Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров

Лавров гуфт, Русия Қарабоғи Кӯҳиро ҳамроҳ мекунад ё не

310
(Таҷдидшуда 15:39 18.01.2021)
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров мавқеи расмии Русияро нисбати Қарабоғи Кӯҳӣ ва ҳамроҳшавии он изҳор кард

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар нишасти хабарӣ мавқеи Федератсияи Русияро дар масъалаи пайвастан ба кишвари Қарабоғи Кӯҳӣ шарҳ дод.

"Дар мавриди пешниҳоди экзотикӣ дар бораи ҳамроҳ кардани Қарабоғи Кӯҳӣ ба Федератсияи Русия ... Шумо медонед, ки истиқлолияти Қарабоғи Кӯҳиро касе эътироф накардааст, аз ҷумла Арманистон. Мо чунин фикрҳо надорем", - гуфт Лавров.

Роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Русия илова намуд, ки Русия аз он бармеояд, ки ҳама масъалаҳо дар ин минтақа бояд байни кишварҳои воқеъ дар минтақа, пеш аз ҳама байни Арманистон ва Озарбойҷон ҳал карда шаванд.

Арманистон сабаби шикасташ дар Қарабоғи Кӯҳиро гуфт

Лавров афзуд: "Мо омодаем дар пайдо кардани як ҳалли мусоидат ба сулҳ, субот ва амният дар ин минтақа кумак кунем".

310
Барчаспҳо:
Сергей Лавров, Русия, Қарабоғи Кӯҳӣ

Олими номии амрикоӣ "Спутник V" -ро тавсиф кард

130
(Таҷдидшуда 11:33 07.03.2021)
Мутахассиси пешбари бемориҳои сироятии ИМА ваксинаи коронавируси "Спутник V"-и Русияро ситоиш кард ва онро дар байни доруҳои чинӣ махсус қайд кард

ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Сармутахассиси бемориҳои сироятӣ дар Амрико Энтони Фаучи ваксинаи коронавируси "Спутник V", ки онро Маркази Гамалеи Русия таҳия кардааст, ситоиш кард. 

Ҳамин тавр, донишманди амрикоӣ ва мушовири президенти кишвар Ҷо Байден кайҳо дар бораи ин ваксина маълумот гирифтаву ба он баҳои хуб додааст. 

Рӯзноманигорон аз Фаучи пурсиданд, ки бо кадом ваксина худаш эм шудан мехоҳад: "Спутник V" ё доруи чинӣ?

"Ман дар бораи ваксинаҳои чинӣ маълумоти кофӣ надорам, зеро онҳо ду ё се ваксинаи мухталиф доранд. Аз ин рӯ, ман самаранокии онҳоро аз наздик пайгирӣ накардам, аммо зоҳиран маълумотҳои Русия хуб ба назар мерасанд", - таъкид кард мутахассиси бемориҳои сироятӣ.

Зимни сӯҳбат рӯзноманигори амрикоӣ мавзӯи таъсироти манфии ваксинаро матраҳ кардааст.  Ин чизе барои ташвиш нест, мегӯяд Фаучи.

Вай инчунин баъзе ҷузъиётро дар бораи истифодаи ваксинаҳои амрикоӣ гуфтааст.

"Озмоишҳое, ки дар ИМА бо ваксинаҳои Pfizer ва Moderna гузаронида шуданд, аз 94 то 95% самаранокӣ ва реактивии ҳадди ақали онро нишон доданд. Пас аз вояи аввал, дар даст каме дард пайдо мешавад, ки тақрибан 24 соат давом мекунад", - мегӯяд олим.

Вай қайд кард, ки реаксия дар вояи дуюм баландтар аст. Он пас аз 21 рӯз барои Pfizer ва 28 рӯз пас барои Moderna зоҳир мешавад. Ба гуфтаи табиб, пас аз тазриқи дуввум дар эмшудаҳо хастагӣ, дард, хунукхӯрӣ ва таби баланд ба қайд гирифта мешавад.

Ба гуфтаи Фаучи ин нишонаҳо баъди 24 соат нест мешаванд.

