Жириновский номзад ба президентиро шиносоӣ кард: ӯ зан аст

925
(Таҷдидшуда 12:42 14.01.2021)
Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либерал-демократи Русия гуфт, бо эҳтимоли зиёд аз ҳизбаш дар интихоботи президентии соли 2024 зан пешбарӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 14 январ - Sputnik. Раҳбари ҲЛДР, Владимир Жириновский зимни пахши мустақим дар саҳифаи Instagram - аш гуфт, бо эҳтимоли зиёд дар интихоботи президентии соли 2024 аз ҳизбаш зан пешбарӣ мешавад.

Ба гуфти сиёсатмадор, Ҳизби либерал-демократи Русия метавонад номзадии вакил Елена Афанасеваро пешбарӣ кунад. Ӯ қайд кард, ки худ низ омода аст дар интихоботи президентӣ ширкат кунад.

"Мо номзадҳои зиёд дорем. Шояд Василий Власови ҷавон. Шояд занеро омода мекунем. Мо аз Оренбург Елена Афанасева дорем. Ман омодаам. ҲЛДР омода аст", - қайд кард ӯ.

Пештар Жириновский сиёсатмадоронеро ном бурд, ки метавонанд ҷойгузини Владимир Путин шаванд.

Ҳамин тавре теъдоди ҷойгузинҳое, ки метавонанд Путинро иваз кунанд, ба 8 нафар баробар шуд.

Ба гуфти Жириновский, ба ҷои Путин метавонанд Михаил Мишустин сарвазири Русия, Сергей Шойгу вазири мудофиа, Сергей Наришкин роҳбари Хадамоти иктишофӣ, Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатӣ ва  Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсия президент шавад.

Жириновский дар бораи вориси Путин гуфт

Инчунин Жириновский исми шаҳрдори Маскав, Сергей Собянин, волии вилояти Тула, Алексей Дюмин  ва Алексей Кудрин раиси Палатаи ҳисоби Русияро ном бурда гуфт, онҳо низ қодиранд аз уҳдаи раҳбарӣ бароянд.

925
Барчаспҳо:
Русия, президентӣ, номзад, номзадҳо, Владимир Жириновский

Коршинос "навоварӣ”-и "Спутник V" нисбат ба дигар воксинаҳоро шарҳ дод

34
(Таҷдидшуда 15:29 21.01.2021)
Коршиносони байналмилалӣ аз истифодаи воксинаи сохти Русия “Спутник V” тавсия медиҳанд, чун самаранокии он нисбат ба дигар воксинаҳо баландтар будааст

ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Воксина бар зидди вируси корона Sputnik V-и сохти Русия нисбат ба дигар воксинаҳо самаранокии беҳтареро нишон додааст, гуфт Карлос Сала, коршиноси шӯрои илмию тадқиқотии байналмилалӣ.

"Мо ҳамеша ба стратегияи истифодаи векторҳои гуногуни аденовирус, ки фарзияи самаранокии зиёд дорад, таваҷҷӯҳ хос зоҳир мекунем. Ва мо ҳоло шоҳиди он ҳастем, чунки дар муқоиса бо ваксинаҳои дигар дар як платформа, "Спутник V" натиҷаҳо беҳтар нишон дод", - гуфт ӯ ба РИА Новости.

Коршинос инро як навоварӣ донист.

 Воксинаи "Спутник V" дар асоси векторҳои аденовирус сохта шудааст, ки ба он яке аз сафедаи вируси SARS-CoV-2 ҳамроҳ карда шудааст. Дар баробари ин, худи аденовирусҳо аз қобилияти бунёди такрорӣ маҳруманд - онҳо системаи интиқоли маводи генетикӣ (антиген) ба ҳуҷайраҳои бадани инсон мебошанд.

Воксинаҳои Русия бар зидди COVID-19

Дар моҳи август, вазорати тандурустии Русия аввалин воксинаи зидди COVID-19 дар ҷаҳонро ба қайд гирифт, ки онро Маркази Гамалеяи Русия таҳия намуда, дар якҷоягӣ бо Бунёди сармоягузории мустақими Русия истеҳсол мекунад.

Ба ин воксина номи "Спутник V" гузоштанд. Воксина аз ду компонент иборат аст, ки бо фосилаи се ҳафта эм мешавад.

Воксинаи дуюми Русия бар зидди коронавируси "ЭпиВакКорона" аз тарафи маркази "Вектор" -и Новосибирск таҳия шудааст.

Ғайр аз ин, воксинаи "зинда" -и Маркази тадқиқот ва таҳияи маводҳои иммунобиологии  ба номи Чумакови Академияи улуми Русия низ дар марҳилаи озмоишҳои клиникӣ қарор дорад.

