ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Ҳодисаи таркиши баллони газ дар кӯчаи Жданови Ростов шаби 7-уми январ рух дода буд, аммо акнун ба рӯзноманигорон даст додааст, ки ҷузъиёти ин қазияро ошкор созанд.
Сараввал яке аз дӯкоҳо оташ гирифтаву ҳамин тавр аланга ба дӯконҳои ҳамсоя гузаштааст.
Сӯхторро дар тайи чанд соат 38 наҷотдиҳанда хомӯш карданд.
Гуфта мешавад, дар пайи ин ҳодиса ду нафар маҷрӯҳ шуда, як нафар ҳалок шудааст.
Тавре расонаи маҳаллии DonDay.ru менависад, дар рафти оташсӯзӣ як ошпази бино маҷрӯҳ шуда, узвҳои гуногуни баданаш сӯхтаанд. Вазъи осебдидаро пизишкон вазнин арзёбӣ мекунанд. Як нафари дигар аз ҷароҳатбардоштагон аз муштариёни дӯкон будааст, ки 45 дар сади баданаш сӯхтааст.
Кор дар як қатор сохторҳои Твер ба муҳоҷирон мамнӯъ шуд: кадомҳо
Ҳамчунин, дар ин оташсӯзӣ, мутаассифона як ошпази 21-сола, зодаи Тоҷикистон фоҷеабор ҳалок шудааст. Гуфта мешавад, 100 дар сади бадани ҷавон сӯхтаву ӯ дар шӯъбаи ёрии фаврии Ростов ҷон додааст.
Мақомоти дахлдори кишвар ҳодисаро таҳқиқ ва гунаҳкорони ҳодисаро муайян мекунанд.
ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Сар аз 22 январ дар шаҳри Маскав аксар маҳдудиятҳое, ки дар робита ба паҳншавии маризии коронавирус ҷорӣ гардида буданд, бекор мешаванд. Дар ин бора раиси шаҳри Маскав Сергей Собянин хабар додааст.
Бо қарори Собянин, сар аз фардо кори муассисаҳои таълимӣ, маконҳои фароғатӣ ва муассисаҳои фарҳангӣ аз сар гирифта мешавад.
Ӯ мегӯяд, вазъи коронавирус дар пойтахти Русия хушбинкунанда аст, "аз ин рӯ метавонем маҳдудиятҳои мавҷударо ба таври назаррас коҳиш диҳем".
Ҳамин тариқ, аз 22 январ кори осорхонаву китобхонаҳо ва дигар муассисаҳои фарҳангӣ ҷоннок мешавад ва ба баргузории чорабиниҳои фароғатӣ низ иҷозат дода мешавад.
Собянин: сокинони Маскав бояд аз нав ба ҳаёти муқаррарӣ одат кунанд
Аммо шаҳрдор таъкид намудааст, ки шумораи тамошобинон набояд аз 50 дарсад зиёдтар бошад.
Зимнан, коллеҷҳо, муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, мактабҳои варзишӣ ва муассисаҳои истироҳати кӯдакон низ ба кори муқаррарӣ бармегарданд, вале донишҷӯёни донишгоҳҳои Маскав ҳамоно то 6 феврал ба таҳсили фосилавии худ идома медиҳанд.
Собянин изҳори умед намуд, ки дар ояндаи наздик вазъият боз ҳам беҳтар мешавад ва маҳдудиятҳо марҳила ба марҳила бекор мегарданд.
ДУШАНБЕ, 20 янв – Sputnik. Дар Русия сабти номи ваксинаи сеюми зидди коронавирус, ки онро Маркази Чумаков таҳия кардааст, оғоз ёфт, хабар медиҳад РИА Новости.
Ҳуҷҷатҳои дахлдор ба Вазорати тандурустии Федератсияи Русия пешниҳод шудаанд. Ин дору "КовиВак" ном гирифт.
"Ҳамин тариқ, дар Русия ваксинаҳое, ки бо истифода аз се технологияи мухталиф сохта шудаанд, пайдо мешаванд, ки ин бешубҳа саҳми ҷиддӣ дар пирӯзӣ бар пандемияи COVID-19 хоҳад буд", - гуфт вазири тандурустӣ Михаил Мурашко.
Қарор аст, ки ҳамаи таҳқиқот то нимаи моҳи феврали имсол ба анҷом расонида шаванд.
Гуфта мешавад, ки ваксина дар асоси вирусҳои ғайрифаъол, яъне "мурда" таҳия шудааст.
Эмгузаронии ваксинаи "Sputnik V" дар Қазоқистон аз 1 феврал оғоз мешавад
Ба гуфти олимон, дар ин ҳолат, организм коронавирусро беҳтар мешиносад ва ҳангоми тамос бо он, аллакай барои муҳофизат омода мешавад. Инчунин қайд карда мешавад, ки ваксина бар зидди мутатсияи COVID-19 низ самаранок хоҳад буд.
Тахмин меравад, ки ин дору барои эмгузаронии пиронсолон, кӯдакон ва шахсони гирифтори бемориҳои музмин истифода мешавад.
Ёдовар мешавем, аввалин ваксинаи Русия алайҳи коронавирус "Спутник V" моҳи августи соли гузашта ба қайд гирифта шуд. Дар миёнаҳои моҳи октябр дуввумаш - "ЭпиВакКорона" ба қайд гирифта шуд.
"Русия дунболи пул нест". Урупо пуштибони "Спутник V" шуд
То кунун, бо ваксинаи "Спутник V" беш аз 1,5 миллион нафар эм карда шудааст.
ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Тоҷибоев Ибодуллои 60 - сола ва Неъматуллоев Зарифҷони 45 - соларо кормандони милитсия дастгир намуданд.
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, ҳар ду боздоштшуда сокинони вилояти Хатлон буда дар сохтакории ҳуҷҷатҳо муттаҳам дониста мешаванд.
Ба номи варзишгарон, аммо ба киссаи худ: боздошти мақомдорони Конибодом
Манбаъ меафзояд, номбурдагон бо истифода аз дастгоҳи чопкунии ранга, сканер ва техникаи компютерӣ ба сохтакорӣ ҳуҷҷатҳои ронандагӣ машғул будаанд.
"Аз ҷумла полиси суғуртаи ҳатмӣ, маълумотномаи муоинаи тиббӣ, санади аз ташхис гузаштани воситаи нақлиёт аз системаи газӣ, кортҳои ташхиси диагностикӣ, расидҳои бонки БДА "Амонатбонк" оиди пардохти андози воситаи нақлиёт ва дигар ҳуҷҷатҳоро сохтакорӣ намуда, ба ронандаҳо ба маблағи муайян пешниҳод мекарданд", - таъкид мешавад дар хабар.
Бозори "Теплий стан" дар Маскав баста шуд: ФСБ муҳоҷирони ғайриқонуниро меҷӯяд
ВУД Тоҷикистон тавзеҳ медиҳад, ки даст доштани онҳо дар 7 ҳолат ошкор шудааст.
Феълан, нисбати номбурдагон бо моддаи 340 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.