар дохили он аст, ки ба матрёшкаи русӣ монандӣ дорад ва хубаш онро халал нарасонӣ. Бидуни сабаб “Посейдон” ҳеҷ гоҳ фаъол намешавад.
Киштии бесарнишини ҳастаии “Посейдон” тақрибан 20 метр дарозӣ дорад ва 100 тонна вазн. Дурбурди он тақрибан номаҳдуд аст, ин силоҳ метавонад ба чуқурии 1000 метр фурӯ равад, ки барои ҳамаи торпедои муосири душмани дастнорас аст.
Ғайр аз ин, “Посейдон” бо кулоҳаки термоядроӣ дорои ақли компютерӣ буда ва қодир аст дар масофаи чанд ҳазор километр мустақилона амал кунад. Киштиии бесарнишин мувофиқи вазъ вазн ва суръатро интихоб мекунад. Суръати тезаш имкон медиҳад аз ҳар гуна таҳдидҳо паси сар кунад. Пайгирии “Поседон” тавассути таҷҳизоти гидроакустикӣ тақрибан ғайриимкон аст.
Вашингтон дар сиёсати зӯргӯёнаи хориҷии худ, бештар ба нерӯҳои дарёӣ такя мекунад ва тавасути шабакаҳои васеъи пойгоҳҳои низомии худ мехоҳад тамоми ҷаҳонро назорат намояд.
Русия ба ин ҷавобӣ баробар дод ва имрӯз омода аст, ки худро на танҳо бо киштиҳои зериобии стратегӣ балки бо дигар киштиҳои бисёрҳадафа муҳофизат кунад. Дар воқеъ, коршиносони амрикоӣ низ дарк мекунанд, ки “Посейдон” посух ба эҷоди системаҳои зиддимушакӣ ва афзоиши қудрати дарёии ИМА мебошад.
Ҷониби Амрико аз пайдоиши Посейдонҳои Русия ба таври ҷиддӣ нигарон аст.
“Посейдон”- ҳои Русия амният ва беҷазоии Иёлоти Муттаҳидаро зери хатар мегузоранд.
Бояд қайд кард, ки “Посейдон”-ҳои Русия бо нерӯгоҳои ҳастаӣ хурд ояндаи дурхшон доранд. Маскав ҳамеша ба гуфтушуниди баробарҳуқуқ ва сулҳомез бо шарикони хориҷии худ омода аст.
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия зимни нишасти матбуотӣ аз чигуна сурат гирифтани муносибатҳои минбаъдаи Русия ва Амрико гуфт.
"Ба ҳама мерасад": Амрико дар изҳороти "агрессияи Русия" чиро пинҳон мекунад
Ба боварии Лавров моҳияти сиёсати Амрико нисбати Русия дар замони президенти тозаинтихоб Ҷо Байден низ бетағйир мемонад.
Ҳамзамон, вазири рус изҳори умедворӣ кард, ки рафтори он кишвар дар қиболи Русия боодобтар мешавад.
"Маълум аст, ки пешдастии давлати амрикоӣ шеваи зиндагии амрикоӣ идома хоҳад ёфт. Боздории Русия ва Чин бидуни шак ҷузъи таркибии сиёсати хориҷии ИМА хоҳад буд. Онҳо бар инанд, ки блояд коре кунанд то Русия ва Чин ба ҳадде муттаҳид нашаванд, ки худро тавонотар аз худи Амрико эҳсос кунанд", - тавзеҳ дод роҳбари ВУХ Русия.
Ҳамзамон, Лавров таъкид кард, ки Русия мунтазири пешниҳодҳои мушаххаси маъмурияти нави ИМА оид ба тамдиди Шартнома дар бораи чораҳои минбаъдаи коҳиш ва маҳдуд кардани яроқи стратегии ҳуҷум ва муколама оид ба суботи стратегӣ мебошад.
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Шумори қурбониёни коронавирус дар Эрон, ки 83 миллион нафар аҳолӣ дорад, то имрӯз ба 56 ҳазору 973 тан расид. Дар шабонарӯзи гузашта 83 ҳолати фавт аз ин маризӣ сабт шудаанд.
Ба гузориши Вазорати беҳдошт ва дармони Эрон, дар 24 соати гузашта 5 ҳазору 917 бемори ҷадиди мубтало ба COVID-19 дар Эрон шиносоӣ ва аз ин теъдод 518 нафар бистарӣ шуданд, навиштааст сомонаи Парстудей.
Боз 300 ҳазор ваксина "Спутник V" дастраси мардуми Аргентина шуд - видео
Манбаъ афзуд, маҷмӯи беморони мубтало ба вируси корона дар Эрон ба як миллиону 342 ҳазору 134 нафар расидааст, ки ҳудуди як миллиону 132 ҳазор нафар аз мубталоён ба ин вирус беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.
Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 96 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод беш аз ду миллион нафари ҷони худро аз даст дода ва ҳудуди 69 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.