беҳтарин инсон аст": Волочкова бори нахуст хизматгорзани тоҷикашро нишон дод - акс

6371
(Таҷдидшуда 14:13 05.01.2021)
Анастасия Волочкова бори нахуст акси муштарак бо хизматгорзани тоҷикашро дар сафҳаи Инстаграм мунташир кард

ДУШАНБЕ, 05 янв — Sputnik. Балеринаи маъруфи рус Анастасия Волочкова дар сафҳаи Инстаграми худ аксашро бо хизматгорзанаш мунташир кард. Хизматгорзани ӯ тоҷик буда, Лола ном дорад.

Қаблан ВАО - и Русия хабар дода буд, ки хизматгорзани Волочкова муҳоҷирзан аз Тоҷикистон аст, вале балеринаи маъруф борҳо аз ироаи маълумоти бештар дар бораи хизматгораш худдорӣ кард.

Вазири меҳнат бо сафир иҷозаи сафари тоҷикистониён барои кор ба Русияро баррасӣ кард

Ҳоло бошад, Волочкова бо нашр намудани акси муштари худ бо хизматгорзанаш изҳор дошт, ки ӯ муддати 5 сол дар манзили ӯ кор мекунад ва ҳамчун аъзои хонаводааш аст. 

"Лола соҳиби 3 фарзанд аст. Ӯ беҳтарин инсон мебошад. Мо ҳамроҳи ӯ дар ҳамоҳангӣ ва мувофиқат зиндагӣ мекунем", - илова намудаст балеринаи рус.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Публикация от Анастасия Волочкова (@volochkova_art)

Дар идома Волочкова барои тозакорӣ, садоқатмандӣ, ростқавлию меҳрубонии хизматгорзани тоҷик изҳори миннатдорӣ кард.
6371
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров

Лавров гуфт, Русия Қарабоғи Кӯҳиро ҳамроҳ мекунад ё не

35
(Таҷдидшуда 15:39 18.01.2021)
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров мавқеи расмии Русияро нисбати Қарабоғи Кӯҳӣ ва ҳамроҳшавии он изҳор кард

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар нишасти хабарӣ мавқеи Федератсияи Русияро дар масъалаи пайвастан ба кишвари Қарабоғи Кӯҳӣ шарҳ дод.

"Дар мавриди пешниҳоди экзотикӣ дар бораи ҳамроҳ кардани Қарабоғи Кӯҳӣ ба Федератсияи Русия ... Шумо медонед, ки истиқлолияти Қарабоғи Кӯҳиро касе эътироф накардааст, аз ҷумла Арманистон. Мо чунин фикрҳо надорем", - гуфт Лавров.

Роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Русия илова намуд, ки Русия аз он бармеояд, ки ҳама масъалаҳо дар ин минтақа бояд байни кишварҳои воқеъ дар минтақа, пеш аз ҳама байни Арманистон ва Озарбойҷон ҳал карда шаванд.

Арманистон сабаби шикасташ дар Қарабоғи Кӯҳиро гуфт

Лавров афзуд: "Мо омодаем дар пайдо кардани як ҳалли мусоидат ба сулҳ, субот ва амният дар ин минтақа кумак кунем".

35
Барчаспҳо:
Сергей Лавров, Русия, Қарабоғи Кӯҳӣ

Тавсия Малишева пас аз даргузашти Грачевский: "одамони гурӯҳи хатар ҳатман ваксина гиред"

27
(Таҷдидшуда 14:07 18.01.2021)
Пизишк ва муҷрии барномаи "Жить здорово!" пас аз даргузашти  Борис Грачевский ба тамоми шаҳрвандони Русия тавсия додааст, ки ҳатман ваксина гиранд

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Елена Малишева пизишки рус дар сафҳаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз шаҳрвандони Русия даъват намудааст, ки алайҳи коронаиврус ҳатман вакина гиранд.

Ӯ чунин муроҷиатро пас аз ҳузураш дар маросими видоъ бо коргардон ва мудири кинохроникаи ҳаҷвии бачагонаи “Ералаш” Борис Грачевский ироа намудааст.

Маросими видоъ бо Борис Грачевский дар Маскав шурӯъ шуд

Малишева таъкид намудааст, ки Грачевский ба намуди шадидтарини саратон – меланома ва дигар маризиҳо гирифтор буд.

Ӯ даъват кард, ки ҳар кас бояд дар бораи ояндаи худ ва саломатияш фикр кунад, аз ҷумла нафароне, ки бемории музмин доранд.

"Махсусан, нафароне, ки ба гурӯҳи хафв шомил мешаванд, ҳатман бояд алайҳи коронавирус эм гиранд", - афзудааст Малишева.

Ёдовар мешавем, ки Борис Грачевский рӯзи 14 январ дар синни 72 – солагӣ даргузашт. Марҳум мубталои коронавирус шуда, муддате дар бемористон бистарӣ буд.

27
Девушка спит

Коршинос гуфт, камхобӣ метавонад инсонро мубталои коронавирус кунад

0
(Таҷдидшуда 15:36 18.01.2021)
Дар сурати аз панҷ соат камтар хоб рафтани инсон мубтало шудан ӯ ба ҳаргуна вирус, аз ҷумла COVID - 19 ҳам аз эҳтимол дур нест

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Хоби солим набояд аз 7 соат камтар тӯл кашад, дар сурати камхобӣ инсон метавонад ба ҳар навъ вирус гирифтор шавад, мегӯяд Александр Калинкин роҳбари Маркази тибии хоби ДДМ ба номи Ломоносов.

Камхобӣ ба саломатии инсон чӣ хатаре дорад

Ба таъкиди ӯ, хоби кӯтоҳ метавонад масунияти инсонро заиф кунад.

"Агар инсон аз панҷ соат камтар хоб равад, дар муқоиса бо онҳое, ки беш аз 7 соат хоб мераванд, имкони гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус беш аз 250 фисад зиёдтар аст. Хоб ниҳоят муҳим аст, чун системаи масуниятро тақвият медиҳад",  - изҳор дошт Калинкин.

Барои хоби солим доштан, ин табиб маслиҳат медиҳад, ки дар як соати муайян бояд хоб рафту бедор шуд. Ӯ ҳамчунин истифода намудан аз соати рӯимизии зангдор тавсия намедиҳад.

"Хоби солим бояд аз 7 то 9 соат давом кунад", - таъкид намудааст пизишк.

0
Барчаспҳо:
тавсия, коршиносон, камхобӣ