Ба вазорати тандурустӣ алакай барои сабти ин воксина санадҳои дахлдор равон карда  шудааст.

Қаблан радио Sputnik хабар дода буд, ки мақомоти назоратии Маҷористон истифодаи воксинаи "Спутник V"-ро иҷозат додааст.

34
Барчаспҳо:
тавсия, Спутник, вируси корона, Русия
Мужчина в медицинской маске в аэропорту, архивное фото

Дар соле, ки марзҳо баста буданд: Русия шумораи муҳоҷирони воридшударо дақиқ кард

63
(Таҷдидшуда 15:05 21.01.2021)
Шаҳрвадони хориҷӣ дар соли 2020 назар ба соли 2019 ба ҳудуди Русия 70 дар сад камтар ворид гардидаанд

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Бо далели пандемияи коронавирус дар Русия шумораи муҳоҷирон якбора коҳиш ёфт, хабар медиҳад РИА Новости дар истинод ба ВКД Русия.

Ҳамин тавр, ба Русия дар соли 2020 аз моҳи январ то ноябр 5,2 миллион шаҳрванди хориҷӣ ворид гардиданд, ки ин назар ба ҳамин давраи соли 2019 ба 70,2 дар сад камтар аст.

Бино ба омор, теъдоди бештари муҳоҷирон ба Русия аз кишварҳои Осиёи марказӣ - 80 дар сад ворид шуданд. 7,3 дар сади меҳмонон дар Русия аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо буданд.

"Таъкид карда мешавад, ки ҳиссаи муҳоҷирони меҳнатӣ 24 дар садро ташкил дод. Аз ин ҷараёни муҳоҷират 12,4 дар садаш ба шаҳрвандони дигар кишварҳо рост меояд", - омадааст дар гузориши манбаъ.

Бино ба иттилои ВКД, дар соли 2020 қариб нисф - 44 дар сади тамоми шаҳрвандони хориҷӣ ба Русия бо ҳадафҳои шахсӣ ворид шудаву барои кор танҳо 24 дар садомадаанд.

Дастури Путин барои сода кардани ҷалби муҳоҷирон ба сохтмонҳо

Ёдрас мешавем, ки дар пайи пандемияи коронавирус аз 27 марти соли 2020 Русия марзҳояшро баста буд ва тамоми парвозҳои байналмилалӣ, ба истиснои парвозҳои махсус, санитарӣ, почта ва ғайра, лағв гардиданд.
Аз моҳи августи соли 2020 парвозҳо барқарор мешаванд.

Пештар Авиатсияи граждании Тоҷикистон эълом кард, ки бо Русия барои барқарор кардани парвозҳо гуфтушунидҳоро идома медиҳад. Аммо, феълан танҳо парвозҳои махсус анҷом дода мешаванд.

63
Вакцина

Тасмими ширкатҳои эронӣ барои тавлиди 25,5 миллион воя воксинаи зидди вируси корона

0
(Таҷдидшуда 15:15 21.01.2021)
Раиси Кумитаи илмии Ситоди миллии муқобила бо корона дар Эрон гуфт, ки ин кишвар барномаи тавлиди 25,5 миллион воя воксинаи зидди вируси коронаро дар ширкатҳои воксинасозии дохилӣ иҷро мекунад

ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik.  Мустафо Қонеӣ, раиси Кумитаи илмии Ситоди миллии муқобила бо корона дар Эрон ахиран афзуд, ки дар пойгоҳи ЮНИСЕФ Эрон ба унвони яке аз кишварҳои тавлидкунандаи воксинаи корона муаррифӣ шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Қонеӣ изҳор дошт, ки аз 9 ширкати эронии дар ҳоли тавлиди ваксинаи корона, се воксина дар марҳалаи болинӣ қарор дорад ва ҳамчунин сохти ваксинаи муштараки Куба ва Институти Пастери Эрон низ дар дастури кор аст.

Раиси Кумитаи илмии Ситоди миллии муқобила бо корона дар Эрон дар бораи далели ҳамкории Эрон бо Куба барои тавлиди воксинаи корона низ изофа кард: Низоми саломати Куба аз ҷиҳати адолат рутбаи аввали ҷаҳонро дорост ва ин кишвар дар ҳавзаи пизишкӣ яке аз кишварҳои матраҳи ҷаҳон ба шумор меравад.

Ҳамчунин Қонеӣ гуфт, ки дар гузашта низ Куба бо Эрон барои тавлиди ваксинаи "Гипатити Б" ҳамкорӣ доштааст.

0
Барчаспҳо:
вируси корона, вирус, барнома, Эрон