ДУШАНБЕ, 14 январ - Sputnik. Кишвардори Русия Владимир Путин супориш додааст, ки аз авоили ҳафтаи оянда эмгузаронии сартосарӣ дар кишвар шурӯъ шавад.
"Ман аз шумо хоҳиш мекунам, ки эмгузаронии оммавии тамоми аҳолиро аз ҳафтаи оянда оғоз намуда, ҷадвали мувофиқи кор, ки барои дигар маризиҳо омода мешавад, таҳия кунед", - гуфт Владимир Путин.
Раисҷумҳури Русия бар ин бовар аст, ки ҷараёни эмгузаронии аҳолӣ бидуни мушкилӣ сурат мегирад. Ӯ таъкид намудааст, ки "Спутник V" беҳтарин ваксина дар ҷаҳон аст ва бояд муассирияти ӯро дар шароити бурузи навъҳои нави коронавирус дақиқ кард.
Зимнан, муовини сарвазир Татяна Голикова хабар додааст, ки маъракаи эмгузаронии оммавӣ аз ҳафтаи оянда шурӯъ мешавад.
Вазири тандурустии Русия Михаил Мишустин мегӯяд, интиқоли ваксинаи мазкур ба манотиқи гуногуни Русия ҳамарӯза аз ҳисоби истеҳсоли барзиёди он, афзоиш меёбад.
Ба гуфтаи ӯ, дар Русия талабот ба ваксинаи мазкур аз ҷониби одамони калонсол рӯ ба афзуншавӣ ниҳодааст. Зеро моҳи декабри соли гузашта, озмоиши ниҳоии ваксинаи "Спутник V" нишон дод, ки одамони аз 60 - сола боло низ метавонанд ваксина гиранд.
Даҳшати коронавирус дар Русия давоми як рӯз: беш аз 29 ҳазор мариз ва 457 мавриди фавт
Вазир таъкид намудааст, ки эмкунӣ асосан барои одамоне, ки аз маризии қанд ва ҳамчунин фарбеҳӣ азият мекашанд, махсусан зарур будааст.
Бояд зикр кард, ки Русия дар ҷаҳон аз аввалин кишварҳое буд, ки алайҳи маризии сироятии коронавирус ваксина истеҳсол кард. Ҳоло ду навъ ваксинаи сохти русӣ мавриди истифода қарор доранд.
ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон аз аввалҳои моҳи январ якбора шумораи ҳолатҳои нави гирифторӣ ба коронавирус коҳиш ёфт. Дар давоми ду ҳафта дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 12 ҳолати нави сироятёбӣ ба қайд гирифта шуд.
Зичии аҳолӣ дар Тоҷикистон, фарз кунем нисбат ба вилояти Маскав хело кам аст. Маҳз ҳамин далел шароит фароҳам меоварад, ки паҳншавии вирус бозистад, мегӯяд коршинос.
Ҳамчунин, Карабиненко дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки шароити экологӣ ва климати кишвар метавонист боиси камшавии омори коронавирус шавад.
"Феълан ин масъала пажӯҳиш нашудааст, бояд солҳо мушоҳида кард ва он вақт метавон ҷавоби дақиқ дод", - меафзояд ӯ.
Ба гуфтаи табиби рус, бадани одамони гуногун иммунитетро гуногун коркард мекунад. Бархе нафарон умуман ба ин беморӣ антитела ҳосил намекунанд.
"Дар ин ҳолат эмгузаронӣ боиси ҳосил шудани иммунитет дар бадан мешавад ва дар ин ҳолат аз коронавирус антитела ҳосил мегардад", - таъкид кард Карабиненко.
Вазири тоҷик: табибони кишвар аз имтиҳони бузург дар самти пешгирӣ аз COVID-19 гузаштанд
Ба гуфтаи вай, ваксинаи зидди грипп низ кӯмак мекунад, ки бемории коронавирус сабуктар гузарад ва барои ҳамин бояд ҳама эм карда шаванд.
