ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Шурӯъ аз рӯзи душанбеи 18 январ дар Русия бо супориши Владимир Путин маъракаи эмгузаронии оммавӣ шурӯъ шуд, хабар медиҳад РИА Новости.
Ба иттилои манбаъ, шаҳрвандони Русия метавонанд бевосита аз миёни ду ваксинае, ки дар Русия раcман сабти ном шудаанд якеро интихоб карда, эм гиранд.
Бори нахуст: мубталошавии 20 000 нафар дар Русия ба коронавирус давоми як рӯз
Гуфта мешавад, маъракаи эмгузаронӣ комилан ройгон аст.
Ҳукумати Русия ҳанӯз моҳи декабри соли гузашта эълон намуд, ки нахуст пизишкону муаллимон, кормандони хизматрасонии иҷтимоӣ ва ҳамчунин нафароне, ки маризи қанду дил ва фарбеҳӣ доранд, эм мешаванд.
Рӯзҳои истироҳатӣ ҳам: идомаи эмкунии сартосарӣ аз коронавирус дар Русия - навор
Зимнан, рӯзи 13 январ кишвардори Русия Владимир Путин супориш дод, ки дар минтақаҳо шумораи нуқтаҳои эмгузаронӣ афзун карда шавад.
Бояд таъкид намуд, ки дар Русия расман ваксинаи "Спутник V" аз маркази Гамалея ва “ЭпиВакКорона"- и ”Вектор” расман сабти ном шуданд.
ДУШАНБЕ, 4 мар – Sputnik. Раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров гуфт, ки соҳибкор Евгений Пригожин, ки дар ҷустуҷӯи Бюрои федеролии тафтишоти ИМА қарор дорад, дар Грозний дар меҳмонии ӯ қарор дорад.
Ба унвони далел, вай аксеро дар канали Телеграмаш мунташир карда ва бо шӯхӣ 250 000 доллар ҷоиза хостааст.
Пештар, ФБР дар Твиттер маълумоти дафтари Вашингтонро дар бораи ҷустуҷӯи шаҳрвандони Русия барои "дахолат ба интихобот" дар соли 2016 нашр кард. Пригожин низ дар ин рӯйхат қарор дорад.
"Пулкании аз ин осонтар аз ҳукумати Амрикоро тасаввур кардан ғайриимкон аст. Имрӯз ман фаҳмидам, ки ФБР омода аст барои маълумот дар бораи макони будубоши соҳибкор аз Санкт-Петербург Евгений Пригожин то 250 000 доллар пардохт кунад! Аз даст додани чунин шонс аблаҳӣ хоҳад буд, бинобар ин ман расман изҳор мекунам: Евгений Пригожин дар меҳмонии ман дар Грозний аст", - навиштааст Қодиров.
Кишвардои Чеченистон бо шӯхӣ изҳор дошт, ки омода аст мукофотро бигирад, аммо танҳо дар шакли нақд.
"Бубинед, ҳисобҳои хориҷии ман бо миллионҳо доллар бо сабаби таҳримоти Иттиҳоди Урупо ва ИМА баста шуданд. Аммо бояд бо чизе зиндагӣ кард! Пас пулро ба он ҷо напартоед - ман наметавонам онро бигирам. Шумо беҳтараш мукофотро дар ҷомадон бо 20 долларӣ ҷамъ карда, ба воситаи касе ба Грозний интиқол диҳед. Ҳама дар ин ҷо маро мешиносанд, роҳро нишон медиҳанд", - гуфт ӯ.
Қодиров таъкид кард, ки фавран пас аз гирифтани пул, ӯ дар бораи маҳалли будубоши Пригожин хабар хоҳад дод.
"Ҳоло ӯ дар паҳлӯи ман аст ва ҳатто гумон надорад, ки ӯ ба кишвари ковбойҳо сафар мекунад. Ман ҳамчун далели суханони худ аксеро замима мекунам. Танҳо пули қалбакӣ нафиристед, ман тафтиш мекунам", - гуфт раҳбари Чеченистон.
Ҳафтаи гузашта ширкати Пригожин "Конкорд" суроғаи ӯро нашр кард ва барои ин мукофоти ваъдашудаи ФБР - ро талаб намуд.
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Ҳангоми як тамоси видеоӣ бо ихтиёриён, президенти Русия Владимир Путин дар бораи "қаср", ки дар Геленҷик сохта мешавад, шӯхӣ кард.
Қаблан, блогнавис Алексей Навалний дар шабакаи Youtube тафтишоти худро нашр карда буд, ки дар он иморат ҳамчун моли сарвари давлат муаррифӣ шудааст.
Дар навбати худ, котиби матбуотии президент Дмитрий Песков қайд кард, ки "қаср" ба як ё якчанд соҳибкор тааллуқ дорад, ки номҳои Кремл ҳаққи ифшои онҳоро надоранд.
Ҳамин тавр, ҳангоми сӯҳбат бо духтаре, ки кори ихтиёрӣ мекунад ва ҳоло дар минтақаи Ленинград, дар ду километрии Стрелна қарор дорад, Путин дар бораи иморати ба ӯ тааллуқдошта шӯхӣ кард.
Сарвари давлат дид, ки духтар дар паси хонаи хурди дуошёна истодааст ва шабоҳат ба "қаср" -ро қайд кард.
"Чун қасри дигаре ба назар мерасад, пас ман меоям. Аммо инро ба ман нисбат надиҳед, хуб?" - шӯхӣ кард Путин.
Қаблан президенти Русия гуфта буд, ки бинобар нарасидани вақт, филмро дар бораи ин иморати сохташаванда дар Геленҷик тамошо накардааст. Аммо ёварон видеоҳоро ба ӯ нишон доданд.
Дар навбати худ, як намояндаи таҳиягар гуфт, ки "қаср" ҳамчун меҳмонхона сохта мешавад.
Нахустин гузориши расонаҳо аз қаср дар Геленҷик - видео
Ба гуфтаи ӯ, ин "як меҳмонхонаи хеле гаронбаҳо" бунёд хоҳад шуд, ки он ба меҳмонхонаи боҳашамат мисоли "Родина" дар Сочи шабоҳат хоҳад дошт.
Кор тақрибан даҳ сол боз идома дорад, иншоот чанд маротиба фурӯхта шудааст.
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов қасд дорад ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом диҳад, гуфт вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Руслан Казакбоев дар як нишасти матбуотӣ.
Зимни суханронӣ дар брифинг роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон дар бораи сафарҳои ояндаи байналмилалии сарвари давлат сухан гуфт.
"Президент ният дорад сафари навбатии худро ба Ӯзбекистон анҷом диҳад. Тахминан рӯзҳои 11-12 март", - гуфт сарвари вазорати корҳои хориҷӣ.
Ба гуфтаи Казакбоев, Ҷабборов инчунин қасд дорад ба кишварҳои ҳамсоя - Чин, Тоҷикистон ва Туркманистон сафар кунад.
Ҷабборов ба кишвардори Русия тӯҳфаи ғайриоддӣ дод
Хотиррасон мекунем, ки қаблан Президент ба Русия ва Қазоқистон ташриф оварда буд.
Дар Маскав вай бо Владимиров Путин мулоқот кард. Ҷабборов ба ҳамтои руси худ тӯҳфаи ғайриоддӣ - шамшери қирғизиро тақдим кард.