COVAX даҳҳо кишварро бо ваксин таъмин кард: Тоҷикистон дар навбат аст

Қаблан ваксинаи русии "Спутник V" дар раддабандии ваксинҳо дар ҷаҳон мавқеи дувумро ишғол кард. Онро барои эмкунии оммавӣ дар 45 кишвар истифода мебаранд. Ҷои аввалро AstraZeneca англисӣ-шведӣ ва сеюмро Pfizer мегиранд.

130
Барчаспҳо:
олим, ваксина, Амрико, Русия
Рэп-исполнитель Иван Алексеев, известный под псевдонимом Noize MC, архивное фото

Рэпер Noize MC фавран бистарӣ карда шуд

180
(Таҷдидшуда 16:21 06.03.2021)
Мусиқачии рус Иван Алексеев, ки бо чун Noize MC миёни ҳаводорони ҳунараш машҳур аст, фавран бистарӣ карда шуд

ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Ҳунарманди рэпсарои рус Иван Алексеев, маъруф бо номи Noize MC, дар беморхона бистарӣ шудааст.

Ҳунарманд дар ин бора дар саҳифааш дар Instagram - и худ хабар додааст.

"Дар ҳавзи хуни худам, лағжида пас аз шиноварӣ, базӯр ба по хеста, ман на як бори дигар носилкаи ёрии таъҷилиро олуда кардаам: табибон аб маънои чунин мумкин нест,  сар меҷунбонанд" - навиштааст Noize MC дар шаҳри акси худ.

Дар дида мешавад, чӣ гуна ду табиб бо истифода аз таҷҳизоти махсуси тиббӣ Алексеевро барои табобат мебаранд.

Тибқи иттилои "Российская газета", худи ҳунарманд ёрии таъҷилиро даъват кардааст.

Сабаби муроҷиати ӯ ба табибон дарди шадиди сутунмӯҳра будааст.

Ситораи Tik Tok, зодаи Тоҷикистон Дина Саева табобат мегирад

Табибон аллакай барои Алексеев муоинаи заруриро гузаронидаанд. Ташхис нишон дода, ки ӯ гирифтори люмбаго ва илтиҳоби асаб аст.

180
Барчаспҳо:
бемористон, бистарӣ, Русия
Ливень, архивное фото

Ҳавошиносон дар Тоҷикистон аз раъду барқ ​​ва боришоти шадид ҳушдор медиҳанд

0
(Таҷдидшуда 11:57 09.03.2021)
Се рӯзи оянда дар саросари ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор боқӣ мемонад, офтоб бо раъду барқи шадид иваз мешавад

ДУШАНБЕ, 9 март - Sputnik. Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз раъду барқ ​​огоҳ мекунанд, ва баъзан боридани жоларо имконпазир медонанд, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.

Ба иттилои манбаъ, дар Душанбе имрӯз ҳаво абрист, бориш намешавад, аммо пагоҳ ва то 11 март борон меборад ва раъду барқ ​​мешавад. Ҳарорат шабона 3-5 ва рӯзона + 17  дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ боришот дар шакли барф, инчунин дар баъзе ҷойҳои раъд барқ шуда, дар кӯҳҳо шабона 1-6 ва рӯзона то 7 дараҷа гарм мешавад.

Дар шимоли кишвар, вилояти Суғд, дар баъзе ҷойҳо туман мефарояд, имрӯз бошад бебориш мешавад ва аллакай 10 март дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад.

Дар водиҳо шабона тақрибан 3-8 ва рӯзона то 17 дараҷа гармӣ, аммо дар кӯҳҳо шабона то аз 1 то 6 дараҷа хунук мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 10 то 13 март барф меборад, раъду барқ мешавад ​​ва рӯзона борон меборад. Дар ғарби ВМКБ шабона 3-8 ва рӯзона аз 3 то 8 дараҷа гарм, дар шарқи Помир шабона то -31 дараҷа сард мешавад.

Дар ҷануби Тоҷикистон, вилояти Хатлон туман мефарояд, аммо бориш танҳо рӯзи чоршанбе пешбинӣ шудааст.

Ҳарорат дар водиҳо шабона аз 4-9  ва рӯзона то 23 дараҷа гарм мешавад.

0