"Инфексияи коронавирус то абад дар бадани инсон мемонад. Аз вирус ҷои гурез нест ва ба он иммунитети коллективӣ пайдо мешавад", - тавзеҳ дод вай дар анҷом.
ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Русия қарор дод, ки бо чор кишвари дигар парвозҳои мунтазамро барқарор кунад, хабар медиҳад Штаби оперативии мубориза бо паҳншавии коронавируси кишвар.
Гуфта мешавад, аз 27-уми январ парвозҳо ба Финландия, Ветнам, Ҳиндустон ва Қатар барқарор хоҳанд шуд.
Ҳамин тавр аз Маскав ба Ханой, Делӣ ва Хелсинки ҳафтае ду парвоз анҷом дода хоҳад шуд. Ба Доха, пойтахти Қатар аз Русия ҳафтае се маротиба парвоз анҷом дода мешавад.
Афзун бар ин хафтае ду парвози дигар ба хатсайри Санкт-Петербург — Хелсинки ба нақша гирифта шудааст.
Штаби мубориза бо коронавирус таъкид кардааст, ки шумораи парвозҳо ба самти Қоҳира то ҳафтае панҷ маротиба бештар карда мешаванд.
Штаб таъкид мекунад, ки пеш аз қабули қарор дар бораи ба роҳ мондани парвозҳои муқаррарӣ Русия ба чанд меъёр назар мекунад.
Аз ҷумла бояд шумораи ҳолатҳои нави гирифторшавӣ ба коронавирус камтар аз 40 ҳолат ба сари ҳар 100 ҳазор аҳолӣ дар 14 рӯзи ахир бошад, афзоиши шабонарӯзии беморӣ, на бештар 1 дар садро ташкил диҳад ва коэффитсиенти паҳншавии коронаврус дар як ҳафта поёнтар аз воҳид бошад.
Парвозҳо дар масири Душанбе - Дубай афзун ёфтанд: кадом рӯзу соат
Русия дар ҳошияи пандемияи коронавирус дар охири моҳи марти соли 2020 тамоми парвозҳои байналмилалиро лағв кард. Истисно танҳо парвозҳои махсус, почта, санитарӣ ва бархе дигар хатсайрҳо буданд.
Аз моҳи август парвозҳои ҳавоӣ барқарор шуда истодаанд. То имрӯз сокинони Русия ба 15 кишвари дунё - Белорус, Миср, Қазоқистон, Куба, Қирғизистон, ИМА, Сербия, Туркия, Танзания, Швейсария, Ҳабашистон, Кореяи ҷанубӣ ва Ҷопон метавонанд парвоз кунанд.
Тоҷикистон феълан дар ин феҳраст нест ва мақомоти кишвар пештар гуфта буданд, ки дар ин бора гуфтушуниди миёни Русияву Тоҷикистон идома дорад.
ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Маҳсулоти 27 ширкати афғонистонӣ ва корҳои дастии афғонҳои муқими Тоҷикистон дар 40 ғурфаи ин намоишгоҳ арза шудааст, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар”.
Бино бар иттилои манбаъ, ширкатҳои афғонистонӣ дар ин намоишгоҳ колоҳое монанди саноати дастӣ, фарши дастбоф, зарфҳои суфолӣ ва мисӣ, либосҳои суннатӣ ва маҳсулоти кишоварзиро дар маърази диди умум қарор додаанд.
Муҳаммадзоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Душанбе дар маросими ифтитоҳи ин намоишгоҳ гуфт, ки дар ояндаи наздик низ намоишгоҳи сангҳои қимматӣ ва нимақиматии кишвараш дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад.
Вай таъкид кард, ки баргузории чунин намоишгоҳҳо мӯҷиби тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Афғонистону Тоҷикистон хоҳад шуд.
Сафирон ва масъулони теъдоде аз кишварҳои хориҷии муқими Душанбе, намояндагони утоқи саноат ва бозаргонии Тоҷикистон ва фаъолони бахши хусусии ин кишвар аз намоишгоҳи саноати дастӣ ва маҳсулоти кишоварзии Афғонистон боздид карданд.